Sunday, October 1, 2023

Вакили дифоъ аз ҳимояи Абдуллоҳ Ғурбатӣ даст кашидааст

Абдураҳмон Шарифов, вакили мудофеи Абдуллоҳ Ғурбатӣ, хабарнигор ва зиндонии сиёсии тоҷик, аз идомаи ҳимояи ҳуқуқи ӯ даст кашидааст.

Пайвандону наздиконаш рӯзи 9-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, тасмим доштанд, шикояти такрорӣ баранд, вале адвокат гуфтааст, дигар ёрӣ карда наметавонад.

Абдураҳмон Шарифов ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки дар доираи як тарҳ ба журналист бепул (ройгон) хидмат мерасонд ва пас аз анҷоми лоиҳа дигар чунин имкон надорад.

Наздикони Абдуллоҳ Ғурбатӣ гуфтанд, ба адвокат пешниҳод карданд, ки ҳаққи корашро медиҳанд, вале бо ин вуҷуд “ӯ розӣ нашуд”. Абдураҳмон Шарифов гуфт, бисёр банд аст ва дигар имкони ҳимоят аз журналисти зиндониро надорад.

Қаблан, ӯ аз ҳимояти Далери Имомалӣ, рӯзноманигори дигари маҳкумшудаи тоҷик даст кашид ва ба “Asia-Plus” гуфта буд, ки ин ба он рабт дорад, ки наздикони Далери Имомалӣ вакили дифои алоҳида гирифтанд.

Абдуллоҳ Ғурбатӣ моҳи июни соли 2022 дастгир ва додгоҳ моҳи октябр ӯро ба ҳафту ним соли зиндон маҳкум кард. Абдуллоҳ Ғурбатӣ ва пайвандонаш ҳукми додгоҳро қабул надоранд. 

Қаблан Додгоҳи шаҳри Душанбе ҳукми Абдуллоҳ Ғурбатиро бетағйир гузошт.  

Вай моҳҳои охир бо хабарнигори дигар Далери Имомалӣ дар бораи мушкили мардум ва бархурди мақомот барои Ютуб гузориш омода мекард.

Додгоҳ Далери Имомалиро ба соҳибкории ғайриқонунӣ, расондани хабари дурӯғ ва узвият дар созмонҳои мамнуъ гунаҳкор дониста, ба 10 соли зиндон маҳкум шудааст.  Абдуллоҳ Ғурбатиро ба ҳамла ва таҳқири намояндаи ҳокимият ва узвият дар гуруҳҳои мамнуъ гунаҳкор кард. Ҳарду ҳукмро рад кардаанд.

Дар ним соли охир дар Тоҷикистон 7 хабарнигору блогерро дастгир ва онҳоро ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум карданд. Созмонҳои байнулмилалии ҳомии ҳуқуқ ин ҳукмҳоро маҳкум карданд ва озодии фаврии рӯзноманигоронро хостанд.

Мақолаҳои марбут

Маводҳои охирин

Verified by MonsterInsights