Sunday, May 28, 2023

Вазъи саломатии зиндонии сиёсӣ Маҳмурод Одинаев бад шудааст

Вазъи саломатии Маҳмурод Одинаев, зиндонии сиёсӣ ва муовини раиси ҲСДТ дар зиндон бисёр бад шуда, ба ӯ хатари нобудӣ таҳдид мекунад.

Тибқи иттилоъи манбаъи “Паём” муовини раиси ҲСДТ аз бемории ҷигар ва қалб ранҷ мебарад. Ба гуфтаи манбаъ пизишкон ӯро ба бемористони зиндон интиқол додаанд. Гуфта мешавад вазъи саломатии ӯ ба ҳадде бад гуфта мешавад, ки Маҳмурод Одинаев аз дарду ранҷи бисёр, нола мекунаду мегиряд. 

Бо дарназардошти ҷасорат ва сабру тоқати ин марди мубориз, гирифтани чунин марде аз дарду ранҷи воқеъан шадид ҳикоят мекунад.  

Қаблан гузориш шуда буд Маҳмурод Одинаев дар зиндон аз роҳгардӣ мондааст. Пайвандонаш вазъи саломатии ӯро “риққатбор” номида аз мақомоти зиндон хоста буданд, то Одинаевро дар беморхонаи маҳбас бистарӣ созанд. 

Нигоҳ доштани чунин афрод дар маҳбас амали ғайриинсонӣ буда, ба мақсад ва маромҳои системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ мутобиқ нест. Чунин амал маънои ҷазодиҳиро дорад.

Бино бар вазъи бади саломатии Маҳмурод Одинаев, Бунёди “Бузургмеҳр” аз мақомоти Тоҷикистон талаб дорад, ки режими нигоҳдории ин зиндонии сиёсӣ ба режими сабук (ҳабси хонагӣ) иваз карда шавад, ин зиндонии сиёсӣ ягон хатаре ба ҷомеа надорад.

Инчунин аз мақомоти зиндонҳои кишвар талаб карда мешавад, ки аз вазъи саломатии Маҳмурод Одинаев ба ҷомеа ва расонаҳо гузориш диҳанд.

Мақолаҳои марбут

Маводҳои охирин

Verified by MonsterInsights