Sunday, October 1, 2023

Маълумот дар бораи парвандаи Ҷобир Раҳматуллои Раҷаб

  • НОМУ НАСАБ: ҶОБИР РАҲМАТУЛЛОИ РАҶАБ
  • САНАИ ТАВАЛЛУД:
    5-уми июни соли 1958 дар деҳаи Такназарии ноҳияи Файзобод дар хонаводаи коргар ба дунё омадааст.
  • МАЪЛУМОТ, ВАЗИФА Ё МАНСАБИ ПЕШ АЗ ҲАБС
    Ҷобир Р.Р. пеш аз боздошташ узви РО ҲНИТ ва раиси Шуъбаи ҲНИТ дар  ноҳияҳои тобеи маркази Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ҳамзамон ба ҳайси хабарнигор дар вебсайти Марказии иттилоотиву таҳлилии «nahzat.tj” фаъолият мекард.
  • КӮТОҲ ДАР БОРАИ ЗИНДОНӢ:
    Ҷобир Раҳматуллои Раҷаб соли 1965 дар мактаби миёнаи деҳаи Такназарии ноҳияи Файзобод таҳсил намуда, соли 1975 мактаби миёнаро хатм намудааст. Баъди хатми мактаби миёна соли 1975 ба Институти педагогии шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко дохил шуда, соли 1982 ғоибона онро хатм ва солҳои 1976-78 дар артиши Иттиҳоди Ҷамоҳири Шуравӣ (СССР), ки Тоҷикистон ҷузъе аз он маҳсуб мешуд, хидмат кардааст. Ӯ дар ҳангоми хидмати ҳарбӣ дар Олмон буд.

Аз соли 1978 дар (ГОСКОМСТАТ-КДСҶТ) – Комитети давлатии статистикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси мудири хоҷагӣ, ҳамчунин аз соли 1981 дар ҳамин ниҳод ба унвони Сардори Шӯъбаи таъминоти техникӣ ва аз соли 1984-91 ҳамчун муовини сардори Раёсати молиявӣ дар ниҳоди мазкур кор кардааст.

Соли 1985 дар Донишгоҳи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи И. В. Ленин ғоибона таҳсил ва дар соли 1990 донишгоҳи номбурдаро дар риштаи иқтисоддон хатм намудааст. Маълумоташ олӣ.

Раҳматуллои Раҷаб аз ибтидо узви ҲНИТ набуд, балки баъдан дар замоне ба он пайваст, ки ҲНИТ дигар на ҳамчун як ҳаракат, балки ҳамчун як ҳизби расмӣ дар Тоҷикистон фаъолият мекард. Яъне соли 2004 расман аъзои он шуд. Ӯ дар сохторҳои давлатии замони Шуравӣ ва баъдан дар ҳаракатҳои даврони озодихоҳии солҳои 90 фаъолият карда аст. 

Дар замони СССР дар маъракаҳои интихоботии Отахон Латифӣ, Бӯрӣ Каримов, Давлат Худоназаров, таъсиси ҳаракати мардумии «Растохез», Ҳизби демократи Тоҷикистон саҳм ва дар нахустин митингҳо ширкат дошта буд. Ҳамчунин ба ҳайси хабарнигор дар рӯзномаи “Растохез” ва ҳамзамон муовини раиси барномаҳои Телевизиони мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият кардааст.

Аз соли 1992-1993 дар рӯзномаи мустақили «Чароғи рӯз» кор кардааст. Ӯ аз соли 1994 то 1996 сармуҳосиби Иттиҳодияи давлатии кооперативии ГКО “Роҳсоз” фаъолият намудааст.

Аз соли 1999-2002 дар Ташкилоти даниявии “Mission East” ҳамчун коргари саҳроӣ ва соли 2002-2004 ба унвони ҳамоҳангсоз фаъолият кардааст.

Вай аз соли 2004-2005 дар рӯзномаи “Суруш” ҳамчун хабарнигор кору фаъолият карда аст. Аз соли 2005-2006 корманди рӯзномаи “Миллат” буд.

Ӯ дар соли 2006-2007 дар ҶДММ “Рафиграф” корхонаи табъуннашр ба ҳайси ҷонишини директор кор карда, дар ҳамин даврон ба унвони корманди Шӯъбаи кадрҳо ва омӯзиши сиёсии ҲНИТ фаъолият намудааст.

