Tuesday, January 31, 2023

Бузургмеҳр Ёров барои ибрози андеша ба муддати 15 рӯз дар утоқи ҷаримавӣ ҷой карда шуд

Мақомоти Тоҷикистон фишор ба зиндониёни сиёсиро идома медиҳанд. Дар остонаи таҷлил аз Рӯзи Президенти Тоҷикистон, Бузургмеҳр Ёров, ҳомии ҳуқуқ бори дигар ба муддати 15 рӯз дар утоқи ҷаримавӣ ҷой карда шуд.

Сабаби муҷозот, сари вақт ва дуруст баён накардани эҳтиром ба Эмомалӣ Раҳмон ба унвони раисҷумҳур ва раҳбари кишвар будааст.

Мақомоти зиндонҳо бо Бузургмеҳр Ёров дар бораи нақши Эмомалӣ Раҳмон дар ҷомеа ва пешрафти кишвар баҳс мешаванд ва интиқодоти ӯ ба масъулин писанд намеояд.

Гуфтаҳои Бузургмеҳр Ёровро ду зиндонии дигар низ дастгирӣ мекунанд, ки дар натиҷа ҳарсеро равонаи утоқи ҷаримавӣ кардаанд.

Дар охирҳои моҳи сентябри соли 2022 кормандони зиндони нави шаҳри Ваҳдат Бузургмеҳр Ёровро қасдан дар китобхоҳа маҳкам карда, барои ширкат накардан дар ҳозир-ғоиб (перекличка) барои 10 рӯз ба утоқи ҷаримавӣ андохта буданд.

Ҳомии ҳуқуқ ва маҳбуси сиёсии тоҷик Бузургмеҳр Ёров 28-уми сентябри соли 2015 боздошт ва бо парвандаи сохтаву бофта додгоҳ ӯро ба 28 соли зиндон маҳкум кард.

То ҳол кишварҳои ғарбӣ ва чандин созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар борҳо аз мақомоти Тоҷикистон хостаанд, ки Бузургмеҳр Ёровро бидуни қайду шарте аз зиндон раҳо кунад, вале мақомоти кишвар дар ҳеч маврид дархости ниҳодҳои ҳуқуқиро ба инобат нагирифтааст.

Мақолаҳои марбут

Маводҳои охирин

Verified by MonsterInsights