Sunday, May 28, 2023

Конвенсия оид ба ҳуқуқи маъюбон

Давлатҳои аъзои ин Конвенсия,

  1. бо дарназардошти он, ки мутобиқи принсипҳои дар Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид эълонгардида эътирофи шарафи хос, ҳуқуқҳои баробар ва ҷудонопазири ҳамаи аъзои ҷомеа асоси таъмини озодӣ, адолат ва сулҳ дар рӯи замин мебошад,
  2. бо эътирофи он, ки Созмони Милали Муттаҳид дар Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ва дар Паймонҳои байналмилалӣ доир ба ҳуқуқи башар эълон намуд, ки ҳар як инсон бояд бидуни тафовуте тамоми ҳуқуқҳо ва озодиҳои дар онҳо зикргардидаро дошта бошад,
  3. бо тасдиқи умумият, ҷудонопазирӣ, вобастагии тарафайи ва бо ҳам робита доштани ҳамаи ҳуқуқҳои инсон ва озодиҳои асосӣ, инчунин зарурати ба маъюбон кафолат додани истифодаи пурраи онҳо бидуни табъиз,
  4. бо такя ба Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқи фитрӣ ва сиёсӣ, Ковентсияи байналхалқӣ дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъизи нажодӣ, Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ таҳкиркунандаи шаъну шараф, Конвентсия оид ба ҳуқуқи кӯдак ва Конвентсияи байналхалқӣ дар бораи ҳимояи ҳуқуқи ҳамаи коргарони муҳоҷир ва аъзоёни оилаҳои онҳо,
  5. бо эътирофи он, ки маъюбӣ ин мафҳуми таҳаввулкунанда аст ва маъюбӣ натиҷаи таъсири мутақобилаест, ки дар байни нуқсонҳои мавҷудаи саломатии одамон ва монеаҳои муносибатию муҳитӣ ба вуҷуд омада, баҳри иштироки пурра ва босамари онҳо, дар қатори шахсони дигар, дар ҳаёти ҷомеа садди роҳи онҳо мегардад,
  6. бо эътирофи муҳим будани он, ки принсипҳо ва майлони роҳбарикунандаи Барномаи умумиҷаҳонии амалиёт нисбат ба маъюбон ва Қоидаҳои стандартии таъмин намудани имкониятҳои баробар барои маъюбон, ки аз нуқтаи назари қадр намудан, таҳия, ва арзёбии стратегияҳо, нақшаҳо, барномаҳо ва чорабиниҳои сатҳи миллӣ, минтақави ва байналхалқи барои таъмини минбаъдаи маъюбон бо имкониятҳо ҷой доранд,
  7. бо қайди муҳим будани масъалаи маъюбон ҳамчун қисми таркибии сратегияҳои дахлдор рушди устувор,
  8. инчунин бо эътирофи он, ки табъиз нисбат ба ҳар шахс аз рӯи нишонаи маъюби паст задани шаъну шараф ва арзиши хоси шахсияти инсонист,
  9. бо эътирофи минбаъди гуногуншаклии маъюби,
  10. бо эътирофи зарурати ҷонибдори ва ҳимояи ҳуқуқи инсон ва тамоми маъюбон, аз ҷумла, онҳое, ки ба ғамхории фаъолтар ниёзманданд,
  11. бо изҳори ташвиш аз он, ки сарфи назар аз ин санадҳои мухталиф ва ибтикорот, маъюбон дар тамоми қисматҳои дунё дар роҳи иштирокашон дар ҳаёти ҷомеа ҳамчун аъзои баробарҳуқуқ то ҳол бо монеаҳо ва вайроншавии ҳуқуқҳояшон рӯ ба рӯ мешаванд,
  12. бо эътирофи муҳим будани ҳамкориҳои байналхалқи баҳри беҳтар намудани шароити зисти маъюбон дар тамоми кишварҳо, махсусан дар кишварҳои рӯ ба тараққи,
  13. бо эътирофи саҳми кунунии пурарзиш ва нерӯманди маъюбон дар некӯаҳволии кулли ва гуногуншаклии иттиҳоди маҳаллии онҳо ва он вазъияте, ки мусоидат кардан ба татбиқи пурраи ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асоси аз ҷониби маъюбон ва инчунин ба иштироки комили маъюбон боиси мустақам шудани дарки мансубияти онҳо ва ноил шудан ба муваффақиятҳои назаррас дар рушди инсони, иҷтимои ва иқтисодиии ҷамъият ва решакан кардани қашшоқи мегардад,
  14. бо эътирофи он, ки барои маъюбон соҳибихтиёри ва мустақилияти шахсии онҳо, аз ҷумла, озодона шахсан интихоб кардани онҳо муҳим аст,
  15. бо назардошти он, ки маъюбон бояд ба раванди қабул намудани қарор бобати стратегия ва барномаҳо, аз ҷумла барномаҳое, ки бевосита ба онҳо дахл доранд, имкониятҳои фаъолона ҷалб гардиданро дошта бошанд,
  16. бо изҳори ташвиш аз шароитҳои вазнине, ки маъюбон ба онҳо рӯ ба рӯ мешаванд ва гирифтори шаклҳои сершумору шадиди табьиз аз рӯи аломатҳои нажодй, ранги пӯст, ҷинс, забон, дин, эътиқоди сиёсию ақидаҳои дигар, асли миллӣ, қавмй, бумию иҷтимой, вазъи молумулкй, таваллуд, синну сол ё ҳолати дигар мегарданд,
  17. бо эътирофи он, ки занони маъюб ва духтарони маъюб ҳам дар хона ва ҳам берун аз он дар бисёр мавридҳо гирифтори хавфи калони хушунат, бардоштани ҷароҳат, таҳқир, муносибати хунукназаронаю беэътиноёна, муомилаи бад ва истисмор мегарданд,
  18. бо эътирофи он, ки кӯдакони маъюб бояд дар қатори кӯдакони дигар аз тамоми ҳуқуқҳои инсон ва озодиҳои асосй пурра бархурдор бошанд ва ба ин муносибат бо ёдоварй аз ӯҳдадориҳое, ки давлатҳои аъзои Конвентсия оид ба ҳуқуқи кӯдак ба зима гирифтаанд,
  19. бо қайд намудани зарурати ба инобат гирифтани ҷабҳаи гендерй дар тамоми талошҳои мусоидат ба татбиқи пурраи ҳуқуқҳои инсон ва озодиҳои асосй аз ҷониби маъюбон,
  20. бо қайд намудани факте, ки аксарияти маъюбон дар сатҳи қашшоқй умр ба сар мебаранд ва ба ин муносибат бо эътироф намудани зарурати амиқи машғул шудан ба масъалаи таъсири манфии қашшоқй ба маъюбон,
  21. бо назардошти он, ки вазъияти ҷаҳон ва амният, ки ба эҳтироми пурраи мақсаду принсипҳои муқаррарнамудаи Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид ва риояи шартномаҳои татбиқшавандаи соҳаи ҳуқуқи инсон асос ёфтаанд, шартҳои ҳатмии ҳимояи пурраи маъюбон, аз ҷумла ҳангоми муноқишаҳои мусаллаҳона ва истилои хориҷй мебошанд,
  22. бо эътирофи он, ки дастрас будани муҳити воқеъй, иҷтимой, иқтисодй ва фарҳангй, тандурустй ва маориф, инчунин иттилооту алоқа муҳим аст, зеро он ба маъюбон имкон медиҳад, ки аз ҳуқуқҳои инсон ва озодиҳои асосиоро пурра истифода баранд,
  23. бо назардошти он, ки ҳар як инсони алоҳида дар муносибат бо одамони дигар ва коллективе, ки ӯ ба он тааллуқ дорад, ӯҳдадор буда, бояд ба ташвиқ ва риояи ҳуқуқҳои эътирофнамудаи Билли байналхалқӣ оид ба ҳуқуқи инсон муваффақ гардад,
  24. бо боварӣ аз он, ки оила ячейкаи ягона ва асосии ҷомеа аст ва ба ҳимояи ҷомеа ва давлат ҳуқуқ дорад ва маъюбону аъзои оилаи онҳо бояд аз ҳимоя ва ёрии лозимие бархурдор бошанд, ки ба оилаҳо баҳри ҳиссагузорӣ дар истифодаи пурра ва баробори ҳуқуқхои маъюбон имконият фароҳам оварад,
  25. бо боварӣ аз он, ки конвенсияи ягона ва фарогири байналхалқӣ оид ба ҷонибдорӣ ва ҳимояи ҳуқуқҳои маъюбон ва шаъну шарафи маъюбон ҳиссаи муҳиммест дар роҳи бартараф сохтани вазъияти басо номатлуби иҷтимоии маъюбон ва интишоф додани иштироки онҳо дар ҳаёти фитрӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ бо имкониятҳои баробар чӣ дар кишварҳои мутараққӣ ва чӣ рӯ ба тараққӣ ба мувофиқаи зайл расиданд:

