Бо резолюсияи 34/180 аз 18 декабри соли 1979 қабул гардидааст
ва барои имзо, тасдиқ ва ҳамроҳшавӣ боз аст.
Давлатҳои узви ин Конвенсия,
бо назардошти он ки Оинномаи СММ бори дигар боварӣ ба ҳуқуқҳои асосии инсон, ба шаъну эътибор ва арзишҳои шахсияти инсон ва ба баробарҳуқуқии занону мардонро тасдиқ намуд,
бо назардошти он ки Эъломияи умумии ҳукуқи башар принсипҳои роҳ надодан ба табъизро тасдиқ менамояд ва эълон медорад, ки тамоми одамон озоданд ва баробар соҳиби қадру қиммат ва дорои тамоми ҳуқуқҳои худ мебошанд ва ҳар як инсон аз шарафу номус ва тамоми ҳуқуқу озодиҳо бе ягон тафовут бархурдоранд, аз ҷумла бе фарқияти ҷинсӣ,
бо назардошти он ки ба зиммаи давлати узви Аҳдномаи байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон ӯҳдадории таъмин намудани ҳуқуқи баробари истифодаи тамоми ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, шаҳрвандӣ ва сиёсиро барои занону мардон гузоштааст,
бо назардошти Конвенсияҳои байналмилалии таҳти ҳимояи СММ ва муассисаҳои махсуси он бо мақсади мусоидат ба баробарҳуқуқии занону мардон баимзорасида,
ҳамчунин бо назардошти резолютсияҳо, эъломияҳо ва тавсияҳои қабулнамудаи СММ ва муассисаҳои махсуси он бо мақсади мусоидат ба баробарҳуқуқии занону мардон,
вале, бо ташвиш аз он ки, сарфи назар аз ин ҳуҷҷатҳои гуногун мисли пештара табъизи зиёде нисбати занон ҷой дорад,
бо хотирнишон намудан аз он ки табъизи занон принсипҳои баробарҳуқуқӣ ва эҳтироми шаъну эътибори инсонро халалдор месозад, ба иштироки занон баробар ба мардон дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвари худ монеъ мегардад, ба болоравии некӯаҳволии ҷомеа ва оила халал мерасонад ва ба пурра зоҳир намудани имкониятҳои занон ба нафъи кишварҳои худ ва инсоният мушкилоти зиёд ба миён меорад,
бо ташвиш аз он ки дар шароити қашшоқӣ занон барои дастрас намудани озуқаворӣ, тандурустӣ, маориф, тарбияи касбӣ, шуғл, инчунин дигар эҳтиёҷот имконияти камтар доранд,
бо боварӣ аз он ки муқаррар намудани тартиби нави иқтисодии байналмилалӣ ба баробарӣ ва адолат асосёфта дар таъмини баробарии байни мардону занон мусоидат хоҳад кард,
бо таъкид аз он ки рафъ намудани апартеид, ҳама шаклҳои нажодпарастӣ, табъизи нажодӣ, мустамликадорӣ, неоколониализм, таҷовузгариҳо, ишғолгарӣ, ҳукмронӣ ва даҳолати хориҷӣ ба корҳои дохилии давлатҳо барои пурра амалӣ гардидани ҳуқуқҳои мардону занон зарур мебошад,
бо тасдиқ аз он ки таҳкими сулҳ ва амнияти байналмилалӣ, сабук гардидани ташаннуҷи байналмилалӣ, ҳамкории мутақобилаи байни давлатҳо сарфи назар аз системаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии онҳо, яроқпартоии пурра ва умумӣ, хусусан халъи силоҳи ядроӣ таҳти назорати қатъӣ ва самараноки байналмилалӣ, пойдор гардидани принсипҳои адолат, баробарӣ ва манфиати мутақобила дар муносибатҳои байни кишварҳо ва татбиқи ҳуқуқҳои халқҳои таҳти ҳукмронӣ ва мустамликаи хориҷӣ ва тасарруфи хориҷӣ қарордошта ба худ муайянкунӣ ва истиқлолият, инчунин эҳтироми истиқлолияти миллӣ ва тамомияти арзии давлат ба пешрафт ва рушди иҷтимоӣ мусоидат хоҳанд кард ва дар натиҷа ба ноил гардидан ба баробарии пурра байни мардону занон кӯмак менамоянд,
бо боварӣ аз он ки тараққиёти пурраи кишвар, некӯаҳволии тамоми ҷаҳон ва кори сулҳ иштироки ҳадди аксари занонро дар баробари мардон дар тамоми соҳаҳо талаб мекунанд,
бо назардошти он ки аҳамияти саҳми занон дар некӯаҳволии оила ва дар пешрафти ҷомеа, аҳамияти иҷтимоии модар ва нақши ҳар ду волидайн дар оила ва дар тарбияи кӯдакон, ки то ҳанӯз пурра эътироф нагардидааст ва бо дарки он ки нақши зан дар идома додани насл набояд сабаби табъиз гардад, зеро тарбияи кӯдакон масъулияти якҷояи мардону занон ва дар маҷмӯъ тамоми ҷомеро тақозо мекунад,
бо эътироф аз он ки барои ноил гаштан ба баробарии пурраи байни мардону занон тағйир додани мақоми ҳам мардон ва ҳам занон дар ҷомеа ва дар оила зарур мебошад,
бо азми қатъӣ ҷиҳати татбиқ намудани присипҳои дар Эъломияи оид ба рафъи табъиз нисбати занон эълонгардида ва барои ин мақсад андешидани тадбирҳои зарурӣ барои рафъи чунин табъиз дар тамоми шаклҳо ва зуҳуроти он,
ба мувофиқаи зайл расиданд:
КИСМИ I
Моддаи 1
Барои мақсадҳои ин Конвенсия мафҳуми “табъиз нисбати занон” ҳама гуна фарқият, хориҷкунӣ ё маҳдудсозӣ бо нишонаи ҷинсро дорад, ки ба заифгардонӣ ё умуман эътироф накардан, истифода ё татбиқи ҳуқуқҳои инсон ва озодиҳои асосӣ дар соҳаи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, шаҳрвандӣ ё ҳама гуна соҳаи дигар аз ҷониби занон, сарфи назар аз ҳолати иҷтимоии онҳо, дар асоси баробарҳуқуқии мардону занон равона гардидааст.