Раҳматуллоҳи Раҷаб аз соли 2006 корманди Шӯъбаи интихоботӣ ва соли 2007 раиси Шӯъбаи интихоботии ҲНИТ буда, соли 2010 узви РО ҲНИТ гардида, дар соли 2013 ҳамчун раиси Ноҳияҳои тобеи марказӣ дар ҲНИТ кору фаъолият кардааст.

Аз моҳи апрели 2014 сол то рӯзи боздошташ ҳамчун хабарнигор дар сомонаи марказии иттилоотиву таҳлилии «nahzat.tj” фаъолият мекард.

Оиладор соҳиби 5 фарзанд мебошад.

  • БОЗДОШТ:

15 сентябри соли 2015 соатҳои 19:30 бегоҳ се нафар аз ҷониби Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бидуни муаррифӣ бо либосҳои мулкӣ вориди манзили истиқоматӣ шуда, Ҷобир Р.Р.-ро даъват ва дар автомашинаи сиёҳ савор карда бо худ бурданд. Духтараш Нилуфари Раҳматулло ҳамон вақт аз онҳо бо муроҷиат мепурсад: Шумо кӣ ҳастед ва падарамро ба куҷо мебаред? Яке аз онҳо гуфт: Барои якчанд суол ба мақомот мебарем ва баъди бозпурсӣ ӯро раҳо мекунем. Пас аз боздошти се рӯза, Ҷобир Р.Р.-ро аз СИЗО-и КДАМ ба СИЗО-и ВКД интиқол ва санаи 19.09.2015 сол  барои ду моҳ ба ҳабси пешакӣ мегиранд.

Бояд қайд кард, ки Ҷобир Р.Р. як рӯз қабл аз боздошт, 14-уми сентябри соли 2015 барои сафари корӣ ба Федератсия Русия азми сафар дошт, аммо ӯро аз майдони ҳавоии Душанбе аз дохили ҳавопаймои ширкати “Ural Airlines” намояндаҳои мақомот бозпас мегардонанд. Сипас онҷо дар назорати гумрукӣ ба шиносномааш муҳри манъи хуруҷ аз кишвар зада мешавад.

  • ТАФТИШОТ:

Муфаттиши Шӯъбаи тафтишотии Прокуратураи генералии ҶТ оид ба парвандаҳои махсусан муҳим, Иброҳимзода И. буда ӯ ҳамчун роҳбари гурӯҳи тафтишотӣ парвандаҳои зиндониёнро тафтиш мекард.

  • АДВОКАТ:

Адвокати Ҷобир Раҳматуллои Раҷаб давлатӣ буда, Азизов Баҳрулло ном аз ҷониби мақомоти тафтишотӣ таъйин шуда буд. Бино ба гуфтаи Валамати Иброҳимзода, ҳамсари Ҷобир Р.Р. вакили дифоъ Азизов Б. аз пушти дари СИЗО мегурехт, то бо В. Иброҳимзода ҳамсӯҳбат нашаваду натиҷа ва рафти мурофиаро напурсад. Азизов Б. ба манфиати тафтишот ва суд фаъолият мекард, илова намуд Валамати Иброҳимзода.

Инчунин дар мурофиаи судӣ ҳамсари судшаванда Ҷобир Р.Р., Валамати Иброҳимзода ҳамчун шоҳид даъват шуда як маротиба ширкат ва барои хислатномаи Ҷобир Р.Р. пурсида шудааст. Дар ҳолатҳои дигар Валамати Иброҳимзодаро даъват накарданд. Чунки ширкат дар мурофиаи судӣ мамнуъ, пушти дарҳои баста ва парванда махфӣ баррасӣ мешуд.

  • ҲУКМ:

Ҷобир Раҳматуллои Раҷаб пеш суд нашудааст, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Ф.Аттор, хонаи 50 бо 14 моддаи КҶҶТ гунаҳкор дониста ба муҳлати 28 сол аз озодӣ маҳрум шудааст.