Моддаи 1: Мақсад

Мақсади Конвентсияи мазкур аз ҷонибдорӣ, ҳимоя ва таъмин намудани татбиқи пурра ва баробари тамоми ҳуқуқҳои инсон ва озодиҳои асосӣ аз ҷониби тамоми маъюбон ва инчунин тарафдорӣ кардани эҳтироми қадру қимати ба онҳо хос иборат аст. Ба қатори маъюбон шахсони дорои нуқсони ҷисмонӣ, рӯҳӣ, зеҳнӣ ё ҳиссӣ дохил мешаванд, ки ҳангоми рӯ ба рӯ шудан бо монеаҳои мухталиф иштироки босамари онҳо дар баробари шахсони дигар дар ҳаёти ҷамъиятӣ халалдор мегардад.

Моддаи 2: Мафҳумҳо

Барои мақсадҳои Конвентсияи мазкур:

«муошират» маънои истифодаи забонҳо, матҳо, алифбои Брайл, муоширати ломиса, ҳарфҳои калон, васоити чандрасонаӣ, баробар ба маводи чопӣ, васоити аудиоӣ, забони муқаррарӣ, ровиён, инчунин усул, тарзу шаклҳои муоширати тақвиятдиҳандаю алтернативӣ, аз ҷумла технологияҳои дастраси иттилоотию коммуникатсиониро дорад;

«забон» забонҳои гуфтугӯӣ ва имову ишорат ва шаклҳои дигари забонҳои ғайригуфтугӯиро дар бар мегирад;

«табъиз аз рӯи нишонаи маъюбй» маънои тамоми тафовут, истисно ё маҳдудкунй аз рӯи нишонаи маъюбиро дорад, ки мақсаду натиҷаи он паст задану инкор кардани эътироф, татбиқ ё амалй сохтани тамоми ҳуқуқҳои инсон ва озодиҳои асосй дар соҳаҳои сиёсй, иқтисодй, иҷтимой, фарҳангй ва фитрй ё тамоми соҳаҳои дигар дар баробари шахсони дигар мебошад. Он тамоми шаклҳои табъиз, аз ҷумла, маҳрум сохтан аз мутобиқсозии оқилонаро дар бар мегирад;

«мутобиқсозии оқилона» маънои ҳангоми зарурат дар ҳолати мушаххас ҷорй кардани навоварию ислоҳҳои зарурй ва мувофиқро дорад, ки бо мақсади дар қатори дигарон аз ҷониби маъюбон таъмину татбиқ гардидани тамоми ҳуқуқҳои инсон ва озодиҳои асосй номувофиқ ва бори беманфиат нагардад;

«ороиши универсалй» маънои ороиши ашё, чиҳоз, барномаҳо ва хизматрасониҳоро дорад, ки мақсади амали мазкур онҳоро то ҳадди имкони бештар бидуни мутобиқсозй ё ороиши махсус қобили истифодаи тамоми одамон гардондан аст. «Ороиши универсалй» таҷҳизоти ёрирасонро барои гурӯҳи муайяни маъюбон дар ҳолатҳои зарурй сарфи назар намекунад.

Моддаи 3: Принсипҳои умумй

Принсипҳои Конвенсияи мазкур инҳоанд:

  1. эҳтиром намудани қадру қиммати ба инсон хос, соҳибихтиёрии шахсии ӯ, аз ҷумла, озодии интихоби шахсй ва мустақилият;
  2. адами табъиз;
  3. пурра ва босамар ҷалб намудану ҳамроҳ шудан ба ҷомеа;
  4. эҳтиром намудани махсусияти маъюбон ва ба сифати як ҷузъи гуогуншаклию қисми башар пазируфтани онҳо;
  5. баробарии имкониятҳо;
  6. дастрасй;
  7. баробарии мардону занон;
  8. эҳтиром намудани қобилиятҳои рӯ ба инкишофи кӯдакони маъюб ва ҷонибдории ҳуқуқи кӯдакон баҳри ҳифз намудани фардияти хеш.

