Sunday, May 28, 2023

ПАРВАНДАИ ЗИНДОНИИ СИЁСӢ ЗАЙД САИДОВ (ВИДЕО)

Саидов Зайд Шерович, ходими давлатӣ, сиёсатмадор, соҳибкори тоҷик ва зиндонии сиёсӣ, 20-уми марти соли 1958 дар деҳаи Шодмони ноҳияи Комсомолободи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хонаводаи коргар ба дунё омадааст. Ӯ соли 1976 мактаби миёнаи №5-и ноҳияи Нурободро хатм карда, соли 1978 ба факултети иқтисодии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил ва соли 1983 онро хатм кардааст.

Корномаи ӯ :

— Иқтисодчӣ дар иттиҳодияи “Ритуал”-и Душанбе вобаста ба Вазорати хидматрасонии маишии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар августи 1983;

— Сармуҳандис дар ин иттиҳодия, аз моҳи июли соли 1984 то июни 1987;

— Сардори Комбинати қаннодии Душанбе, аз июни соли 1987 то августи 1988;

— Сардори Истеҳсолоти коркарди санги “Промстройматериалы”, аз августи соли 1988 то моҳи майи 1991;

— Директори Корхонаи “Лаъл” ва “Промстройматериалы”, аз июни 1991 то марти 1993;

— Директори генералии Ширкати саҳҳомии пӯшидаи “Халиф” дар шаҳри Москваи Русия, аз октябри 1993 то июни соли 1999;

— Раиси Кумитаи давлатии саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз июни соли 1999 то январи соли 2002;

— Вазири саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз январи соли 2002 то соли 2007;

— Сарварии Федератсияи тениси рӯи мизи Тоҷикистон, аз соли 2007 то 2013;

— Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии Ассотсиатсияи бизнес ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз июни 2012.

Зайд Саидов 19 майи соли 2013 соати 03:00 пас аз баргаштанаш аз шаҳри Парижи Фаронса, аз трапи хавойпаймо дастгир шуд. Ӯро як намунаи барҷастаи қурбониҳои низоми “говсуд” дар Тоҷикистон медонанд. Аввал ба 26 ва баъдан моҳи декабр ба 29 соли зиндон маҳкум шуд; 29 соле, ки касе намедонад, барои чӣ? Ҳатто додрасе, ки ҳукми охирини Зайд Саидовро содир кард, шармидаву гунаҳкорона гуфта буд: “Зайд Шерович, чӣ кор кунем, ки тақозои замона ҳамин аст…

Аҷиб он, ки тақрибан ҳамаи муфаттишони парвандаи ӯро бо ҷурми фасод ва сохтакории парвандаҳо маҳкум ба зиндон карданд ва ҳатто cоҳи июли соли 2018 Созмони Милал ҳукми зиндони Зайд Саидовро ғайриқонунӣ донист ва озодии ӯро талаб кард, вале мақомоти Тоҷикистон ин талабро “тавсия” номида, аз иҷрояш сар печиданд.

Моҷарои боздошт ва дастгирӣ ва барои ин ҳама муддати тӯлонӣ зиндонӣ шуданаш ин аст, ки дар 6-уми апрели соли 2013 Зайд Саидов ва гурӯҳи таҳти сарпарастии ӯ аз қасди ташкили ҳизби сиёсии “Тоҷикистони нав” бо мавзеъгириҳои марказгароёна ва мӯътадил хабар доданд. Аммо 8-уми апрел болои ӯ ва ёронаш фишорҳо шурӯъ шуданд, мақолаҳои супоришӣ дар нашрияҳои даврӣ интишор ёфтанд, ба хотири беқадр кардани эътибори гурӯҳи ташаббускор ва бахусус худи Зайд Саид корҳои таблиғотӣ ба роҳ монда шуданд, ки ҳатто баъзе хеле таҳқировар буданд.

