Вазорати корҳои хориҷии ИМА бо нашри иттилоияе аз роҳандозии маъракае бо номи “WithoutJustCause” (Дар зиндон мондани ин афрод асоси қонунӣ надорад), барои дастгирии зиндониёни сиёсӣ, хабар дод.
Дар сомонаи вазорат саргузашти бархе аз зиндониёни сиёсии кишварҳои ҷаҳон нашр шуда, ки дар миёни 16 зиндонӣ номи ҳуқуқшиноси тоҷик Бузургмеҳр Ёров низ зикр шудааст.
Гуфта мешавад, зикри саргузашти ин чанд маҳбуси сиёсӣ, баёнгари сарнавишти ҳазорон нафари дигар дар саросари ҷаҳон мебошад, ки бидуни ҷурме беасос боздошт ва маҳкум ба зиндон шудаанд. Ба иттилои Вазорати хориҷаи Амрико ягона “гуноҳ”-и ин афрод ошкор кардани аъмоли саркӯбгароёнаи мақомот буда, ки барои хомӯш кардани мухолифон ва озодандешон пеш мегирифтаанд.
Дар хабар омадааст, ки “шумораи зиёди маҳбусони сиёсӣ дар саросари ҷаҳон таҳти шиканҷа, шароити ғайриинсонӣ ва дигар шаклҳои бадрафторӣ қарор гирифтаанд. Хонаводаҳои онҳо орзу доранд, ки наздикони зиндониашон ба ҳалқаи хонавода бипайванданд ва дар озодӣ ҳамроҳашон бошанд. Мо наметавонем иҷоза бидиҳем, ки ин идома ёбад. Ба ин хотир Иёлоти Муттаҳида маъракаи “WithoutJustCause”-ро барои маҳбусони сиёсӣ оғоз кардаааст”.
Дар идома гуфта шудааст, ки “аз Вашингтон то ба сафоратҳо ва консулгариҳои мо дар саросари ҷаҳон, тарафдори озодии ҳамаи маҳбусони сиёсӣ ҳастем”.
Дар ҳамин ҳол Созмони “Freedom Now” дар суҳбат бо Azda tv гуфт, ки аз ин маърака дастгирӣ мекунад.
“Freedom Now маъракаи нави “#WithoutJustCause”-и Вазорати хориҷии ИМА-ро комилан дастгирӣ мекунад. Ин ташаббус як паёми қавие мефиристад, ки ҳукумати ИМА қудрати дипломатии худро барои ҳифзи ҳуқуқи инсон ва мубориза барои онҳое, ки аз ҷониби ҳукуматҳои худкома ғайриқонунӣ зиндонӣ шудаанд, истифода хоҳад кард. Аз ҷумла, мо аз шомил шудани Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеъ, ки барои кумаки ҳуқуқӣ ба раҳбарони мухолифини сиёсӣ дар Тоҷикистон ба муддати тақрибан 2 даҳсола маҳкум ба зиндон шудааст, истиқбол мекунем. Парвандаи ӯ як намунаи барҷастаи он аст, ки режимҳои худкома то чӣ андоза мухолифонро саркӯб мекунанд”, мегӯяд масъули “Freedom Now”.
Ёдовар мешавем, ки адвокати шинохта ва маҳбуси сиёсии тоҷик Бузургмеҳр Ёров 28-уми сентябри соли 2015 баъди эълони омодагӣ барои ҳимоят аз ҳуқуқи аъзои боздоштшудаи ҲНИТ дастгир ва дар ҷиноятҳои мухталиф, аз ҷумла қаллобиву сохтакорӣ ва таҳқири Президент айбдор шуд. Бар ин асос додгоҳ ӯро ба 28 соли зиндон маҳкум кард. Худи ӯ ва тарафдоронаш иттиҳомотро рад карда, ҳукмро дорои ангезаҳои сиёсӣ меноманд.
То ҳол кишварҳои ғарбӣ ва чандин созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар борҳо аз мақомоти Тоҷикистон хостаанд, ки Бузургмеҳр Ёровро бидуни қайду шарте аз зиндон раҳо кунад, вале мақомоти кишвар дар ҳеч маврид дархости ниҳодҳои ҳуқуқиро ба инобат нагирифтааст.
Бознашр аз Azda tv