Моддаи 4: Уҳдадориҳои умумй

  1. Давлатҳои аъзо татбиқи пурраи тамоми ҳуқуқҳои инсон ва озодиҳои асосиро аз ҷониби маъюбон бе ягон намуди табьиз аз рӯи аломати аъюбй таъмин ва ҷонибдорй мекунанд:
  2. андешидани тамоми тадбирҳои лозимии қонунию маъмурӣ ва чораҳои дигар барои татбиқи ҳуқуқҳои эътирофнамудаи Конвентсияи мазкур;
  3. андешидани тамоми тадбирҳо, аз ҷумла қоунунӣ, барои тағйир додан ё бекор кардани қонунҳо, қарорҳо, анъана ва пояҳое, ки нисбат ба маъюбон табьиз шуморида мешаванд;
  4. ба инобат гирифтани ҳимояю ҷонибдорӣ намудани ҳуқуқи инсони маъюб дар тамоми стратегия ва барномаҳо;
  5. худдорӣ кардан аз тамоми амалу усулҳое, ба Конвентсияи мазкур мувофиқат намекунанд ва тибқи Конвентсияи мазкур таъмин намудани амали мақомоту муассисаҳои давлатӣ;
  6. андешидани тамоми тадбирҳои лозимӣ аз ҷониби ҳар шахс, созмон ё корхонаи хусусӣ барои аз байн бурдани табъиз аз рӯи аломати маъюбӣ;
  7. гузарондан ва ҷонибдорӣ кардани корҳои тадқиқотию конструктории ашё, хизматрасонӣ, таҷҳизот ва объектҳои ороиши универсалӣ (ки дар моддаи 2 Конвентсияи мазкур муайян шудааст), ки мутобиқсозиҳои онҳо бояд ба эҳтиёҷоти мушаххаси маъюб бароҳату камхарҷ бошанд, мусоидат кардан ба мавҷудияту истифодаи онҳо, инчунин пешбарӣ кардани ақидаи ороиши универсалӣ ҳангоми таҳияи стандартҳо ва нишонаҳои роҳбарикунанда;
  8. гузарондан ва ҷонибдорӣ кардани корҳои тадқиқотию конструкторӣ, инчунин мусоидат кардан ба мавҷудияту истифодаи технологияҳои нав, аз ҷумла, технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, воситаҳои осонкунандаи ҳаракат, таҷҳизоту технологияҳои ёрирасони мувофиқ ба ниёзи маъюбон, бо назардошти таваҷҷӯҳи аввалиндараҷа ба технологияҳои арзон;
  9. пешниҳод кардани иттилооти дастрас ба маъюбон дар бораи воситаҳои осонкунандаи ҳаракат, таҷҳизот ва технологияҳои ёрирасон, аз ҷумла технологияҳои нав, инчунин, шаклҳои дигари ёрӣ, хизматрасониҳо ва объектҳои ёрирасон;
  10. ҷонибдорӣ кардани кори таълими муаллимону мутахассисон ба маъюбоне, ки ҳуқуқҳояшонро Конвентсияи мазкур ҳимоя мекунад, то, ки ёрию хизматрасонии кафолатдодаи ин ҳуқуқҳо такмил дода шаванд.
  11. Нисбат ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ давлатҳои аъзо чунин тадбирҳоро дар доираи имкониятҳои захираҳои мавҷудаи онҳо ва дар мавриди зарурат, дар доираи ҳамкории байналмилалӣ барои мунтазам ноил шудан ба татбиқи пурраи ин ҳуқуқҳо, бе расондани зарар ба ӯҳдадориҳои муқарраркардаи Конвентсияи мазкур меандешанд, ки тибқи ҳуқуқи байналхалқӣ бевосита қобили татбиқанд.
  12. Давлатҳои аъзо ҳангоми таҳия ва татбиқи қонунгузорӣ ва стратегия, ки ба амалӣ намудани Конвентсияи мазкур равона шудаанд ва дар доираи равандҳои дигари қабул кардани қарорҳои вобаста ба масъалаҳои маъюбон бо онҳо, аз ҷумла кӯдакони маъюб, машварат мекунанд ва онҳоро тавассути созмонҳои муаррификунандаашон ба таври фаъол ҷалб мекунанд.
  13. Дар ин Конвентсияи ҳеҷ чиз муқарраротеро, ки ба амалӣ намудани ҳуқуқҳои маъюб бештар мусоидат менамоянд ва метавонад дар қонунҳои давлати аъзо ё дар меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқӣ, ки дар ин давлат амал мекунанд мавҷуд бошад, халалдор намесозад. Ба ҳеҷ намуди маҳдуд ва кам кардани манзалати ягон ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асосӣ, ки дар ин ё он давлати аъзои ин Конвентсия бо назардошти қонун, конвентсия, қоида ё анъана, бо баҳонаи аз ҷониби Конвентсия ба инобат гирифта нашудани ин ё он ҳуқуқи инсон ё озодиҳои асосӣ ё камтар ба инобат гирифта шудани онҳо, эътироф шудааст ё вуҷуд дорад, роҳ дода намешавад.
  14. Муқаррароти Конвентсияи мазкур дар тамоми қисматҳои давлатҳои федеративӣ бе ягон маҳдудият ва мусодиракунӣ эътибор доранд.

Моддаи 5: Баробарӣ ва адами табъиз

  1. Давлатҳои аъзо эътироф мекунанд, ки тамоми одамон дар назди қонун баробаранд ва мувофиқи он ба ҳимояи баробари қонун ва иистифодаи баробар аз он бидуни ягон табъиз ҳуқуқ доранд.
  2. Давлатҳои аъзо тамоми намудҳои табъизро аз рӯи нишонаи маъюбӣ манъ мекунад ва ба маъюбон ҳимояи босамару баробари ҳуқуқиро аз табьизи гуногунасос кафолат медиҳад.
  3. Давлатҳои аъзо барои ҷонибдории баробарӣ ва аз байн бурдани табъиз баҳри таъмини мутобиқсозии оқилона тамоми тадбирҳои лозимиро меандешанд.
  4. Тадбирҳои мушаххасе, ки барои тезондан ё воқеан ноил шудан ба баробарии маъюбон заруранд, аз рӯи мазмуни Конвентсияи мазкур, табъиз ҳисоб намешаванд.

Моддаи 6: Занони маъюб

  1. Давлатҳои аъзо эътироф мекунанд, ки занони маъюб ва духтарони маъюб мавриди табъизи сершумор қарор мегиранд ва аз ин рӯ, баҳри аз ҷониби онҳо пурра ва баробар татбиқ гардидани тамоми ҳуқуқҳои инсон ва озодиҳои асосии муқарраркардаи Конвентсияи мазкур тадбирҳо меандешанд.
  2. Давлатҳои аъзо барои таъмин намудани инкишофи ҳаматарафа, беҳбудии вазъият ва васеъшавии ҳуқуқу имкониятҳои занон тадбирҳои лозимиро меандешанд, то ки ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асосии муқаррарнамудаи Конвентсияи мазкур ба онҳо кафолат дода шаванд.