Моддаи 2
Давлатҳои аъзо табъиз нисбати занонро дар тамоми шаклҳояш маҳкум мекунанд ва розиянд бидуни таъхир бо истифодаи тамоми усулҳои дахлдор сиёсати рафъи табъиз нисбати занонро ба роҳ монанд ва бо ин мақсад ӯҳдадор мешаванд:
а) принспҳои барбарбарҳуқуқии мардону занонро дар конститутсияҳои миллии худ ё дигар қонунгузории дахлдор, агар он ҳанӯз дохил карда нашуда бошад, ворид кунанд ва бо кӯмаки қонун ва дигар воситаҳои дахлдор татбиқи амалии ин принсипро таъмин намоянд;
ӣ) тадбирҳои дахлдори қонунгузорӣ ва тадбирҳои дигар, аз ҷумла, дар мавриди зарурӣ, муҷозоте истифода мекунанд, ки ҳама гуна табъизро нисбати занон манъ менамоянд;
- ҳифзи ҳуқуқии ҳуқуқи занонро дар асоси баробарӣ бо мардон муқаррар мекунанд ва бо кӯмаки судҳои салоҳиятдори миллӣ ва дигар муассисаҳои давлатӣ ҳифзи самараноки занонро аз ҳама гуна кирдори табъиз ҳимоя мекунанд;
- аз содир намудани ягон кирдори табъизӣ ё амалҳо нисбати занон худдорӣ мекунанд ва кафолат медиҳанд, ки мақомот ва муассисаҳои давлатӣ мутобиқи ин ӯҳдадориҳо амал мекунанд;
- барои рафъи табъиз нисбати занон яз ҷониби ягон шахс, ташкилот ё корхона тамоми тадбирҳои дахлдорро меандешанд;
- тамоми тадбирҳои дахлдор, аз ҷумла тадбирҳои қонунгузориро барои тағйир ё бекор кардани қонунҳои амалкунанда, қарорҳо, расмиёт ё амалҳое, ки нисбати занон табъиз мебошанд, меандешанд;
- тамоми муқаррароти қонунгузории ҷиноии худро, ки нисбати занон табъиз мебошанд, бекор мекунанд.
Давлатҳои аъзо дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла дар соҳаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ тамоми тадбирҳоро барои таъмини рушди ҳамаҷониба ва пешрафти занон меандешанд, то ки татбиқ ва истифодаи ҳуқуқҳои инсон ва озодиҳои асосиро ба онҳо дар асоси баробарӣ бо мардон кафолат диҳанд.
- Аз ҷониби давлатҳои аъзо андешида шудани тадбирҳои муваққатии махсусе, ки баҳри суръатбахшӣ ҷорӣ намудани баробарии воқеӣ байни мардону занон равона гардидааст, тавре ки дар ин Конвенсия муайян мегардад, табъиз ҳисобида намешаванд, вале онҳо ба ҳеҷ ваҷҳ боиси нигоҳ доштани стандарҳои нобаробар ё тафриқашуда гарданд; ин тадбирҳо бояд пас аз ноил гаштан ба мақсадҳои баробарии имкониятҳо ва муносибати баробарҳуқуқ бекор карда шаванд.
- Аз ҷониби давлатҳои аъзо андешида шудани тадбирҳои махсусе, ки ба ҳифзи модар равонагардида, аз ҷумла тадбирҳое, ки дар ин Конвенсия зикр шудаанд, табъизӣ ҳисобида намешаванд.
