Tuesday, January 31, 2023

“ИНҲО ПОМИРИҲОРО ЯК ГУРӮҲИ КАЛОНИ ҶИНОЯТӢ ЭЪЛОН КАРДАНД”

Рӯзноманигори шинохтаи тоҷик Рустами Ҷонӣ дар саҳифаи фейсбукиаш руйхати нафаронеро нашр кардаааст, ки аз тавқифгоҳи тафтишотӣ ба Муассисаи ислоҳии 3/4 шаҳри Душанбе интиқол ёфтаанд. Дар ин рӯйхат номи чанд нафар аз зодагони Бадахшон дида мешавад, ки 26 нафари онҳо бо моддаи 187 қисми 2 равонаи зиндон гардидаанд.

Рӯзноманигор Рустами Ҷонӣ дар ишора ба ин модда менависад, ки “Ин модаро метавон дигар “модаи помириҳо” номид. Дар назари ҳукумат ҳар фаъоли помирӣ аъзои гурӯҳи ҷиноятӣ аст”.

ИНҲО ПОМИРИҲОРО ЯК ГУРӮҲИ КАЛОНИ ҶИНОЯТӢ ЭЪЛОН КАРДАНД

Ба дасти мо руйхати нафароне расид, ки 10-уми январ аз тавқифгоҳи тафтишотӣ ба Муассисаи ислоҳии 3/4 шаҳри Душанбе интиқол ёфтанд. Ҳукми суди онҳо эътибори қонунӣ пайдо кардааст. Онҳо помириҳое ҳастанд, ки ҳукумат дар маъракаи “тозакунӣ” дастгир кардааст.

Шумо ба солҳо бингаред. Пайдост, ки суд онҳоро бидуни ягон баррасиву муҳокима говсуд кардааст. Шояд дар ягон таҷрибаи судҳои ҷаҳон Шумо ин гуна чизро дучор намеоед, ки якбора чанд нафар ҳукми яклухт гирифта бошад.

Наход дар миёни онҳо касе набуд, ки сабаби саббук сохтани ҷазоро надошт. Ин аз доираи мантиқ берун аст…

Инро ба ҷуз”тройка” чӣ метавон гуфт? Ҳамаи онҳо аз рӯи модаи 187 қисми 2 зиндон шуданд. Ин модаро метавон дигар “модаи помириҳо” номид. Дар назари ҳукумат ҳар фаъоли помирӣ аъзои гурӯҳи ҷиноятӣ аст.

Дар асл инҳо ҳама қурбони дасти як гурӯҳи бузурги ҷиноятии дигар дар симои ҳукумат ҳастанд…

Эзоҳ: Моддаи 187. Ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ)
2) Иштирок дар иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) ё иттиҳоди ташкилотчиён, роҳбарон ва ё дигар намояндагони гурўҳҳои мутташакил (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35),бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386, аз 13.06.2013 № 966).

1. Ғарибмамадов Мамадрахим Боғичоевич (1963) 187/2 10 солу 6 моҳ
2. Одинаев Худоӣ Мавлоназарович (1971) 187/2, 197/3 15 сол
3. Паллазода Амир Ҷумъа (1997), 187/2 330/1 11 солу 6 моҳ(?)
4. Қурбонмамадов Мусриф Ғуломамадович (1989) 187/2 10 солу 6 моҳ
5. Хуҷаазизов Акмал Зоирович (1985) 187,2 10 солу 6 моҳ
6. Раҳматуллоев Рахшон Раҳматуллоевич (1984) 187/2 10 солу 6 моҳ
7. Нодалибов Шуҳрат Мамадзарифович (1991) 187/2 10 солу 6 моҳ
8. Хисравов Аъзам Алёшевич (1987) 187/2 10 солу 6 моҳ
9. Давлатбеков Орзу Лашкарбекович (1987) 187/2 10 солу 6 моҳ
10. Бодурхонов Саидхон Миршаккарович (1984) 187/2 10 солу 6 моҳ
11. Миралибеков Орзу Соибназарович (1980) 187/2 10 солу 6 моҳ
12. Саломатшоев Тохир Бахтибекович (1978) 187/2 10 солу 6 моҳ
13. Шуров Назармавло Зикирович (1967) 187/2 9 солу 6 моҳ
14. Ҷумъаев Фарзун Ҷумъаевич (1991) 187/2 9 солу 6 моҳ
15. Каёбеков Амирбек Алифбекович (1967) 187/2 9 солу 6 моҳ
16. Шодавлатов Иброз Хоҷадавлатович (1992) 187/2 9 солу 6 моҳ
17. Шодихонов Умед Мабатхонович (1985) 187/2 9 солу 6 моҳ
18. Хурсандов Иброҳим Назармавлоевич (1994) 187/2 9 солу 6 моҳ
19. Маҷнунов Меҳрубон Мирванҷович (1984) 187/2 9 солу 6 моҳ
20. Ғуломамадов Зафар Муслиддинович (1988) 187/2 9 солу 6 моҳ
21. Мабатқулов Шодибек Сайненович (1992) 187/2 9 солу 6 моҳ
22. Мирзоев Давлатбек Мирзоевич (2001) 187,2 9 солу 6 моҳ
23. Акназаров рустам Назаршоевич (1984) 187/2 8 солу 6 моҳ
24. Халилов Насрулло Худоназарович (1990) 187/2 8 солу 6 моҳ
25. Фаросатшоев Фаросатшо Пулодович (1981) 187/2 10 солу 6 моҳ
26. Хушвақтов Назиршо Назимшоевич (1997) 307/3 ва 2 7 солу 6 моҳ

Мақолаҳои марбут

Маводҳои охирин

Verified by MonsterInsights