Моддаи 7: Кӯдакони маъюб

  1. Давлатҳои аъзо баҳри таъмини татбиқи пурраи тамоми ҳуқуқҳои инсон аз ҷониби кӯдакони маъюб дар қатори кӯдакони дигар тамоми тадбирҳоро меандешанд.
  2. Дар тамоми амалҳои нисбат ба кӯдаки маъюб диққати аввалиндараҷа ба манфиатҳои олии кӯдак дода мешавад.
  3. Давлатҳои аъзо баҳри таъмини он мекӯшанд, ки кӯдакони маъюб барои ифодаи озоди ақидаҳои хеш оид ба тамоми масъалаҳои ба онҳо дахлдошта ҳуқуқ дошта бошанд, зимнан ба ақидаҳои кӯдакон бояд мутобиқ ба синну сол ва камолоти онҳо аҳамияти зарурӣ дода шавад ва дар қатори қудакони дигар аз ёрие бархурдор гардад, ки ба маъюбӣ, синну сол ва татбиқи ин ҳуқуқҳо мувофиқ кунад.

Моддаи 8: Кори маърифатию тарбиявӣ

  1. Давлатҳои аъзо ӯҳдадор мегарданд, ки тадбирҳои таъхирнопазир, самаранок ва муносибро андешанд то ки :
  2. маърифатнокии кулии ҷомеа, аз ҷумла дар сатҳи оила, оид ба масъалаҳои маъюбӣ баланд бардошта шавад ва эҳтироми ҳуқуқ ва қадру қимати маъюбон тақвият ёбад;
  3. бар зидди қолабҳо, таассуб ва одатҳои зараровар нисбат ба маъюбон, аз ҷумла дар асоси мансубияти ҷинсӣ ва синну сол, дар тамоми соҳаҳои ҳаёт, мубориза бурда шавад;
  4. нерӯ ва ҳиссаи маъюбон тарғиб гарданд.
  5. Тадбирҳое, ки бо ин мақсад андешида мешаванд, инҳоро дар бар мегиранд:
  6. густариш додану гузарондани маъракаҳои самараноки ҷамъиятию маърифатие, ки ба корҳои зерин равона мешаванд:
  7. тарбия намудани эҳсоси фаҳмиши ҳуқуқҳои маъюбон;
  8. ҷонибдорӣ кардани тасаввуроти мусбат дар бораи маъюбон ва аз ҷониби аҳли ҷомеа боз ҳам амиқтар дарк гардидани онҳо;
  9. мусоидат кардан ба эътиорфи малака, қадру қимат ва қобилияти маъюбон ва инчунин саҳми онҳо дар дар ҷои корашон ва бозори меҳнат;
  10. дар ҳамаи сатҳои соҳаи маориф, аз ҷумла аз синни хурдсолии тамоми кӯдакон, тарбия намудан дар рӯҳияи эҳтироми ҳуқуқи маъюбон;
  11. ҳидоят намудани тамоми васоити ахбори умум ба он тасвири маъюбон, ки бо мақсадҳои Конвентсияи мазкур мувофиқат мекунад;
  12. инкишоф додани барномаҳои тарбиявию шиносоие, ки ба маъюбону ҳуқуқҳои онҳо бахшида шудаанд..

Моддаи 9: Дастрасӣ

  1. Давлатҳои аъзо дар қатори шахсони дигар баҳри ба маъюбон додани имконияти пешбурди тарзи ҳаёти мустақил ва иштироки ҳамаҷонибаи онҳо дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёт кулли тадбирҳоро бобати ба онҳо дастрас гардондани муҳити воқеъӣ, нақлиёт, иттилооту мухобирот, аз ҷумла технологияҳо ва системаҳои коммутикатсионӣ ва инчунин обьектҳо ва хизматрасониҳои дигаре меандешанд, ки барои аҳолӣ ҳам дар шаҳрҳо ва ҳам ноҳияҳо бозанд ё пешниҳод мешаванд. Ин тадбирҳое, ки баҳри ошкор ва бартараф кардани садду монаҳои роҳи дастрасӣ андешида мешаванд, бояд нисбат ба инҳо татбиқ мегардад, аз ҷумла:
  2. ба бино, роҳҳо, нақлиёт ва объектҳои дохилию берунӣ, аз ҷумла мактабҳо, хонаҳои истиқоматӣ, муассисаҳои тандурустӣ ва ҷойҳои корӣ;
  3. ба хадамоти иттилоотӣ, коммуникатсионӣ ва дигар хадамот, аз ҷумла хадамоти электронӣ ва фаврӣ.
  4. Давлатҳои аъзо аз ҷумла чунин чораҳои заруриро меандешанд:
  5. таҳия намудани ҳадди ақалли стандартҳо ва аломатҳои дастурие, ки дастрасӣ ба объект ва хизматрасониҳои озод ва ба аҳолӣ пешниҳодшавандаро пешбинӣ мекунанд, дар амал татбиқ намудани онҳо ва назорати риояи онҳо;
  6. таъмини ба инобат гирифтани ҳамаи ҷабҳаҳои барои маъюбон дастрас аз тарафи корхонаҳои хусусӣ ҳангоми пешниҳод намудани объект ва хизматрасониҳои озод ё барои аҳолӣ пешниҳодшаванда;
  7. барои ҳамаи тарафҳои ҷалбшуда ташкил намудани омӯзишҳо оид ба проблемаҳои дастрас, ки маъюбон бо онҳо рӯ ба рӯ мегарданд;
  8. таҷҳизонидани бино ва дигар объектҳои барои аҳоли озод бо аломатҳо бо истифода аз алифбои Брайл дар шакли содда ва фаҳмо;
  9. расондани намудҳои ҷудогонаи хизмат ба ёварон ва миёнравҳо, аз ҷумла роҳбаладҳо, хонандаҳо ва тарҷумонҳои касбии имову ишора, бо мақсади осон намудани дастрасИ ба бино ва дигар объектҳои барои аҳоли озод;
  10. вусъат додани шаклҳои дигари кӯмакрасонИ ва дастгирии маъюбон, ки дастрасии онҳоро ба иттилоот таъмин менамоянд;
  11. ҷонибдорИ кардани дастрасии маъюбон ба технологияҳо ва системаҳои нави иттилоотию коммуникатсионИ, аз ҷумла Интернет;
  12. ҷонибдорИ кардани лоиҳакашИ, таҳия, истеҳсол ва густариши технологияҳо ва системаҳои иттилоотию коммуникатсионии аз аввал дастрас, то ки дастрасИ ба ин технологияю системаҳо бо харҷоти камтарин ба даст ояд.

Моддаи 10: Ҳуқуқ ба ҳаёт

Давлатҳои аъзо ҳуқуқи ҷудонопазири ҳар инсонро ба ҳаёт бори дигар эътироф намуда, ҳамаи чораҳои заруриро барои таъмини татбиқи босамари он аз ҷониби маъюбон дар қатори шахсони дигар меандешанд.

Моддаи 11: Ҳолати хавф ва вазъияти фавқулоддаи башарӣ

Давлатҳои аъзо тибқи ӯҳдадориҳои худ оид ба ҳуқуқи байналхалқИ, аз ҷумла ҳуқуқи байналхалқии башарИ ва ҳуқуқи байналхалқии ҳуқуқи инсон, ҳамаи тадбирҳои заруриро баҳри таъмин намудани ҳифз ва амнияти маъюбон дар вазъи хавф, аз ҷумла муноқишаҳои мусаллаҳона, ҳолатҳои фавқулоддаи башарИ ва офатҳои табии меандешанд.