Давлатҳои аъзо тамоми тадбирҳои дахлдорро бо мақсадҳои зерин меандешанд:
a) тағйир додани моделҳои иҷтимоӣ ва фарҳангии рафтори мардону занон бо мақсади ноил гардидан ва аз байн бурдани хурофот ва барҳам додани расму оин ва тамоми таҷрибаи дигаре, ки ба ғояҳои ноқисӣ ё бартарияти яке аз ҷинсҳо ё муқаррар будани нақши мардону занон асос ёфтаанд;
ӣ) таъмин намудани он, ки тарбияи оилавӣ дарки дурусти модар буданро ҳамчун вазифаи иҷтимоӣ ва эътирофи масъулияти умумии мардону занонро барои тарбия ва рушди кӯдакони худ дар бар гирад, ба шарте ки дар ҳама ҳолатҳо манфиати кӯдакон бартарият дошта бошад.
Давлатҳои аъзо тамоми тадбирҳо, аз ҷумла тадбирҳои қонунгузориро барои пешгирӣ намудани ҳама намудҳои ҳариду фурӯши занон ва сӯиистифодаи фоҳишагарии занон меандешанд.
ҚИСМИ II
Давлатҳои аъзо тамоми тадбирҳоро ҷиҳати рафъи табъиз нисбати занон дар ҳаёти сиёсӣ ва ҷамъиятии кишвар меандешанд, аз ҷумла ба занон шароити баробар бо мардонро дар масъалаҳои зерин таъмин менамоянд:
a) овоздиҳӣ дар ҳама интихобот ва раъйпурсиҳои оммавӣ ва интихоб шудан ба тамоми мақомоти аз ҷониби омма интихобшаванда;
ӣ) иштирок дар таҳия ва татбиқи сиёсати ҳукумат ва ишғол намудани вазифаҳои давлатӣ, инчунин иҷро намудани ҳама вазифаҳои давлатӣ дар тамоми сатҳҳои идораи давлатӣ;
с) иштирок намудан дар фаъолияти ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва ассотсиатсияҳое, ки ба проблемаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсии кишвар машғуланд.
Давлатҳои аъзо тамоми тадбирҳоро меандешанд, то ки ба занон имконияти бо мардон баробар ва бидуни ягон табъиз намояндагӣ намудани ҳукуматҳои худ дар арсаи байналмилалӣ ва иштирок дар кори ташкилотҳои байналмилалиро таъмин намоянд.
- Давлатҳои аъзо ба занон ҳуқуқи баробар бо мардонро нисбати гирифтан, тағйир додан ё нигоҳ доштани шаҳрвандии онҳо фароҳам меоранд. Онҳо, аз ҷумла таъмин менамоянд, ки на бастани ақди никоҳ бо шахси хориҷӣ, на тағйир ёфтани шаҳрвандии шаҳвар ҳангоми ақди никоҳ боиси худ аз худ тағйир ёфтани шаҳрвандии зан намегардад, ӯро ба шахси бешаҳрвандӣ табдил намедиҳанд ва наметавонанд ӯро маҷбур созанд, ки шаҳрвандии шаҳвари худро қабул кунад.
- Давлатҳои аъзо ба занон ҳуқуқҳои баробар бо мардонро нисбати шаҳрвандии кӯдакони онҳо фароҳам меоранд.
Давлатҳои аъзо тамоми тадбирҳои дахлдорро барои он меандешанд, ки табъиз нисбати занонро барҳам диҳанд, то ки ба онҳо ҳуқуқҳои баробар бо мардонро дар соҳаи маориф таъмин кунанд ва аз ҷумла дар заминаи баробарии мардону занон инҳоро таъмин намоянд:
а) шароити якхела барои интихоби касб ё ихтисос, барои дастрасӣ ба таълим ва гирифтани дипломҳо дар муассисаҳои таълимии ҳама гуна категорияҳо ҳам дар деҳот, ҳам дар ноҳияҳои шаҳрӣ; ин баробарӣ дар таълими томактабӣ, умумӣ, махсус ва олии техникӣ, инчунин дар тамоми навъҳои тарбияи касбӣ таъмин мегардад;
ӣ) дастрасӣ ба барномаҳои якхелаи таълимӣ, имтиҳонҳои якхела, ҳайати омӯзгорони ихтисоси якхела, иморатҳои мактабӣ ва таҷҳизоти баробарсифат;
с) бартарафсозии ҳама гуна консепсияҳои муқаррарии нақши мардону занон дар ҳама гуна сатҳҳо ва дар ҳама гуна шаклҳои таълим бо роҳи ҳавасмандгардонии таълими якҷоя ва дигар навъҳои таълим, ки барои ноил гардидан ба ин мақсадҳо ва аз ҷумла бо роҳи таҷдиди назар намудани дастурҳои таълимӣ ва барномаҳои мактабӣ ва мутобиқгардонии усулҳои таълим мусоидат хоҳанд кард;
- имкониятҳои якхела дар гирифтани идрор ва дигар кӯмакпулиҳо барои таълим;
е) имкониятҳои якхелаи дастрасӣ ба барномаҳои идомадиҳии таълим, аз ҷумла барномаҳои панҳкунии саводнокӣ дар байни калонсолон ва барномаҳои саводнокии функсионалӣ, ки аз ҷумла ба ҳарчи зудтар кам кардани ҳама гуна фарқият дар дониши мардону занон равона гардидаанд;
- кам кардани шумораи духтароне, ки мактабро хатм накардаанд ва таҳияи барномаҳо барои духтарону заноне, ки пеш аз мӯҳлат мактабро тарк намудаанд;
- имкониятҳои якхела ҷиҳати фаъолона иштирок намудан дар машғулиятҳои варзишӣ ва тарбияи ҷисмонӣ;
- дастрасӣ ба иттилооти махсуси дорои хислати таълимӣ бо мақсади мусоидат намудан ба таъмини саломатӣ ва некӯаҳволии оила, аз ҷумла иттилоот ва машваратҳо оид ба танзими андозаи оила.
