Monday, January 30, 2023

Бузургмеҳр Ёровро аз ШИЗО раҳо карданд

Мақомоти зиндонҳои Тоҷикистон Бузургмеҳр Ёров, адвокати шинохта ва маҳбуси сиёсиро пас аз 10 рӯзи дар утоқи ҷаримавӣ (ШИЗО) нигоҳ доштан, имрӯз раҳо кардаанд.

Ҷамшед Ёров, раиси Бунёди “Бузургмеҳр” дар суҳбат бо AZDA TV хабари раҳоии Бузургмеҳр Ёровро аз ШИЗО тасдиқ намуда, гуфт, ки кормандони зиндони нави шаҳри Ваҳдат бародарашро 10 рӯз пеш, барои ширкат накардан дар ҳозир-ғоиб (перекличка) ба утоқи ҷаримавӣ андохта буданд ва имрӯз, 07-уми октябр ӯро озод кардаанд.

Ҳуқуқшинос Ёров гуфт, ки вақте бародараш Бузургмеҳр Ёров дар китобхонаи маҳбас будааст “дарро касе қасдан қулф мекунад, аз ҳамин хотир ӯ наметавонад, ки аз он ҷо берун шавад ва дар “перекличка”-и маҳбусон ширкат кунад”. Кормандони зиндон инро баҳона карда, Бузургмеҳр Ёровро барои 10 рӯз ба ШИЗО интиқол доданд.

Ҷамшед Ёров сабаби интиқоли бародашро ба ШИЗО ба фаъолиятҳои Бундёди “Бузургмеҳр” ва иштироки аъзои он дар нишасти ҳуқуқи башари САҲА рабт дода мегӯяд, ки кормандони зиндон қасдан ӯро дар китобхоҳаи маҳкам карда, баъдан барои набудан дар ҳозир-ғоиби маҳбусон ҷазо додаанд.

Ба гуфтаи ин ҳуқуқшиноси тоҷик дар ин ду ҳафтае, ки нишасти САҲА дар Варшава мегузашт, ду маҳбуси сиёсии дигарро низ ба ШИЗО интиқол додаанд ва то дақиқ шудани ин хабар номи онҳо нашр намешавад.

Ёров мегӯяд, ки мақомоти кишвар бо ҷазо додани Бузургмеҳр Ёров ва дигар маҳбусони сиёсӣ ба мухолифону ҳомиёни ҳуқуқи тоҷик паём доданиняд, ки “агар дасти мо ба шумо нарасад, дастамон ба наздиконатон мерасад ва онҳо ба ҷойи шумо ҷазо хоҳанд гирифт”.

Адвокати шинохта ва маҳбуси сиёсии тоҷик Бузургмеҳр Ёров 28-уми сентябри соли 2015 баъди омодагӣ ба ҳимоят аз ҳуқуқи аъзои боздоштшудаи ҲНИТ дастгир ва дар ҷиноятҳои мухталиф, аз ҷумла қаллобиву сохтакорӣ ва таҳқири Президент айбдор шуд. Бар ин асос додгоҳ ӯро ба 28 соли зиндон маҳкум кард. Худи ӯ ва тарафдоронаш иттиҳомотро рад карда, ҳукмро дорои ангезаҳои сиёсӣ меноманд.

То ҳол кишварҳои ғарбӣ ва чандин созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар борҳо аз ҳукумати Тоҷикистон хостаанд, ки Бузургмеҳр Ёровро бидуни қайду шарте аз зиндон раҳо кунад, вале мақомоти кишвар дар ҳеч маврид дархости ниҳодҳои ҳуқуқии дунёро ба инобат нагирифтааст.

Манбаъ: azda.tv

Мақолаҳои марбут

Маводҳои охирин

Verified by MonsterInsights