Соати 03-00-и 19-уми майи соли 2013, ба муҷарради бозгашт аз сафари Париж, дар фурудгоҳи Душанбе аз ҷониби кормандони Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия боздошт шуд, ҳарчанд мақомот ин гуна ҳуқуқро надоштанд, зеро Зайд Саид вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе буда, дахлнопазир маҳсуб мешуд.

Бино ба навиштаи вакилони мудофеаи Зайд Саидов, ҳангоми боздошт ҳамчунин он ҳолат, ки боздоштшуда вакили мардум дар Маҷлиси вакилони шаҳри Душанбе буд, ба инобат гирифта нашуд ва бо ин моддаҳои 21 ва 22 Қонуни ҶТ “Дар бораи мақоми ҳуқуқии вакили Маҷлиси депутатҳои халқии Вилояти мухтори куҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо”, ки ризояти ин мақом бояд гирифта шавад, вайрон ва он танҳо баъди 32 соати боздошт ба даст оварда шуд. Аммо то ин замон аллакай як силсила амалиётҳои тафтишотие чун кофтуков дар хонаи оила ва хешовандон, дафтари корӣ, рӯ ба рӯ кардан бо Низомхон Ҷӯраев пурсиш ба сифати гумонбар, мусодираи аснод, техникаи компутарӣ, воситаҳои пулӣ ва дигар ашё гузаронида шуд.

Баъдтар адвокатҳои ӯ эълон доштанд, ки боздошти депутат бо нақзи моддаҳои 46 (Гумонбаршуда), 94 (Тартиби боздошт), 190 (кофтуков), 191 (Асосҳои барои дарёфт кардан), 192 (Тартиби анҷом додани кофтуков ва дарёфт кардан)-и Кодекси мурофиавии ҷиноятии ҷумҳурии Тоҷикистон рух додаасту протоколи боздошти Зайд Саид тӯли 35 соат баъди амалан дастгир шуданаш дар бинои Агентӣ тартиб дода шудааст.

Дере нагузашта, фаъолшавии Агентии мубориза бо фасод дар муҳити расонаӣ ба нестӣ мераваду тафтишот, бино бар гуфтаи ҳуқуқшиносон, ғайриқонунӣ бо нақзи моддаи 5 Қонуни ҶТ “Дар бораи сирри давлатӣ” ба парванда мӯҳри махфӣ зад, ҳол он ки дар ин парванда ҳеч сирри ҳифзшавандаи давлатӣ ҷой надошт ва надорад.

Дар давоми тафтишоти пешакӣ талаби моддаи 53-и Кодекси ҷиноятӣ-мурофиавӣ дағалона вайрон карда мешавад, яъне Зайд Саид пурра аз доштани ҳуқуқи дидорҳои маҳрамона ва номаҳдуд бо вакилони мудофиа маҳрум карда мешавад.

Як рӯз баъди боздошт, яъне 20-уми майи соли 2013, дар воситаҳои ахбори умумии ҳукуматӣ ва асосан бо воситаи телевизион маъракаи густардаи беэътибор кардани обрӯи Зайд Саид оғоз мешавад.

Дар чанд моҳи аввал молу мулк ва амволи ғайриманқули Зайд Саид ва хешовандони дуру наздики вай ба ҳабс гирифта шуданд.

Ба навиштаи адвокатҳо, бо нақзи моддаҳои 53 ва 175-и Кодекси мурофиавии ҷиноятии ҶТ, мақомоти тафтишоти пешакӣ ва прокуратура бештар аз 30 дархосту аризаи вакилони мудофиа дар бораи пешгирӣ аз вайрон кардани Конститутсия ва қонунҳои мурофиавиро дар ҷараёни тафтиши парвандаи ҷиноятӣ ба баррасӣ нагирифтанд. Бар хилофи талаботи қисми 3, моддаи 210-и Кодекси мурофиавии ҷиноятии ҶТ оид ба қонеъ намудан ва ё рад кардани аризаҳои супурдашуда муфаттишон ягон қарор дар бораи қонеъ намудан ва ё рад кардани онҳо содир накарданд.