- Давлатҳои аъзо тамоми тадбирҳои дахлдорро барои рафъи табъиз нисбати занон дар соҳаи шуғл меандешанд, то ки дар асоси баробарии мардону занон ҳуқуқҳои баробарро таъмин намоянд, аз ҷумла:
а) ҳуқуқ ба меҳнат ҳамчун ҳуқуқи ҷудонопазири тамоми одамон;
ӣ) ҳуқуқ барои имконияти якхела ҳангоми кироя ба кор, аз ҷумла истифодаи меъёрҳои якхелаи интихоб ҳангоми кироя;
с) ҳуқуқ ба интихоби озодонаи ихтисос ё навъи кор, пешравӣ дар вазифа ва кафолати шуғл, инчунин ба истифодаи ҳама гуна имтиёз ва шартҳои кор, ба гирифтани тарбияи касбӣ ва бозомӯзӣ, аз ҷумла шогирдӣ, тарбияи касбӣ, такмили сатҳи ихтисос ва бозомӯзии мунтазам;
- ҳуқуқ ба мукофотонии баробар, аз ҷумла гирифтани имтиёзҳо, ба шартҳои баробар нисбати меҳнати баробарарзиш, инчунин ба бархӯрди баробар нисбати арзёбии сифати кор;
е) ҳуқуқ ба таъминоти иҷтимоӣ, аз ҷумла ҳангоми ба нафақа баромадан, бекорӣ, беморӣ, маъюбӣ, пиронсолӣ ва дар дигар ҳолатҳои аз даст додани қобилияти корӣ, инчунин ҳуқуқ ба рухсатии пардохтшаванда;
- ҳуқуқ ба ҳифзи саломатӣ ва шароити бехатари меҳнат, аз ҷумла оид ба нигоҳдории функсияи давом додани насл.
- Барои пешгирӣ намудани табъиз нисбати занон бинобар ба шавҳар баромадан ё модар шудан ва ба онҳо кафолат додани ҳуқуқи самаранок ба меҳнат давлатҳои аъзо тадбирҳои дахлдоре меандешанд, то ки:
а) аз кор озод карданро бинобар ҳомиладорӣ ё рухсатии ҳомиладорӣ ё таваллуд ё табъиз бинобар вазъи оилавиро бо таҳдиди истифодаи муҷозот манъ кунанд;
ӣ) рухсатиҳои пардохтшаванда ё рухсатиҳои баробар бо кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ бинобар ҳомиладорӣ ё таваллудро бе аз даст додани ҷои кори пештара, калонӣ (аз ҷиҳати мансаб) ё кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ ҷорӣ намоянд;
с) пешниҳод намудани хизматҳои зарурии иловагии иҷтимоиро ҳавасманд гардонанд, то ки ба падару модарон имконият диҳанд онҳо иҷрои ӯҳдадориҳои оилавиро бо фаъолияти меҳнатӣ ва иштирок дар ҳаёти ҷамъиятӣ тавъам кунанд, аз ҷумла тавассути таъсис ва васеъ намудани шабакаи муассисаҳои нигоҳубини кӯдакон;
- ба занҳо ҳифзи махсусро дар давраи ҳомиладорӣ дар он навъҳои корҳое, ки зарарнокиашон барои саломатии онҳо тасдиқ шудааст, таъмин намоянд.
- Қонунгузории марбут ба ҳифзи ҳуқуқ, ки дар ин модда зикр гардидааст, мунтазам дар заминаи донишҳои илмию техникӣ баррасӣ ва таҷдиди назар мегардад, инчунин дар ҳолатҳои зарурӣ бекор карда мешавад ё васеъ мегардад.
1. Давлатҳои аъзо тамоми тадбирҳои дахлдорро барои рафъи табъиз нисбати занон дар соҳаи тандурустӣ меандешанд, то ки дар заминаи баробарии мардону занон дастрасӣ ба хизматрасонии тиббиро, аз ҷумла дар бахши марбут ба танзими андозаи оила, таъмин намоянд.
2. Дар баробари муқаррароти банди 1 ин модда давлатҳои аъзо ба занон хизматрасонии дахлдорро дар давраи ҳомиладорӣ, таваллуд ва давраи пас аз таваллуд таъмин мекунанд ва дар мавриди зарурат хизматҳои бепул, инчунин ғизои дахлдорро дар давраи ҳомиладорӣ ва ширмакконӣ мерасонанд.