Моддаҳои 187 қисмҳои 1 ва 2 (ташкили иттиҳоди  ҷиноятӣ);

189 қисми 3 банди “а” (барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ);

307 қисми 3 (даъвати оммавӣ барои бо роҳи зўроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии  Тоҷикистон);

131 қисми 3 банди “а” (ғайриқонунӣ маҳрум кардан  аз озодӣ);

32 қисми 3-309 қисми 2 банди “б” (сӯиқасд ба тахрибкорӣ (диверсия);

199 қисми 4 бандҳои “а,б,в” (тасарруфи силоҳ, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш);

195 қисми 3 (ғайриқонунӣ соҳиб шудан, ба дигарон додан, ба соҳибияти каси дигар додан, нигоҳ доштан, интиқол додан гирифта гаштани силоҳ, лавозимоти ҷангӣ,  моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш);

104 қисми 2 бандҳои “а,б,ж,з,и,л,м,п” (одамкушӣ);

32 қисми 3 – 104 қисми 2 бандҳои “а,б,ж,з,и,л,м,п” (сӯиқасди одамкушӣ);

179 қисми 3 банди “а” (терроризм);

306 (бо зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият ё бо зӯроварӣ нигоҳ доштани ҳокимият);

313 (исёни мусаллаҳона);

307 иловаи1 қисми 1 (даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) ва сафедкунии оммавии экстремизм);

307 иловаи 3 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон (ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ).

Ҳукми суд дар ҳаҷми 100 саҳифа буда, он аз тарафи Суди Олии ҶТ санаи 2 июни соли 2016 содир шудааст.

  • ШИКОЯТ АЗ БОЛОИ ҲУКМ:

Ҷобир Р.Р. ду маротиба ба Суди Олии ҶТ аз болои ҳукмаш шикоят кардааст. Моҳи сентябри соли 2016 нахустин шикояти касатсионӣ намуда 26-майи соли 2017 дар ҳаҷми 7 саҳифа шикояти назоратӣ ба раиси Суди Олии Тоҷикистон Шермуҳаммади Шоҳиён навиштааст, ки он бе натиҷа ва беҷавоб монд. Инчунин соли 2021 ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва ба Прокуратураи генералӣ ҶТ бо мактуби кушод муроҷиат карда, ки он ҳам то ба имрӯз бе натиҷа ва беҷавоб мондааст.

  • ҶОИ НИГОҲДОШТ:

Айни ҳол дар колонияи низомаш сангин дар Муассисаи ислоҳотии ЯС №3/1-Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ дар шаҳри Ваҳдат нигоҳдорӣ мешавад.

(Пештар ин муассиса ё худ зиндон дар шаҳри Душанбе ҷойгир буда, аз моҳи майи соли 2021 ба шаҳри Ваҳдат кучонида шуд.)

  • ШАРОИТИ МУЛОҚОТ БО ЗИНДОНӢ:

Тибқи талаботҳои Муассисаи ислоҳотии ЯС №3/1 дар шаҳри Ваҳдат, пайвандони Раҳматуллои Раҷаб  ҳақ доранд дар як сол 3 маротиба, тӯли ҳар 4 моҳ аз наздик бо зиндонияшон дидорбинӣ намоянд. Вохӯрӣ бо маҳбус дар мулоқотгоҳи зиндон сурат мегирад, ки он аз як утоқи алоҳида иборат буда, маҳбусону пайвандон бо фароҳам овардани шароити зист аз ҳисоби худ метавонанд то се шабонарӯз онҷо бимонанд. Дидорҳо пулакӣ буда, барои як шабонарӯз 16 сомонӣ ва барои 3-шабонарӯз 48 сомонӣ муайян шудааст. Мулоқоткунанда ӯҳдадор аст, пешакӣ маблағро дар Амонатбонк пардохт ва расиди (квитансия) онро ба зиндон пешниҳод намояд.

Инчунин наздикони ӯ дар тули 3 моҳ як маротиба аз пушти шиша ҳақ дораенд, ки ҳудуди 2 соат дидорбинӣ анҷом бидиҳанд.  

Ба ҳамин тарз дар як ҳафта ба зиндонӣ ду маротиба иҷозаи тамоси телефонӣ дода мешавад. Дақиқаҳои занги телефон ҳам пулакӣ буда, аз тарафи пайвандон ба “корти таксофон” пардохта мешавад.

