Ба унвони Бунёди “Бузургмеҳр” номаи сокини шаҳри Исфара Ҳомидов Исматуллоҳ ба пайвандони Эмомалӣ Раҳмон ворид шудааст, ки дар он дар бораи рӯйпуш кардани ҷиноятҳо (аз қабили куштор, қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии маводҳои нашъаовар) аз тарафи кормандони мақомоти қудратӣ, шарикӣ дар ҷиноятҳо ва умуман дар бораи амалу кирдони гурӯҳи ҷиноятии муташаккили трансмиллӣ сухан меравад. Инчунин Ҳомидов Исматуллоҳ аз пайвандони Эмомалӣ Раҳмон ва худи ӯ хостааст, ки пеши роҳи ин ҷиноятҳоро бигиранд.
Бунёди “Бузургмеҳр” ин номаро бидуни таҳрир нашр мекунад.
Шакли комили номаи сокини шаҳри Исфара Ҳомидов Исматуллоҳ:
Ба Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Британияи Кабир хонума Рухшона Эмомалӣ
Нусха: Ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарама Озода Раҳмон
Нусха: Ба бону-маликаи рақами 1-уми Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизмоҳ Раҳмонова
Аз номи Ҳомидов Исматуллоҳ, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, сокини шаҳри Исфара, ҷамоати деҳоти Ворух
АРИЗА
Муҳтарамон хонумон Рухшона, Озода ва Азизмоҳ!
Ҳар гоҳе, ки дар китобҳои илмӣ-оммавӣ расми шуморо, чеҳраи шуморо дар пеши Роҳбари давлат, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебинем хеле шод мешавем, ки занон низ дар идоракунии давлатӣ иштирок доранд. Исботи ин гуфтаҳо расмҳои сершуморе мебошанд, ки дар китоби Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Истиқлол бахшида ба 15-солагии Истиқлолияти давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Чеҳраву нигоҳу симои шумо нишон медиҳад, ки шумо барои ба даст овардани адлу инсоф, адолат ба Пешвои миллат ёрӣ мерасонед.
Ба мо маълум аст, ки бисёр маълумотҳоро роҳбарони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шумо пинҳон медоранд. Аз ҳамин сабаб дар ҷумҳурӣ коррупсия реша давонда, нашъунамо ёфта, мустаҳкам шуда истодааст. Ба намояндагони ин сохторҳо бо аъзоёни гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ҳамдилу ҳамнафасу ҳаммақсад мебошанд.
Ман бори дуввум мешавад ба Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат намудам, то ки решаҳои гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ, ки дар ҳудуди Осиёи Миёна Тоҷикистон, Афғонистон, Русия фаъолият доранд ва метавонанд, ки ҳар лаҳза вазъи сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дигаргун намоянд, зеро дар муомилоти ғайриқонуниашон зиёда аз 400-500 миллион доллар маблағ доранд, ки онҳо метавонанд вазъи сиёсии кишварро дигаргун намоянд. Бинобарин зарурият пайдо шудааст, ки нисбати онҳо чора андешанд.
Ин муроҷиати манро садҳо ҳазор сокинони кишвар дида, ҳамин таманниётро дастгирӣ доштанд, зеро гурӯҳи муташаккили ҷиноятие, ки сарварони онҳо Зоидов Баҳравар, Бобоумаров Меҳроҷ, Сангинов Мустақим, Давронов Даврон, Амонов Мирзо, Самизода Р. ва дигарон мебошанд, ҳар рӯз бо фурӯши ғайриқонунии нашъаовар марг ба хонадони мардум меоранд. Онҳо генафонди миллатро вайрон менамоянд ба мардум мусибат меоранд писарро аз падар, фарзандро аз падар, шавҳарро аз зан, набераро аз бибиву бобо ҷудо менамоянд. Агар ин гурӯҳ миллионҳо доллар ба даст орад ҳам лекин ягон фоидае ба кишвар намеорад, баръакс миллиардҳо доллар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон зарар оварда, саломатии мардумро коста намуда, обрӯи кишварро дар миқёси байналхалқӣ паст менамояд.