Давлатҳои аъзо тамоми тадбирҳои дахлдорро барои рафъи табъиз нисбати занон дар дигар соҳаҳои ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ меандешанд, то ки дар асоси баробарии мардону занон ҳуқуқҳои баробарро таъмин намоянд, аз ҷумла:
а) ҳуқуқ ба кӯмакпулиҳои оилавӣ;
ӣ) ҳуқуқ барои гирифтани қарзҳо, қарз таҳти кафолати амволи ғайриманқул ва дигар шаклҳои кредити молиявӣ;
с) ҳуқуқи иштирок дар чорабиниҳои вобаста ба истироҳат, машғулшавӣ ба варзиш ва дар тамоми соҳаҳои ҳаёти фарҳангӣ.
Моддаи 14
- Давлатҳои аъзо проблемаҳои махсусеро, ки занони дар деҳот истиқоматкунанда бо онҳо бармехӯранд ва нақши муҳимеро, ки онҳо дар таъмини некӯаҳволии иқтисодии оилаҳои худ мебозанд, инчунин фаъолияти онҳоро дар соҳаҳои ғайримолии хоҷагӣ ба инобат мегиранд ва тамоми тадбирҳоро барои таъмини истифодаи ин Конвенсия нисбати занони дар деҳот истиқоматкунанда меандешанд.
- Давлатҳои аъзо тамоми тадбирҳои заруриро барои рафъи табъиз нисбати занон дар ноҳияҳои деҳот меандашанд, то ки дар асоси баробаробарии мардону занон, иштироки онҳоро дар рушди ноҳияҳои деҳот ва дар дарёфти фоида аз чунин рушд таъмин намоянд ва аз ҷумла ҳуқуқҳои зеринро ба чунин занон таъмин мекунанд:
а) иштирок дар таҳия ва татбиқи нақшаҳои тараққиёт дар тамоми сатҳҳо;
ӣ) дастрасӣ ба хизматрасонии дахлдори тиббӣ, аз ҷумла иттилоот, маслиҳатҳо ва хизматрасонӣ оид ба масъалаҳои танзими андозаи оила;
с) бевосита истифода намудани самараи барномаҳои суғуртаи иҷтимоӣ;
- дастрас намудани ҳама навъҳои тарбия ва таълими расмӣ ва ғайрирасмӣ, аз ҷумла саводнокии функсионалӣ, инчунин истифода бурдан аз хизматҳои ҳама воситаҳои хизматрасонии қабилавӣ, хадамоти маслиҳатдиҳанда оид ба масъалаҳои кишоварзӣ, аз ҷумла барои баланд бардоштани сатҳи техникии онҳо;
е) ташкил намудани гурӯҳҳои худкӯмакрасонӣ ва кооперативҳо, бо мақсади таъмини дастрасии баробар ба имкониятҳои иқтисодӣ тавассути кор дар асоси кироя ё фаъолияти мустақили меҳнатӣ;
- иштирок намудан дар ҳама навъҳои фаъолияти коллективӣ;
- дастрасӣ ба кредитҳо ва қарзҳои кишоварзӣ, системаи фурӯш, технологияи дахлдор ва ба статуси баробар дар ислоҳоти замин ва аграрӣ, инчунин дар нақшаҳои азнавободкунии заминҳо;
- истифодаи шароити зарурии ҳаёт, хусусан шароити манзил, хизматрасонии санитарӣ, таъминоти барқ ва об, инчунин нақлиёт ва воситаҳои алоқа.
ҚИСМИ IV
Моддаи 15
- Давлатҳои аъзо баробарии занонро бо мардон дар назди қонун эътироф мекунанд.
- Давлатҳои аъзо ба занон қобилияти ҳуқуқии шаҳрвандии якхела бо мардон ва имконияти якхелаи татбиқи онро фароҳам меоранд. Онҳо, аз ҷумла ба занон ҳуқуқҳои баробарро ҳангоми бастани шартномаҳо ва идораи амвол, инчунин муносибати баробар нисбати онҳоро дар ҳама марҳалаҳои тафтишот дар судҳо ва трибуналҳо таъмин менамоянд.
- Давлатҳои аъзо ба он розиянд, ки тамоми шартномаҳо ва ҳама гуна дигар ҳуҷҷатҳои алоҳидае, ки аз нигоҳи ҳукуқӣ қобилияти ҳуқуқии занонро маҳдуд менамоянд, беэътибор ҳисобида мешаванд.
- Давлатҳои аъзо ба мардону занон нисбати қонунгузории марбут ба ҳаракати шахсон ва озодии интихоби ҷои зист ва ҷои истиқомат ҳуқукҳои якхела медиҳанд.