Аризаҳои зиёди адвокатҳо дар бораи таъин намудани ташхиси генетикӣ оид ба ҷиноятҳои хислатан шаҳвонӣ қонеъ карда нашуда, ҳамзамон аллакай баъди он ки парвандаи ҷиноятӣ ба суд ирсол мешавад, ин гуна ташхис аз ҷониби тафтишоти пешакӣ таъин мегардад.

Баъдтар ВАО аз ҳодисаи тақаллуб дар парванда бо истифода аз воситаҳо ва усулҳои ғайриқонунӣ сохтакорӣ дар хулосаи ташхис хабар медиҳанд, ки дар натиҷа хулосаи манфии таҳқиқот дар мавриди падарии Зайд Саид мусбат нишон додаву ба суд пешниҳод шудааст.

Тавре нашрияи “Азия Плюс” иттилоъ пахш кард, роҳбарият ва мутахассисони озмоишгоҳи маскавии “Био-Папа”, ки худи мақомоти тафтишот ба сифати муассисаи ташхисӣ пазируфта будаанд, тасдиқи ҳуҷҷатӣ ва видеоӣ доданд, ки хулосаи ташхиси онҳоро дар Агентии мубориза зидди коррупсия сохтакорона тағйир додаанд. Ҳарчанд ин қазия расонаӣ шуд, Прокуратураи генералӣ дар мавриди ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳгорон чора наандешид.

Дере нагузашта, расонаҳо иттилоъ пахш карданд, ки ба вакилони мудофеа ва ҷонибдорони Зайд Саид фишор оварда, таҳдид ҳам ҷой дорад.

Ҳамчунин, барои баргузории “Флеш-моб” бахшида ба садумин рӯзи боздошти Зайд Саид ва будубоши ӯ дар маҳбас, суд чор тан аз писарони ӯ, домод ва аъзои гурӯҳи ташаббускори таъсиси ҳизби нави сиёсии “Тоҷикистони нав” Маҳмудҷон Қосимовро ба мӯҳлати 5 шабонарӯз боздошт намуд, ҳамчунин узви гурӯҳи ташаббускори таъсиси ҳизби нави сиёсӣ Мавҷуда Соҳибназарова ҷаримаи маъмурӣ шуд.

Тибқи хабарҳои ҳамон рӯзҳо расонаишуда баъди як нишасти матбуотии адвокатҳо, ки дар таърихи 30-уми июли соли 2013 баргузор гардид, роҳбарияти Агентии мубориза бо фасод шахсан вакилони мудофеаро даъват карда ва басо бо оҳанги дағалона онҳоро ба таъқиби ҷиноӣ ва лаҳзаи нави гунаҳгорсозии шахси зерҳимояашон ба содир намудани ҷиноятҳои шаҳвонӣ таҳдид намудаанд.

Баъди ин дар парванда ҷабрдидаи нав – ноболиғ Е.В. бо иддаои таҷовуз ба номус падидор шуд, ки набераи модари “ҷабрдида”-и аввал будааст.

Вакилони мудофиа низ истисно набуданд. Дар остонаи баррасии парвандаи иқтисодӣ бо иттиҳоми таъхир дар пардохти қарзи бонкӣ, ки бо гарав таъмин шудааст, вакили мудофеаи маъруф, Раиси яке аз коллегияҳои адвокатҳои кишвар Фахриддин Зокиров, ки машғули парвандаи иқтисодӣ оид ба моликияти Зайд Саид буд, ба ҳабс гирифта шуд.

Моҳи июли соли 2014 бе ширкати вакили мудофиаи дигар – Шӯҳрат Қудратов парванда дар бораи ҳифзи номус ва шарафи “ҷабрдида” Бобораҷабова Моҳира, ҳамоне, ки нишондодаш дар мавриди падарии Зайд Саид ба фарзанди ӯро натиҷаи ташхис рад кардааст, баррасӣ мешавад.

