Tuesday, January 31, 2023

Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ба 7 соли зиндон маҳкум шуд

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе рӯзи 26-уми декабри соли ҷорӣ, рӯзноманигори шинохтаи тоҷик Абдусаттор Пирмуҳаммадзодаро ба ҳафт сол зиндон маҳкум кард. 

Дар ин бора бародари ин зиндонии сиёсӣ Абдукарим Пирмуҳаммадзода ба Радиои Озодӣ хабар дода, гуфтааст ки пайвандону наздикон аз ҳукми додгоҳ розӣ нестанд. 

Наздикони Абдусаттор Пирмуҳаммадзода мегӯянд, нусхаи ҳукмро надоранд, вале ӯ ба ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ (моддаи 307, замимаи 3, қисми 2) гунаҳкор шудааст.

Дар номае аз дохили СИЗО ин рӯзноманигори зиндонӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ дар кишварро рад карда буд. 

Мақомоти тоҷик аз ҷумла масъулони Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ то ҳол дар ин бора чизе нагуфтаанд. 

Дар ҳоле Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ба ҳафт соли зиндон маҳкум мешавад, ки ки ӯ аз дохили зиндон бо навиштани номае гуфта буд, ки зери шиканҷа (заданду кӯфтанд ва ба барқ мондаву ҷонашро ба лаб оварданд) гуноҳи нокардаро ба дӯш гирифтааст.

Журналист Абдусаттор Пирмуҳаммадзода дар ин номаи худ, ки дастӣ навишта шудааст, гуфта буд: “Ҳашт-даҳ рӯзи азобу уқубат, изолятсияи комил, таҳдиду таҳқир ва расидан ба аъзои оилаам водор кард, ки гуноҳи накардаро ба дӯш бигирам.”

Инчунин Пирмуҳаммадзода дар ин нома гуфта буд, ки ба мустақилии додгоҳҳо дар Тоҷикистон бовар надорад ва мутмаин аст, ҳукмаш “пеш аз боздошт дар долонҳои ҳукуматӣ содир шудааст”.

Ёдовар мешавем, Абдусаттор Пирмуҳаммадзодаро 8-уми июли соли ҷорӣ, дар шаҳри Ваҳдат боздошт кард. 

Боздошти Пирмуҳаммадзода дар пайи як амалиёти махсуси мақомоти тоҷик сурат гирифтааст. Дар ним соли охир дар Тоҷикистон ҳафт блогеру рӯзноманигор дастгир ва аз 7 то 21 сол зиндонӣ шуданд.

Мақомот аксари ин рӯзноманигоронроба нашри иттилои дурӯғу ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ гунаҳкор карда, мурофиаи онҳоро дар СИЗО пушти дарҳои баста баргузор карданд.

Бунёди “Бузургмеҳр” боздошту зиндонӣ кардани рӯзноманигорони тоҷикро худсарона ва фишор болои ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон меҳисобад ва аз мақомоти Тоҷикистон озодии бе чуну чарои онҳоро талаб дорад.

Мақолаҳои марбут

Маводҳои охирин

Verified by MonsterInsights