- Давлатҳои аъзо тамоми тадбирҳои дахлдорро барои рафъи табъиз нисбати занон дар ҳама гуна масъалаҳои марбут ба ақиди никоҳ ва муносибатҳои оилавӣ меандешанд ва, аз ҷумла дар асоси баробарии мардону занон инҳоро таъмин мекунанд:
а) ҳуқуқҳои якхела дар мавриди бастани ақди никоҳ;
ӣ) ҳуқуқҳои якхела ба интихоби озоди ҳамсар ва ба бастани ақди никоҳ танҳо бо розигии озодона ва пурраи худ;
с) ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои якхела дар давраи никоҳ ва ҳангоми бекор кардани ақди нигоҳ d; ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои якхелаи мардону занон ҳамчун падару модарон, сарфи назар аз вазъи оилавӣ, дар масъалаҳои марбут ба кӯдакони онҳо; дар ҳама ҳолатҳо манфиатҳои кӯдакон бартарият доранд;
е) ҳуқуқҳои якхела ба озодона ва бомасъулият ҳал кардани масъалаи шумораи кӯдакон ва фосилаи байни таваллуди онҳо ва доштани дастрасӣ ба иттилоот, таълим, инчунин воситаҳое, ки ба онҳо дар татбиқи ин ҳуқуқ имконият медиҳанд;
- ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои якхела дар мавриди васӣ, парастор, шахси боваринок ва фарзанхондкунандаи кӯдакон будан ё анҷом додани функсияҳои шабеҳ, ҳангоме ки онҳо дар қонунгузории миллӣ пешбинӣ гардидаанд; дар ҳама ҳолатҳо манфиатҳои кӯдакон бартарият доранд;
- ҳуқуқҳои шахсии баробари шавҳар ва зан, аз ҷумла ҳуқуқи интихоби номи хонаводагӣ, ихтисос ва машғулият;
- ҳуқуқҳои баробари зану шавҳар нисбати соҳибият, харидорӣ, идоракунӣ, истифода ва ихтиёрдории амвол чи пулакӣ ва чи бепул.
- Фотиҳа ва никоҳи кӯдак эътибори ҳуқуқӣ надоранд ва тамоми тадбирҳои зарурӣ, аз ҷумла қонунгузорӣ, бо мақсади муайян намудани синну соли ҳадди ақалли ақди никоҳ ва бақайдгирии ҳатмии ақди никоҳ дар санадҳои ҳолати шаҳрвандӣ, андешида мешаванд.
ҚИСМИ V
Моддаи 17
1. Барои баррасии ҷараёни татбиқи ин Конвенсия Кумитаи оид ба рафъи табъиз нисбати занон (минбаъд “Кумита” номида мешавад), ки дар лаҳзаи эътибор пайдо намудани Конвенсия аз ҳаждаҳ ва пас аз тасдиқи он ё ҳамроҳшавии давлати сию панҷуми узв ба он аз бисту се коршиноси дорои сифатҳои баланди ахлоқӣ ва салоҳият дар соҳаи ин Ковенсия фарогиранда мебошанд, таъсис дода мешавад. Ин коршиносонро давлатҳои аъзо аз ҷумлаи шаҳрвандони худ интихоб мекунанд ва онҳо ӯҳдадориҳои худро ба сифати шахсӣ иҷро менамоянд, зимнан таваҷҷӯҳ ба тақсимоти одилонаи географӣ ва намояндагии шаклҳои мухталифи тамаддун, инчунин системаҳои асосии ҳуқуқӣ зоҳир мегардад.
2. Аъзои Кумита ба тариқи овоздиҳии пинҳонӣ аз ҷумлаи шахсони ба рӯйхат воридгардидае, ки давлатҳои аъзо пешбарӣ намудаанд, интихоб карда мешаванд. Ҳар як давлати узв метавонад як шахсро аз ҷумлаи шаҳрвандони худ пешбарӣ намояд.
- Интихоботи ибтидоӣ пас аз шаш моҳи баъди эътибор пайдо намудани ин Ковенсия доир карда мешаванд. Ақаллан се моҳ пеш аз рӯзи гузаронидани ҳар як интихобот, Котиби Генералии Созмони Милали Муттаҳид ба давлатҳои аъзо бо мактуб муроҷиат намуда, онҳоро даъват мекунад, ки номзадҳои худро дар мӯҳлати ду моҳ пешниҳод намоянд. Котиби Генералӣ рӯйхатеро таҳия менамояд, ки дар он бо тартиби алифбоӣ ҳамаи шахсоне, ки ҳамин тариқ пешбарӣ шудаанд, ворид гардидаанд ва дар он давлатҳои аъзое, ки онҳоро пешбарӣ кардаанд, нишон дода шудаанд ва ин рӯйхатро ба давлатҳои аъзо пешниҳод мекунад.
- Интихоби аъзои Кумита дар маҷлиси давлатҳои аъзои Конвенсия, ки Котиби Генералӣ дар Муассисаҳои марказии Созмони Милали Муттаҳид даъват мекунад, доир карда мешаванд. Дар ин маҷлис, ки дар он аз се ду ҳиссаи давлатҳои аъзо чорумро ташкил медиҳанд, шахсони ба Кумита интихобшуда он номзадҳое мебошанд, ки шумораи бештари овозҳо ва аксарияти овозҳои намояндагони ҳузурдошта ва дар овоздиҳӣ иштирокнамудаи давлатҳои аъзоро сазовор шудаанд.