Ман пештар ба Пешвои миллат муроҷиат карда будам, лекин бо гузашти 2 моҳ вазъият тағйир наёфта, баръакс гурӯҳи ҷиноятӣ сарваронаш овоза доранд, ки Пешвои миллат низ бо мо ҳаст, касе пишаки моро пиш намегӯяд. Зеро мо ба тамоми сохторҳои лозима аз фаъолияти ғайриқонуниамон ҳиссаи молиявӣ ҷудо мекунем ва Э. Раҳмон имкон намедиҳад, ки нашъаҷаллобон ба сари қудрат бароянду мақсадҳои нопоки худро давом диҳанд. Онҳо куштори Авезов Осим дар муассисаи ислоҳии 3/3 СРИҶҶ ВАҶТ, ки онро ҳамчун марги бармаҳал баҳо доданд, хушнуд мебошанд. Акнун мақсади онҳо дар муассисаи ислоҳии 3/1 СРИҶҶ ва ҶТ ба қатл расонидани шоҳиди асосии ин ҷиноятҳо мисли куштор, тамаъкорӣ, қочоқ, порадиҳиҳо ва ғайра мебошад. То ҳатто онҳо наздики 200 ҳазор доллар ба наздикони Ҳасанов Ҳасан пешниҳод намуданд, ки онҳоро касе фош нанамояд. Аммо марди ҳақиқӣ ва воқеӣ Ҳасанов Ҳасан, ки соли 5-ум дар маҳбас аст, ба нони муассиса қаноат намуда, имкон надод, ки пеши ӯро гиранд. Ҳасанов Ҳасан мутакид аст, ки арзу шикояти ӯро Эмомалӣ Раҳмон ба воситаи шумо дарк намуда, дар ҳол фармон медиҳад, ки саркардаҳо ва аъзоёни гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ дастгир ва ба ҳасб гирифта шаванд. Дар он ҳол ба онҳо дигар ягон пулашон ёрӣ намерасонад.
Пеш аз ҳама бояд Давронов Даврон корманди милиса Зоидов Баҳравар, Қаландаров Порсо Сафоевич, прокурор Бобоумаров Меҳроҷ, Қурбонализода Низом бо корманди 6 отдел Самизода Р. ба ҳабс гирифта шавад. Зеро онҳо дигар аъзоҳои гурӯҳро баъди пайдоиши ҳар як аризаи Ҳасанов Ҳасан тамаъ мекунанд, ки пул ҷамъ намоед ба прокурор ва хешони Э. Раҳмон бурда мерасонем. Онҳо пули калонро гирифта қисми ночизашро ба роҳбарияти Прокуратураи генералӣ дода, ба ин тариқ аҳли оилаи шуморо бадном менамоянд. Ба дасти мо бо воситаи кормандони прокуратура мактуби рақами сод. 9/27-361 аз 06.06.2022 сол бо имзои муовини Прокурори генералӣ расид, ки дар он умуман ягон ваҷҳи Ҳасанов Ҳасанро насанҷидаанд, бардурӯғ навишта мешавад, ки (ба шумо таҳти рақами 9/447 ШВ-20 аз 20.01.21 сол моҳиятан ҷавоб гардонида шудааст ва айни замон барои бекор кардани ин қарорҳо асосҳо мавҷуд нестанд) ҳол он ки Ҳасанов Ҳасан то ба имрӯз қарор аз 20.01.2021 солро надидаасту нагирифтааст ва ҳуқуқи конститутсионии ӯро барои шикоят намудан вайрон намуданд. Ӯ борҳо менависад, ки нусхаи қарор ба ӯ дода шавад, аммо прокурорҳо вазифаи худро иҷро накарда истодаанд.