Моддаи 12: Баробарӣ дар назди қонун

  1. Давлатҳои аъзо тасдиқ мекунанд, ки ҳар як маъюб, сарфи назар аз макони ҷойгиршавиаш, ба ҳимояи баробаҳуқуқ ҳақ дорад.
  2. Давлатҳои аъзо эътироф мекунанд, ки маъюбон дар қатори дигарон дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёт дорои қобилияти соҳибҳуқуқианд.
  3. Давлатҳои аъзо баҳри ба маъюбон пешниҳод намудани дастрасӣ ба дастггирӣ чораҳоеро меандешанд, ки ҳангоми татбиқи қобилияти соҳибҳуқуқиашон лозим мешаванд.
  4. Давлатҳои аъзо таъмин мекунанд, ки тамоми тадбирҳои вобаста ба татбиқи қобилияти соҳибҳуқуқӣ бояд кафолатҳои лозимӣ ва самараноки аз байн бурдани суиистифода тибқи ҳуқуқи байналхалқии ҳуқуқи инсон пешбинӣ гарданд. Чунин кафолат бояд чораҳои вобаста татбиқи қобилияти соҳибҳуқуқиро тарзе таъмин намояд, ки он ба эҳтироми ҳуқуқ, ирода ва афзалияти шахс самтгирӣ гардида, аз ихтилофи манфиат ва таъсири номатлуб озод бошад ва ба вазъи ин шахс мувофиқ ва мутобиқ бошад, дар мӯҳлати ҳар чӣ кӯтоҳтар татбиқ гарданд ва аз тарафи мақомоти ваколатдор, мустақил ва холис ё инстансияи судӣ мунтазам мавриди тафтиш қарор гирад. Ин кафолатҳо бояд ба дараҷае мувофиқ бошанд, ки дар он чунин тадбирҳо ба ҳуқуқ ва манфиатҳои шахси мазкур дахолат намояд.
  5. Давлатҳои аъзо бо назардошти муқаррароти моддаи мазкур тамоми тадбирҳои зарурӣ ва судмандро ҷиҳати таъмини ҳуқуқи баробари маъюбон ба соҳибияти амвол ва ба мерос додани он, идораи корҳои молиявии хусусӣ, инчунин дастрасии баробар ба қарзҳои бонкӣ, қарзҳо барои харидани манзил ва шаклҳои дигари қарзгирии молиявӣ меандешанд, то ки маъюбон беасос аз амвол маҳрум нашаванд.

Моддаи 13: Дастрас будани адолати судӣ

  1. Давлатҳои аъзо дар қатори дигарон ба маъюбон дастрасии судманди адолати судиро таъмин менамоянд, аз ҷумла пешбинӣ намудани ислоҳоти мурофиавӣ ва мувофиқ ба синнну сол, ки бо иҷрои он нақши пурсамари иштирокчиёни мустақиму ғайримустақимро сабук мекунанд, аз ҷумла шоҳидон, дар ҳамаи давраҳои мурофиаи ҳуқуқӣ, инчуиин дар давраи тафтишот ва дигар марҳилаҳои истеҳсолоти пешакӣ.
  2. Давлатҳои аъзо барои мусоидат ба таъмини истифодаи самарабахши маъюбон аз адолати судӣ ба омӯзиши лозимии шахсоне кӯмак мерасонанд, ки дар соҳаи иҷрои адолати судӣ, аз ҷумла дар сохтори милитсия ва муассисаҳои ислоҳӣ кор мекунанд.

Моддаи 14: Озодӣ ва дахлноиазирии шахсӣ

  1. Давлатҳои аъзо ба маъюбон дар қатори дигарон инҳоро таъмин менамоянд:
  2. истифода бурдан аз ҳуқуқи озодӣ ва дахлнопазии шахсӣ;
  3. ғайриқонунӣ ё беасос маҳрум нагардидан аз озодӣ ва ҳама гуна маҳрумкунй аз озодӣ бояд ба қонун мувофиқ бошад ва маъюбӣ бояд ҳеҷ вақт асоси маҳрум шудан аз озодӣ нагардад.
  4. Давлатҳои аъзо таъмин мекунанд, ки дар сурате агар маъюбон дар асоси ягон муқаррарот аз озодӣ маҳрум гарданд, ба онҳо дар қатори дигарон кафолатҳои мутобиқ ба ҳуқуқи байналхалқии ҳуқуқи инсон лозиманд ва муносибат ба онҳо бояд ба мақсаду принсипҳои Конвентсияи мазкур, аз ҷумла мутобиқсозии оқилона, мувофиқ бошад.

Моддаи 15: Озод будан аз шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, гайриинсонӣ таҳқиркунандаи шаъну шараф

  1. Ҳеҷ кас бояд дучори шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ таҳқиркунандаи шаъну шараф нагардад. Аз ҷумла, ягон шахс набояд бе ризоияти шахсии худ мавриди таҷрибаи тиббӣ ё илмӣ қарор гирад.
  2. Давлатҳои аъзо тамоми тадбирҳои судманди қонунгузорӣ, маъмурӣ, судӣ ё чораҳои дигарро меандешад, то ки маъюбон дар қатори дигарон дучори шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ таҳқиркунандаи шаъну шараф нагарданд.