- Аъзои Комиссия ба мӯҳлати чор сол интихоб мегарданд, вале мӯҳлати ваколатҳои нӯҳ аъзои дар интихоботи аввал интихобгардида баъди ду сол ба анҷом мерасад; фавран пас аз интихоботи аввал номҳои ин нӯҳ аъзо дар асоси қуръа аз ҷониби раиси Кумита муайян карда мешаванд.
- Интихоби панҷ аъзои иловагии Кумита мутобиқи муқаррароти бандҳои 2, 3 ва 4 ин модда пас аз тасдиқ ё ба Конвенсия ҳамроҳ шудани давлати сию панҷум гузаронида мешавад. Мӯҳлати ваколатҳои ду аъзои иловагӣ, ки ҳамин тариқ интихоб гардидаанд, баъди ду сол ба охир мерасад; номҳои ин ду аъзо ба тариқи қуръапартоӣ аз ҷониби Раиси Кумита интихоб карда мешаванд.
- Барои пур кардани ҷойҳои ишғолнагардидаи пешбининашуда давлати узве, ки коршиноси он минбаъд узви Кумита намебошад, коршиноси дигарро аз ҷумлаи шаҳрвандони худ таъин мекунад, ба шарте ки Кумита маъқул донад.
- Аъзои Кумита аз ҳисоби маблағҳои СММ бо тартиб ва шартҳое, ки Ассамблея бо назардошти аҳамияти ӯҳдадориҳои Кумита муқаррар менамояд, мукофотпулие мегиранд, ки онро Ассамблеяи Генералӣ тасдиқ мекунад.
- Котиби Генералии СММ барои татбиқи самарабахши вазифаҳои Кумита мутобиқи ин Конвенсия ҳайат ва маблағҳои зарурӣ фароҳам меорад.
1. Давлатҳои аъзо ӯҳдадор мешаванд ба Котиби Генералии Созмони Милали Муттаҳид барои аз ҷониби Кумита баррасӣ гардидан оид ба тадбирҳои қонунгузорӣ, судӣ, маъмурӣ ё дигар тадбирҳое, ки онҳо барои иҷрои муқаррароти ин Конвенсия андешидаанд ва оид ба пешрафте, ки робита бо ин ба даст омадааст, маърӯза пешниҳод намоянд:
а) дар давоми як соли пас аз барои давлати манфиатдор эътибор пайдо намудани ин Конвенсия; ва
ӣ) баъд аз ин ақаллан пас аз ҳар чор сол ва минбаъд ҳар лаҳзае, ки Кумита онро талаб мекунад.
2. Дар маърӯзаҳо метавонанд омилҳо ва мушкилоте, ки ба сатҳи иҷрои ӯҳдадориҳои ин Конвенсия таъсир мерасонанд, зикр гарданд.
1. Кумита қоидаҳои расмияти худро тасдиқ менамояд.
2. Кумита шахсони мансабдори худро ба мӯҳлати ду сол интихоб менамояд.
1. Кумита ҳар сол, чун қоида, дар мӯҳлати на зиёда аз ду ҳафта, бо мақсади баррасии маърӯзаҳое, ки мутобиқи моддаи 18 ин Конвенсия пешниҳод шудаанд, маҷлисҳо мегузаронад.
2. Маҷлисҳои Кумита одатан дар Муасисаҳои марказии Созмони Милали Муттаҳид ё дар ҳар ҷои дигари мувофиқе, ки Кумита муайян менамояд, гузаронида мешаванд.
1. Кумита ҳар сол тавассути Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ маърӯзаи Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳидро оид ба фаъолияти худ пешниҳод мекунад ва метавонад пешниҳод ва тавсияҳои умумие ворид намояд, ки ба омӯзиши маърӯзаҳо ва иттилооти аз давлатҳои аъзо гирифташуда асос ёфтаанд. Чунин пешниҳодҳо ва тавсияҳои умумӣ якҷоя бо эродҳои баённамудаи давлатҳои аъзо, агар чунин эродҳо баён гардида бошанд, ба маърӯзаи Кумита дохил карда мешаванд.
2. Котиби Генералии СММ маърӯзаҳои Кумитаро барои маълумот ба Комиссияи оид ба вазъи занон мефиритад.
Муассисаҳои махсус ҳуқуқ доранд ҳангоми баррасии масъалаҳои татбиқи чунин муқаррароти ин Конвенсия, ки ба соҳаи фаъолияти онҳо дохил мешаванд, пешниҳод гарданд. Кумита метавонад ба муассисаҳои махсуси худ пешниҳод намояд, ки маърӯзаҳоро оид ба татбиқи Конвенсия дар соҳаҳои ба доираи фаъолияти онҳо дохилбуда ирсол намоянд.
ҚИСМИ VI
Ҳеҷ чиз дар ин Конвенсия ба ягон муқаррароте, ки барои ноил гардидан ба баробарҳуқуқии байни мардону занон мусоидтар буда, онҳо метавонанд дар инҳо зикр гардида бошанд, дахл намекунад:
а) дар қонунгузории давлати узв; ё
в) дар ягон дигар Конвенсия, аҳднома ё Конвенсияи байналмилалие, ки барои чунин давлат эътибор дорад.
