Thursday, April 18, 2024

Freedom Now: Маҳмадалӣ Ҳаит ва дигар зиндониёни сиёсӣ фавран озод карда шаванд

Созмони “Freedom Now” аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, ки Маҳмадалӣ Ҳаит ва дигар зиндониёни сиёсиро фавран озод кунанд. 

Freedom Now, як созмони ҳуқуқии мустақар дар Вашингтон дар ҳисоби твиттерии худ аз раҳбарони зиндонии ҲНИТ ёдовар шуда навиштааст, ки “2600 рӯз пеш 13 раҳбари мухолифин, аз ҷумла Маҳмадалӣ Ҳаит, дар чаҳорчӯби саркуби густурдаи мақомоти Тоҷикистон боздошт шуданд. Онҳо бо шароити даҳшатноки зиндон рӯ ба рӯ шуданд, ки дар натиҷа ҳадди аққал як узви он кушта шуд. Мо даъват мекунем, ки онҳо фавран озод карда шаванд”. 

Маҳмадалӣ Ҳаит ҳамроҳи дигар аъзоёни аршади ҲНИТ сентябри соли 2015 боздошт ва соли 2016 пушти дарҳои баста бо иттиҳомоти сохтаи мақомот ба ҳукми абад маҳкум карда шуд. 

Гурӯҳи кории боздоштҳои худсаронаи Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Миллаи Муттаҳид боздошти Ҳаитро худсарона ва ғайриқонунӣ дониста буд ва аз Ҳукумати Тоҷикистон дархост намуд, ки Маҳмадалӣ Ҳаитро бидуни қайду шарт аз зиндон раҳо кунад ва хисороти молӣ пардохт кунад. 

Дар баробари Созмони Миллали Муттаҳид борҳо созмонҳои байналмиллалии ҳомии ҳуқуқи инсон аз Ҳукумати Тоҷикистон талаб намуда буданд, ки Маҳмадалӣ Ҳаит ва зиндониёни сиёсии ҲНИТ, Гурӯҳи 24, Бузургмеҳр Ёров, Зайд Саидов, Маҳмадрӯзи Исканадаров ва дигар фаъолони сиёсиро фавран озод кунанд, аммо ин дархостҳо аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон ба инобат гирифта намешаванд. 

Мақолаҳои марбут

Маводҳои охирин

Verified by MonsterInsights