Моддаи 16: Озод будан аз истисмор , зӯроварӣ ва таҳқир

  1. Давлатҳои аъзо тамоми тадбирҳои лозимии қонунгузорӣ, маъмурӣ, иҷтимоӣ, маърифатӣ ва ғайраро барои ҳимояи маъюбон чӣ дар хона ва чӣ берун аз он аз тамоми шаклҳои истисмор, зӯроварӣ ва таҳқир, аз ҷумла аз он ҷабҳаҳои онҳо меандешанд, ки дорои сабабҳои пинҳонии гендерианд.
  2. Давлатҳои аъзо инчунин тамоми тадбирҳои лозимиро баҳри аз байн бурдани тамоми шаклҳои истисмор, зӯроварӣ ва таҳқир меандешанд, аз ҷумла ба таъмини шаклҳои мувофиқи расондани ёрӣ ва дастгирӣ, бо дарназардошти хусусиятҳои сннусолию ҷинсии маъюбон, оилаҳои онҳо ва шахсони парастори маъюбон, аз ҷумла бо роҳи шиносоӣ ва маърифатӣ ба масъалае, ки чӣ тавр бояд зуҳуроти истисмор, зӯроварӣ ва таҳқирро пешгирӣ кард, онҳоро муайян ва дар бораи онҳо хабар дод. Давлатҳои аъзо таъмин мекунанд, ки хизматрасонӣ оид ба ҳимоя бояд бо назардошти хусусиятҳои синнусолию ҷинсӣ ва омили маъюбӣ сурат гирад.
  3. Давлатҳои аъзо баҳри барҳам додани зуҳуроти тамоми шаклҳои истисмор, зӯроварӣ ва таҳқир кӯшиш намуда, таҳти назорати самараноки мақомоти мустақил будани ҳамаи муассисаҳо ва барномаҳои дорои таъйиноти хизматрасонии маъюбонро таъмин менамоянд.
  4. Давлатҳои аъзо тамоми чораҳои лозимиро барои мусоидат намудан ба барқарорсозии ҷисмонӣ, модарзодй ва рӯҳй, тавонбахшй ва ҳамгироии такрории иҷтимоии маъюбон меандешанд, ки қурбони ҳама гуна истисмор, зӯроварй ва таҳқир, аз ҷумла тавассути расондани хизмати мудофиа гардиданд. Чунин барқарорсозй ва ҳамгироии такрории иҷтимой дар вазъияти мусоидат намудан ба тақвияти саломатй, беҳбудй, худэҳтиромкунй, шаъну шараф ва мустақилияти шахси дахлдор ба вуқӯъ мепайвандад ва бо назардошти эҳтиёҷоти вобаста ба синну сол ва ҷинс амалй карда мешавад.
  5. Давлатҳои аъзо қонунгузорй ва стратегияҳои самаранокро қабул менамоянд, аз ҷумла нисбат ба занон ва кӯдакон, барои таъмини он, ки ҳодисаҳои истисмор, зӯроварй ва таҳқир нисбат ба маъюбон ошкор гарданд, тафтиш дар ҳолатҳои лозимй таъқиб карда шаванд.

Моддаи 17: Ҳимояи тамомияти шахсӣ

Ҳар як маъюб ба эҳтироми тамомияти ҷисмонй ва рӯҳии худ дар қатори дигарон ҳуқуқ дорад.

Моддаи 18: Озодии рафтуомад ва шаҳрвандӣ

  1. Давлатҳои аъзо ҳуқуқҳои маъюбонро ба озодии рафтуомад, озодии интихоби маҳалли зист ва шаҳрвандй дар қатори дигарон, аз ҷумла, тавассути таъмини ҳуқуқҳои зерин эътироф мекунад:
  2. соҳиб шудан ба шаҳрвандй ва тағйир додани он, беихтиёр ё бо сабаби маъюбй маҳрум нашудан аз шаҳрвандии худ;
  3. аз рӯи нишонаи маъюбй маҳрум нашудан аз имконияти гирифтани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шаҳрвандй ё ҳуҷҷатҳои дигари тасдиқкунандаи шахсияти онҳо, соҳиб шудан ба чунин ҳуҷҷатҳо ва истифода бурдани онҳо ё истифода бурдан аз тартиботи дахлдор, масалан, муҳоҷират, ки барои осон шудани татбиқи ҳуқуқи рафтуомади озоди онҳо зарур хоҳанд буд.
  4. ҳуқуқ ба озодона тарк кардани ҳар як мамлакат, аз ҷумла мамлакати худ;
  5. бе ихтиёр ё бо сабаби маъюбй маҳрум нашудан аз ҳуқуқи вуруд ба мамлакати худ.
  6. Кӯдакони маъюб якбора баъд аз таваллуд ба қайд гирифта мешаванд ва аз лаҳзаи таваллудашон ба ном ва соҳиб шудан ба шаҳрвандй ҳуқуқ доранд, инчунин пас аз таваллуд, то ҳадди имкони бештар, ҳуқуқи донистани волидайни худ ва ҳуқуқ ба ғамхории онҳо доранд.

Моддаи 19: Тарзи мустақили ҳаёт ва ҷалб шудан ба ҷомеаи Маҳаллӣ

Давлатҳои аъзои Конвенсияи мазкур ҳуқуқи баробари тамоми маъюбонро ба интихоби манзили зист дар ҷойҳои муқаррарӣ дар қатори дигарон эътироф менамоянд, чораҳои смамараноку лозимиро барои мусоидат намудан ба татбиқи пурраи ин ҳуқуқҳо аз тарафи маъюбон ва ворид шудан ва ҷалб намудани онҳо ба ҷомеаи маҳаллӣ, аз он ҷумла барои таъмини ин ҳуқуқҳо бояд:

а)  маъюбон ҳуқуқ дошта бошанд дар қатори дигарон ҷойҳои истиқомати худ, дар куҷо ва бо кӣ зистанро интихоб намоянд ва барои сукунат дар шароити муайяни зист ӯҳдадор набошад;

в) маъюбон аз хизматрасонии гуногун, ки дар хона ё дар ҷойи истиқомат ва дигар хизматрасониҳои ёрирасон дар асоси ҷомеаи маҳаллӣ, аз ҷумла ба ёрии инфиродӣ, ки барои ҷонибдории ҳаёт дар ҷомеаи маҳаллӣ ва ҷалб шудан ба он, бархурдор бошанд, инчунин барои роҳ надодан ба ҷудо нигоҳ доштан ва тафриқа аз ҷомеаи маҳаллӣ;

  • хизматрасонӣ ва объектҳои истифодаи умум, ки пурра барои аҳолӣ муқаррар гардидаанд, дар сатҳи баробар ба маъюбон дастрас ва ба эҳтиёҷоти онҳо ҷавобгӯ бошанд.

Моддаи 20: Зудҳаракатии инфиродӣ

Давлатҳои аъзо барои таъмини зудҳаракатии инфироди маъюбон бо дараҷаи баланди имконияти мустақилияти онҳо, аз ҷумла бо роҳҳои зерин чораҳои самаранокро меандешанд:

а)  мусоидат намудан ба зудҳаракатии инфиродии маъюбон бо тарзҳо ва вақти интихобнамудаи онҳо ва нархи ба онҳо дастрас;

в) осон гардонидани дастрасии маъюбон ба воситаҳои сабуккунандаи зудҳаракатӣ, дастгоҳҳо, технологияҳои ёрирасон ва хизматрасонии босифат, ёварон ва миёнаравон, аз ҷумла аз ҳисоби онҳо бо пешниҳод гардидани нархи мувофиқ;

с)  ба маъюбон, аз ҷумла бо кадрҳои мутахассисе, ки бо онҳо кор мекунанд, омӯзондани малакаи зудҳаракатӣ;

  • водор сохтани корхонаҳое, ки ба истеҳсоли воситаҳои сабуккунандаи зудҳаракатӣ, дастгоҳҳо ва технологияҳои ёрирасон машғул мебошанд, барои ба ҳисоб гирифтани ҳамаи ҷанбаҳои зудҳаракатии маъюбон.