Ҳамаи мо шоҳиди он будем, ки моҳи майи соли 2022 яке аз шахсоне, ки ба туҳмат Ҳасанов Ҳасанро ба зиндон кашида буд, яъне маҳкумшуда Авезов Осимро ваҳшиёна дар зиндони Хуҷанд куштанд. Мо огоҳ намуда будем, ки саркардаҳои гурӯҳ силсила кушторҳоро ба вуҷуд меоранд, дар ҳоле, ки дар асоси моддаи 5 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон арзиши олӣ мебошад. Касе ба зиндон ба назди Ҳасанов Ҳасан намеравад, то ки ӯро пурсад бо ёрии нишондодҳои ӯ саркардаҳои гурӯҳро дастгир намоянд. Дар ҶТ фармони Президенти ҶТ таҳти рақами 629 аз 22.02.2009 оиди вокуниш ба мақолаҳои танқидӣ аз тарафи роҳбарони давлатӣ мавҷуд аст. Моҳи ноябри соли 2021 Ҳасанов Ҳасан дар рӯзномаи “Самак” мақолаи танқидӣ дар хусуси беҳаракатии кормандони ҳуқуқ ба номи Раиси КДАМ ҶТ навишт, бояд дар 2 моҳ Ятимов С. Ба он ҷавоб медод, инак 9 моҳ гузаштааст, ба он ҷавобе нест. Баъд чопи мақолааш моҳи ноябри 2021 ба пеши Ҳасанов Ҳасан корманди амният бо номи Муҳаммадҷон даромад, аммо ӯ оиди пурқувват будани гурӯҳи ҷиноятӣ маълумот гирифта, аз тарси ин гурӯҳ мумкин бас карда, дигар ба пеши Ҳасанов Ҳасан надаромад. Барои он ки Ҳасанов Ҳасан дигар аризаву шикоят накунад. Ба шумо забонхати Зоидов Баҳраварро нишон медиҳам, ки чи тавр ӯ аз Ҳасанов Ҳасан 1 миллиону 100 ҳазор рубли русӣ қарздор аст, лекин касе барои ин қаллобӣ ба ҳабс гирифтанӣ нест, инчунин қаллоби дигар аз рӯйи забонхати додааш ба Ҳасанов Ҳасан дида мешавад, ки 38 ҳазор доллар қарздор аст, аммо мақомотҳо вобаста ба ин ҳолати қалобӣ парвандаи ҷиноӣ намекушоянд. Ҳасанов Ҳ. дар минтақаи Ворухи Исфара 100 ҳазор доллар сармоягузорӣ намуда, барои ба ҷойи кор таъмин намудани 50-100 занону ҷавонон кӯшиш дошт. Ҳама саркардаҳои гурӯҳи ҷиноӣ онро барбод доданд ба шарофати сиёсати хирадмандонаи марди тавонои хонадони шумо имрӯзҳо дар асоси қонуни ҶТ “дар бораи қонунигардонии амвол ва молу мулк бо роҳи ҷиноятӣ ба даст омада, амволҳои ҷиноятӣ ба гардиши қонунӣ даромада истодаанд, мо хабардор шудем, ки ба шарофати 25-солагии сулҳу Ваҳдати миллии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ маҳбусонро озоду гурӯҳи дигарро бошад ҷазояшонро ихтисор намудааст, шумо се зани меҳрубони миллат кӯшиш намоед, ки бо роҳи бахшиши ҷазо ӯро озод намоянд. Зеро минтақаи Ворух сархати ба ин марди ташаббускор, ватандӯст, сармоягузор ҳақгӯ, ҳақбин ниёз дорад. Ҳоло Ҳасанов Ҳасан намедонад, ки аз тарси саркардаҳои гурӯҳи ҷиноятӣ писари Ҳасанов Ҳасан – Ҳасанов Руслан аз зодгоҳаш Тоҷикистон фирор намуда, дар Русия пинҳон шудааст. Оилааш дар бистари марг қарор дорад. Ман дур аз Ватан бошам ҳам муборизаи ӯро зидди нашъаҷаллобон ва фош намудани милисаву прокурорҳоро дида, гоҳ-гоҳ ба суратҳисоби Тел.: 5517287 маблағ мегузаронам.
Аз ҳамаи шумо хоҳиш менамоем ҳар касе, ки ин навиштаҳои мазкурро бинаду хонад, кӯшиш ба он намояд, ки заррае ҳам бошад ҳиссаи худро дар мубориза ба нашъаҷалобӣ бо роҳи гузаронидани маблағ ба рақамҳои тели номбурда саҳм гузорад. Аз Шумо Рухшонаи рахшон, Озодаи озод, Азизмоҳи азиз хоҳиш менамоем, ки арзи доди мо ва Ҳасанов Ҳасанро ба марди тавонои хонадонатон расонед. Дар урфат мегӯянд: Хас каму ҷаҳон пок. Ин хасонро руфта партоед, ин хасонро сӯзонеду нобуд намоед. Агар шумо хоҳиши бандаро иҷро карда натавонед, пас ман маҷбур мешавам, ки ба пеши бародари шумо Шавкат Мирзиёев дароям ва ба воситаи ӯ шикоятамро ба Эмомалӣ Раҳмон расонам. Чи хуб гуфтаанд бузургони мо, гапи хонаро ба берун набарор. Дар паноҳи Худо бешед, бо паёми ошно – ошно бошед.
