Monday, May 29, 2023

КОНВЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ҲАМАИ МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ ВА АЪЗОИ ОИЛАИ ОНҲО

Конвенсияи мазкур бо қатъномаи Ассамблеяи Генералии Созмони Милали
Муттаҳид 45/158 аз 18 Декабри соли 1990 кабул шуДааст.

МУҚАДДИМА

Давлатҳои иштироккунанДаи ҳамин Конвенсия бо назарДошти принсипҳое, ки дар ҳуҷҷатҳои асосии Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон, аз ҷумла дар Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, Паймони байналмилалй оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимой ва фарҳангй, Паймони байналмилалй оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандй ва сиёсй, Конвенсияи байналмилалй дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъизи нажодй, Конвенсия дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбати занон ва Конвенсия дар бораи ҳуқуқи кӯдак баён гардидаанд,

бо ДарназарДошти инчунин принсипҳо ва стандартҳои дар ҳуҷҷатҳои дахлдоре, ки дар доираи Ташкилоти байналхалқии меҳнат таҳия шудаанд, махсусан Конвенсия дар бораи муҳоҷирони меҳнатй (№97), Конвенсия дар бораи сӯиистеъмолкуниҳо дар соҳаи муҳоҷират ва оид ба таъмини муҳоҷирони меҳнатй ба баробарии имкониятҳо ва муроҷиат (№143), дар Тавсияномаҳо оид ба муҳоҷирони меҳнатй (№86), Тавсияномаҳо оид ба муҳоҷирони меҳнатй (№151), дар Конвенсия оид ба меҳнати маҷбурй ё ҳатмй (№29) ва Конвенсия дар бораи барҳам додани меҳнати маҷбурй (№105) дарҷ гардидаанд,

бори Дигар муҳимияти принсипҳоеро, ки дар Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг оид ба мубориза бар зидди табъиз дар соҳаи маориф дарҷ ёфтаанд,

таъкиД намуДа, бо ёДоварй аз Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонй ё таҳқиркунандаи шаъну шараф, Эъломияи Конгресси чоруми Созмони Милали Муттаҳид оид ба пешгирии ҷинояткорй ва муносибат бо қонуншиканон, Кодекси рафтори шахсони мансабдор оид ба нигоҳдории тартиботи ҳуқуқй ва Конвенсияҳо оид ба ғуломй,

бо ёДоварй аз он ки яке аз вазифаҳои Ташкилоти байналхалқии меҳнат, мутобиқи Оинномаи он, ҳифзи манфиатҳои меҳнаткашоне мебошад, ки хориҷ аз кишвари худ дар дигар кишварҳо кор мекунанд ва бо назардошти донишу таҷрибаи ин ташкилот дар масъалаҳои марбут ба муҳоҷирони меҳнатй ва аъзои оилаҳои онҳо,

бо эътирофи муҳимияти коре, ки дар робита бо муҳоҷирони меҳнатй ва аъзои оилаи онҳо дар мақомоти гуногуни Созмони Милали Муттаҳид анҷом дода шудааст, аз ҷумла дар Комиссияи ҳуқуқи инсон ва Комиссияи рушди иҷтимой, инчунин дар Ташкилоти озуқаворй ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг ва Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустй ва инчунин дар дигар созмонҳои байналмилалй,

инчунин бо эътирофи пешрафте, ки баъзе давлатҳо бар асоси муносибатҳои минтақавй ва дуҷониба дар бобати ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатй ва аъзои оилаи онҳо ба даст овардаанд ва инчунин муҳимият ва судмандие, ки созишномаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар ин соҳа доранд,

бо эҳсоси аҳамият ва миқёсҳои падидаи муҳоҷират, ки миллионҳо одамон ба он ҷалб карда шудаанд ва фарогири шумораи зиёди давлатҳои ҷомеаи ҷаҳонй мебошад,

бо дарназардошти таъсири ҷараёнҳои муҳоҷирони меҳнатй ба давлатҳо ва шахсони дахлдор ва кӯшиши муқаррар сохтани меъёрҳое, ки барои мувофиқ гардондани мавқеи давлатҳо аз тариқи қабули принсипҳои асосии марбут ба муносибат бо муҳоҷирони меҳнатй ва аъзои оилаи онҳо, мусоидат карда метавонанд,

бо дарназардошти вазъи осебпазирй, ки аксар вақт муҳоҷирони меҳнатй ва аъзои оилаи онҳо дар он қарор мегиранд, аз ҷумла, он ки онҳо дар давлати аслиашон қарор надоранд ва ба душвориҳое мумкин аст рӯ ба рӯ шаванд, ки марбут ба истиқоматашон дар давлати кори кироя мебошанд,

бо боварӣ ба он, ки ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатй ва аъзои оилаи онҳо то ҳол дар ҳеҷ ҷо ба дараҷаи кофй эътироф нагардидааст ва аз ин рӯ ҳимояи дахлдори байналмилалиро тақозо дорад,

бо назар гирифтани он ҳолате, ки муҳоҷират аксар вақт боиси мушкилоти ҷиддй барои аъзои оилаи муҳоҷирони меҳнатй ва барои худи онҳо, махсусан, ба сабаби ҷудоии оилаҳо мегардад,

бо дарназардошти он ки мушкилоти гуманитарие, ки бо муҳоҷират алоқаманданд, дар ҳолатҳои муҳоҷирати ғайриқонунй боз ҳам тезу тундтар мегарданд,

ва бо боварй ба он, ки дар робита бо ин зарур аст, ки пешбурди фаъолияти дахлдор бо мақсади пешгирй ва барҳам додани рафту омад ва интиқолдиҳии ғайриқонунию махфиёнаи муҳоҷирони меҳнатй, ҳамзамон бо таъмини ҳимояи ҳуқуқҳои асосии инсонии онҳо, ба роҳ монда шавад,

бо дарназардошти он ки муҳоҷирони меҳнатии дорои ҳуҷҷат набуда ё мақоми доимй надошта, аксар вақт дар муқоиса бо муҳоҷирони меҳнатии дигар дар шароитҳои кории камтар мусоидаткунанда ба киро гирифта мешаванд ва ин баъзе корфармоёнро водор мекунад, ки чунин қувваи кориро бо мақсади ба даст овардани фоида аз рақобати ғайриодилона, ҷалб намоянд,

инчунин бо дарназардошти он ки эътирофи васеи ҳуқуқҳои асосии инсонии ҳамаи муҳоҷирони меҳнатй ба киро гирифта шудани коргарони муҳоҷири мақоми доимй надошта халал хоҳад расонд ва инчунин ғайр аз он пешниҳоди баъзе ҳуқуқҳои иловагй ба муҳоҷирони меҳнатй ва аъзои оилаи онҳо, ки мақоми доимй доранд, ҳамаи муҳоҷирон ва корфармоёнро ба эҳтиром кардан ва риоя намудани қонунҳо ва тартиботи аз тарафи давлати дахлдор муқарраргардида, ташвиқ хоҳад кард,

бо боварӣ ба зарурати таъмин намудани ҳимояи байналмилалии ҳуқуқҳои ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо ва бори дигар тасдиқ намудану муқаррар кардани меъёрҳои асосӣ дар Конвенсияи ҳамаро фарогиранда, ки мумкин аст татбиқи универсалӣ дошта бошад,

ба мувофиқаи зерин расиДанД:

ҚИСМИ I

Доираи татбиқ ва мафҳумҳо

Моддаи 1

  1. Конвенсияи мазкур бе ҳеҷ як тафриқагузорӣ аз рӯи ҷинс, нажод, ранги пӯст, забон, дин ё эътиқод, ақидаи сиёсӣ ё ақидаи дигар, баромади миллӣ, этникӣ ё иҷтимоӣ, шаҳрвандӣ, синну сол, вазъи иқтисодӣ, молумулкӣ, оилавӣ ва табақавӣ ё ҳар гуна аломатҳои дигар нисбати ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо татбиқ карда мешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки тартиби дигарро пешбинӣ мекунанд.
  2. Конвенсияи мазкур дар давоми тамоми раванди муҳоҷирати муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо, ки омодагӣ ба муҳоҷират, сафар, транзит ва ҳамаи давраи буду бош ва фаъолияти пардохташавандаро дар давлати кори кироя ва инчунин бозгашт ба давлати аслӣ ё давлати истиқомати муқаррариро дарбар мегирад, татбиқ карда мешавад.

Моддаи 2

Барои мақсадҳои Конвенсияи мазкур:

  1. Истилоҳи «муҳоҷири меҳнатӣ» шахсеро ифода мекунад, ки ба фаъолияти музднок дар давлате машғул мешавад, машғул аст ё машғул шудааст, ки шаҳрванди он намебошад.

2.

  1. Истилоҳи «корманди наздисарҳадӣ» муҳоҷири меҳнатиеро ифода мекунад, ки ҷои истиқомати муқаррариашро дар давлати ҳамсоя нигоҳ дошта, ба он одатан ҳар рӯз ё ҳадди аққал як маротиба дар як ҳафта бармегардад;
  2. истилоҳи «корманди мавсимӣ» муҳоҷири меҳнатиеро ифода менамояд, ки кораш аз рӯи хислати худ ба шароитҳои мавсими сол вобаста буда, танҳо дар давоми як қисми сол иҷро карда мешавад;
  3. истилоҳи «баҳрнавард», ки моҳигиронро низ дарбар мегирад, муҳоҷирони меҳнатиеро ифода мекунад, ки барои кор дар киштие ба киро гирифта шудааст, ки ин киштӣ дар давлате, ки шаҳрванди он нест, ба қайд гирифта шудааст;
  4. истилоҳи «корманди дар дастгоҳи наздисоҳилии статсионарӣ коркунанда» муҳоҷирони меҳнатиеро ифода мекунад, ки барои кор дар дастгоҳи назди соҳилие ба киро гирифта шудаанд, ки он дастгоҳ дар тобеияти ҳуқуқии давлате мебошад, ки онҳо шаҳрвандаш нестанд;
  5. истилоҳи «корманде, ки кораш ба рафту омад алоқаманд аст» муҳоҷири меҳнатиеро ифода мекунад, ки одатан дар як давлат истиқомат намуда, ба сабаби хусусияти кораш маҷбур аст ба дигар давлат ё давлатҳо ба муҳлатҳои кӯтоҳ рафту омад кунад;
  6. истилоҳи «корманд дар лоиҳа» муҳоҷири меҳнатиеро ифода мекунад, ки ба давлати кори кироя танҳо аз рӯи лоиҳаи мушаххас, ки корфармои ӯ дар ин давлат ба амал мебарорад, ба муҳлати муайян роҳ дода шудааст;

q) истилоҳи «корманди кирояи мақсаднок» ифодакунандаи муҳоҷири меҳнатиест, ки:

  1. аз тарафи кироягир ба муҳлати маҳдуд ё муайян барои иҷрои вазифа ё уҳдадориҳои мушаххас ба давлати кори кироя фиристода шудааст; ё
  2. дар давоми муҳлати маҳдуд ва муайян кореро иҷро мекунад, ки малакаи касбӣ, тиҷоратӣ, техникй ё дигари махсусро талаб мекунад; ё
  3. бо хоҳиши кироягир дар давлати кори кироя дар давоми муҳлати маҳдуд ва муайян кореро иҷро мекунад, ки хусусияти муваққатӣ ё кӯтоҳмуддат дорад;

ва давлати кори кирояро бояд бо гузаштани муҳлати иҷозатшудаи буду бош ё пештар тарк кунад, агар ӯ ин вазифаҳои мушаххасро дигар иҷро накунад ё ба ин кор машғул набошад;

h) истилоҳи «корманди бидуни кироя коркунанда» муҳоҷири меҳнатиеро ифода мекунад, ки ба фаъолияти пардохтшаванда, ки аз кори кироя тафовут дорад, машғул буда, аз ҳисоби чунин фаъолият воситаи рӯзгузаронии худро таъмин месозад ва чун қоида, танҳо ё якҷоя бо аъзои оилаи худ кор мекунад, инчунин ҳар як муҳоҷири меҳнатии дигар, ки мувофиқи қонунгузории татбиқшавандаи давлати кори кироя ё созишномаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба ҳамчун корманди бидуни кироя коркунанда эътироф гардида аст.

Моддаи 3

Конвенсияи мазкур татбиқ намешавад:

  1. нисбат ба шахсоне, ки аз тарафи ташкилоту муассисаҳои байналмилалӣ фиристода ё кироя шудаанд ё шахсоне, ки аз тарафи ягон давлат берун аз ҳудуди он барои иҷрои вазифаҳои расмӣ, ки иҷозат ва вазъи онҳо тавассути ҳуқуқи байналмилалии оммавӣ ё созишномаҳои мушаххаси байналмилалӣ ё конвенсияҳо танзим карда мешаванд, фиристода ё кироя шудаанд;
  2. нисбат ба шахсоне, ки аз тарафи давлат ё аз номи он берун аз ҳудуди он фиристода ё кироя шудаанд ва дар амалисозии барномаҳои рушд ё дигар барномаҳои ҳамкорӣ иштирок мекунанд, ки иҷозат ва вазъи онҳо тавассути созишномаи бо давлати кори кироя басташуда танзим карда мешавад ва тибқи ин созишнома онҳо муҳоҷирони меҳнатӣ ҳисобида намешаванд;
  3. нисбат ба шахсоне, ки дар давлати аслии худашон истиқомат намекунанд ва ба сифати сармоягузорон баромад (фаъолият) мекунанд;
  4. нисбат ба гурезагон ва шахсони бешаҳрванд, агар чунин муқаррарот дар қонунгузории дахлдори миллӣ ё ҳуҷҷати байналмилалие, ки ба давлати иштирокчии дахлдор паҳн мегардад, пешбинӣ нашуда бошад;
  5. нисбат ба хонандагон ва коромӯзон;
  6. нисбат ба баҳрнавардон ва кормандоне, ки дар дастгоҳҳои статсионарии наздисоҳилӣ кор карда, ба онҳо иҷозати истиқомат ва иштирок дар фаъолияти музднок дар давлати кори кироя дода нашудааст.

Моддаи 4

Барои мақсадҳои ҳамин Конвенсия истилоҳи «аъзои оила» шахсонеро ифода мекунад, ки дар никоҳи муҳоҷирони меҳнатӣ ё бо онҳо дар муносибатҳое қарор доранд, ки мувофиқи ҳуқуқи татбиқшаванда мумкин аст бо никоҳ баробар дониста шаванд, инчунин фарзандон ва дигар шахсоне, ки дар таъминоти онҳо қарор дошта, мувофиқи қонунгузории татбиқшаванда ё созишномаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи миёни давлатҳои дахлдор аъзои оила эътироф мешаванд.

Моддаи 5

Барои мақсадҳои ҳамин Конвенсия муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо:

  1. дорои ҳуҷҷат ё мақоми доимӣ ҳисобида мешаванд, агар онҳо барои ворид шудан, буду бош ва фаъолияти музднок дар давлати кори кироя мувофиқи қонунгузории ин давлат ва созишномаҳои байналмилалие, ки ин давлат иштирокчии онҳо аст, иҷозат гирифта бошанд;
  2. ҳуҷҷат ё мақоми доимӣ надошта ҳисобида мешаванд, агар онҳо ба шартҳои дар зербанди (а)- и моддаи мазкур пешбинишуда ҷавобгӯ набошанд.

Моддаи 6

Барои мақсадҳои ҳамин Конвенсия:

  1. истилоҳи «давлати аслӣ» давлатеро ифода менамояд, ки шахси дахлдор шаҳрванди он мебошад;
  2. истилоҳи «давлати кори кироя» давлатеро ифода менамояд, ки дар он муҳоҷири меҳнатӣ вобаста ба ҳолати мушаххас ба фаъолияти музднок машғул мешавад, машғул аст ё машғул шудааст;
  3. истилоҳи «давлати транзит» давлатеро ифода менамояд, ки шахси дахлдор ҳангоми рафтан ба давлати кори кироя ё омадан аз давлати кори кироя ба давлати аслӣ ё давлати истиқомати муқаррарӣ тавассути он мегузарад.