Моддаи 21: Изҳори озоди фикру ақида ва дастрасӣ ба иттилоот

Давлатҳои аъзо тамоми тадбирҳои лозимиро баҳри таъмин намудани он меандешанд, ки маъюбон тавонанд аз ҳуқуқи изҳори озоди фикру ақида, аз ҷумла, озодии ҷустан, дарёфтан ва паҳн кардани иттилооту идеяҳо дар қатори дигарон истифода баранд, тибқи интихоби худ аз аз тамоми шаклҳои муошират бархурдор гарданд, ки дар моддаи 2 Конвентсия муайян шудаанд, аз ҷумла:

  1. сари вақт ва бидуни пардохти маблағи иловагӣ таъмин намудани маъюбон бо иттилооте, ки ба оммаи васеъ дар шаклҳои дастрас таъйин шудааст ва бо истифода аз технологияҳое, ки шаклҳои гуногуни маъюбиро ба инобат мегирад;
  2. қабул намудан ва мусоидат кардан ба истифода аз алифбои Брайл, воситаҳои тақвиятдиҳанда ва алтернативии муошират ва ҳамаи намудҳои дигари дастрас, усул ва шаклҳои алоқа дар муносибатҳои расмӣ бо интихоби худи маъюбон;
  3. фаъолона водор намудани корхонаҳои хусусие, ки ба оммаи васеъ хизмат мерасонанд, аз ҷумла тавассути Интернет, ба пешниҳод намудани итилооту хизматрасониҳо дар шаклҳои дастрасу муфиди маъюбон;
  4. водор намудани васоити ахбори омма, аз ҷумла онҳое, ки тавассути Интернет иттилоотро пешниҳод мекунанд, ба тадбил додани зиматрасониҳо ба шаклҳои ба маъюбон дастрас.
  5. эътироф ва ҷонибдорӣ намудани забони имову ишора.

Статья 22: Дахлнопазирии ҳаёти хусуӣ

  1. Сарфи назар аз ҷои истиқомат ё шароитҳои зист ба ҳаёти шахсӣ ва оилавии ягон маюб дахолати худсарона ва ғайриқонунӣ кардан, ба дахлнопазирии манзил ё сирри мукотиботи ӯ худсарона ва ғайриқонунӣ суиқасд намудан ё ба шрафу обрӯи ӯ ғайриқонунӣ суиқасд кардан мумкин нест. Маъюбон ба муҳофизат аз чунин дахолату суиқасд ҳуқуқ доранд.
  2. Давлатҳои аъзо махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсият, вазъи саломатӣ ва тавонбахшии маъюбонро дар қатори дигарон маҳфуз медоранд.

Моддаи 23: Эҳтирому хона ва оила

  1. Давлатҳои аъзо баҳри аз байн бурдани табъизи маъюбон оид ба тамоми масъалаҳои вобаста ба никоҳ, оила, падарй, модарй ва муносибатҳои шахсй дар қатори дигарон тадбирҳои самарабахшу лозимиро меандешанд ва зимнан таъмин менамоянд, ки:
  2. ҳуқуқҳои тамоми маъюбони синну соли қобили никоҳ баҳри бастани ақди никоҳ ва барпо намудани оила дар асоси ризоияти пурра ва тарафайни издивоҷкунандагон эътироф карда шаванд;
  3. ҳуқуқҳои маъюбон ба гирифтани тасмим дар бораи шумораи фарзандон ва фосилаи байни таваллуди онҳо ва бархурдор шудан аз иттилооти ба синну солашон мувофиқ ва омӯзиши масъалаҳои вобаста ба рафтори репродуктивй, банақшагирии оила, пешниҳод шудани маблағҳо барои татбиқ гардидани ин ҳуқуқҳо эътироф карда шаванд;
  4. маъюбон, аз ҷумла кӯдакон, дар қатори дигарон қобилияти идома додани наслро нигоҳ доранд.
  5. Давлатҳои аъзо ҳуқуқ ва вазифаҳои маъюбонро нисбат ба васоят, парасторй, сарпарастй ва фарзандхондй, гирифтани кӯдакон ва бахшҳои шабеҳи инҳо таъмин менамоянд, агар ин мафҳум дар қонунгузории миллй мавҷуд бошад; дар тамоми ҳолатҳо ба манфиатҳои олии кӯдак аҳамияти аввалиндараҷа дода мешавад. Давлатҳои аъзо барои иҷрои ӯҳдадориҳои худ оид ба тарбияи кӯдак ба маъюбон ёрии лозимй мерасонанд.
  6. Давлатҳои аъзо ҳуқуқи баробари кӯдакони маъюбонро дар ҳаёти оилавй таъмин менамоянд. Давлатҳои аъзо барои татбиқи ин ҳуқуқҳо ва роҳ надодан ба пинҳонкунии кӯдакони маъюб, партофтани онҳо, саркашй кардан аз нигоҳубин ва ҷудокунии (сегрегатсияи) онҳо вазифадор мегарданд, ки пеш аз ҳама, кӯдакони маъюб ва оилаҳои онҳоро бо иттилооти ҳаматарафа таъмин намуда, аз хизматрасонй ва ҷонибдории хеш бархурдор созанд.
  7. Давлатҳои аъзо бар хилофи хоҳиши кӯдакон аз модар ҷудо нашудани онҳоро таъмин менамоянд, ба истиснои ҳолатҳое, ки мақомоти ваколатдори зертобеъи судҳо мутобиқи қонунҳо ва тартиботи ҷорй дар бораи ба манфиатҳои олии кӯдак будани чунин ҷудокуниро муайян месозанд. Кӯдак ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонад аз волидайн бо сабаби маъюбии худи кӯдак ё маъюбии волидайн ё яке аз волидон ҷудо карда шавад
  8. Давлатҳои аъзо дар ҳолатҳои имконияти нигоҳубини кӯдаки маъюбро надоштани хешу табори наздик вазифадор мегарданд кӯшиш намоянд, ки нигоҳубини алтернативиро аз ҳисоби ҷалби хешу табори дур ва ҳангоми мавҷуд набудани чунин имконият аз ҳисоби фароҳам овардани шароити оилавӣ барои зисти кӯдак дар маҳалли истиқоматаш ташкил намоянд.

