Friday, March 29, 2024

Тазоҳурот дар Олмон барои Абдуллоҳи Шамсиддин

Имрӯз, 28-уми январи соли 2023 даҳҳо нафар аз тоҷикони муқими Олмон ва шаҳрвандони ин кишвар барои додхоҳӣ дар бораи ихроҷи Абдуллоҳи Шамсиддин аз Олмон ба Тоҷикистон,  дар назди Идораи муҳоҷирати шаҳри Дортмунд тазоҳурот карданд. 

Ин тазоҳурот аз ҷониби ҳамкорон ва дӯстони олмонии Абдуллоҳи Шамсиддин ташкил шуда, дар он пайвандону наздикони Абдуллоҳ, рӯзноманигорони олмонӣ, намояндагони ПМТ ва Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи- 24”, Кумитаи наҷоти зиндониёни сиёсӣ ва дигар афроде, ки дар ин қазия бетараф нестанд, ширкат ва суханронӣ карданд. 

Ба гуфтаи баргузоркунандагони ин тазоҳурот, ҳадаф аз баргузории он пайдо кардани маълумот дар бораи Абдуллоҳи Шамсиддин ва додхоҳӣ дар бораи ихроҷи ӯ мебошад.

Дар ин тазоҳурот шиорҳои “Абдуллоҳ Шамсиддин куҷост?” ва “Абдуллоҳро наҷот диҳед” садо доданд.

Ёдовар мешавем, ки мақомоти олмонӣ рӯзи 18-уми январи соли ҷорӣ Абдуллоҳи Шамсиддинро ба Тоҷикистон ихроҷ кардаанд, вале бо гузашти беш аз 10 рӯз ҳанӯз расман ҳеч иттилое дар бораи дар куҷо будан ва дар чӣ шароите қарор доштани ӯ надодаанд. 

Танҳо мақомоти Олмон расман иттилоъ доданд, ки Абдуллоҳи Шамсиддинро ба Тоҷикистон ихроҷ карданд.

Пеш аз ихроҷи Абдуллоҳи Шамсиддин аз Олмон ба Тоҷикистон, 17-уми декабри соли 2022 ҷамъе аз олмониҳо ва ҳамкоронаш аз ҳукумати ин кишвар хоста буданд, ки паноҳҷӯи тоҷик Абдуллоҳи Шамсиддинро ба Тоҷикистон ихроҷ накунанд, зеро дар онҷо шиканҷаву зиндон ӯро таҳдид мекунад. 

Мақолаҳои марбут

Маводҳои охирин

Verified by MonsterInsights