ҚИСМИ II

Манъи табъиз дар муносибат бо ҳуқуқҳо

Моддаи 7

Давлатҳо – иштирокчиён уҳдадор мешаванд, ки мувофиқи санадҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон ҳуқуқи ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳоро, ки дар ин Конвенсия пешбинӣ шудаанд ва дар ҳудуд ё таҳти тобеияти ҳуқуқии онҳо қарор доранд, бидуни хеҷ навъи тафовут аз рӯи ҷинс, нажод, ранги пӯст, забон, дин ё эътиқод, ақидаи сиёсӣ ё ақидаҳои дигар, баромади миллӣ, этникӣ ё иҷтимоӣ, шаҳрвандӣ, синну сол, вазъи иқтисодӣ, молумулкӣ, оилавӣ ва табақавӣ ё ҳар гуна аломати дигар, эҳтиром ва таъмин созанд.

ҚИСМИ III

Ҳуқуқи инсонии ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо

Моддаи 8

  1. Муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо метавонанд ҳар кадом давлат, аз ҷумла давлати аслии худро озодона тарк намоянд. Ин ҳуқуқ набояд мавриди ягон навъи маҳдудият қарор дода шавад, ба истиснои маҳдудиятҳое, ки дар асоси қонун буда, барои ҳифзи амнияти миллӣ, тартиботи ҷамъиятӣ (ordre public), саломатӣ ё ахлоқии аҳолӣ, ҳуқуқу озодиҳои дигарон зарур мебошанд ва бо дигар ҳуқуқҳои дар ин қисми Конвенсия эътирофшуда созгор мебошанд.
  2. Муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо ҳуқуқ доранд, ҳар вақт ба давлати аслии худ ворид шаванд ва дар он ҷо монанд.

Моддаи 9

Ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳоро ба ҳаёт қонун ҳифз мекунад.

Моддаи 10

Муҳоҷири меҳнатӣ ва аъзои оилаи ӯ набояд мавриди шиканҷа, муомила ё ҷазодиҳии бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шарафи онҳо қарор дода шаванд.

Моддаи 11

  1. Муҳоҷири меҳнатӣ ва аъзои оилаи ӯ набояд дар ғуломӣ ва ё ҳолати маҷбурӣ нигоҳ дошта шаванд.
  2. Муҳоҷири меҳнатӣ ва аъзои оилаи ӯ набояд ба меҳнати маҷбурӣ ё ҳатмӣ ҷалб карда шаванд.
  3. Дар он давлатҳое, ки барои ҷиноят мумкин аст ба сифати ҷазо маҳрумкунӣ аз озодӣ бо ҷалб ба корҳои пурмашаққат пешбинӣ карда шавад, банди 2 моддаи мазкур барои иҷро намудани корҳои пурмашаққат, ки бо ҳукми суди босалоҳият бароварда шудааст, монеъ шуда наметавонад.
  4. Барои мақсадҳои ин модда истилоҳи «меҳнати маҷбурӣ ё ҳатмӣ» инҳоро дарбар намегирад:
  5. ҳар кадом кор ё хизмат, ки дар банди 3 ҳамин модда номбар нашуда, ки одатан шахси дар маҳбас буда бар асоси қарори қонунии суд, ё шахси шартан аз чунин маҳбас озодшуда, бояд иҷро намояд;
  6. ҳар кадом хизмат, ки дар мавридҳои вазъияти фавқуллода ё офатҳои табиии ба ҳаёт ё некӯаҳволии ба ҷомеа таҳдидкунанда, ҳатмӣ мебошад;
  7. ҳар кадом кор ё хизмате, ки ба уҳдадории муқаррарии шаҳрванд мансуб мебошад, агар шаҳрвандони ҳамин давлат низ ба онҳо ҷалб карда шаванд.

Моддаи 12

  1. Муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо ба озодии ақида, виҷдон ва дин ҳуқуқ доранд. Ин ҳуқуқ аз озодии доштан, қабул кардани дин ё эътиқод бо интихоби худ ва озодии пайравӣ кардани дин ё эътиқоди худ шахсан ё дар якҷоягӣ бо дигарон, ба таври оммавӣ ё хусусӣ, ибодат намудан, анҷом додани расму оин ва таълимоти динЬ ва анъанавиро дарбар мегирад.
  2. Муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаҳои онҳо набояд мавриди маҷбуркунӣ қарор дода шаванд, ки он боиси маҳдуд гардидани озодии бо интихоби худ доштан ё бо ихтиёри худ қабул кардани дин ё эътиқоди онҳо гардад.
  3. Озодии пайравӣ аз дин ё эътиқодро танҳо дар асоси қонун, бо мақсади ҳифзи амнияти ҷамъиятӣ, тартибот, саломатӣ ва ахлоқ, ҳуқуқу озодиҳои асосии шахсони дигар маҳдуд кардан мумкин аст.
  4. Давлатҳо – иштирокчиёни ҳамин Конвенсия уҳдадор мешаванд, ки озодии падару модар ва дар ҳолатҳои дахлдор парасторони қонуниро, агар яке аз онҳо муҳоҷири меҳнатӣ бошад, барои тарбияи динию ахлоқии фарзандонашон мувофиқи эътиқоди худ эҳтиром кунанд.

Моддаи 13

  1. Муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо ҳуқуқ доранд бе мамониат андешаи худро дошта бошанд.
  2. Муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо барои озодона баён кардани андешаи худ ҳуқуқ доранд; ин ҳуқуқ озодии ҷустуҷӯ, дарёфт ва паҳн кардани ҳама гуна иттилоот ва ғояҳоро новобаста аз марзҳои давлатӣ дар шаклҳои шифоҳӣ, хаттӣ, тавассути матбуот, дар шакли ифодаи бадеӣ ё ба тарзҳои дигар бо интихоби худашон дарбар мегирад.
  3. Истифода бурдан аз ҳуқуқи дар банди 2-и ҳамин модда пешбинишуда уҳдадорӣ ва масъулиятҳои махсусро талаб менамояд. Аз ин рӯ, он метавонад дучори баъзе маҳдудиятҳо шавад, аммо маҳдудиятҳои мазкур бояд тавассути қонун муқаррар шаванд ва ба мақсадҳои зерин ҷавобгӯ бошанд:
  4. барои эҳтироми ҳуқуқ ва номи неки шахсони дигар;
  5. барои ҳифзи амнияти миллии давлатҳои дахлдор, тартиботи ҷамъиятӣ (ordre public), саломатӣ ё ахлоқи аҳолӣ;
  6. бо мақсади пешгирии ҳама гуна ташвиқоти ҷанг;
  7. бо мақсади пешгирии ҳама гуна баромадҳое, ки бадбинии миллӣ, нажодӣ ё диниро тарғиб намуда, табъиз, хусумат ё зӯровариро бармеангезанд.

Моддаи 14

Муҳоҷири меҳнатӣ ва аъзои оилаи ӯ набояд мавриди дахолати худсарона ва ғайриқонунӣ ба ҳаёти шахсӣ ва оилавӣ, сӯиқасди худсаронаву ғайриқонунӣ ба дахлнопазирии манзил ё мукотибаи маҳрамона, ё шаклҳои дигари алоқаи ӯ, ё сӯиқасдҳои ғайриқонунӣ ба шаъну шараф ва номи неки ӯ қарор гиранд. Ҳар як муҳоҷири меҳнатӣ ва аъзои оилаи ӯ ба ҳимояи қонун аз чунин дахолатҳо ё чунин сӯиқасдҳо ҳуқуқ доранд.

Моддаи 15

Муҳоҷири меҳнатӣ ва аъзои оилаи ӯ набояд беасос аз моликияте, ки дар танҳоӣ ё якҷоя бо шахсони дигар соҳибӣ менамоянд, маҳрум карда шаванд. Дар ҷое, ки мувофиқи қонунгузории амалкунандаи давлати кори кироя дороиҳои муҳоҷири меҳнатӣ ё аъзои оилаи ӯ пурра ё қисман мусодира карда мешаванд, шахси дахлдор ба ҷуброни одилона ва муносиб ҳуқуқ дорад.

Моддаи 16

  1. Муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо ба озодӣ ва дахлнопазирии шахсӣ ҳуқуқ доранд.
  2. Муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаҳои онҳо ба ҳимояи самарабахши давлат аз зӯроварӣ, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ, таҳдид ва тарсондан чи аз тарафи шахсони мансабдори давлатӣ ва чи аз тарафи шахсони алоҳида, гурӯҳҳо ё муассисаҳо, ҳуқуқ доранд.
  3. Ҳама гуна тафтиши шахсияти муҳоҷирони меҳнатӣ ё аъзои оилаҳои онҳо аз тарафи шахсони мансабдори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мувофиқи расмиёти муқаррарнамудаи қонун анҷом дода мешавад.
  4. Муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо набояд танҳо ё якҷоя бо дигарон худсарона ба ҳабс гирифта шаванд ё дар ҳабс нигоҳ дошта шаванд; онҳо набояд аз озодӣ маҳрум карда шаванд, магар аз рӯи асос ва тартиботе, ки қонун муқаррар кардааст.
  5. Ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо, ки ба ҳабс гирифта мешаванд, аз лаҳзаи ба ҳабс гирифтан ба қадри имкон бо забоне, ки онҳо мефаҳманд, дар бораи сабабҳои ба ҳабс гирифтанашон ва бе таъхир, ба забоне, ки онҳо мефаҳманд, дар бораи ҳама гуна айбдорие, ки нисбат ба онҳо эълон мешавад, хабар расонида мешавад.
  6. Муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо, ки бо гумони содир намудани ҷиноят ҳабс ва ё боздошт мегарданд, бидуни таъхир ба назди судя ё дигар шахси мансабдоре, ки аз рӯи қонун ваколати ҳокимияти судиро дорад, оварда шуда, ба тафтишоти судӣ дар муҳлати оқилона ё ба озодшавӣ ҳуқуқ доранд. Дар ҳабс дар интизории баррасии судӣ нигоҳ доштан қоидаи умумӣ ба шумор нарафта, озод кардани онҳо метавонад бо пешниҳоди кафолати ҳозир шудан ба суд, ҳозир шудан ба муҳокимаи судӣ дар ҳамаи дигар марҳилаҳои он ва дар мавриди зарурат, ҳозир шудан барои иҷрои ҳукм таъмин карда шавад.
  7. Дар ҳолати ба ҳабс гирифтан ё дар маҳбас нигоҳ дошта шудан, ё то суд дар ҳабс нигоҳ дошта шудан ва ё ба ин ё он шакл боздошт шудани муҳоҷири меҳнатӣ ё аъзои оилаи ӯ:
  8. ба муассисаҳои консулӣ ё дипломатии давлати аслии ӯ ё давлате, ки аз манфиатҳои ин давлат намояндагӣ мекунад, агар ӯ дар ин хусус хоҳиш кунад, фавран хабари ба ҳабс гирифтан ё боздошт шудан ва сабабҳои онҳо, расонида мешавад;
  9. шахси дахлдор ҳуқуқ дорад, ки ба муассисаҳои номбурда тамос гирад. Ҳамаи маълумоти шахсони дахлдор, ки ба муассисаҳои номбурда фиристода шудаанд, фавран ба маълумоти онҳо расонида мешавад ва дастгиршудагон низ ҳуқуқ доранд, ки бидуни таъхир хабари ба муассисаҳои номбурда ё аз онҳо фиристодаро гиранд;
  10. ба шахси дахлдор дар бораи ин ҳуқуқ ва ҳуқуқҳое, ки аз ҳар кадом шартномаҳои дахлдор бармеоянд, агар онҳо дар муносибати байни давлатҳои дахлдор қобили татбиқ бошанд, дар хусуси мукотиба кардан ва мулоқот кардан бо намояндагони муассисаҳои номбурда ва шартнома бастан бо онҳо доир ба намояндагӣ кардан аз ҳуқуқҳои шахси дахлдор фавран хабар дода мешавад.
  11. Муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаҳои онҳо, ки бо сабаби ҳабс ё дастгиршавӣ аз озодӣ маҳрум шудаанд, ҳуқуқ доранд, ки дар суд парванда оғоз кунанд, то ки ин суд тавонад бетаъхир дар бораи қонунӣ будани боздошти онҳо қарор барорад ва агар дастгиркунӣ ғайриқонунӣ бошад, дар хусуси озод карда шудани онҳо дастур диҳад. Дар мавриди иштироки онҳо дар чунин муҳокима онҳо аз хизмати тарҷумони шифоҳӣ дар ҳолати зарурат ройгон истифода мебаранд, агар онҳо забони истифодашавандаро нафаҳманд ё бо он гап зада натавонанд.
  12. Муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаҳои онҳо, ки аз ҳабс ва боздошти ғайриқонунӣ ҷабр дидаанд, барои ҷуброн ҳуқуқ доранд, ки бо муҷозоти ҳуқуқӣ тақвият дода мешавад.

Моддаи 17

  1. Муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаҳои онҳо, ки аз озодӣ маҳрум шудаанд, ба муомилаи инсондӯстона ва эҳтироми шараф, ки мансуб ба шахсияти инсонӣ ва хоси мардуми фарҳангӣ мебошад, ҳуқуқ доранд.
  2. Муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаҳои онҳо, ки айбдор карда мешаванд, ба ғайр аз ҳолатҳои истисноӣ, аз шахсони маҳкумшуда ҷудо нигоҳ дошта шуда, ба онҳо низоми алоҳидаи мувофиқ бо мақоми шахсони маҳкумнашуда пешниҳод карда мешавад. Айбдоршавандагони ноболиғ аз ба балоғат расидагон ҷудо карда шуда, парвандаи онҳо дар кӯтоҳтарин мӯҳлат баррасӣ карда мешавад.
  3. Муҳоҷири меҳнатӣ ва аъзои оилаи ӯ, ки дар давлати транзит ё дар давлати кори кироя барои вайрон кардани қоидаҳои муҳоҷират боздошт шудааст, ба қадри имконпазир, аз шахсони маҳкумшуда, ё шахсони дар интизории суд дар ҳабс нигоҳдошташаванда, ҷудо нигоҳ дошта мешавад.
  4. Дар ҳамаи давраҳои мувофиқи ҳукми суд дар ҳабс нигоҳ дошта шудан, мақсади асосии муомила бо муҳоҷири меҳнатӣ ё аъзои оилаи ӯ аз нав тарбия намудан ва тавонбахши иҷтимоии онҳо ба ҳисоб меравад. Ҷинояткорони хурдсол аз калонсолон ҷудо нигоҳ дошта шуда, ба онҳо муомилаи муносиб ба синну сол ва вазъи ҳуқуқиашон таъмин карда мешавад.
  5. Ҳангоми дастгир шудан ё дар ҳабс нигоҳ дошта шудан муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо баробари шаҳрвандони ин давлат аз ҳуқуқи якхелаи дидорбинӣ бо аъзои оилаи худ истифода мебаранд.
  6. Дар ҳама маврид, ҳангоми аз озодӣ маҳрум шудани муҳоҷири меҳнатӣ, мақомоти салоҳиятдори давлати дахлдор мушкилоте, ки аъзои оила, аз ҷумла ҳамсар ва кӯдакони хурдсоли ӯ дучор хоҳанд шуд, ба назар мегиранд.
  7. Муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо, агар мувофиқи қонуни дар давлати кори кироя ё давлати транзит амалкунанда мавриди ягон шакли дастгиркунӣ ё ҳабс қарор гиранд, онҳо айнан аз ҳамон ҳуқуқҳое истифода мебаранд, ки шаҳрвандони ин давлатҳо дар вазъияти монанд бархурдоранд.
  8. Агар муҳоҷири меҳнатӣ ё аъзои оилаи ӯ бо мақсади муайян гардидани вайронсозии ин ё он қоидаҳои муҳоҷират дастгир гарданд, онҳо ҳеҷ гуна хароҷоти ба ин амал алоқамандро ба уҳда надоранд.