Марди тавонои шумо соли 10-ум аст, ки дар рӯйхати 500 мусулмони беҳтари ҷаҳон ҷойи якумро ишғол менамояд, ин ифтихори мо тоҷикон аст. Дар он пеш аз ҳама саҳми занон дида мешавад. Ҳар як мардро марду номард зан менамояд. Ман аз сураи Қаҳф ояти 95-ум меорам: (гуфт: (…Ончи парвардигори ман манро ба он тавонои додааст беҳтар аст. Маро ба неруи хеш мадад кунед то миёни шумову онҳо суде деворе бисозам. Имрӯз ёрии шумо лозим аст, ки ҳамон деворе, ки парвардигор мегӯяд ва он деври зиндон барои саркардаҳои ҷиноятӣ мебошад. Бояд Э.Раҳмон созад аз серкорӣ ӯ моро намебинад ва сухани моро намешунавад. Ёрии шумо бо мо дар мубориза ба муқобили нашъаворӣ хеле зарур аст. Дар сураи Исо ояти 110 Худованд мегӯяд: “Бигу: чи Оллоҳро бихонед, чи Раҳмонро бихонед (фарқе намекунад) ҳар кадомро (ки аз осмон ҳусн) ки бихонед (монеъ надорад) номҳои неку азони уст миллионҳо нафар форсизабонҳо ин наворҳоро тамошо доранд. Агар Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар асари хоҳиши шумо Ҳасанов Ҳасанро бахшад, он гоҳ ҳама хушнуд мешавад. Дар сураи Анбиё ояти 94 оварда шудааст ҳар касе, ки кори шоиста кунад ва имон оварда бошад, кӯшиши ӯро носипоси нест ва мо аъмолашро менависем, инак хоҳишу дархосту таманниёти мо тамом шуд. Боварӣ дорем, ки бо ёрии шумо Ҳасанов Ҳасан имкон пайдо мекунам пеши фарзандони ятимаш меравад, гӯшаи диёри Ворухро аз аҷнабиён ҳис менамояд Худованд бошад ба ивази ин кори ҳамаи шоистаи шумо дар дафтари амволатон амалҳои нек менависад.
Саркардаҳои гуруҳи ҷиноятӣ ба мо нусхаи мактуби дуюми муовини Прокурори генералии ҶТ-ро аз 15.07.2022 сол фурухтанд. Аз он дида мешавад, ки барои тарсонидани Ҳасанов Ҳасан ба ҷойи он ки масъалаи ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани одамкушон, нашъафурӯшон, ҳамакорон, порадиҳандаҳо ва шахсоне, ки сӯхтор намудаанд, ба прокурори нақлиётии Тоҷикистон Қодирзода супориш дода мешавад, ки масъалаи оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ нисбати Ҳасанов Ҳасан бо моддаи 346 КҶ ҶТ дида баромада шавад. Яъне ба ин тариқ ин мақомотҳо мехоҳанд, ки Ҳасанов Ҳасанро тарсонанд, то ки ӯ муқобили ҷиноят мубориза набарад. Худ қазоват диҳед нисбати ягон ариза мақомоти прокуратура чунин таҳдидҳо наменамоянд. Ба ҷойи он ки Ҳасанов Ҳасанро пурсанд, баръакс ӯро таҳдид менамоянд, то ки нишондоде надиҳад. Ҳамаи ин аз бесалоҳиятии мақомоти прокуратура мебошад. Ҳасанов Ҳасанро касе тарсонда ё ин ки харида наметавонад. Фақат ӯро марг боздошта метавонад. Мо дар вақти зарурият ин мактубро пешкаши шумо менамоем. Барои ба тафтишот халал нарасондан онро баъдан нишон медиҳем.
Бо эҳтиром,
Ҳомидов Исматуллоҳ