Sunday, October 1, 2023

Инсони покдил, журналисти касбӣ, дӯсти вафодор, дар эътиқод бештар демократ ва миллатдӯст…

Даҳ сол пеш, дар Фейсбук

Ҳамкори ман: Маҳмадалӣ Ҳаитов

Бо Махмадалӣ моҳи сентябри соли 1984 дар радиои Тоҷикистон шинос шудам. Ман баъди хатми донишгоҳ тоза фаъолияти журналистии хешро шурӯъ мекардам. Утоқи кориамон дар як табақа, табақаи шашуми “Хонаи Радио” қарор дошт, ӯ дар бахши барномаҳо барои Ирон, ман дар идораи барномаҳо барои ҷавонон ва наврасон кор мекардам. Ӯ тоза аз Афғонистон баргашта буду ман омодаи хидмат дар Афғонистон будам.

Қиссаи дӯстии мо дар радио дуру дароз аст, аммо чанд сухан дар бораи Махмадалӣ бояд бигӯям.

Ӯ як инсони покдил, журналисти касбӣ, дӯсти вафодор, дар эътикод ӯ бештар демократ ва миллатдӯст. Ӯ ҳамеша намунаи инсофи пок ва мароми ҷадид буд ва ҳаст.

Маҳмадалӣ яке аз аввалин коммунистони Тоҷикистон буд, ки бе ягон ибо ва тарс дар моҳи феврали соли 1990 аз билети ҳизби диктаторӣ рӯ гардонд. Афкори ӯ бештар ба афкори устод Тоҳири Абдуҷаббор мушобеҳ буд.

Говсуди Махмадалӣ ва Олими Заробек (ёдаш гиромӣ), ҳеч аз пеши назарам дур намешавад. Босҳои коммунисти Тоҷикистон бо дуруғу туҳмати зиёд Маҳмадалӣ ва Олимро сиёҳ намуданд…

Ҳоло навбат ба ҳукуматдорони ҷадид, ки аз он коммунистон садчанд золиму бераҳмтаранд, гузаштааст.

Ҳоло Махмадалӣ бо сарнавишташ танҳо мондааст.

Тирамоҳи соли 1996 баъди дидору суҳбатҳо бо Аҳмад Шоҳ Масъуд, бисёр мехостам бо дӯсти ҳамкор Маҳмадалӣ мулоқот кунам. Зимни мусоҳиба бо ман Масъуди бузург аз “ҷаноби Алй” ёдовар шуда буд. Дӯсти тоҷикии Масъуд “ҷаноби Алй” ҳамон Маҳмадалии мо буд. Баъди ду рӯзи диду боздидҳо бо Масъуди азиз сафарамро аз шимолӣ ба самти шаҳри Толиқон ба умеди дидор бо Маҳмадалӣ ва дигар дӯстонам пеш гирифтам. Аммо дар Толиқон дидор бо Махмадалӣ насиб накард. Ба ман хабар доданд, ки Маҳмадалӣ дар Бадахшон барои миёнчигӣ рафта, зери оташи тир монда, захмӣ шудааст. Ман хотирпарешу маҳзун аз Толиқон ба Прага баргаштам…

Ростӣ, аз ҳамон замон то имрӯз бо Маҳмадалӣ дигар рӯ ба рӯ нашудем. Ман 24 сол мешавад дар ғурбат ҳастам, ӯ баъди ғурбати хеле сангин ба умеди сулҳу оштӣ ба Ватан баргашта, мехост миллату кишварашро ободу шугуфон бинад. Аммо дигар он Ватан гӯё Ватани ӯ набуд, зеро гуруҳе онро аз худ кардааст.

Баъдан, сулҳи сареъ дар санад аз лиҳози ҳуқуқи байналмилалӣ ва муҳлати эътибори он рӯшан набуд. Он саросемавор аз тарафи устод Нурӣ имзо шуда буд. Дигар раҳбарони сиёсӣ ва фармондеҳони Иттиходи неруҳои оппозисиюни тоҷик мухолифати хешро баён дошта буданд, аммо “рухияи ҷомадонӣ” бар ақли солим ва тафаккури прогматикӣ боло гирифта буд. Ҳатто яке аз аз дипломатҳои ғарбӣ ба ман ҳамон вақт гуфта буд, Душанбе тақрибан дар муҳосираи неруҳои оппозисиюни тоҷик қарор дорад ва ин созиш танҳо ба манфиати ҳукумати Раҳмонов ҳасту халос. Маҳмадалӣ ин нуқтаҳоро беҳтар аз ҳама дарк мекард. Аммо дар он замон гуши шунавое набуд…
Маҳмадалӣ инро амиқан дарк мекард ва ин рӯз боз бар сари ӯ омад.

Ӯро акнун шарики созиши сулҳ, ки дирӯз дар муҳосираи нерӯҳои размандаи оппозисиюн қарор дошт, маҳкама карданист. Маҳмадалиро бори дигар говсуд карданианд…

Бо қалами журналист Равшани Темуриён

Мақолаҳои марбут

Маводҳои охирин

Verified by MonsterInsights