Моддаи 18

  1. Муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо дар қатори шаҳрвандони давлати дахлдор дар назди судҳо ва трибуналҳо баробаранд. Ҳангоми эълони ҳама гуна айбдории ҷиноятӣ ё муайян намудани ҳуқуқу уҳдадориҳои онҳо дар ҷараёни мурофиаи судӣ, онҳо барои муҳокимаи одилона ва оммавии парванда аз тарафи суди босалоҳият, мустақил ва беғараз, ки тибқи қонун таъсис ёфтааст, ҳуқуқ доранд.
  2. Нисбат ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо, ки дар содир кардани ҷиноят айбдор мешаванд, то замони мувофиқи қонун исбот гардидани гунаҳгориашон фарзияи бегуноҳӣ паҳн мегардад.
  3. Ҳангоми ба онҳо пешниҳод кардани ҳама гуна айбдоркунии ҷиноятӣ, муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаҳои онҳо ба кафолатҳои зерини ҳадди ақал ҳуқуқ доранд:
  4. бидуни таъхир ва муфассал, бо забони ба онҳо фаҳмо дар бораи хусусият ва асосҳои айбдории эълонгардида иттилоот дошта бошанд;
  5. барои омода кардани ҳимояи худ ва мулоқот бо адвокате, ки худи онҳо интихоб кардаанд, муҳлат ва имкониятҳои кофӣ дошта бошанд;
  6. бидуни таъхири беасос суд карда шаванд;
  7. муҳокимаи судӣ дар ҳузури онҳо гузарад, худро шахсан ё ба воситаи адвокате, ки худи онҳо интихоб кардаанд, ҳимоя кунанд; агар онҳо адвокат надошта бошанд, оид ба ин ҳуқуқ огоҳонида шаванд, аз хизмати адвокати ба онҳо таъингардида, вақте ки манфиатҳои адолати судӣ онро талаб менамояд, дар ҳама ҳолат ва ба таври ройгон, вақте ки барои пардохти чунин хизматҳо маблағи кофй надоранд, истифода баранд;
  8. шоҳидони зидди онҳо нишондоддодаро пурсиш намоянд ё барои пурсиш намудани онҳо ҳуқуқ дошта бошанд, барои даъват ва пурсиши шоҳидони ба ҷонибдории онҳо нишондоддиҳанда бо ҳамаи шарту шароите, ки барои шоҳидони зидди онҳо шоҳидидода мавҷуд буданд, ҳуқуқ дошта бошанд;
  9. агар онҳо забони дар суд истифодашавандаро нафаҳманд ё бо он гап зада натавонанд, ҳуқуқ доранд аз ёрии тарҷумон ба таври ройгон истифода баранд;

q) барои додани нишондод муқобили худ ё эътироф кардани гуноҳи худ маҷбур карда нашаванд.

  • Дар муносибат ба ноболиғон мурофиа бояд тарзе сурат гирад, ки синну сол ва зарурияти ёрй расондан барои аз нав тарбия намудани онҳо ба инобат гирифта шавад.
  • Муҳоҷирони меҳнатй ва аъзои оилаи онҳо, ки барои ягон ҷиноят маҳкум шудаанд, барои аз нав баррасй шудани маҳкумшавй ва ҳукми онҳо аз тарафи мақомоти болоии судй мувофиқи қонун ҳуқуқ доранд.
  • Агар муҳоҷири меҳнатй ё аъзои оилаи ӯ бо қарори ниҳой барои содир кардани ҷиноят маҳкум шуда бошад ва агар ҳукми барои ӯ бароварда бар асоси он, ки кадом як ҳолати нав ё нав ошкоршуда мавҷуд будани хатои судиро бе шакку шубҳа исбот менамояд, баъдтар бекор карда шуда бошад ё авф карда шуда бошад, он гоҳ шахсе, ки дар натиҷаи чунин маҳкумкунй ҷазо дидааст, мувофиқи қонун ҷубронпулй мегирад, агар исбот карда нашавад, ки ҳолати номаълуми мазкур ба таври истисно ё қисман бо айби шахси дахлдор сари вақт ошкор карда нашудааст.
  • Муҳоҷири меҳнатй ё аъзои оилаи ӯро барои ҷинояте, ки ӯ мувофиқи қонун ва ҳуқуқи мурофиавии ҷиноятии давлати дахлдор пурра маҳкум ё сафед карда шуда буд, такроран суд кардан ё ҷазо додан мумкин нест.

Моддаи 19

  1. Муҳоҷири меҳнатй ё аъзои оилаи ӯ набояд дар содир кардани ҷиноят гунаҳгор эътироф карда шаванд, агар он дар натиҷаи ҳаракат ё беҳаракатие содир шуда бошад, ки мувофиқи қонунгузории амалкунандаи дохилидавлатй ё ҳуқуқи байналмилалй кирдори мазкур дар лаҳзаи содиршавй ҷиноят ҳисоб намеёфт; ҳамчунин набояд ҷазои вазнинтар аз оне, ки дар лаҳзаи содиршавии кирдор татбиқ мегардид, таъин карда шавад. Агар баъди содир кардани ҳуқуқвайронкунй қонун ҷазои нисбатан сабуктарро муқаррар намуда бошад, он гоҳ амали ин қонун ба ӯ паҳн мегардад.
  2. Ҳангоми баровардани ҳукм барои ҳуқуқвайронкуние, ки муҳоҷири меҳнатй ё аъзои оилаи ӯ содир кардаааст андешаҳои инсондӯстие, ки ба вазъи муҳоҷирони меҳнатй, аз ҷумла ҳуқуқи истиқомат ё кор ёфтан тааллуқ доранд, бояд ба назар гирифта шаванд.

Моддаи 20

  1. Иҷро накардани ягон уҳдадориҳои шартномавӣ набояд асос барои ҳабс гирифтани муҳоҷири меҳнатӣ ё аъзои оилаи ӯ гардад.
  2. Иҷро накардани уҳдадориҳое, ки аз созишномаи меҳнатӣ бармеоянд, набояд асос барои маҳрум сохтани муҳоҷири меҳнатӣ ё аъзои оилаи ӯ аз иҷозатномаи истиқомат ё кор ё боиси берун кардани онҳо гардад, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар иҷрои чунин уҳдадорӣ яке аз шартҳои гирифтани чунин иҷозатнома бошад.

Моддаи 21

Ғайр аз шахси мансабдори давлатӣ, ки қонун ба ӯ салоҳиятҳои дахлдорро додааст, ҳеҷ кас наметавонад бо тартиби муқарраркардаи қонун ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият, ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳандаи ворид шудан ё буду бош, истиқомат ё сокин шудан дар қаламрави миллӣ, ё иҷозатномаи корро мусодира намояд, нобуд созад ё кӯшиши нобуд сохтан намояд. Ҳама гуна мусодираи иҷозатдодашудаи чунин ҳуҷҷатҳо набояд бе додани забонхати муфассал ба амал бароварда шавад. Дар ягон ҳолат ба нобуд кардани шиноснома ё дигар ҳуҷҷатҳои ба он монанди муҳоҷири меҳнатӣ ё аъзои оилаи ӯ роҳ дода намешавад.

Моддаи 22

  1. Ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо чораҳои берункунии дастҷамъона паҳн намегардад. Ҳар як ҳолати берун кардан бо тартиби инфиродӣ баррасӣ ва ҳаллу фасл карда мешавад.
  2. Муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо аз ҳудуди давлати иштироккунанда танҳо бо мақсади ба иҷро расонидани қароре, ки мақоми салоҳиятдор мувофиқи қонун қабул кардааст, мумкин аст берун карда шаванд.
  3. Чунин қарор бо забони фаҳмо ба маълумоти онҳо расонида мешавад. Дар ҳолати ҳатмӣ набудани чунин маълумотдиҳӣ, бо хоҳиши онҳо қарор дар шакли хаттӣ ба маълумоташон расонида мешавад, ҳангоми мавҷуд набудани ҳолатҳои истисноие, ки ба манфиатҳои амнияти давлатӣ алоқаманданд, сабабҳои қабул карда шудани чунин қарор низ хабар дода мешавад. Шахсони манфиатдор оид ба ин ҳуқуқҳо то баровардан ва аз рӯи зарурат ҳангоми баровардани қарор, огоҳ карда мешаванд.
  4. Ба истиснои ҳолатҳое, ки қарори ниҳоиро мақомоти судӣ мебарорад, шахсони манфиатдор ҳуқуқ доранд далелҳоро муқобили берун карда шудан ва аз нав дида баромадани парвандаашон аз тарафи мақоми салоҳиятдор пешниҳод созанд, агар манфиатҳои олии амнияти давлатӣ чизи дигарро талаб накунад. То анҷоми аз нав дида баромадани парванда шахсони манфиатдор ҳуқуқ доранд оид ба манъи қарори берункунӣ дархост пешниҳод созанд.
  5. Агар қарори иҷрошуда оид ба берун кардан баъдтар бекор карда шавад, шахсони манфиатдор ҳуқуқ доранд мувофиқи қонун дар бораи ҷубронпулӣ дархост пешниҳод намоянд, қарори пештар қабулшуда наметавонад барои такроран ба ҳамин давлат ворид шудани онҳо монеа гардад.
  6. Дар ҳолати берун кардан ба шахсони дахлдор пеш аз баромадан ё баъди баромадан имконияти муносиб барои ҳаллу фасл намудани ҳама гуна даъвоҳои вобаста ба музди кор ё дигар маблағҳое, ки бояд ба онҳо пардохта шаванд ва дилхоҳ уҳдадориҳои ба иҷро нарасида, дода мешавад.
  7. Бе зиён расондан ба иҷрои қарор оид ба берун кардан, муҳоҷири меҳнатӣ ё аъзои оилаи ӯ, ки қарори мазкур нисбати ӯ паҳн мегардад, метавонад ғайри давлати аслиаш барои ворид шудан ба давлати дигар, ғайри давлати аслиаш иҷозат пурсад.
  8. Дар ҳолати берун кардани муҳоҷири меҳнатӣ ё аъзои оилаи ӯ онҳо хароҷоти вобаста ба берункуниро ба дӯши худ намегиранд. Ба шахси дахлдор мумкин аст талабот оид ба пардохти хароҷоти сафараш пешниҳод гардад.
  9. Чораи берун кардан аз давлати кори кироя ба ҳамаи ҳуқуқҳои муҳоҷири меҳнатӣ ё аъзои оилаи ӯ, ки мувофиқи қонунҳои ин давлат ба даст овардаанд, аз ҷумла ҳуқуқи гирифтани музди кор ва маблағҳое, ки бояд ба ӯ пардохта шаванд, зиёне намерасонад.

Моддаи 23

Муҳоҷири меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо дар ҳолати вайрон шудани ҳуқуқҳои ҳамин Конвенсия эътирофкарда, ҳуқуқ доранд, ки аз муассисаҳои консулӣ ё дипломатии давлати аслии худ ё давлате, ки манфиатҳои ин давлатро намояндагӣ мекунад, ҳимоя ва кӯмак гиранд. Махсусан шахси дахлдор ҳангоми берункунӣ бидуни таъхир оид ба ин ҳуқуқ огоҳ карда шуда, ҳукумати давлате, ки шахс аз ҳудуди он берун карда мешавад, барои ба амал баровардани ин ҳуқуқ мусоидат менамояд.

Моддаи 24

Ҳар кадом муҳоҷири меҳнатӣ ва ҳар кадом аъзои оилаи муҳоҷири меҳнатӣ дар ҳама ҷо ҳуқуқ доранд, ки субъекти ҳуқуқӣ будани онҳо эътироф карда шавад.

Моддаи 25

  1. Муҳоҷирони меҳнатӣ аз муомилаи на камтар мусоидаткунандае истифода мебаранд, ки нисбат ба шаҳрвандони давлати кори кироя дар масъалаҳои подошдиҳӣ ва:

а)  дигар шароитҳои кор, яъне: вақти изофакорӣ, вақти корӣ, истироҳати ҳарҳафтаина, рухсатиҳои пардохтшаванда, бехатарӣ, ҳифзи саломатӣ, қатъи муносибатҳои байниҳамдигарии меҳнатӣ ва ҳама гуна шароити дигари меҳнат, ки мувофиқи қонунҳои миллӣ ва амалия ин мафҳум паҳн мегардад;

  • шароитҳои дигари шуғл, махсусан: ҳадди аққали синни шуғл, маҳдудияти кори хонагӣ ва дигар масъалаҳое, ки мувофиқи қонунҳои миллӣ ва амалия шароити шуғл ба ҳисоб мераванд.
  • Дар шартномаҳои кирояи хусусӣ рад намудани принсипи муомилаи баробар ё созгор, ки дар банди 1 ҳамин модда зикр ёфтааст, ғайриқонунӣ мебошад.
  • Давлатҳо – иштирокчиён тамоми тадбирҳои лозимаро меандешанд, то шароитеро муҳаё созанд, ки муҳоҷирони меҳнатӣ аз ҳеҷ як ҳуқуқи аз принсипи мазкур бароянда аз рӯи ягон навъи раднамоӣ дар мақоми иқомат ё шуғл маҳрум нашаванд. Махсусан, корфармоён аз ягон уҳдадориҳои ҳуқуқӣ ё шартномавӣ озод нашуда, уҳдадориҳои онҳо ба ҳеҷ ваҷҳ бинобар чунин раднамоӣ маҳдуд намегардад.

Моддаи 26

  1. Давлатҳои иштироккунанда ҳуқуқҳои зерини муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳоро эътироф мекунанд:
  2. иштирок дар маҷлисҳо ва чорабиниҳои иттифоқҳои касаба ва ҳама гуна иттиҳодияҳои дигар, ки мувофиқи қонун бо мақсади ҳимояи манфиатҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва дигар манфиатҳо таъсис дода шудаанд, бо шарти итоат кардан танҳо ба қоидаҳои ташкилоти дахлдор;
  3. озодона дохил шудан ба ҳама гуна иттифоқҳои касаба ва ҳар навъи иттиҳодияҳои дар боло номбаршуда, бо шарти итоат кардан танҳо ба қоидаҳои ташкилоти дахлдор;
  4. барои ёрӣ ва дастгирӣ муроҷиат кардан ба ҳама гуна иттифоқи касаба ва ҳар навъи иттиҳодияи дар боло номбаршуда.
  5. Барои амалӣ намудани ин ҳуқуқҳо ҳеҷ гуна маҳдудият гузоштан мумкин нест, ба ғайр аз маҳдудиятҳое, ки қонун пешбинӣ намудааст ва дар ҷомеаи демократӣ барои таъмини манфиатҳои амнияти миллӣ, тартиботи ҷамъиятӣ ё ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шахсони дигар зарур мебошанд.

Моддаи 27

  1. Он чи ки марбут ба таъминоти иҷтимоӣ аст, муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо дар давлати кори кироя аз ҳуқуқҳо баробари шаҳрвандони он ба дараҷае, ки онҳо талаботи пешбининамудаи қонунгузории татбиқшавандаи ин давлат ва шартномаҳои татбиқшавандаи дуҷониба ё бисёрҷонибаро иҷро менамоянд, истифода мебаранд. Мақомоти салоҳиятдори давлати аслӣ ва давлати кори кироя метавонанд ҳар вақт расмиёти заруриро барои муайян намудани шароитҳои татбиқи ин меъёр муқаррар созанд.
  2. Дар мавридҳое, ки қонунгузории татбиқшаванда барои муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо ҳуқуқ ба кӯмакпулиро пешбинӣ накунад, давлатҳои дахлдор дар асоси муомилаи баробар бо шаҳрвандони худ имконияти ба шахсони манфиатдор ҷуброн кардани маблағҳои аъзоҳаққиеро, ки онҳо дар робита бо ин кумакпули додаанд, барраси мекунанд.

Моддаи 28

Муҳоҷирони меҳнатИ ва аъзои оилаи онҳо баробари шаҳрвандони давлати дахлдор барои гирифтани ҳама гуна ёрии тибби, ки барои нигоҳдории ҳаёт ё пешгирии зиёни ислоҳнопазири ба саломатии онҳо таҳдидкунанда бениҳоят зарур аст, ҳуқуқ доранд. Ба онҳо рад намудани расондани чунин ёрии таъҷилии тиббиро бинобар ягон тағйироте дар мақоми иқомат ё шуғл мумкин нест.

Моддаи 29

Ҳар як кудаки муҳоҷири меҳнатИ барои гирифтани ном, сабти таваллуд ва шаҳрванди ҳуқуқ дорад.

