Tuesday, January 31, 2023

Рӯйхати афроди таҳти таъқиб

Эълон!

Бунёди “Бузургмеҳр” афрод ва фаъолонеро ба рӯйхат мегирад, ки аз тарафи мақомоти Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар робитаи хешутаборӣ бо зиндониёни сиёсӣ, фаъолиятҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, касбӣ ва ё барои мавқеи шаҳрвандиашон ғайриқонунӣ зери таъқиб қарор дода шудаанд.

Рӯйхати мазкур барои тартиб додани омору ҳимояи ҳуқуқии ин афрод ва пешниҳод кардани он ба ташкилотҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ба хотири дар рӯйхати таҳримҳо ворид кардани мақомдороне, ки аз мансабашон сӯиистифода мекунанд, лозим аст.

Бунёди “Бузургмеҳр” аз тамоми афроде, ки дар чунин шароит қарор доранд, хоҳиш менамояд, ки ба пурсишномаи иборат аз 10 саволи мушаххас посух бидиҳанд.

Барои дарёфти пурсишнома метавонед ба рақами +48 791 150 277 (WhatsApp) ва почтаи электронӣ buzurgmehrfound@gmail.com муроҷиат кунед. Тамоми маълумотҳо маҳфуз нигоҳ дошта мешавад ва танҳо бо иҷозаи нафари зери таъқиб қарордошта дар вебсайти yorov.org нашр мешавад.

Бо эҳтиром, Бунёди “Бузургмеҳр”

Мақолаҳои марбут

Маводҳои охирин

Verified by MonsterInsights