Tuesday, January 31, 2023

Бунёди “Бузургмеҳр” хоҳони тафтиши холисонаи қазияи Абдуқаҳҳор Розиқов ҳаст

Дар пайи шиканҷаи кормандони милисаи шаҳри Кӯлоб Абдуқаҳҳор Розиқови 37-сола ба ҳалокат расидааст.

Радиои Озодӣ дар истинод ба пайвандони Абдуқаҳҳор Розиқов хабар медиҳад, ки ӯро шаби 2-юми январ кормандони ШВКД Кӯлоб бе ягон асос дастгир карда, дертар ҷасадашро ба сардхона бурда гузоштаанд. 

Наздиконаш мегӯянд, ки ӯ бар асари шиканҷа даргузашт. Аммо вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сабаби марги Розиқовро “истифодаи зиёди амфетамин” номид.

Сафар Гиёев, тағои Абдуқаҳҳор Розиқов, рӯзи 3-юми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, “дар дасташ изи дастбанд аст” ва “баданаш пур аз осори шиканҷа”. Бинобар ин, ба гуфтааш, дар назди сардхона ҷамъ шуда, талаб карданд, то сабабгорони марги ҷиянаш ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. “Милисаҳое, ки шаб ӯро бурда буданд, бояд ҷавоб диҳанд,” – гуфт Гиёев.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 3-юми январ дар эъломияе сабаби марги Абдуқаҳҳор Розиқовро чунин шарҳ дод: “шаҳрванд Розиқов А.И. пеш аз дастгир шудан теъдоди зиёди маводи сахттаъсири навъи амфетамин (кристалл) истеъмол намуда буд ва дар вақти ба Қисми минтақавии РВКД дар вилояти Хатлон дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расид.”

Аммо Azda tv дар истинод ба пайвандони Розиқов хабар медиҳад, ки марҳумро дар боздоштгоҳи шаҳри Кӯлоб барои имзо гузоштан зери кадом парвандаи ҷиноятие маҷбур мекунанд, вале ӯ имзо намекунад. Аз ин рӯ, ӯро 4 ё 5 нафар аз кормандони пулис дар барқ мемонанд ва то дами марг шиканҷаи сахт мекунанд. Пас аз ҷон бохтан онҳо бо мақсади рӯпӯш кардани ин ҷинояташон ӯро ба беморхона ва аз онҷо ба сардхона бурда худ фирор кардаанд. “Ҳатто сабти дурбинҳои мадорбастаи сардхонаро пок кардаанд то пайдо нашавад, ки ҷасадро кӣ ба онҷо овардааст”, мегӯяд манбаъ.

Манбаи Azda tv 4 нафар аз кормандони пулиси шаҳри Кӯлобро, ки дар ин ҷиноят гумонбар дониста мешаванд, бо номҳои Шамшод, Шорух, Зафар ва Кароматов Ҷамшед ном бурдааст. 

Тибқи иттилои расонаҳо, дирӯз 3-уми январ даҳҳо нафар дар назди бинои пулис, ҳукумати Кӯлоб ва сардхона ҷамъ омада, аз мақомот хостанд, онҳое, ки дар қатли марҳум гумонбар мешаванд, боздошт ва ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. 

Пайвандонаш ба расонаҳо гуфтанд, пас аз онки як кумисиюн бо ҳузури раиси шаҳри Кӯлоб “дар бораи боздошту бозпурсии се маъмури милиса хабар дод”, ҷасади Абдуқаҳҳор Розиқовро аз сардхона гирифтанд ва мардум ҳам пароканда шудаанд.

Аммо баъд аз пароканда шудани мардум беш аз даҳ нафари онҳо аз ҷониби кормандони милиса боздошт шуданд. То ҳол сарнавишти боздоштшудаҳо маълум нест. 

Бори аввал нест, ки хабари шиканҷаву бадрафторӣ аз сӯи кормандони мақомот нисбат ба маҳбусону гумонбарон дар боздоштгоҳу зиндонҳои Тоҷикистон ва марги онҳо дар расонаҳо нашр мешавад.

Бунёди “Бузургмеҳр” низ борҳо дар бораи нақзи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон гуфта, аз мақомоти кишвар талаб намуда буд, ки ба ин кирдори бади худ хотима диҳанд ва аз пайи ислоҳи вазъият дар кишвар бошанд. 

Бунёди “Бузургмеҳр” хоҳони тафтиши холисонаи ин қазия ва ба ҷавобгарӣ кашидани гумонбарон ҳаст.  Инчунин мо ҳамагуна маҳдудкунӣ ва фишор болои наздикони ҷабрдидаро маҳкум мекунем.

Мақолаҳои марбут

Маводҳои охирин

Verified by MonsterInsights