Моддаи 30

Ҳар як кудаки муҳоҷири меҳнатИ баробари шаҳрвандони давлати дахлдор ҳуқуқ ба таҳсил дорад. Ба муассисаҳои томактабии таълимии давлатИ ё мактабҳо рафтани онҳо набояд ба сабаби мавҷуд набудани мақоми доимИ, аз ҷумла иқомат ё шуғли яке аз волидон, ё ба сабаби набудани мақоми доимИ, аз ҷумла иқомати чунин кудак дар давлати кори кироя рад ё маҳдуд карда карда шавад.

Моддаи 31

  1. Давлатҳои иштироккунанда чунин шароитеро таъмин месозанд, ки ба фарҳанги махсуси муҳоҷирони меҳнатИ ва аъзои оилаи онҳо эҳтиром гузошта шавад ва ба онҳо барои нигоҳ доштани робитаҳои фарҳангИ бо давлати аслиашон монеа эҷод нагардад.
  2. Давлатҳои иштироккунанда метавонанд бо мақсадҳои кумак расондан ва мусоидат намудан ба кушишҳо дар ин самт тадбирҳои лозимиро андешанд.

Моддаи 32

Муҳоҷирони меҳнатИ ва аъзои оилаи онҳо бо анҷом ёфтани буду бошашон дар давлати кори кироя ҳуқуқ доранд, ки маблағу пасандозҳои худро интиқол диҳанд ва мувофиқи қонунгузории татбиқшавандаи давлати дахлдор молу мулк ва ашёи шахсии худро берун баранд.

Моддаи 33

Муҳоҷирони меҳнатИ ва аъзои оилаи онҳо ҳуқуқ доранд аз давлати аслИ, давлати кори кироя ё давлати транзит вобаста ба шароит иттилоотеро дастрас созанд, ки ба инҳо тааллуқ дорад:

  1. ҳуқуқҳои онҳо, ки аз ҳамин Конвенсия бармеоянд;
  2. шароити буду бош, ҳуқуқу вазифаҳои онҳо мувофиқи қонун ва амалияи давлатҳои дахлдор ва дигар масъалаҳои ба ин монанд, ки ба онҳо имконият медиҳанд, то расмиёти маъмурӣ ва ғайраро дар ин давлат риоя созанд.
  3. Давлатҳои иштироккунанда тамоми тадбирҳоеро, ки мувофиқи мақсад мешуморанд, барои паҳн намудани маълумоти мазкур ё таъмини пешниҳоди он аз ҷониби кироягирон, иттифоқҳои касаба ё мақомоту муассисаҳои дигари дахлдор меандешанд. Дар мавридҳои зарурӣ онҳо бо дигар давлатҳои манфиатдор ҳамкорӣ менамоянд.
  4. Чунин маълумоти комилан мувофиқ ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаҳои онҳо бо хоҳиши онҳо ройгон ва ба қадри имкон бо забоне, ки онҳо фаҳмида метавонанд, пешниҳод мешавад.

Моддаи 34

Ҳеҷ як муқаррароти ин қисми Конвенсия муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳоро аз уҳдадории риоя намудани қонунҳо ва қоидаҳои ҳар кадом давлатҳои транзит ва давлати кори кироя ё аз уҳдадории эҳтиром намудани фарҳанги махсуси аҳолии чунин давлатҳо озод намесозад.

Моддаи 35

Ҳеҷ як чиз дар ин қисми Конвенсия набояд чун дарназардорандаи муқаррарсозии мақоми доимӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаҳои онҳо, ки ҳуҷҷат ё мақоми доимӣ надоранд, ё ягон ҳуқуқе барои гирифтани чунин мақоми доимӣ, тафсир карда шавад, ҳамчунин набояд барои иҷрои тадбирҳое, ки ба фароҳам овардани шароити оқилона ва одилона ба муҳоҷирати байналмилалӣ тибқи муқаррароти қисми VI ҳамин Конвенсия нигаронида шудаанд, монеъ гардад.

ҚИСМИ IV

Дигар ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо, ки дорои
ҳуҷҷат ё мақоми доимӣ мебошанд

Моддаи 36

Муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо, ки дорои ҳуҷҷат ё мақоми доимӣ дар давлати кори кироя мебошанд, ба ғайр аз ҳуқуқҳое, ки дар қисми III муқаррар шудаанд, аз ҳуқуқҳое истифода мебаранд, ки дар ин қисми Конвенсия муқаррар гардидаанд.

Моддаи 37

Муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо ҳуқуқ доранд ҳанӯз то сафар кардан ё дери дер ҳангоми ворид шудан ба давлати кори кироя аз тарафи давлати аслӣ ё давлати кори кироя вобаста ба ҳолати мушаххас дар бораи тамоми шароитҳои иҷозати онҳо, махсусан оид ба шароитҳои буду бош ва фаъолияти муздноке, ки онҳо метавонанд машғул шаванд, инчунин доир ба талаботе, ки онҳо бояд дар давлати кори кироя риоя намоянд ва мақомоте, ки онҳо бояд бо мақсади ягон навъи тағйирёбии ин шароитҳо муроҷиат кунанд, пурра огоҳ карда шаванд.

Моддаи 38

  1. Давлатҳои кори кироя тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳанд, ки вобаста ба ҳолати мушаххас ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо иҷозат диҳанд, ки бе расонидани зиён ба иҷозатномаи буду бош ё кор, муваққатан ғоиб бошанд. Дар ин ҳолат давлатҳои кори кироя эҳтиёҷот ва уҳдадориҳои хосаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳоро, махсусан дар давлатҳои аслӣ, ба эътибор мегиранд.
  2. Муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо ҳуқуқ доранд, ки дар бораи шароитҳои додани иҷозатнома барои муваққатан ғоиб будан, пурра маълумот дошта бошанд.

Моддаи 39

  1. Муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаҳои онҳо аз ҳуқуқҳои озодона рафту омад кардан дар қаламрави давлати кори кироя ва интихоби озодонаи ҷои истиқомат дар он истифода мебаранд.
  2. Он чи дар банди 1 ҳамин модда зикр ёфтааст, мавриди ҳеҷ гуна маҳдудкунӣ қарор намегирад, ба ғайр аз маҳдудиятҳое, ки қонун пешбинӣ карда барои ҳифзи амнияти миллӣ, тартиботи ҷамъиятӣ, саломатӣ ё ахлоқи аҳолӣ ё ҳуқуқу озодиҳои шахсони дигар заруранд ва бо ҳуқуқҳои дигари дар ин Конвенсия эътирофшуда, созгор мебошанд.

Моддаи 40

  1. Муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо ҳуқуқ доранд бо мақсади таъмин ва ҳифз намудани манфиатҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва дигар манфиатҳо дар давлатҳои кори кироя иттиҳодияҳо ва иттифоқҳои касаба таъсис диҳанд.
  2. Истифода аз ин ҳуқуқ мавриди ҳеҷ гуна маҳдудият қарор намегирад, ба ғайр аз маҳдудиятҳое, ки дар қонун пешбинӣ шудаанд ва дар ҷомеаи демократӣ барои манфиатҳои амнияти миллӣ, тартиботи ҷамъиятӣ (ordre public) ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шахсони дигар зарур мебошанд.

Моддаи 41

  1. Муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо ҳуқуқ доранд, ки дар ҳаёти ҷамъиятии давлати буду бошашон иштирок намоянд, дар ин давлат мувофиқи қонунгузории он интихоб кунанд ва интихоб шаванд.
  2. Ба давлатҳое, ки муқаррароти мазкур дахл дорад, аз рӯи зарурат ва мувофиқи қонунгузории худ барои амалишавии ин ҳуқуқ мусоидат мекунанд.

Моддаи 42

  1. Давлатҳои иштироккунанда масъалаи созмон додани расмиёт ё муассисаҳоеро, ки тавассути онҳо чи дар давлати аслӣ ва чи дар давлати кори кироя эҳтиёҷоти махсус, орзуву омол ва уҳдадориҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо мумкин аст ба эътибор гирифта шаванд, баррасӣ намуда, дар ҳолатҳои дахлдор имкониятеро пешбинӣ мекунанд, ки муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо дар ин муассисаҳо намояндагони ба таври озод интихобнамудаи худро дошта бошанд.
  2. Давлатҳои кори кироя мувофиқи қонунгузории миллии худ ба он мусоидат менамоянд, ки ҳангоми қабули қарорҳои марбут ба зист ва идоракунии ҷамъиятҳои маҳаллӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо машварат карда шавад ё онҳо дар қабули чунин қарорҳо иштирок намоянд.
  3. Муҳоҷирони меҳнатӣ метавонанд дар давлати кори кироя аз ҳуқуқҳои сиёсӣ истифода баранд, агар ин давлат дар ба амал баровардани соҳибихтиёрии худ ба онҳо чунин ҳуқуқҳоро пешниҳод намояд.

Моддаи 43

  1. Муҳоҷирони меҳнатӣ ба мисли шаҳрвандони давлати кори кироя аз низоми баробар истифода мебаранд, аз ҷумла:
  2. дастрасӣ ба муассисаҳои таълимӣ ва хизматрасониҳо мувофиқи шароитҳои қабул ва қоидаҳои дигари нисбати муассиса ва хизматрасониҳои дахлдор амалкунанда;
  3. дастрасӣ ба хадамоти раҳнамоии касбӣ ва кортаъминкунӣ;
  4. дастрасӣ ба муассисаҳои тайёрии касбӣ ва бозомӯзӣ;
  5. таъмин бо манзил, аз ҷумла манзиле, ки аз рӯи барномаҳои таъминоти иҷтимоӣ ва ҳимоя аз истисмор тавассути пардохти иҷорапулӣ барои манзил, пешниҳод мегардад;
  6. дастрасӣ ба хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва тиббӣ бо шарти риоя намудани талаботе, ки барои иштирок дар барномаҳои дахлдор пешниҳод карда мешавад;
  7. дастрасӣ ба кооперативҳо ва муассисаҳои худидора, ки тағйири мақоми онҳоро ҳамчун муҳоҷир дар назар надорад, бо шарти риоя намудани муқаррарот ва қоидаҳои кооператив ва муассисаҳои дахлдор;
  8. дастрасӣ ба ҳаёти фарҳангӣ ва иштирок дар он.
  9. Давлатҳои иштироккунанда барои таъмини баробарии ҳақиқии вазъ шароит фароҳам меоранд, то ки муҳоҷирони меҳнатӣ аз ҳуқуқҳое, ки дар банди 1 ҳамин модда зикр ёфтаанд, дар ҳама ҳолатҳо, вақте ки шароити аз тарафи давлати кори кироя муқарраргардидаи буду боши онҳо ба талаботи лозим ҷавобгӯ бошад, истифода бурда тавонанд.
  10. Давлатҳои кори кироя ба кироягири муҳоҷирони меҳнатӣ дар фароҳам овардани шароити манзилӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ барои онҳо монеа эҷод намесозанд. Дар асоси моддаи 70 ҳамин Конвенсия давлати кори кироя метавонад фароҳам овардани чунин шароитро бо талаботе вобаста созад, ки онҳо одатан дар ин давлат истифода бурда мешаванд.

Моддаи 44

  1. Давлатҳои иштироккунанда бо эътирофи он, ки оила ҷузъи табиӣ ва асосии ҷамъият буда, барои ҳимоя гардидан аз тарафи ҷамъият ва давлат ҳуқуқ дорад, барои таъмини ҳимояи ягонагии оилаи муҳоҷирони меҳнатӣ тадбирҳои лозимиро меандешанд.
  2. Давлатҳои иштироккунанда бо мақсади мусоидат намудан ба пайвастани муҳоҷирони меҳнатӣ бо ҳамсарони худ ё шахсоне, ки бо муҳоҷири меҳнатӣ дар муносибатҳое мебошанд, ки тибқи ҳуқуқи татбиқёбанда мумкин аст ба никоҳ баробар дониста шаванд, инчунин бо фарзандони ноболиғашон, ки никоҳ надоранд, тадбирҳоеро ба амал мебароранд, ки онҳо зарур мешуморанд ва ба доираи салоҳияташон дохил мешаванд.
  3. Давлатҳои кори кироя бо дарназардошти андешаи инсондӯстӣ масъалаи фароҳам овардан низоми баробарро ба дигар аъзои оилаи муҳоҷирони меҳнатӣ мувофиқи муқаррароти банди 2-и ҳамин модда ба тариқи мусбат баррасӣ мекунанд.

Моддаи 45

  1. Аъзои оилаи муҳоҷирони меҳнатӣ дар давлати кори кироя аз низоми баробар бо шаҳрвандони ин давлат истифода мебаранд, дар иртибот бо:
  2. дастрасӣ ба муассисаҳои таълимӣ ва хизматрасониҳо мувофиқи шароитҳои қабул ва қоидаҳои дигаре, ки нисбати ин муассисаҳо ва хизматрасониҳои дахлдор амал мекунанд;
  3. дастрасӣ ба муассиса ва идораҳои тайёрӣ ва роҳнамоии касбӣ бо шарти ба иҷро расондани талабот оид ба иштирок;
  4. дастрасӣ ба хизматрасонии иҷтимоӣ ва тиббӣ бо шарти риоя намудани талаботе, ки нисбат ба иштирок дар барномаҳои дахлдор пеш гузошта мешаванд;
  5. дастрасӣ ба ҳаёти фарҳангӣ ва иштирок дар он.
  6. Давлатҳои кори кироя дар ҳоле, ки бамаврид дониста шавад, дар ҳамкорӣ бо давлати аслӣ сиёсатеро пеш мебаранд, ки ба ҷалб кардани фарзандони муҳоҷирони меҳнатӣ дар низоми таълими мактабии маҳаллӣ махсусан таълими забони маҳаллӣ, ба онҳо равона шудааст.
  7. Давлатҳои кори кироя кӯшиш мекунанд, ки барои ба фарзандони муҳоҷирони меҳнатӣ таълим додани забони модариашон ва шинос намудани онҳо бо фарҳанги аслӣ (модарӣ) мусоидат намоянд, давлатҳои аслӣ бошад дар ин бобат вақте ки зарурат пеш ояд, ҳамкорӣ мекунанд.
  8. Давлатҳои кори кироя метавонанд барномаҳои махсуси таълимиро ба забони модарии фарзандони муҳоҷирони меҳнатӣ ва дар мавриди зарурат ҳамкорӣ бо давлати аслӣ ташкил намоянд.

Моддаи 46

Муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо бо дарназардошти қонунгузории татбиқшавандаи давлатҳои дахлдор, инчунин созишномаҳои байналмилалӣ ва уҳдадориҳои давлатҳои дахлдор оид ба ин масъала, ки аз иштирок дар иттиҳодияҳои гумрукӣ бармеоянд, барои содироту воридоти амволи шахсӣ, ашёҳои таъиноти маишӣ, инчунин ашёҳое, ки барои амалӣ намудани фаъолияти музднок заруранд ва барои онҳо дар давлати кори кироя иҷозат дода мешавад, аз боҷу хироҷ озод карда мешаванд, аз ҷумла:

  1. ҳангоми баромадан аз давлати аслӣ ё давлате, ки одатан истиқомат мекунанд;
  2. ҳангоми бори аввал иҷозат гирифтан ба давлати кори кироя;
  3. ҳангоми пурра баромадан аз давлати кори кироя;
  4. ҳангоми пурра бозгаштан ба давлати аслӣ ё давлате, ки одатан истиқомат мекунанд.

Моддаи 47

  1. Муҳоҷирони меҳнатӣ ҳуқуқ доранд, ки маблағҳои бадастоварда ва пасандозҳои худро, аз ҷумла маблағҳое, ки барои нигоҳ доштани оилаи онҳо заруранд, аз давлати кори кироя ба давлати аслӣ ё ҳар кадом давлати дигар интиқол диҳанд. Чунин интиқол бояд мувофиқи расмиёти муқаррарнамудаи қонунгузории татбиқшавандаи давлати дахлдор ва созишномаҳои байналмилалии татбиқшаванда ба амал бароварда шаванд.
  2. Давлатҳои дахлдор барои осон намудани чунин интиқолҳо тадбирҳои лозимаро меандешанд.