Дар ин мурофиа суд пурра даъвои шаҳрванди ёдшударо қонеъ намуда, аз ҷумла ҷуброни зарари маънавӣ ба андозаи 200 000 сомонӣ таъин мекунад. Асоси ин даъворо сабти сӯҳбати телефонии Шӯҳрат Қудратов бо як нафар ташкил медиҳад. Ин сабтро мақомот бо истифода аз таҷҳизоти махсус забт кардаанд ва ба ихтиёри Бобораҷабова вогузоштаанд.

Ба дунболи ин, моҳи июли соли 2014 бо иттиҳоми додани ришва ба суд барои сабук кардани ҳукми гумонбар ба ҷиноят Шӯҳрат Қудратов ба ҳабс гирифта шуд. 13-уми январи соли 2015 Суди шаҳри Душанбе Қудратовро 14 сол зиндонӣ кард, ки тибқи қонуни афв аз он 6 солашро кам карданд. 3-юми марти 2015 бо шикояти касатсионии адвокат Раҳматилло Зойиров Суди Олии Тоҷикистон ҳукми Суди шаҳри Душанбе нисбат ба Шӯҳрат Қудратовро бозбинӣ карда, мӯҳлати ҳабси ӯро се маротиба коҳиш дод. Шӯҳрат Қудратов баъди адои ҷазо озод гашт.

Аз се вакили Зайд Саид танҳо яке аз онҳо — Исҳоқ Табаров монд, ки дертар ӯ ва хонаводааш таҳти фишори мақомот қарор гирифтанд.

Таҳлили сатҳӣ ва мутолиаи як ҳисоботи муфассали вакилони мудофеа, ки ба унвонии расонаҳо паҳн шуда буд, ки нишон медиҳад, ки дар ягон моддаи парванда тафтишот ва суд далели маҳкаму устуворе барои гунаҳгор кардани Зайд Саид наёфтаанд. Ҳама иттиҳомот баъди ҷамъоварии далелҳо ғаразноку шубҳаовар ба назар мерасанд. Ва чун парвандаи Зайд паси дарҳои баста муҳокима шуд ва расонаҳо дар гузориши воқеъии он беруни дар монда буданд, ҷомеа огоҳии комил аз аз раванди баррасӣ ва чигунагии исбот ё радди иттиҳомот хабар надорад.

Дар доираи тафтиши парвандаи иқтисодӣ Зайд Саид дар охири моҳи декабри соли 2014 аз Агентии зидди фасод хост, ки ӯро бо се мансабдори баландпояи Тоҷикистон, Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе, Давлаталӣ Саидов, муовини аввали Сарвазир ва Матлубхон Давлатов, собиқ раҳбари Дастгоҳи иҷрояи рӯбарӯ кунанд. Аммо ин дархост аз ҷониби Агентӣ радд шуд. Инчунин, аз Суди Олӣ бо ирсоли мактуб хоста буд, ки парванда сирф иқтисодист ва бояд бо ҳузури хабарнигорон дар толори Суди Олӣ мурофиа баргузор шавад.

Мурофиаи парвандаи иқтисодии ӯ пӯшти дарҳои баста дар боздоштгоҳи КДАМ 12-уми феврали соли 2015 оғоз шуд. Дархост дар бораи дар толори Суди Олӣ гузарондани мурофиа рад гардид ва судя барои озод гузарондани мурофиа ва иштироки журналистон иҷозат дод, аммо раҳбарияти боздоштгоҳи муваққатии КДАМ гуфтааст, ки имкони ҷой додани журналистон дар мурофиаро надоранд, зеро толор хурд мебошад.

Зиндонии сиёсӣ Зайд Саидов бо иттиҳомоти сохтаи мақомот ба 29 соли зиндон маҳкум шуда, айни ҳол дар маҳбаси маъруф ба “Кирпичний”-и шаҳри Ваҳдат нигоҳдорӣ мешавад.

Видеоро инҷо бубинед:

Мақолаҳои марбут

Маводҳои охирин

Verified by MonsterInsights