  • ШИКАНҶА:

Раҳматуллои Раҷаб аз замони боздошташ дар 15 сентябри соли 2015 ҳамвора мавриди шиканҷа ва озори мақомоти Тоҷикистон қарор дошт. Ба гуфтаи пайвандонаш ӯ ду ҳафтаи аввали боздошт  беному нишон ва ҳеҷ хабаре нисбати Ҷобир Р.Р. дастрас набуд. Чунки ӯ ҳангоми боздошташ дар СИЗО як рӯз баъд 16.09.2015 аз ҷониби  кормандони КДАМ мавриди шиканҷа ва лату кӯби шадид қарор гирифт, ки дар натиҷа ба муддати 6 соат аз ҳуш рафт ва тамоми аъзои баданаш то баргузории Суд варам буд.

Бино ба гуфтаи духтараш Нилуфар Раҷабова, ӯро чор нафар кормандони мақомот дар сараш линча пушонида мавриди лату куб қарор медиҳанд. Якеро ном Саидалӣ бо тахаллуси “безпалый”,  дуввумӣ Фурқат ном буда, дар пойҳояш  музаҳои керзие, ки дар нӯгаш оҳан насб шуда буд, дар баданҳои падарам чунон бо шиддат мезананд, ки қабурғаҳояш аз ду тараф мешиканад, – меафзояд Нилуфар Раҷабова,  духтари Раҳматуллои Раҷаб.

Ному насаби ду нафари дигар аз шиканҷагарон номаълум мебошанд.

Инчунин дигар моҳи июни соли 2016 таҳти шиканҷа қарор гирифт, ки дар натиҷа дасти чапаш маъюб шуд. Сабабаш барои бар дӯш нагирифтани ҳукми суд ва эътирофи он дар нисбаташ буд.

Бори саввум худи ҳамон сол, яъне 27-июни соли 2016 ҳангоми интиқолаш аз СИЗО ба зиндони рақами 1- ш. Душанбе аз ҷониби намояндагони мақомот ба таври шадид шиканҷа шуд, ки дар натиҷа аз тарафи қисмати пайвандаки гарданаш (ключитса) сахт осеб дида, ба бемории инсулт мубтало мешавад. Сабабаш  фаъолиятҳои писараш дар расонаву шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад. Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳамон рӯз дар назди ҳавлии пайвандонаш теъдоде аз ҷониби гурӯҳи “Авангард” ва “донишҷӯён”бо нишони эътироз ба сӯи дарвозаашон сангу тухм партофта ва плакатҳои шиордорро бо аксҳои Кабирӣ оташ мезаданд.

Сурат аз тазоҳурот:

Видео аз тазоҳурот 27.09.2016с.: Ҳамсари Раҳматуллои Раҷаб рафтори эътирозгаронро маҳкум кард

Кумитаи зидди шиканҷаи Созмони Милали Мутаҳҳид  28-уми майи соли 2018 аз бетаваҷҷуҳии мақомот дар мавриди хабари шиканҷа шудани  Раҳматуллои Раҷаб баъди боздошташ дар соли 2015 нигаронӣ кардааст. Кумита ҳамчунин аз он, ки тамоми ҷузъиёти тафтишот ва мурофиаи додгоҳӣ “махфӣ” буд, изҳори ташвиш карда, гуфтааст: “Бояд ҷузъиёти таҳқиқи шикоят дар мавриди шиканҷа шудани Маҳмадалии Ҳайит, Раҳматуллои Раҷаб ва Саидумар Ҳусайниро ошкор кунанд”.

Аз таърихи 21.05.2019 то 25.05.2019 ӯро ба ПКТ (Помешение камерного типа) интиқол дода,  бараҳна карда бо дубинка зери лату кӯб қарор додаанд. Ӯ дар онҷо муддати 4 рӯз нигахдориву шиканҷа мешуд, ки дар натиҷа маризии инсулташон авҷ гирифт ва комилан як тарафи чапи узвҳои баданашон аз қабили дасту пой аз кор монда буд. Пайвандонаш дар мулоқот бо ӯ нишонаҳои ҷароҳат дар баданҳояшро диданд.