Моддаи 48

  1. Бе расондани зиён ба созишномаҳои татбиқшаванда оид ба бартараф намудани андозбандии дукарата, муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо дар хусуси музди кор дар давлати кори кироя:
  2. бо ҳама гуна андоз, боҷу хироҷҳо новобаста аз хусусияташон, ки аз андоз, боҷу хироҷи дар ҳолатҳои шабеҳ барои шаҳрвандони худашон муқарраршуда баландтар ё вазнинтар мебошад, андозбандӣ карда намешаванд;
  3. барои сабукӣ додан ё озод кардан аз ҳама гуна андозҳо новобаста аз хусусияташон, ба ҳама гуна тахфифҳои андозӣ, ки ба шаҳрвандон дар ҳолатҳои шабеҳ, аз ҷумла тахфифҳои андозӣ ба шахсони дар таъминоти онҳо буда – аъзои оилаҳои онҳо пешниҳод мегардад, ҳуқуқ доранд.
  4. Давлатҳои иштироккунанда андешидани тадбирҳои лозимаро бо мақсади бартараф намудани андозбандии дукарата аз музди кор ва пасандозҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо таъмин месозанд.

Моддаи 49

  1. Агар мувофиқи қонунгузории миллӣ барои истиқомат ва кори кироя иҷозати алоҳида пешбинӣ шуда бошад, давлатҳои кори кироя ба муҳоҷирони меҳнатӣ иҷозати истиқоматро то ҳадди имкон барои даврае медиҳанд, ки ба муҳлати ба онҳо додашудаи амали иҷозатномаи машғул шудан ба кори музднок баробар бошад.
  2. Муҳоҷирони меҳнатие, ки ба онҳо дар давлати кори кироя озодона интихоб кардани навъи фаъолияти музднок иҷозат дода мешавад, танҳо ба сабаби қатъ гардидани фаъолияти музднокашон то гузаштани муҳлати амали иҷозатномаи кор ё иҷозатномаҳои шабеҳи онҳо, мақоми доимӣ ё иҷозатномаи истиқоматро гумкарда ба ҳисоб намераванд.
  3. Бо мақсади ба муҳоҷирони меҳнатии дар банди 2-и ҳамин модда зикрёфта пешниҳод кардани вақти кофӣ барои ҷустуҷӯи навъи дигари фаъолияти музднок, то ҳадди имкон иҷозатномаи истиқомати онҳо дар давоми давраи мувофиқ ба муҳлате, ки тӯли он мумкин аст онҳо ба гирифтани кӯмакпулӣ барои бекорӣ ҳуқуқ дошта бошанд, бекор карда намешавад.

Моддаи 50

  1. Ҳангоми вафоти муҳоҷири меҳнатӣ ё бекор шудани никоҳ, давлати кори кироя масъалаи ба аъзои оилаи ин муҳоҷири меҳнатӣ, ки дар ин давлат дар асоси пайвастани оила истиқомат доранд, пешниҳод намудани иҷозатномаи истиқоматро мусбат баррасӣ мекунад; давлати кори кироя муҳлате, ки дар давоми он дар ин давлат онҳо аллакай зиндагӣ кардаанд, ба эътибор мегирад.
  2. Ба аъзои оила, ки барояшон додани чунин иҷозатнома рад карда шудааст, то баромадан аз ин давлат муҳлати вақти оқилона дода мешавад, то онҳо тавонанд корҳои худро дар давлати кори кироя ба сомон расонанд.
  3. Муқаррароти бандҳои 1 ва 2-и ҳамин модда набояд ҳамчун маҳдудкунандаи ягон хел ҳуқуқ барои истиқомат ё кор, ки бо дигар асосҳо ба чунин аъзои оила аз рӯи қонунгузории давлати кори кироя ё аз рӯи шартномаҳои дуҷониба ё бисёрҷонибаи нисбат ба ин давлат татбиқшаванда пешниҳод шудааст, маънидод карда шавад.

Моддаи 51

Муҳоҷирони меҳнатие, ки дар давлати кори кироя барояшон иҷозати озодона барои худ интихоб кардани фаъолияти музднок дода нашудааст, мақоми қонунӣ надошта ба ҳисоб намераванд ва иҷозатномаи истиқомати онҳо фақат ба сабаби қатъ ёфтани фаъолияти музднокашон то гузаштани муҳлати амали иҷозатномаи кор эътибори худро гум намекунад, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар дар иҷозатномаи истиқомат, фаъолияти муздноки мушаххас алоҳида пешакӣ қайд шуда бошад ва онҳо барои машғул шудан ба он роҳ дода шуда бошанд. Чунин муҳоҷирони меҳнатӣ дар давоми муҳлати боқимондаи амали иҷозатномаи корашон барои ҷустуҷӯи кори дигари кироя, иштирок дар барномаҳои корҳои ҷамъиятӣ ва азнавтайёркунӣ, бо дарназардошти шароит ё маҳдудиятҳое, ки дар иҷозатномаи кор пешакӣ муайян шудаанд, ҳуқуқ доранд.

Моддаи 52

  1. Муҳоҷирони меҳнатӣ ҳуқуқ доранд дар давлати кори кироя бо дарназардошти маҳдудият ва шартҳои дар зер баёнёфта фаъолияти муздноки худро озодона интихоб кунанд.
  2. Давлати кори кироя нисбат ба ҳар як муҳоҷири меҳнатӣ метавонад:
  3. барои дараҷаҳои кори кироя, вазифаҳо, навъи машғулият ё фаъолият ҳангоми ба манфиатҳои ин давлат зарур будан ва дар қонунгузории миллӣ пешбинӣ гардидан, маҳдудият муқаррар намояд;
  4. озодона интихоб кардани фаъолияти музднокро мувофиқи қонунгузории худ, ки ба эътирофи тахассуси касбии берун аз ҳудуди он гирифта дахл дорад, маҳдуд созад. Бо вуҷуди ин давлатҳои иштироккунандаи дахлдор кӯшиш мекунанд, ки эътироф гардидани чунин тахассусро таъмин намоянд.
  5. Нисбат ба муҳоҷирони меҳнатие, ки иҷозатномаи аз рӯи муҳлат маҳдуди корро гирифтаанд, давлати кори кироя метавонад инчунин:
  6. ҳуқуқи озодона интихоб кардани фаъолияти муздноки худро пешниҳод созад, ба шарте, ки муҳоҷири меҳнатӣ дар қаламрави он бо мақсади фаъолияти музднок дар давоми муҳлати дар қонунгузории миллии он пешбинишуда, ки набояд аз ду сол бештар бошад, қонунӣ зиндагӣ карда бошад;
  7. бо мақсади амалӣ намудани сиёсат оид ба пешниҳоди афзалият ба шаҳрвандони худ ё шахсони бо онҳо бо ин мақсад омезишёфта (ассимилятсияшуда), аз рӯи амали қонунгузорӣ ё созишномаҳои дуҷониба ё бисёрҷониба дастрасии муҳоҷири меҳнатиро ба фаъолияти музднок маҳдуд созад. Ҳама гуна чунин маҳдудият нисбат ба муҳоҷири меҳнатӣ, ки дар ҳудуди он бо мақсади фаъолияти музднок тайи муддати дар қонунгузории миллӣ пешбинигардида, ки набояд аз панҷ сол бештар бошад, қонунӣ зиндагӣ мекунад, татбиқнопазир аст.
  8. Давлатҳои кори кироя шартҳоеро муқаррар менамоянд, ки мувофиқи онҳо муҳоҷири меҳнатии барои кори кироя ба кишвар иҷозатдодашуда метавонад барои интихоби озодонаи кор иҷозатнома гирад. Даврае, ки тӯли он муҳоҷири меҳнатӣ қонунӣ дар давлати кори кироя қарор дошт, ба назар гирифта мешавад.

Моддаи 53

  1. Ба аъзои оилаи муҳоҷири меҳнатие, ки худ дорои иҷозатномаи истиқомат ё рухсатномаи ворид шудан ба кишвар, ки муҳлаташ номаҳдуд ё худ ба худ таҷдидшаванда аст, интихоби озоди фаъолияти музднок бо ҳамон шартҳое, ки ба муҳоҷири меҳнатии мазкур мувофиқи моддаи 52-и ҳамин Конвенсия татбиқ мешаванд, иҷозат дода мешавад.
  2. Нисбат ба аъзои оилаи муҳоҷири меҳнатӣ, ки барояшон озодона интихоб кардани фаъолияти музднок иҷозат дода нашудааст, Давлатҳои иштироккунанда ба онҳо барои гирифтани иҷозатномаи машғул шудан ба фаъолияти музднок нисбат ба он коргароне, ки барои ворид шудан ба давлати кори кироя бо дарназардошти созишномаҳои татбиқшавандаи дуҷониба ва бисёрҷониба рухсат гирифтан мехоҳанд, масъалаи пешниҳод кардани афзалиятро баррасӣ менамоянд.

Моддаи 54

  1. Бе расонидани зиён ба шароитҳое, ки ба онҳо иҷозатномаи истиқомат ё иҷозатномаи кор, инчунин ҳуқуқҳои дар моддаҳои 25 ва 27-и ҳамин Конвенсия пешбинишуда пешниҳод намудаанд, ба муҳоҷирони меҳнатӣ низоми баробар бо шаҳрвандони давлати кори кироя пешниҳод мегардад, аз ҷумла:
  2. ҳимояи зидди аз корозодкунӣ;
  3. кӯмакпулӣ барои бекорӣ;
  4. дастрасӣ ба барномаҳои корҳои ҷамъиятӣ, ки бо мақсади мубориза бар зидди бекорӣ гузаронида мешаванд;
  5. дастрасӣ ба дигар кори кироя дар ҳолати аз даст додани кор ё қатъ гардидани навъи дигари фаъолияти музднок бо риояи муқаррароти моддаи 52-и ин Конвенсия.
  6. Агар муҳоҷири меҳнатӣ изҳор намояд, ки шартҳои созишномаи меҳнатии ӯ аз тарафи кироягир вайрон шудаанд, ҳуқуқ дорад ба мақомоти салоҳиятдори давлати кори кироя мувофиқи шартҳое, ки дар банди 1-и моддаи 18-и ин Конвенсия зикр ёфтааст, бо парвандаи худ муроҷиат кунад.

Моддаи 55

Муҳоҷирони меҳнатие, ки барояшон иҷозатномаи машғул шудан ба ягон фаъолияти музднок дода шудааст, бо дарназардошти шароити додани чунин иҷозатнома, ба муносибати баробар бо шаҳрвандони давлати кори кироя барои ба амал баровардани ин фаъолияти музднок, ҳуқуқ доранд.

Моддаи 56

  1. Муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳоро, ки ҳамин қисми Конвенсия нисбат ба онҳо паҳн мешавад, аз давлати кори кироя берун кардан мумкин нест, магар аз рӯи ҳолатҳое, ки дар қонунгузории миллии ин давлат пешбинӣ шудаанд ва бо риояи кафолатҳое, ки дар қисми III пешбинӣ гардидаанд.
  2. Истифода бурдани берун карда шудан бо мақсади маҳрум кардани муҳоҷири меҳнатӣ ё аъзои оилаи ӯ аз ҳуқуқҳое, ки ба онҳо тавассути иҷозатномаи истиқомат ва иҷозатномаи кор пешниҳод шудааст, мумкин нест.
  3. Ҳангоми баррасии масъалаи берун кардани муҳоҷири меҳнатӣ ё аъзои оилаи ӯ, бояд андешаҳои инсондӯстӣ, инчунин муҳлати истиқомати шахси мазкур дар давлати кори кироя ба назар гирифта шавад.

ҚИСМИ V

Муқаррароте, ки ба категорияи мушаххаси муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои
оилаи онҳо татбиқ мешаванд

Моддаи 57

Категорияҳои мушаххаси муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаҳои онҳо, ки дар ҳамин қисми Конвенсия зикр ёфтаанд ва дорои ҳуҷҷат ё мақоми доимӣ мебошанд, аз ҳуқуқҳои дар қисми III дарҷгардида ва ба истиснои тағйироти дар зер баёнёфта аз ҳуқуқҳои дар қисми қисми IV дарҷгардида истифода мебаранд.

Моддаи 58

  1. Коргарони наздисарҳадӣ, ки таърифашон дар банди 2 (а) моддаи 2 Конвенсияи мазкур дода мешавад, аз ҳуқуқҳое истифода мебаранд, ки дар қисми IV пешбини шудаанд ва ин ҳуқуқҳо нисбати онҳо мумкин аст ба сабаби будубош ва корашон дар қаламрави давлати кори кироя ва бо назардошти он, ки онҳо дар ин давлат ҷои истиқомати муқаррариро надоранд, татбиқ карда шаванд.
  2. Давлатҳои кори кироя масъалаи пешниҳод намудани ҳуқуқи озодона интихоб кардани фаъолияти музднокро ба коргарони наздисарҳадӣ баъди гузаштани муҳлати муайяни вақт, хайрхоҳона баррасӣ мекунанд. Пешниҳоди чунин ҳуқуқ ба мақоми коргари наздисарҳадӣ будани онҳо дахолат намекунад.

Моддаи 59

  1. Коргарони мавсимӣ, ки таърифашон дар банди 2 b) моддаи 2-и ҳамин Конвенсия дода шудааст, аз ҳамаи ҳуқуқҳои дар қисми IV пешбинишуда истифода мебаранд ва ин ҳуқуқҳо нисбати онҳо бо сабаби ҳузур доштан ва кор карданашон дар ҳудуди давлати кори кироя ва мувофиқ будан бо мақоми онҳо дар ин давлат ҳамчун коргарони мавсимӣ, яъне бо дарназардошти он ки онҳо дар ин давлат фақат як қисми сол ҳузур доранд, татбиқ карда мешавад.
  2. Давлати кори кироя бо дарназардошти банди 1-и ҳамин модда масъалаи ба коргарони мавсимӣ, ки дар ҳудуди он муҳлати зиёд ба кироя гирифта шуда буданд, пешниҳод намудани имконияти машғул шудан ба навъи дигари фаъолияти музднокро баррасӣ намуда, нисбат ба коргарони дигаре, ки кӯшиш мекунанд дар асоси созишномаҳои дуҷониба ё бисёрҷонибаи татбиқшаванда барои ворид шудан ба ин давлат иҷозатнома гиранд, ба онҳо бартарӣ медиҳад.

Моддаи 60

Коргароне, ки корашон ба рафту омад алоқаманд аст ва таърифашон дар банди 2 е) моддаи 2-и ҳамин Конвенсия оварда шудааст, аз ҳуқуқҳои дар қисми IV пешбинишуда истифода мебаранд ва ин ҳуқуқҳо мумкин аст нисбат ба онҳо ба сабаби ҳузур доштан ва кор карданашон дар қаламрави давлати кори кироя пешниҳод карда шавад ва онҳо бо мақоми коргарони корашон дар ин давлат ба рафту омад алоқамандбуда мувофиқ мебошад.

Моддаи 61

  1. Коргарони дар лоиҳаҳо коркунанда, ки таърифашон дар банди 2 (f) моддаи 2 Конвенсияи мазкур оварда мешавад ва аъзои оилаи онҳо дорои ҳуқуқҳое мебошанд, ки дар қисми IV ба истиснои бандҳои 1 (b) ва (с)- и моддаи 43; банди 1(d) моддаи 43, ки марбут ба додани манзил тибқи барномаҳои таъмини иҷтимоӣ аст; банди 1 (b) моддаи 45 ва дар моддаҳои 52-55 пешбинӣ гардидаанд.
  2. Агар коргари дар лоиҳа коркунанда изҳор кунад, ки шартҳои шартномаи меҳнатии ӯ аз тарафи кироягир вайрон шудаст, ӯ ҳуқуқ дорад, ки бо парвандаи худ ба мақомоти салоҳиятдори давлате, ки ин кироягир таҳти тобеияти ҳуқуқии он қарор дорад, мувофиқи шартҳое, ки дар банди 1 моддаи 18-и ҳамин Конвенсия зикр ёфтаанд, муроҷиат намояд.
  3. Ба шарти риоя шудани муқаррароте, ки нисбат ба давлатҳои дахлдори иштироккунандаи созишномаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба амал мекунанд, ин Давлатҳои иштироккунанда кӯшиш менамоянд, ки ба коргарони дар лоиҳаҳо коркунанда барои дар ҳимояи низоми таъмини иҷтимоии давлати аслии худ ё давлати истиқомати муқаррарь ҳангоми кор дар лоиҳаҳо мондан, имконият диҳанд. Давлатҳои иштироккунандаи дахлдор бо мақсади пешгирӣ кардани ягон хел радкунии ҳуқуқҳо ё пардохтҳои дукарата дар ин робита тадбирҳои дахлдорро меандешанд.
  4. Бидуни расонидани зарар ба муқаррароти моддаи 47-и ҳамин Конвенсия, инчунин ба созишномаҳои мушаххаси дуҷониба ё бисёрҷониба давлатҳои иштироккунандаи дахлдор иҷозат медиҳанд, ки пардохти музди кори коргарони дар лоиҳаҳо коркунанда дар давлатҳои аслӣ ё давлати истиқомати муқаррарӣ ба амал бароварда шавад.

Моддаи 62

  1. Коргарони кирояи мақсаднок, ки таърифашон дар банди 2 q)-u моддаи 2 оварда мешавад, дорои ҳуқуқҳое мебошанд, ки ба муҳоҷирони меҳнатӣ тааллуқ дошта, дар қисми IV-и ҳамин Конвенсия пешбинӣ шудаанд, ба истиснои ҳуқуқҳои дар бандҳои 1 b) ва с)-и моддаи 43; банди 1 d)-u моддаи 43, ки пешниҳоди манзилро мувофиқи барномаҳои таъминоти иҷтимоӣ дарбар мегиранд; моддаи 52 ва банди 1 d)-u моддаи 54 пешбинигардида.
  2. Аъзои оилаи коргари кирояи мақсаднок дорои ҳуқуқҳое мебошанд, ки ба аъзои оилаи муҳоҷирони меҳнатӣ дахл дошта, дар қисми IV-и ҳамин Конвенсия зикр ёфтаанд, ба истиснои муқаррароти модаи 53.

Моддаи 63

  1. Муҳоҷирони меҳнатии бидуни кироя коркунанда, ки таърифашон дар банди 2 h) моддаи 2-и ҳамин Конвенсия омадааст, аз ҳуқуқҳои дар қисми IV пешбинишуда истифода мебаранд, ба истиснои ҳуқуқҳое, ки танҳо ба коргарони шартномаи кироя дошта пешниҳод мешаванд.
  2. Бе расонидани зарар ба моддаҳои 52 ва 79-и ҳамин Конвенсия, қатъ ёфтани фаъолияти иқтисодии муҳоҷирони меҳнатии бидуни кироя коркунанда боиси қатъ гардидани иҷозатномаи истиқомат ё иҷозатномаи фаъолияти музднок дар давлати кори кироя, ки ба онҳо ё аъзои оилаи онҳо дода шудааст, намегардад, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар иҷозатномаи истиқомат бевосита ба намуди муайяни фаъолияти музднок, ки барои иҷрои он коргарон роҳ дода шудаанд, вобаста бошад.

ҚИСМИ VI

Мусоидат намудан ҷиҳати фароҳам овардани шароити муътадил,
одилона, инсондӯстона ва қонунӣ барои муҳоҷирати байналмилалии
коргарон ва аъзои оилаи онҳо

Моддаи 64

  1. Бидуни расонидани зарар ба моддаи 79-и ҳамин Конвенсия Давлатҳои иштироккунандаи манфиатдор дар ҳолатҳои дахлдор бо мақсади мусоидат намудан ҷиҳати фароҳам овардани шароити муътадил, одилона, инсондӯстона барои муҳоҷирати байналмилалии коргарон ва аъзои оилаи онҳо, бо ҳамдигар машварат ва ҳамкориҳо менамоянд.
  2. Аз ин рӯ, таваҷҷуҳи зарурй на танҳо ба эҳтиёҷот ва захираҳои меҳнатӣ, балки ба эҳтиёҷҳои иҷтимой, иқтисодй, фарҳангй ва дигар эҳтиёҷоти муҳоҷирони меҳнатй ва аъзои оилаи онҳо, инчунин ба оқибатҳои чунин муҳоҷират барои ҷомеаҳои дахлдор, дода мешавад.

Моддаи 65

  1. Давлатҳои иштироккунанда бояд хадамоти дахлдор оид ба масъалаҳои ба муҳоҷирати байналмилалии коргарон ва аъзои оилаи онҳо дахлдошта дошта бошанд. Баробари дигар вазифаҳо ба доираи вазифаи онҳо дохил мешаванд:
  2. таҳия ва амалй намудани сиёсате, ки ба чунин муҳоҷират дахл дорад;
  3. мубодилаи иттилоот, машварат ва ҳамкориҳо бо ҳокимияти салоҳиятдори дигар Давлатҳои иштироккунанда, ки ин гуна муҳоҷират ба онҳо дахл дорад;
  4. пешниҳоди иттилооти дахлдор, аз ҷумла, ба кироягирандагон, коргарон ва ташкилотҳои онҳо дар бораи сиёсат, қонуну қоидаҳое, ки ба муҳоҷират ва кироя дахл доранд, оид ба созишномаҳо дар бахши муҳоҷират, ки бо дигар давлатҳо баста шудаанд ва инчунин дигар масъалаҳои дахлдор;
  5. пешниҳоди иттилоот ва расондани ёрии зарурй ба муҳоҷирони меҳнатй ва аъзои оилаи онҳо, аз ҷумла оид ба иҷозатномаҳое, ки талаб карда мешаванд, расмиёту тартиботи ба сафар баромадан, рафту омад ва ворид шудан ба сарҳад, буду бош, фаъолияти музднок, баромадан ва бозгаштан, инчунин иттилоот оид ба шароити меҳнат, зист дар давлати кори кироя ва дигар қонуну қоидаҳои зарурии гумрук, асъор, андоз ва дигарҳо.
  6. Давлатҳои иштироккунанда дар ҳолатҳои дахлдор барои пешниҳоди хизматрасониҳои дахлдори консулй ва дигар намуди хизматрасониҳо, ки барои қонеъ намудани талаботи иҷтимой, фарҳангй ва дигар эҳтиёҷоти муҳоҷирони меҳнатй ва аъзои оилаи онҳо заруранд, мусоидат мекунанд.

Моддаи 66

Ба шарти риоя шудани банди 2 ин модда ҳуқуқи пеш бурдани фаъолият бо мақсади ба киро гирифтани коргар дар давлати дигар фақат ба мақомоти зерин тааллуқ дорад:

  1. хадамоти давлатӣ ё мақомоти давлате, ки дар он чунин фаъолият пеш бурда мешавад;
  2. хадамоти давлатӣ ё мақомоти давлати кори кироя дар асоси созишномаи байни давлатҳои манфиатдор;
  3. мақомоте, ки дар асоси созишномаи дуҷониба ё бисёрҷониба таъсис дода шудааст.
  4. Ба муассисаҳои эҳтимолии кироягиранда ё шахсони аз номи онҳо амалкунанда низ ҳангоми мавҷуд будани ягон намуди иҷозатнома, ризоият ва зери назорати мақомоти Давлатҳои иштироккунандаи манфиатдор, ки мувофиқи қонунгузории миллӣ ва амалияи ин давлатҳо таъсис дода шудаанд, мумкин аст барои пеш бурдани чунин фаъолият иҷозат дода шавад.

Моддаи 67

  1. Давлатҳои иштироккунандаи манфиатдор дар ҳолатҳои дахлдор ҳангоми андешидани тадбирҳо оид ба бозгашти бонизоми муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо ба давлати аслӣ, агар онҳо барои бозгаштан қарор қабул карда бошанд ё агар муҳлати иҷозатномаи истиқомат ё кор ба поён расида бошад ё агар онҳо дар давлати кори кироя бидуни мақоми доимӣ қарор дошта бошанд, ҳамкорӣ мекунанд.
  2. Дар муносибат бо муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо, ки мақоми доимӣ доранд, Давлатҳои иштироккунандаи манфиатдор дар мавридҳои лозима оид ба шароитҳое, ки байни ин давлатҳо мувофиқа шудааст, бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди иқтисодӣ барои ҷойгиркунӣ ва осон намудани мутобиқшавии (ҳамгироии) иҷтимоию фарҳангӣ дар давлати аслӣ, ҳамкорӣ мекунанд.

Моддаи 68

  1. Давлатҳои иштироккунанда, аз ҷумла давлатҳои транзит ҷиҳати пешгирӣ ё барҳам додани рафту омад ё кирояи ғайриқонунӣ ё пинҳонии муҳоҷирони меҳнатӣ, ки мақоми доимӣ надоранд, ҳамкорӣ менамоянд. Тадбирҳое, ки бо ин мақсадҳо дар доираи салоҳияти ҳар як давлати манфиатдор андешида мешаванд, инҳоро дарбар мегиранд:
  2. тадбирҳои дахлдоре, ки бар зидди паҳнсозии иттилооти гумроҳкунанда оид ба масъалаҳои эмигратсия ва муҳоҷирати хориҷӣ;
  3. тадбирҳо оид ба ошкор кардан ва роҳ надодани гузариши ғайриқонунӣ ё пинҳонии муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо ва татбиқи муҷозоти самарабахш бар зидди шахсон, гурӯҳҳо ё сохторҳое, ки ба ташкил, баамалбарорӣ ё кӯмак расондан ба чунин гузаришҳо машғул мебошанд;
  4. тадбирҳо оид ба қабули муҷозоти самарабахш нисбат ба шахсон, гурӯҳи ашхос ё сохторҳое, ки ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо, ки мақоми доимӣ надоранд, зӯроварӣ, таҳдид ё тарсонданро ба кор мебаранд.
  • Давлатҳои кори кироя дар ҳудуди худ тамоми тадбирҳои дахлдор ва самарабахшро барои пешгирии кирояи муҳоҷирони меҳнатӣ, ки мақоми доимӣ надоранд, меандешанд, аз ҷумла ҳангоми зарурат нисбат ба кироягирони чунин коргарон муҷозотро истифода менамоянд. Тадбирҳои мазкур набояд ба ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, ки аз ба киро гирифтан бармеоянд ва кироягирони онҳо зарар расонанд.

Моддаи 69

  1. Давлатҳои иштироккрокчиён ҳангоми дар ҳудуди онҳо қарор доштани муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо, ки мақоми доимӣ надоранд, тадбирҳои лозимаро барои роҳ надодан ба идомаи чунин ҳолат меандешанд.
  2. Дар мавриде, ки Давлатҳои иштироккунандаи манфиатдор имконияти ба тартиб даровардани ҳолати чунин шахсонро мувофиқи қонунгузории татбиқшавандаи миллӣ ё созишномаҳои дуҷониба ё бисёрҷониба баррасӣ мекунанд, ҳолатҳои воридшавӣ, муҳлати буду боши онҳо дар давлати кори кироя ва дигар андешаҳои зарурӣ, махсусан андешаҳое, ки ба вазъи оилавии онҳо дахл доранд, ба таври дахлдор ба эътибор гирифта мешаванд.

Моддаи 70

Давлатҳои иштироккунанда тадбирҳоеро меандешанд, ки ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо мусоид буда, аз тадбирҳои нисбат ба шаҳрвандони худӣ андешидашаванда кам набошанд ва барои муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо, ки мақоми доимӣ доранд, чунин шароити меҳнат ва зиндагиро таъмин созанд, ки ба меъёрҳои дахлдор, техникаи бехатарӣ, ҳифзи саломатӣ ва принсипҳои шарафи инсонӣ ҷавобгӯй бошанд.

Моддаи 71

  1. Давлатҳои иштироккунанда дар ҳолати зарурӣ барои ба давлати аслӣ баргардондани ҷасади муҳоҷирони меҳнатӣ ё аъзои оилаи онҳо мусоидат мекунанд.
  2. Дар робита бо масъалаҳои ҷубронпулӣ, ки ба вафоти муҳоҷири меҳнатӣ ё аъзои оилаи ӯ вобастаанд, Давлатҳои иштироккунанда дар мавридҳои зарурӣ ба ашхоси дахлдор барои ҳарчӣ зудтар ҳал кардани чунин масъалаҳо ёрӣ мерасонанд. Ҳалли чунин масъалаҳо дар асоси қонунгузории амалкунандаи миллӣ, мувофиқи муқаррароти ҳамин Конвенсия ва ҳама гуна созишномаҳои дахлдори дуҷониба ва бисёрҷониба ҳаллу фасл карда мешаванд.

ҚИСМИ VII. Татбиқи Конвенсия

  1. а) Бо мақсади назорат бурдан ба татбиқи Конвенсияи мазкур Кумита оид ба ҳимояи ҳуқуқи ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо (минбаъд «Кумита» номида мешавад) таъсис дода мешавад;

b) Кумита дар лаҳзаи эътибор пайдо кардани ин Конвенсия аз даҳ нафар, аммо баъди эътибор пайдо кардани ин Конвенсия барои Давлати чилу якуми иштироккунанда – аз чордаҳ коршинос, ки дорои сифатҳои баланди ахлоқӣ, беғаразӣ ва босалоҳиятии эътирофгардида дар соҳаҳои Конвенсия дарбаргиранда мебошанд, ташкил меёбад.

  • а) Аъзои Кумита аз тарафи Давлатҳои иштироккунанда аз ҷумлаи рӯйхати номзадҳо, ки Давлатҳои иштироккунанда пешбарӣ кардаанд, бо овоздиҳии махфӣ интихоб карда мешаванд; дар ин ҳол тақсимоти одилонаи ҷуғрофӣ, аз ҷумлаи чь давлатҳои аслӣ ва чь давлатҳои кори кироя ва намояндагии низоми асосии ҳуқуқӣ ба эътибор гирифта мешавад. Ҳар кадом Давлати иштироккунанда метавонад як нафарро аз ҷумлаи шаҳрвандони худаш пешбарӣ намояд;

b) аъзоён бо ҳузури шахсии худ интихоб мешаванд ва адои вазифа мекунанд.

  • Интихоби аввал на дертар аз шаш моҳ аз рӯзи эътибор пайдо кардани ин Конвенсия баргузор мешавад, интихоботи минбаъда бошад, баъди ҳар ду сол. Ҳадди ақал чор моҳ қабл аз таърихи баргузории ҳар як интихобот Котиби Генералии Созмони Милали Муттаҳид ба ҳамаи Давлатҳои иштироккунанда нома фиристода дархост менамояд, ки дар давоми ду моҳ номзадҳои худро пешбарӣ намоянд. Котиби Генералӣ рӯйхате тартиб медиҳад, ки дар он бо тартиби алифбоӣ ҳамаи шахсони ба ҳамин усул пешбарӣ кардашуда бо нишон додани Давлатҳои иштироккунанда, ки онҳоро пешбарӣ кардаанд, ва ин рӯйхатро на дертар аз як моҳ то таърихи баргузории интихоботи дахлдор якҷоя бо тарҷимаи ҳоли шахсони ба ҳамин тариқ пешбаришуда, ба Давлатҳои иштироккунанда пешниҳод мекунад.
  • Интихоботи аъзои Кумита дар машварати Давлатҳои иштироккунанда, ки аз тарафи Котиби Генералӣ дар Муассисаҳои марказии Созмони Милали Муттаҳид даъват карда мешавад, гузаронида мешавад. Дар ин машварат, ки ҳузури аз се ду ҳиссаи Давлатҳои иштироккунанда кворумро ташкил медиҳад, шахсҳои дар Кумита интихобшуда ҳамон номзадҳое ба ҳисоб мераванд, ки миқдори аз ҳама бештари овозҳо ва аксарияти мутлақи овозҳои Давлатҳои иштироккунандаро, ки дар овоздиҳӣ ҳузур доранд ва иштирок мекунанд, мегиранд.
  • а) Аъзоёни Кумита ба муддати чор сол интихоб карда мешаванд. Вале муддати ваколатҳои панҷ аъзое, ки ҳангоми интихоботи якум интихоб шудаанд, бо гузаштани танҳо ду сол анҷом меёбад; фавран баъди интихоботи якум ному насаби ин панҷ аъзо ба тариқи қуръакашӣ аз тарафи Раиси машварати Давлатҳои иштироккунанда интихоб карда мешаванд;

b) интихоби чор аъзои иловагии Кумита тибқи муқаррароти бандҳои 2, 3 ва 4 ҳамин модда баъди эътибор пайдо кардани Конвенсияи

мазкур барои Давлати чилу якум, гузаронида мешавад. Муддати ваколатҳои ду аъзои иловагӣ, ки дар ин маврид интихоб карда мешаванд, бо гузаштани ду сол анҷом меёбад; ному насаби ин аъзоён аз тариқи қуръакашии Раиси машварати Давлатҳои иштироккунанда интихоб карда мешаванд;

с)  аъзоёни Кумита мумкин аст дар ҳоли такроран пешбарӣ шудани номзадиашон ба муддати нав интихоб карда шаванд.

  • Агар узви Кумита вафот кунад ё истеъфо диҳад, ё изҳор намояд, ки бо ягон сабаб наметавонад вазифаҳои худро дар Кумита ба иҷро расонад, Давлати иштироккунандаи номзадии ин коршиносро пешбарикарда, аз ҷумлаи шаҳрвандони худ коршиноси дигарро ба қисмати боқимондаи муҳлат таъин менамояд. Таъйиноти нав бояд аз тарафи Кумита тасдиқ карда шавад.
  • Котиби Генералии Созмони Милали Муттаҳид ҳайати шахсӣ ва шароити заруриро барои босамар ба амал баровардани вазифаҳои Кумита фароҳам месозад.
  • Аъзоёни Кумита аз маблағҳои Созмони Милали Муттаҳид мувофиқи шартҳое, ки Ассамблеяи Генералӣ муайян менамояд, мукофотпулӣ (музд) мегиранд.
  • Аъзоёни Кумита ба имтиёзу сабукиҳо ва масунияти коршиносоне, ки супоришҳои Созмони Милали Муттаҳидро иҷро мекунанд ва дар фаслҳои дахлдори Конвенсия дар бораи имтиёзҳо ва масуниятҳои Созмони Милали Муттаҳид пешбинӣ шудаанд, ҳуқуқ доранд.

Моддаи 73

  1. Давлатҳои иштироккунанда уҳдадор мешаванд, ки ба Котиби Генералии Созмони Милали Муттаҳид барои баррасӣ дар Кумита маърӯзаҳоро дар бораи тадбирҳои қонунгузорӣ, судӣ, маъмурӣ ва ғайра, ки барои ба амал баровардани муқаррароти Конвенсияи мазкур қабул шудаанд, пешниҳод кунанд:
  2. дар давоми 1 сол аз рӯзи эътибор пайдо кардани ҳамин Конвенсия барои Давлати иштироккунандаи манфиатдор;
  3. минбаъд баъди ҳар 5 сол ва ҳар вақт ҳангоме, ки Кумита дар ин бора дархост намояд.
  4. Дар маърузаҳое, ки мувофиқи ҳамин модда пешниҳод мегарданд, омилҳо ва душвориҳо агар вуҷуд дошта бошанд, ки ба татбиқи ҳамин Конвенсия таъсир мерасонанд, инчунин маълумот дар бораи хусусияти ҷараёнҳои муҳоҷират, ки ба Давлатҳои иштироккунанда дахл доранд, нишон дода мешаванд.
  5. Кумита дастурҳои дигареро, ки марбут ба мазмуни маърӯзаҳо мебошад, қабул мекунад.
  6. Давлатҳои иштироккунанда ошкоро будани маърӯзаҳои худро дар кишварашон таъмин менамоянд.
  1. Кумита маърӯзаҳоеро, ки ҳар кадом Давлати иштироккунандаи ҳамин Конвенсия пешниҳод мекунад, баррасй мекунад ва ба Давлати иштироккунандаи манфиатдор ҳар мулоҳизаҳоеро, ки мувофиқи мақсад медонад, ирсол менамояд. Ин давлати иштироккунанда метавонад ба Кумита мулоҳизаҳоро доир ба ҳар кадом шарҳе, ки Кумита мувофиқи хамин модда додааст, пешниҳод кунад. Ҳангоми баррасии ин маърӯзаҳо Кумита метавонад аз Давлатҳои иштироккунанда маълумоти иловагй талаб намояд.
  2. Котиби Генералии Созмони Милали Муттаҳид дар вақти муносиб то оғози ҳар ҷаласаи навбатии Кумита ба Директори генералии Бюрои байналмилалии меҳнат нусхаи маърӯзаҳоеро, ки Давлатҳои иштироккунандаи дахлдор пешниҳод кардаанд бо маълумоти марбут ба баррасии ин маърӯзаҳо ирсол менамояд, то ба Бюро имкон диҳад, ки ба Кумита аз тариқи пешниҳод кардани нуқтаи назари коршиносон аз рӯи чунин масъалаҳое, ки ҳамин Конвенсия танзим мекунад ва дар доираи салоҳиятҳои Ташкилоти байналмилалии меҳнат мебошанд, кӯмак расонад. Дар рафти кори худ Кумита мулоҳизаву маводи ирсолнамудаи Бюроро баррасй мекунад.
  3. Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид метавонад инчунин баъди машваратҳо бо Кумита ба муассисаҳои махсуси дигар ва инчунин ташкилотҳои байниҳукуматй нусхаи ҳамон қисмати маърӯзаҳои номбурдаро равона кунад, ки мазмунашон ба доираи салоҳияти онҳо дохил мешавад.
  4. Кумита метавонад ба муассисаҳои махсусгардонидашуда ва мақомоти дигари Созмони Милали Муттаҳид, инчунин ташкилотҳои байниҳукуматй ва манфиатдори дигар пешниҳод кунад, ки дар бораи ҳамон масъалаҳое, ки дар доираи ихтиёри онҳо қарор доранду дар ҳамин Конвенсия танзим карда мешаванд, барои баррасй дар Кумита маълумоти хаттй пешниҳод намоянд.
  5. Кумита ба Бюрои байналмилалии меҳнат пешниҳод мекунад, ки намояндагонро барои иштирок дар ҷаласаҳои Кумита бо ҳуқуқи овоздиҳии машваратй таъин намояд.
  6. Кумита метавонад намояндагони дигар муассисаҳои махсусгардонидашуда ва мақомоти Созмони Милали Муттаҳид, инчунин ташкилотҳои байниҳукуматиро даъват намояд, то ки онҳо дар ҷаласаҳои он ҳангоме, ки масъалаҳои марбут ба салоҳияти онҳо баррасй мешаванд, ҳузур дошта бошанд ва шунида шаванд.
  7. Кумита маърӯзаи солонаро ба Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси иҷрои ҳамин Конвенсия пешниҳод мекунад, ки дар он нуқтаи назар ва тавсияҳое, ки аз ҷумла бар баррасиҳои маърӯзаҳо ва ҳар гуна мулоҳизаҳои Давлатҳои иштироккунанда пешниҳодкарда асос ёфтаанд, дарҷ мегарданд.
  8. Котиби Генералии Созмони Милали Муттаҳид маърӯзаҳои ҳарсолаи Кумитаро ба давлатҳои иштироккунандаи ҳамин Конвенсия, Шӯрои Иқтисодй ва Иҷтимой, Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон, Директори Генералии Бюрои байналхалқии меҳнат ва дигар ташкилотҳои дахлдор ирсол мекунад.

Моддаи 75

  1. Кумита қоидаҳои расмиёти махсуси худро қабул мекунад.
  2. Кумита шахсони мансабдори худро ба муддати ду сол интихоб мекунад.
  3. Кумита одатан ҷаласаҳои худро ҳар сол мегузаронад.
  4. Ҷаласаҳои Кумита одатан дар Муассисаҳои марказии Созмони Милали Муттаҳид баргузор мегарданд.

Моддаи 76

  1. Давлати иштироккунандаи ҳамин Конвенсия мувофиқи ҳамин модда метавонад ҳар вақт изҳор намояд, ки вай салоҳияти Кумитаро оид ба гирифтан ва баррасй кардани ахборот дар бораи он, ки як Давлати иштироккунанда эълом медорад, ки Давлати иштироккунандаи дигар уҳдадориҳои марбут ба ин Конвенсия доштаи худро ба иҷро намерасонад, эътироф менамояд. Ахбороти дар ин модда пешбинишавандаро фақат дар ҳолате қабул ва баррасй кардан мумкин аст, ки онҳо аз тарафи Давлати иштироккунандае пешниҳод шудаанд, ки дар бораи салоҳияти Кумитаро нисбат ба худ эътироф карданаш, изҳорот додааст. Кумита ахборотро қабул намекунад, агар онҳо ба Давлати иштироккунандае дахл дошта бошанд, ки чунин изҳорот содир накардааст. Ахбороти тибқи ҳамин модда гирифташуда мувофиқи расмиёти зайл баррасй карда мешаванд:
  2. агар ягон Давлати иштироккунандаи ҳамин Конвенсия чунин шуморад, ки Давлати иштироккунандаи дигар уҳададориҳои худро марбут ба ҳамин Конвенсия иҷро намекунад, вай ин масъаларо метавонад аз тариқи ахбори хаттй ба иттилои Давлати иштироккунандаи мавриди назар расонад. Давлати иштироккунанда метавонад инчунин ин масъаларо ба иттилои Кумита расонад. Дар давоми се моҳ баъди гирифтани ахбор Давлати гирандаи он ба Давлати ирсолкунандаи ахбор баённома ё ҳар кадом дигар изҳоротро дар шакли хаттй бо баёни муфассали ин масъала ва то ҳадде, ки имкон дорад ва мувофиқи матлаб аст, нишон додани расмиёти дохилй ва тадбирҳои ислоҳ кардани вазъ, ки доир ба ин масъала андешида шуда буданд, андешида мешаванд ё мумкин аст андешида шаванд, пешниҳод менамояд;
  3. агар ҳалли масъала ҳар ду Давлати иштироккунандаро дар давоми шаш моҳ баъди ахборро бори аввал гирифтани Давлати гиранда қаноатманд накунад, ҳар кадом аз ин Давлатҳо ҳуқуқ доранд масъаларо ба Кумита бо огоҳ намудани Кумита ва давлати дигар, ирсол намоянд;
  4. Кумита масъалаи ба вай ирсолшударо танҳо баъди боварй ҳосил кардани он, ки ҳамаи воситаҳои мавҷудаи дохилии ҳимояи ҳуқуқ доир ба ин масъала мутобиқи принсипҳои аз ҷониби умум пазируфташудаи ҳуқуқи байналмилалй истифода ва сарф шудаанд, баррасй мекунад. Ин

қоида дар ҳолатҳое амал нахоҳад кард, ки аз назари Кумита истифодаи ин воситаҳо беузр тӯл мекашад;

  • бо риояи муқаррароти зербанди (с)-и ҳамин банд, Кумита ба Давлати иштироккунандаи манфиатдор бо мақсади дӯстона ва бар асоси эҳтироми уҳдадориҳои дар ҳамин Конвенсия баёнёфта ҳаллу фасл намудани масъала, хизматҳои неки худро мерасонад;
  • ҳангоми баррасии ахбороти дар ҳамин модда пешбинишаванда, Кумита ҷаласаи пӯшида мегузаронад;
  • аз рӯи ҳар кадом масъалаи барои баррасӣ пешниҳодшуда мувофиқи зербанди (b) ҳамин модда Кумита метавонад ба Давлати иштироккунандаи манфиатдори дар зербанди (b) зикрёфта, муроҷиат карда хоҳиш намояд, ки ҳар гуна маълумоти ба масъала алоқамандро пешниҳод кунад;
  • Давлатҳои иштироккунандаи манфиатдор, ки дар зербанди (Ь)-и ҳамин банд зикр ёфтаанд, ҳуқуқ доранд, ки ҳангоми баррасии масъала дар Кумита намояндагӣ дошта бошанд ва ба тарзи шифоҳӣ ва ё хаттӣ гузориш диҳанд;
  • Кумита дар давоми дувоздаҳ моҳ аз рӯзи гирифтани огоҳинома дар бораи ахбори аввалӣ, мутобиқи зербанди (b) ҳамин банд маърӯза пешниҳод мекунад:
  • агар ҳаллу фасли масъала дар доираи муқаррароти зербанди (d) ҳамин банд муяссар шуда бошад, Кумита дар маърӯзаи худ бо баёни мухтасари далелҳо ва ҳалли бадастомада маҳдуд мешавад;

ii) агар ҳаллу фасли масъалаи дар доираи муқаррароти зербанди (d) ҳамин банд ба даст наояд, Кумита дар маърӯзаи худ далелҳои дахлдори марбут ба масъалае, ки байни Давлатҳои иштироккунандаи манфиатдор ба вуҷуд омадааст, баён менамояд. Маълумотҳои хаттӣ ва сабти гузоришҳои шифоҳӣ, ки аз тарафи Давлатҳои иштироккунанда расидаанд, ба маърӯза замима карда мешаванд. Кумита ба иттилои Давлатҳои иштироккунандаи манфиатдор метавонад инчунин ҳар гуна нуқтаи назаре, ки вай барои ҳалли масъалаи байни онҳо бавуҷудомада мумкин аст муҳим шуморад, расонад.

Дар ҳамаи ҳолатҳо гузориш ба Давлатҳои иштироккунандаи дахлдор фиристода мешавад.

  • Муқаррароти ин модда вақте эътибор пайдо мекунад, ки даҳ Давлати иштироккунандаи ҳамин Конвенсия мутобиқи банди 1 ин модда изҳорот содир кунанд. Чунин изҳорот барои нигоҳдорӣ аз ҷониби Давлатҳои иштироккунанда ба Котиби Генералии Созмони Милали Муттаҳид, ки нусхаи онҳоро ба Давлатҳои иштироккунандаи дигар ирсол менамояд, супорида мешаванд. Изҳорот мумкин аст дар ҳар вақт аз тариқи огоҳ кардани Котиби Генералӣ бекор карда шавад. Чунин бекоркунӣ барои баррасии ҳар гуна масъалае, ки мавзӯи ахбороти тибқи ҳамин модда аллакай ирсолшуда мебошад, монеа намегардад; ҳеҷ гуна ахбороти минбаъда аз ягон Давлати иштироккунанда доир ба ин модда баъди огоҳинома гирифтани Котиби Генералӣ дар хусуси бекоркунии изҳорот, қабул нахоҳад шуд, фақат агар Давлати иштироккунандаи манфиатдор изҳороти нав содир накарда бошад.