Моддаи 24: Маориф

  1. Давлатҳои аъзо ҳуқуқи маъюбонро ба таҳсил эътироф менамоянд. Давлатҳои аъзо бо мақсади амалӣ намудани ин ҳуқуқ бидуни табъиз ва дар асоси баробарии имкониятҳо таҳсилоти фарогирро дар тамоми зинаҳо ва омӯзиширо дар давоми тамоми ҳаёт таъмин мекунанд, зимнан кӯшишҳои хешро ба иҷрои корҳои зерин равона месозанд:
  2. ба рушди ҳамаҷонибаи нерӯи инсонӣ ва инчунин эҳсоси шаъну шараф ва иззати нафс ва ба тақвияти эҳтироми ҳуқуки инсон, озодиҳои асосӣ ва гуногуншаклии инсонӣ;
  3. ба рушди шахсият, маҳорат ва эҷодиёти маъюбон, инчунин қобилияти фикрию ҷисмонии онҳо то андозаи ҳадди аксар;
  4. ба фароҳам овардани имкониятҳои иштироки самарабахши маъюбон дар ҳаёти ҷомеаи озод.
  5. Давлатҳои аъзо зимни амалӣ намудани ҳуқуқи мазкур имкониятҳои зеринро таъмин мекунанд, то ки :
  6. маъюбон аз рӯи нишонаи маъюбӣ аз системаи умумии таҳсилот ва кӯдакони маъюб аз системаи таҳсилоти ройгон ва ҳатмии ибтидоӣ ё таҳсилоти миёна хориҷ нашаванд;
  7. ба маъюбон, дар қатори дигарон, дар маҳалҳои зисташон таҳсилоти фарогир, босифат ва ройгони ибтидоӣ дасрас бошанд;
  8. бо назардошти талаботи инфиродӣ мутобиқсозиҳои оқилона дастрас бошанд;
  9. маъюбон дар дохили системаи таҳсилоти умумӣ барои осон намудани таҳсилоти самараноки онҳо аз дастгирии зарурӣ бархурдор бошанд;
  10. дар вазъияти ба азхудкунии дониш ва рушди иҷтимоӣ мусоидаткунанда бо мақсадҳои фарогири баҳри ташкили дастгирии таъйиноти инфиродӣ андешидани тадбирҳои самарабахш.
  11. Давлатҳои аъзо ба маъюбон имкониятҳои аз худ кардани малакаҳои ҳаётию ҷамъиятиро фароҳам меоранд, то ки иштироки пурра ва баробари дар раванди таҳсилот ва инчунин ҳамчун аъзои ҷомеаи маҳаллӣ осон гардонанд. Давлатҳои аъзо дар ин самт тадбирҳои лозимиро меандешанд, аз ҷумла:

а)   барои азхудкунии алифои Брайл, ҳуруфи альтернативӣ, усулҳои тақвиятдиҳанда ва алтернативӣ, тарзу шаклҳои муошират ва инчунин малакаҳои майлону серҳаракатӣ кӯмак намуда, баҳри пайдо намудани ҷонибдории ҳамсолону мураббиён мусоидат мекунанд;

  • барои азхудкунии забони имову ишора ва ҷонибдории ҳуввияти забонии шахсони ношунаво мусоидат мекунанд;
  • омӯзиши шахсон, аз ҷумла кӯдакони нобино, ношунаво ё нобинову ношунаворо таврзе таъмин менамоянд, ки бо ёрии забони ба маьюб мувофиқ, усулҳо ва роҳҳои муошират ва дар шароите амалӣ гардад, ки ба тарзи аз ҳама беш ба азхудкунии забон ва рушди иҷтимоӣ мусоидат менамояд.
  • Давлатҳои аъзо ҷиҳати мусоидат ба татбиқи ин ҳуқуқҳо барои ба кор ҷалб намудани омӯзгорон, аз ҷумла омӯзгорони маъюб, онҳое, ки забонҳои имову ишора ва ё алифбои Брайлро медонанд ва барои омӯзиши мутахассисон ва ҳайати кормандоне, ки дар ҳамаи самтҳои соҳаи маориф кор мекунанд, чораҳои лозимиро меандешанд. Чунин омӯзиш соҳаи маорифро оид ба масьалаҳои маъюбӣ ва истифодаи усулҳои мувофиқи тақвиятдиҳанда ва алтернативӣ, тарзу шаклҳои муошират, мавод ва воситаҳои таълимро барои дастгирии маъюбон фаро мегирад.
  • Давлатҳои аъзо чунин таъмин менамоянд, ки маъюбон аз таҳсилоти умумӣ ва олӣ, таҳсилоти касбӣ, таҳсилот барои калонсолон ва омӯзиш дар давраи ҳаёт бе ягон маҳдудият дар қатори дигарон бархурдор бошанд. Бо ин мақсад давлатҳои аъзо барои маъюбон мутобиқсозии оқилонаро таъмин менамоянд.

Моддаи 25: Тандурустӣ

Давлатҳои аъзо ҳуқуқ маъюбонро барои расидан ба сатҳи баландтарини саломатӣ, бидуни табъиз аз рӯи нишонаҳои маъюбӣ, эътироф менамоянд. Давлатҳои аъзо ҳамаи чораҳои лозимиро барои таъмини дастрас будани хизматрасонии соҳаи тандурустӣ, бо дарназардошти хусусиятҳои гендерӣ, аз ҷумла бо роҳи тавонбахшии саломатӣ меандешанд. Аз ҷумла, давлатҳои аъзо корҳои зеринро ба сомон мерасонанд:

  1. маъюбонро бо тамоми маҷмӯъ, сифат ва дараҷаи хизматрасониҳо ва барномаҳои ройгони ҳифзи сиҳатие таъмин менамояд, ки шахсони дигар аз онҳо бархурдор мегарданд, аз ҷумла дар соҳаи сиҳатии ҷинсӣ ва репродуктивӣ ва тавассути барномаҳои давлатии тандурустии барои аҳолӣ;
  2. дар соҳаи тандурустӣ он хизматҳоеро мерасонанд, ки бевосита барои маъюбон бо сабаби маъюбиашон заруранд, аз ҷумла муоинаи ибтидоӣ ва дар ҳолатҳои лозимӣ ислоҳ кардану хизматрасониҳое, ки маъюбиро то ҳадди имкон кам мекунад ва пайдоиши минбаъдаи онро бартараф месозад, аз ҷумла, дар байни кӯдакону пиронсолон.
  3. ин хизматҳои тиббиро то ҳадди имкон дар наздикии макони бевоситаи зисти ин ашхос, аз ҷумла дар ноҳияҳои деҳот мерасонанд;
  4. талаб менамоянд, ки мутахассисони соҳаи тандурустӣ ба маъюбон чун ба шахсони дигар хизматҳои босифатро расонанд, аз ҷумла дар асоси ризоияти озод ва дорои иттилоот, дар қатори иқдомоти дигар, тавассути баланд бардоштани маълумотнокӣ оид ба ҳуқуқҳои инсон, шаъну шараф, мустақилият ва эҳтиёҷоти маъюбон аз ҳисоби омӯзиш ва пазируфтани стандартҳои ахлоқӣ барои тандурустии давлатӣ ва хусусӣ;
  5. табъизро нисбат ба маъюбон ҳангоми пешниҳод намудани суғуртаи тиббӣ ва суғуртаи ҳаёт, агар онро қонунгузории миллӣ иҷозат дода бошад, манъ мекунад ва пешниҳод гардидани онро дар асоси адолату хирад пешбинӣ мекунад;
  6. радкунии дорои хусусияти табъизро аз рӯи нишонаи маъюбