Tuesday, January 31, 2023

Далери Имомалӣ барои 10 сол равонаи зиндон шуд

Шоми 17-уми октябри соли 2022 рӯзноманигор ва блогери шинохтаи тоҷик Далери Имомлӣ дар Боздошгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе бо ҳукми додрас Даврон Назарзода барои 10 сол аз озодӣ маҳрум карда шуд.

Тавре Радиои Озодӣ аз қавли наздикони ин рӯзноманигор хабар дод, ки додрас дар баробари маҳкум кардани Далер ба 10 соли зиндон боз пардохти ҷарима ҳам муқаррар кардааст. Вале миқдори он ҳанӯз маълум нест.

Дар мурофиаи дуюми Далкри Имомалӣ, ки рӯзи 12-уми октябр дар ҳамин Боздоштгоҳ гузашт, айбдоркунандаи давлатӣ аз додрас барои ӯ 10 солу 6 моҳи зиндон талаб карда буд. Вале додрас танҳо 6 моҳ кард.

Мақомот блогер ва рӯзноманигори шинохтаи тоҷик Далери Имомалиро рӯзи 15-уми июн боздошт ва баъдан ӯро ба соҳибкории ғайриқонунӣ, расондани хабари дурӯғ ва узвият дар созмонҳои мамнуъ “Гурӯҳи-24” муттаҳам кард. Худи Далер дар бозпурсиҳо иттиҳоми соҳибкории ғайриқонуниро қабул карда, вале ҳамкориро бо созмонҳои мамнуъ напазируфтааст. Ҳамзамон Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” ҳама гуна ҳамкорӣ бо Далери Имомалиро рад карда буд.

Мақомоти Тоҷикистон тобистони соли ҷорӣ дар пайи як амалиёти махсус чандин рӯзноманигорон, аз ҷумла Далери Имомалӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ, АБдусаттор Пирмуҳаммадзода, Завқибек Саидаминӣ ва боз чанде аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандиро боздошт ва ба солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон кард.

Ҳамзамон рӯзи 4-уми октябр мурофиаи додгоҳии Абдуллоҳ Ғурбатӣ низ дар Боздоштгоҳи умваққати шаҳри Душанбе (СИЗО) паси дарҳои баста, бидуни ҳузури наздикону пайвандон ва рӯзноманигорон баргузор шуд ва додрас ӯро барои 7,5 сол равонаи зиндон кард.

Ба зиндонӣ шудани рӯзноманигорони ҷавони тоҷик чанде аз созмонҳои ҳуқуқи башар ва ҳоимиёни рӯзноманигорон вокуниш карда, қарорҳои додгоҳҳои Тоҷикистонро маҳкум ва раҳоии онҳоро талаб карданд.

Аммо имрӯз барои ба 10 сол маҳкум шудани Далери Имомалӣ низ ҷанде аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ вокуниш нишон дода, онро маҳкум карданд. Аз ин пештар коршинос Абдуманнон Шералиев гуфта буд, ки 6 моҳ кам кардан аз талаби додситон “”ҳақ”-и додраси парванда аст, ки иҷоза ёфтааст, барои мустақил нишон додани худ, аз талаби додситон кам кунад. Чун фармон шудааст, ки 10 сол ба зиндонаш фиристанд.”

Манбаъ: azda.tv

Мақолаҳои марбут

Маводҳои охирин

Verified by MonsterInsights