Friday, March 29, 2024

Интиқоли Чоршанбе Чоршанбиев ба СИЗО-и Душанбе

Масъулони маҳбасҳои кишвар варзишгари шинохта Чоршанбе Чоршанбиевро, ки дар моҳи майи соли ҷорӣ ба 8,5-соли зиндон маҳкум шуда буд, аз маҳбаси шаҳри Хуҷанд ба СИЗО-и шаҳри Душанбе интиқол дода, дар маҳбаси низомаш пӯшида ва махсуси маъруф ба “критий” ҷойгир кардаанд.

Ин варзишгари шинохта, пештар дар зиндони низомаш сахт нигоҳдорӣ мешуд ва чанд маротиба ба “ШИЗО” ва “картсер” интиқол ёфтааст.

Рӯзноманигори шинохта Анора Саркорова дар истинод ба манобеаш аз зиндони шаҳри Хуҷанд хабар медиҳад, ки ба мудирияти зиндон дастур дода шудааст, ки амдан Чоршанбе Чоршанбиевро таҳрик кунанд.

“Нигаҳбонон нисбати Чоршанбе беадабӣ ва аз зӯр истифода кардаанд, то ӯ посухе бидиҳад. Инчунин роҳбарияти зиндони Хуҷанд борҳо бо ин варзишгар, дар бораи ин ки чӣ гуна рафтор кунад, чӣ гуна ҷавоб диҳад, чӣ гуна муомила кунад ва чӣ гуна либос бипӯшад даъво кардаанд. Ва ин ҳама амдан сурат мегирифт, то Чоршанбе саркашӣ ва худдорӣ кунад ва баҳонае шавад, то ӯро ба зиндони режимаш сахттар интиқол диҳанд. Аммо Чоршанбиев ба ягон амали ғайриқонунӣ роҳ надодааст ва тасмими интиқоли ӯ ба режими сахттар, аз боло гирифта шудааст” – мегӯяд манбаъ.

Дар ҳамин ҳол Сабза Танибекова, модари Чоршанбе Чоршанбиев рӯзи 12-уми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтааст, ки “Ду ҳафта пеш ба зиндони шаҳри Хуҷанд рафта, ӯро дида будам. Пурсидам, шиканҷа мекунанду азият медиҳанд? Гуфт, не, аммо бисёр лоғар шудааст.”

Анора Саркорова дар истинод ба манбааш менависад, ки раҳбарияти зиндони Хуҷанд аз марказ дастур гирифтааст, ки барои зиндониёни сиёсии помирӣ “шароити тоқатфарсо” фароҳам оварда, “ирода ва нерӯи онҳоро бишкананд”.

Ба гуфтаи ин манбаъ, маҳбусони интиқолдодашуда, аз санҷиши ба истилоҳ шартӣ мегузаранд ва дар ҷараёни он мавриди латукӯби шадид қарор мегиранд.

Инчунин масъулони зиндонҳо дар бештари ҳолатҳо аз наздикони маҳбусон пул талаб мекунанд, то маҳбус аз ҷазои сахт раҳо шавад. Дар маҳбаси низомаш пӯшида ва махсуси маъруф ба “критий” пешниҳод мекунанд, ки дар ивази 1500 доллар зиндонӣ латукӯб нашавад.

Ёдовар мешавем, ки пештар аз ин Амриддин Аловатшоев, ки дар охирҳои моҳи апрели соли ҷорӣ ба 18-соли зиндон маҳкум шуда буд, аз маҳбаси шаҳри Ваҳдат ба СИЗО-и шаҳри Душанбе интиқол ёфта, дар маҳбаси низомаш пӯшида ва махсуси маъруф ба “критий” ҷойгир карда шуда буд.

Чоршанбе Чоршанбиев рӯзи 31-уми декабри соли 2021 аз Русия ихроҷ ва дар Душанбе боздошт шуд. Мақомот ӯро дар моҳи майи соли ҷорӣ бо иттиҳоми даъват ба сарнагунии ҳокимият тавассути интернет ба 8,5 соли зиндон маҳкум кардаанд. Аммо худи ӯ ва наздиконаш иттиҳомро рад мекунанд.

Манбаъҳо: Шабакаи телеграми Anora Sarkorova, azda.tv ва www.ozodi.org

Мақолаҳои марбут

Маводҳои охирин

Verified by MonsterInsights