Давлатҳои аъзо ӯҳдадор мешаванд тамоми тадбирҳои заруриро дар сатҳи миллӣ барои ноил гардидан ба татбиқи пурраи ҳуқуқҳои дар ин Конвенсия эътирофгардида андешанд.
1. Ин Конвенсия барои имзо кардан аз тарафи ҳамаи давлатҳо боз мебошад.
2. Котиби Генералии СММ маҳфуздорандаи ин Конвенсия таъин карда мешавад.
- Ин Конвенсия бояд тасдиқ карда шавад.Тасдиқномаҳо барои нигоҳдорӣ ба Котиби Генералии Созмони Милали Муттаҳид супорида мешаванд.
- Ин Конвенсия барои ба он ҳамроҳ шудани ҳамаи давлатҳо боз аст. Ҳамроҳшавӣ аз тариқи ба Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид барои нигоҳдорӣ супоридани ҳуҷҷат дар хусуси ҳамроҳшавӣ сурат мегирад.
1. Хоҳиш оид ба таҷдиди назар намудани ин Конвенсия метавонад ҳар вақт аз ҷониби ҳар давлати узв ба тариқи ирсол намудани огоҳинома ба унвони Котиби Генералии СММ пешниҳод карда шавад.
2. Ассамблеяи Генералии СММ, агар андешидани ягон тадбирро зарур шуморад, дар хусуси он ки андешидани маҳз кадом тадбирҳо нисбати чунин хоҳиш зарур мебошад, қарор қабул мекунад.
1. Ин Конвенсия дар рӯзи сиюми баъди барои нигоҳдорӣ ба Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид супорида шудани тасдиқнома ё ҳуҷҷати бистум дар хусуси ҳамроҳшавӣ, эътибор пайдо мекунад.
2. Барои ҳар як давлате, ки ин Конвенсияро тасдиқ мекунад ё ба он баъди барои нигоҳдорӣ супорида шудани тасдиқнома ё ҳуҷҷати бистум дар хусуси ҳамроҳшавӣ, ҳамроҳ мешавад, ин Конвенсия дар рӯзи сиюми баъди санаи барои нигоҳдорӣ супорида шудани тасдиқнома ё ҳуҷҷат дар хусуси ҳамроҳшавии он давлат, эътибор пайдо мекунад.
1. Котиби Генералии Созмони Милали Муттаҳид матни қайду шартҳоеро, ки давлатҳо дар лаҳзаи тасдиқ кардан ё ҳамроҳшавӣ баён намудаанд, мегирад ва ба ҳама давлатҳо мефиристад.
2. Ба қайду шартҳои ба мақсаду вазифаҳои ин Конвенсия мутобиқнабуда роҳ дода намешаванд.
- Қайду шартҳо метавонанд дар ҳар вақт бо роҳи огоҳиномаи дахлдоре, ки ба унвони Котиби Генералӣ фиристода шудааст ва баъдан он дар ин бора ба тамоми давлатҳои аъзо хабар медиҳад, бозпас гирифта шаванд. Чунин огоҳинома аз рӯзи қабули он эътибор пайдо мекунад.
1. Ҳар кадом баҳс байни ду ё якчанд давлатҳои аъзо дар мавриди тафсир ё истифодаи ин Конвенсия, ки аз тариқи гуфтушунид ҳал нагардидааст, бо дархости яке аз тарафҳо ба баррасии ҳакамӣ супорида мешавад. Агар дар мӯҳлати шаш моҳи пас аз лаҳзаи додани ариза оид ба баррасии ҳакамӣ тарафҳо дар мавриди ташкили баррасии ҳакамӣ ба мувофиқа нарасида бошанд, ҳар кадоме аз ин тарафҳо метавонад ин баҳсро бо роҳи додани аризаи хаттӣ мутобиқи Статути Суд ба Суди Байаналмилалӣ таҳвил намояд.
2. Ҳар Давлати узв метавонад ҳангоми имзо ё тасдиқи ин Конвенсия ё ҳамроҳшавӣ ба он арз намояд, ки он худро дар иртибот ба иҷрои ӯҳдадориҳои дар банди 1 ин модда зикргардида вазифадор намеҳисобад. Дигар давлатҳои аъзо нисбати ягон давлати узве, ки чунин қайду шартро гузоштааст, ӯҳдадориҳои аз банди зикрардидаи ин модда барояндаро ба зимма намегиранд.
- Ҳар Давлати узве, ки мутобиқи банди 2 ин модда қайду шарт гузоштааст, метавонад ҳар вақт қайду шарти худро бо роҳи огоҳонии Котиби Генералии СММ бардорад.
Ин Конвенсия, ки матнҳои англисӣ, арабӣ, испанӣ, хитоӣ, русӣ ва франсузии он бо ҳам баробаранд, барои нигоҳдорӣ ба Котиби Генералии Созмони Милали Муттаҳид супурда мешавад.
Бо тасдиқи нуктаҳои зикргардида дар зер имзогузоштагоне, ки ба таври зарурӣ барои ин ваколатдор гардидаанд, ин Конвенсияро имзо намуданд.