Валамати Иброҳимзода меафзояд, ки 25-уми майи соли 2019 ҳамроҳи духтараш Раҷабова Нилуфар бо шавҳараш дар зиндони рақами 1-и шаҳри Душанбе дидорбинӣ намудаанд ва дар бадани шавҳараш изҳои зарбу латро, ки эҳтимолан бо чӯбдасти резинӣ (дубинка) расонида шудаанд, дидааст. Махсусан изҳои кабуду сиёҳ дар қисмати пушти бадан – болои гурдаҳо, қисмати миён ва болои шонаҳо дида шудаанд ва инчунин чашмонаш сурх будааст. Сабаби ба ПКТ (Помещения камерного типа) ё худ шиканҷагоҳ ҷойгир кардани Ҷобир Р.Р.-ро маъмурияти зиндон чунин шарҳ доданд, ки гӯё Ҷобир Р.Р. қоидаҳои зиндонро вайрон карда, аз фармони посбонон саркашӣ кардааст. Аммо наздикони зиндонӣ гуфтаанд, ки ӯро барои паҳн кардани маълумот дар бораи ошӯб дар маҳбаси Ваҳдат, ки маъмурияти зиндон онро “ташвиқот” унвон кардааст, муттаҳам мекунанд. Ва инчунин ба хотири сабт накардани эътирофи видеоӣ ба шиканҷагоҳ интиқолаш додаанд.

Дар таърихи 01.11.2021 ду тан аз зиндониёни сиёсӣ, Ҷобир Р.Р. ва Зубайдуллои Розиқ ба унвонии раисҷумҳур Э. Раҳмон номаи саркушода навишта, хостори кумак ва мусоидати раисиҷумҳур барои “шикастан” ва “дар ҳузури коршиносону нозирони байналмилалӣ ва рӯзноманигорони дохиливу хориҷӣ аз сари нав дидани парвандаашон” мешаванд. Баъд аз навиштани нома онҳо ба ҷаримагоҳи зиндон ШИЗО (штрафной изолятор) ба муддати 60 рӯз интиқол ёфта мавриди шиканҷа қарор мегиранд.

Бино ба гуфтаи духтараш Нилуфар Раҷабова аз қавли падараш Ҷобир Р.Р. “Дар ҳақиқат моро онҷо лату кӯб накарданд. Вале кош мезаданду ба шиканҷагоҳ (ШИЗО) ҷойгир намекарданд”,- меафзояд Нилуфар Раҷабова.

Аз сабаби шиканҷаҳои гуногун ба хусус (склонка) дар зиндон, ки он як намуди шиканҷа ва иборат (аз дар ҳавои сард ё дар рӯзҳои офтобии сӯзон соатҳои тӯлонӣ рост истодан ё ин, ки шиштани зиёд мисли дар ҳоҷатхонаҳои заминӣ) рагҳои пойҳояш варам ва ба касали Адонемаи ғадуди-пневматоди рудаҳо гирифтор шуда буданд.

Ҳатто пироҳанҳояш аз сабаби зиёд истодан дар офтоби сӯзон ё дар ҳавои сарди зимистон фарсудаю корношоям мегарданд. Ва дар фасли тобистон то 5-6 маротиба пироҳан (майка) фармоиш медиҳад.

Валамати Иброҳимзода ду маротиба ба муовини Сардори СРИҶҶ Вазорати адлияи ҶТ  Мансурҷон Умаров барои аз “склонка” озод кардани шавҳараш Ҷобир Р.Р. муроҷиат менамояд. Аммо таърихи 18.08.2019 ҷавоби рад мегирад  ва  дар он гуфта мешавад, ки Ҷобир Р. Р. бинобар дар руйхати маҳкумшудагони майл ба фирор дошта ба қайд гирифта шудааст, аз ҳамин лиҳоз ин намуди ҷазо “склонка” дар доираи қонун буда, он асоснок қабул шудааст.

“Ба маълумоти Шумо мерасонем, ки мақсади асосии кормандони иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ислоҳи маҳкумшудагон ва пешгири содир кардани ҷиноятҳои нав мебошад.”- омадааст дар нома.

Ҳамин тавр баъд аз мубтало шудани Ҷобир Р.Р. ба СОVID-19 ва ранҷи бисёр дар зиндон ҳамсараш Валамати Иброҳимзода ду маротибаи дигар дар таърихи 17.04.2021 дархости озод намудан аз ҷазои “склонка” намуда, ки он рад ва бе натиҷа монд.

Раҳматуллои Раҷаб борҳо аз сӯи кормандони мақомот дар зиндон шиканҷа мешавад, ки берун аз он солҳои дар озодӣ буданаш ҳам ҳамеша ба мақомот даъват ва зери фишору таъқиб қарор мегирифт.

  • ВАЗЪИ УМУМИИ САЛОМАТӢ:

Ҷобир Раҳматуллои Раҷаб ба сабаби зиёд шиканҷа шуданаш вазъи саломатияшро аз даст додааст. Борҳо аз вазъи бади саломатияш шикоят мекунад ва дар тамос бо хонаводааш доруву дармон фармоиш медиҳад.