Моддаи 77

  1. Давлати иштироккунандаи ҳамин Конвенсия метавонад ҳар вақт мутобиқи ҳамин модда изҳор намояд, ки вай салоҳияти Кумитаро барои гирифтан ва баррасӣ кардани ахборот аз шахсони дар таҳти тобеияти ҳуқуқии вай қарордошта, дар хусуси он ки Давлати иштироккунанда ҳуқуқҳои шахсии онҳоро, ки ҳамин Конвенсия пешбинӣ мекунад, вайрон кардааст, эътироф менамояд. Кумита ҳеҷ гуна ахборотро, ки ба Давлати иштироккунандаи чунин изҳорот содирнакарда дахл доранд, қабул намекунад.
  2. Кумита ҳар гуна ахборотро мутобиқи ҳамин модда, ки беном бошад ё ба назари вай иборат аз сӯиистифодабарӣ аз ҳуқуқи пешниҳод кардани чунин ахборот бошад, ё бо муқаррароти ҳамин Конвенсия созгор набошад, қобили қабул намешуморад.
  3. Кумита ҳеҷ гуна ахборотро аз ягон шахс мутобиқи ҳамин модда мавриди баррасӣ қарор намедиҳад, агар боварӣ ҳосил накунад, ки:
  4. худи ҳамин масъала тибқи расмиёти дигари муҳокима ё батанзимдарории байналмилалӣ баррасӣ нашудааст ва баррасӣ намешавад;
  5. шахси мазкур тамоми воситаҳои мавҷудаи дохилии ҳимояи ҳуқуқиро истифода бурдааст; ин қоида дар мавридҳое амал намекунад, ки истифодаи чунин воситаҳо ба ақидаи Кумита, беасос тӯл мекашад ё эҳтимол дорад, ки ҳимояи самарабахши ин шахсро таъмин намесозад.
  6. Бо назардошти муқаррароти банди 2 ҳамин модда Кумита ҳар гуна ахбороти мутобиқи ҳамин модда ба он расонидашударо ба иттилои Давлати иштироккунандаи ҳамин Конвенсия, ки тибқи банди 1 изҳорот содир карда ва гӯё ин ё он муқаррароти ҳамин Конвенсияро вайрон мекунад, мерасонад. Дар давоми шаш моҳ давлати ин иттилоъро гирифта ба Кумита баённомаи хаттӣ ё изҳоротро бо шарҳи ин масъала ва ҳар гуна тадбире, ки дар ин бобат мумкин аст аз тарафи ин давлат андешида шуда бошад, пешниҳод мекунад.
  7. Кумита ахбороти мутобиқи ҳамин модда гирифтаро бо назардошти тамоми иттилооте, ки аз шахси дахлдор ё аз номи ӯ ва Давлати иштироккунандаи дахлдор расидааст, мавриди баррасӣ қарор медиҳад.
  8. Ҳангоми баррасии ахбороти дар ҳамин модда пешбинишаванда Кумита ҷаласаи пӯшида мегузаронад.
  9. Кумита ақидаи худро ба Давлати иштироккунанда ва шахси дахлдор ирсол менамояд.
  10. Муқаррароти ҳамин модда вақте эътибор пайдо мекунад, ки даҳ Давлати иштироккунандаи ин Конвенсия мутобиқи банди 1 ҳамин модда изҳорот содир кунанд. Чунин изҳорот барои нигоҳдорӣ аз ҷониби Давлатҳои иштироккунанда ба Котиби Генералии Созмони Милали Муттаҳид, ки нусхаи онҳоро ба Давлатҳои иштироккунандаи дигар ирсол менамояд, супорида мешаванд. Изҳорот мумкин аст дар ҳар вақт аз тариқи огоҳ кардани Котиби Генералй бекор карда шавад. Чунин бекоркунй набояд ба баррасии ҳар гуна масъалае, ки мавзӯи ахбороти тибқи ҳамин модда аллакай ирсолшуда мебошад, зарар расонад; ҳеҷ гуна ахбороти минбаъдаи аз ҳар кадом шахс ё аз номи ӯ равонкардашуда мутобиқи ҳамин модда баъди огоҳинома гирифтани Котиби Генералй дар хусуси бекоркунии изҳорот, қабул карда намешавад, агар Давлати иштироккунандаи дахлдор изҳороти нав содир накарда бошад.

Моддаи 78

Муқаррароти моддаи 76 Конвенсияи мазкур бе зараре ба ҳама гуна расмиёти ҳалли ихтилофҳо ё баррасии шикоятҳо дар соҳаҳое, ки ҳамин Конвенсия дар бар гирифта ва дар ҳуҷҷатҳои таъсисии Созмони Милали Муттаҳид ва муассисаҳои махсусгардонидашуда ё конвенсияҳои қабулкардаи он баён ёфтааст, мавриди истифода қарор гирифта ба Давлати иштироккунанда барои чора ҷустан бо истифодаи ҳар гуна расмиёти ҳалли ихтилофҳо тибқи созишномаҳои байналмилалие, ки дар муносибати байни онҳо амал мекунанд, монеа намешаванд.

ҚИСМИ VIII. Муқаррароти умумй

Моддаи 79

Ҳеҷ як муқаррароти ҳамин Конвенсия ба ҳуқуқҳои ҳар кадом Давлати иштироккунанда оид ба муқаррар намудани меъёрҳои танзимкунандаи иҷозати муҳоҷирони меҳнатй ва аъзои оилаи онҳо дахолат намекунад. Дар робита бо масъалаҳои дигар, ки ба вазъу низоми ҳуқуқии онҳо ба сифати муҳоҷирони меҳнатй ва аъзои оилаи онҳо дахл дорад, Давлатҳои иштироккунанда аз маҳдудиятҳое пайгирй мекунанд, ки дар ҳамин Конвенсия муқаррар карда шудаанд.

Моддаи 80

Ҳеҷ чиз дар ин Конвенсия набояд чун кам намудани аҳамияти муқаррароти Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид ва оинномаҳои муассисаҳои махсусгардонидашуда, ки уҳдадориҳои дахлдори мақомоти гуногуни Созмони Милали Муттаҳид ва муассисаҳои махсусгардонидашударо нисбат ба масъалаҳои дар ҳамин Конвенсия баррасишаванда муайян мекунад, шарҳ дода шавад.

Моддаи 81

  1. Ҳеҷ як муқаррароти ҳамин Конвенсия ҳуқуқ ё озодиҳои нисбатан васеъро, ки ба муҳоҷирони меҳнатй ва аъзои оилаи онҳо дар асоси:
  2. қонун ё амалияи Давлати иштироккунанда; ё
  3. ҳама гуна шартномаи дуҷониба ё бисёрҷонибае, ки барои Давлати иштироккунандаи дахлдор эътибор дорад, пешниҳод мешавад, халалдор намесозад.
  4. Ҳеҷ як муқаррароти ҳамин Конвенсия набояд тарзе маънидод шавад, ки гӯё ба ҳар як давлат, гурӯҳи ашхос ё шахсони алоҳида ҳуқуқи дар ҳама гуна фаъолият иштирок кардан ё ҳама гуна амалро анҷом доданро медиҳад, ки мумкин аст боиси халалдор гардидани ин ё он ҳуқуқ ё озодиҳои дар ҳамин Ковенсия пешбинишуда гарданд.

Моддаи 82

Ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳоро, ки дар ҳамин Конвенсия пешбинӣ шудаанд, рад кардан мумкин нест. Ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо овардани фишор, новобаста аз шаклаш, то онҳо ҳар як ҳуқуқи дар боло зикрёфтаро инкор ё рад кунанд, иҷозат дода намешавад. Дар асоси ягон қарордод маҳдуд кардани ҳуқуқҳои дар ҳамин Конвенсия эътирофшуда иҷозат дода намешавад. Давлатҳои иштироккунанда барои таъмини риояи ин принсипҳо тадбирҳои зарурӣ меандешанд.

Моддаи 83

Ҳар як Давлати иштироккунандаи ҳамин Конвенсия уҳдадор мешавад, ки:

  1. ба ҳар шахс ҳуқуқу озодиҳои дар ҳамин Конвенсия эътирофшударо, ки вайрон шудаанд, таъмин созад ва воситаҳои самарабахши ҳимояи ҳуқуқиро, ҳатто агар ин вайронкунӣ аз ҷониби шахсони ба сифати расмӣ амалкарда содир шуда бошад, ба кор барад;
  2. шароите фароҳам созад, ки даъвои ҳар кадом шахс, ки чунин ҳимояро тақозо мекунад, баррасӣ гардад ва аз рӯи он қарори босалоҳияти ҳокимияти судӣ, маъмурӣ ё қонунгузорӣ ё ҳар кадом мақоми салоҳиятдори дигар, ки низоми ҳуқуқии Давлат пешбинӣ кардааст, бароварда шавад ва имкониятҳои ҳимояи судӣ инкишоф дода

шавад;

  • истифодаи воситаҳои ҳимояи ҳуқуқиро аз тарафи ҳокимияти босалоҳият вақте, ки онҳо пешниҳод мешаванд, таъмин намояд.

Моддаи 84

Ҳар як Давлати иштироккунанда уҳдадор мешавад, ки тадбирҳои қонунгузорӣ ва тадбирҳои дигари заруриро барои ба амал баровардани муқаррароти ҳамин Конвенсия андешад.

ҚИСМИ IX. Муқаррароти хотимавӣ

Моддаи 85

Котиби Генералии Созмони Милали Муттаҳид маҳфуздорандаи ҳамин Конвенсия таъин карда мешавад.

Моддаи 86

  1. Конвенсияи мазкур барои имзо кардани ҳамаи давлатҳо кушода аст. Вай бояд тасдиқ карда шавад.
  2. Конвенсияи мазкур барои ҳамроҳшавии ҳар як давлат кушода аст.
  3. Тасдиқномаҳо ё ҳуҷҷатҳои ҳамроҳшавӣ барои нигоҳдорӣ ба Котиби Генералии Созмони Милали Муттаҳид супорида мешаванд.

Моддаи 87

  1. Конвенсияи мазкур дар рӯзи аввали моҳи баъди гузаштани се моҳ аз рӯзи барои нигоҳдорӣ супорида шудани ҳуҷҷати бистум оид ба тасдиқ намудан ё ҳамроҳшавӣ, эътибор пайдо мекунад.
  2. Барои ҳар кадом Давлат, ки Конвенсияи макурро тасдиқ мекунад, ё ба он баъди эътибор пайдо карданаш ҳамроҳ мешавад, Конвенсия дар рӯзи аввали моҳи баъди гузаштани се моҳ аз рӯзи барои нигоҳдорӣ ҳуҷҷати худро оид ба тасдиқ намудан ё ҳамроҳшавӣ супоридани ин давлат, эътибор пайдо мекунад.

Моддаи 88

Давлате, ки Конвенсияи мазкурро тасдиқ мекунад, ё ба он ҳамроҳ мешавад, наметавонад, истифодаи ҳар кадом қисми вайро истисно кунад, ё бе ягон зарар барои моддаи 3, истифодаи онро нисбат ба категорияи алоҳидаи муҳоҷирони меҳнатӣ истисно кунад.

Моддаи 89

  1. Ҳар кадом Давлати иштироккунанда метавонад Конвенсияи мазкурро на барвақттар аз баъди гузаштани панҷ сол баъди барои давлати мазкур эътибор пайдо кардани Конвенсия аз тариқи фиристодани огоҳиномаи хаттӣ ба Котиби Генералии СММ, якҷониба онро бекор кунад.
  2. Чунин бекоркунӣ дар рӯзи аввали моҳи баъди гузаштани дувоздаҳ моҳ аз рӯзи огоҳиномаро гирифтани Котиби Генералии Созмони Милали Муттаҳид, эътибор пайдо мекунад.

3.Чунин якҷониба бекор кардан Давлати иштироккунандаро аз уҳдадориҳояш, ки марбут ба ҳамин Конвенсия буда нисбат ба ҳар амал ё бефаъолиятии то рӯзи эътибор пайдо кардани бекоркунии якҷониба ҷойдошта, озод намекунад ва бекоркунии якҷониба барои баррасии минбаъдаи ҳар гуна масъала, ки то рӯзи эътибор пайдо кардани чунин бекоркунии якҷониба аллакай мавриди баррасии Кумита қарор гирифта буд, ҳеҷ зараре намерасонад.

  • Баъди эътибор пайдо кардани бекоркунии якҷонибаи Давлати иштироккунанда, Кумита баррасии ҳар кадом масъалаи навро нисбат ба ин давлат оғоз намекунад.

Моддаи 90

  1. Баъди гузаштани панҷ сол аз рези эътибор пайдо кардани Конвенсияи мазкур дархост дар бораи таҷдиди назар кардани ин Конвенсия мумкин аст ҳар вақт аз тарафи Давлати иштироккунанда аз тариқи фиристодани огоҳиномаи хаттӣ ба унвони Котиби Генералии Созмони Милали Муттаҳид, ба миён гузошта шавад. Котиби Генералӣ сипас ҳар ислоҳоти пешниҳодшударо ба Давлати иштироккунандаи ҳамин Конвенсия ирсол мекунад ва хоҳиш менамояд то ба ӯ хабар диҳанд, ки оё онҳо ҷонибдори даъват кардани конференсияи Давлатҳои иштироккунанда бо мақсади баррасии ин пешниҳодҳо ва гузаронидани овоздиҳӣ оид ба онҳо ҳастанд ё не. Агар дар давоми чор моҳ аз рӯзи ирсоли чунин нома ҳадди ақал аз се як қисми Давлатҳои иштироккунанда чунин конференсияро ҷонибдорӣ кунанд, Котиби Генералии Созмони Милали Муттаҳид ин конференсияро таҳти сарпарастии Созмони Милали Муттаҳид даъват мекунад. Ҳар ислоҳоте, ки бо аксари овозҳои Давлатҳои иштироккунандаи дар овоздиҳӣ ҳозирбуда ва ширкаткунанда қабул шуда аст, барои тасдиқ ба Ассамблеяи Генералӣ пешниҳод карда мешавад.
  2. Ислоҳот баъди аз тарафи Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид тасдиқ шуданашон ва аз ҷониби аз се ду қисми Давлатҳои иштироккунандаи ҳамин Конвенсия мутобиқи расмиёти конститутсионии онҳо қабул карда шуданашон эътибор пайдо мекунанд.
  3. Ҳангоме ки ислоҳот эътибор пайдо мекунанд, онҳо барои Давлатҳои иштироккунандае, ки онҳоро қабул кардаанд, ҳатмӣ мешаванд, аммо барои дигар Давлатҳои иштироккунанда муқаррароти Конвенсияи мазкур ва ҳар кадом ислоҳоти қаблӣ, ки аз тарафи онҳо қабул карда шудаанд, ҳатмӣ боқӣ мемонанд.

Моддаи 91

  1. Котиби Генералии Созмони Милали Муттаҳид мулоҳизаҳоеро, ки давлатҳо ҳангоми имзо кардан, тасдиқ кардан ё ҳамроҳ шудан баён кардаанд, қабул карда ва ба ҳамаи давлатҳо ирсол менамояд.
  2. Ба мулоҳизае, ки ба мавзӯъ ва мақсадҳои Конвенсияи мазкур мутобиқат надоранд, роҳ дода намешавад.
  3. Мулоҳизаҳо мумкин аст дар ҳар вақт аз тариқи огоҳиномаи дахлдор, ки ба унвони Котиби Генералии Созмони Милал Муттаҳид фиристода мешавад, бозпас гирифта шаванд, ки сипас дар ин хусус ба ҳамаи Давлатҳои иштироккунанда хабар дода мешавад. Чунин огоҳинома аз рӯзи гирифта шуданаш эътибор пайдо мекунад.

Моддаи 92

  1. Ҳар гуна баҳс байни ду ё якчанд Давлатҳои иштироккунанда дар мавриди тафсир ё истифодаи Конвенсияи мазкур, ки аз тариқи гуфтушунид ҳал нашудаанд, бо хоҳиши яке аз онҳо ба баррасии ҳакамӣ супорида мешавад. Агар дар давоми шаш моҳ аз рӯзи супоридани ариза оид ба баррасии ҳакамӣ тарафҳо натавонанд, ки дар мавриди баргузории баррасии ҳакамӣ ба мувофиқа расанд, пас бо хоҳиши ҳар кадоме аз тарафҳо баҳси мазкур мумкин аст вобаста ба мақоми суд ба Суди Байналмилалӣ бо тарзи пешниҳод намудани ариза супорида шавад.
  2. Ҳар як Давлати иштироккунанда ҳангоми имзо кардан ё тасдиқ кардани Конвенсияи мазкур ё дар ҳоли ҳамроҳшавӣ ба он метавонад изҳор намояд, ки вай худро побанди уҳдадориҳои аз банди 1 ҳамин модда бароянда намеҳисобад. Дигар Давлатҳои иштироккунанда худро побанди муқаррароти банди 1 ҳамин модда нисбати ягон Давлати иштироккунанда, ки чунин изҳорот баён намудааст, намеҳисобанд.
  3. Ҳар кадом Давлати иштироккунанда, ки мувофиқи банди 2 ҳамин модда изҳорот додааст, метавонад дар ҳар лаҳза бо огоҳ намудани Котиби Генералии Созмони Милали Муттаҳид изҳороти худро бекор кунад.

Моддаи 93

  1. Ҳамин Конвенсия, ки матнҳои аслии англисй, арабй, испанй, хитой, русй ва франсавии он бо ҳам баробар аст, барои нигоҳдорй ба Котиби Генералии Созмони Милали Муттаҳид супорида мешавад.
  2. Котиби Генералии Созмони Милали Муттаҳид нусхаҳои тасдиқшудаи Конвенсияи мазкурро ба ҳамаи давлатҳо ирсол менамояд.

Эзоҳ: Конвенсияи байналмилалй оид ба ҳимояи ҳуқуқи ҳамаи муҳоҷирони меҳнатй ва аъзои оилаи онҳо аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 ноябри соли 2001 № 462 ба тавсиб расонида шудааст.

Мақолаҳои марбут

Маводҳои охирин

Verified by MonsterInsights