Моҳи майи соли 2020 Ҷобир Р.Р. дар зиндон ба коронавирус мубтало мешавад. Аммо маъмурияти зиндон онро пинҳон мекарданд, то овозаи коронавирус ва мубтало шудани маҳбусон ба берун набарояду дар расонаҳо роҳ наёбад.

Рӯз то рӯз аҳволи Ҷобир Раҳматуллои Раҷаб бадтар ва тӯли як ҳафта ҳарораташ 38-39 дараҷа баланд шуда, гулӯҳояш дардманду нафасаш танг мешуд. Пас аз сару садои зиёд ва дар расонаҳо чоп шудани хабари бад шудани аҳволи Раҳматуллои Раҷаб ӯ ва чанд маҳбуси дигари беморро барои табобат ба қисми тиббӣ интиқол медиҳанд. Аммо он вақт мақомот иддаоҳо дар бораи гӯё ба коронавирус гирифтор шудани ин ва маҳбусони дигарро рад карда, гуфтанд, ки Раҳматуллои Раҷаб фақат шамол хӯрдааст.

Пайвандонаш ҳамвора пофишорӣ мекарданд то дар Шӯъбаи сантираии зиндон аз Ҷобир Р.Р. ташхси тиббӣ гирифта онро санҷанд. Пас аз ташхиси рентгенӣ маълум шуд, ки ӯ ба коронавирус мубтало гаштааст.

Аз сабаби шиканҷаҳои гуногун дар зиндон Ҷобир Р.Р. саломатияшро аз даст дода зуд-зуд касал мешавад. Ба хусус баъд аз мубтало шуданаш ба СОVID-19 масунияташ паст шуда, асари он боиси мушкилиҳои дигари саломатиаш шудаанд, ки вақтҳои охир аз вазъи саломатияш зиёд шикоят ва аз касалиҳои гунонгун ранҷ мекашад.  

Соли 2019 ба дарди дил мубтало мешавад  ва ҳатто якбор инсулт мегузаронад. Инчунин соли 2020 ба Аденомаи ғадудӣ-пневматоди руда гирифтор ва аз он то ҳол ранҷ мекашад.

Бори охир моҳи июни соли 2022 дар сӯҳбати телефонӣ бо ҳамсараш Валамати Иброҳимзода аз дарди дил ва дарди шадиди дандонҳояш шикоят карда доруворӣ фармоиш медиҳад.

Айни ҳол чунин доруҳоро истеъмол мекунад:

  • Афобазол, Пардифен, Но-шпа барои поин бурдани шиддати дардҳо.
  • Витаминҳо барои дил, Панангин, Фитокалм.
  • Валериянка, Корвалол, Пион, Метрокардил ва чанд намуд маҳлулҳои дигар барои дил.
  • ДИДОРИ ОХИРОН БО ЗИНДОНӢ:

Валамати Иброҳимзода бори охир бо ҳамсараш Ҷобир Раҳматуллои Раҷаб 1- июли соли 2022 се рӯз дар мулоқотгоҳи зиндон дидорбинӣ карданд.

  • МУРОҶИАТ  БА СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛЛАЛӢ ВА ДОХИЛӢ:

Моҳи сентябри соли 2016 барои шикоят аз болои ҳукм ба Созмони Миллали Муттаҳид ва ба Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон аз тарафи ҳамсари ӯ муроҷиат карда шуд, аммо натиҷаи он беҷавоб монд.

19 ноябри соли 2019 Гурӯҳи кории Созмони Милали Муттаҳид баъд аз баррасии парвандаҳо 11 тан аз маҳбусонро бегуноҳ дониста, дар хулосаи худ боздошти онҳоро худсарона хонд. Ва аз ҳукумати Тоҷикистон дархост карданд, ки ин маҳбусон аз ҷумла Ҷобир Раҳматуллои Раҷабро бидуни қайду шарт аз зиндон озод ва мувофиқи қонуни байнулмилалӣ ҳаққи ҷуброн дода шавад.

Нусхаи дархости СММ

  • ТАТБИҚИ  ҚОНУНИ АВФ :

Не, татбиқ нашудааст.

Мақолаҳои марбут

Маводҳои охирин

Verified by MonsterInsights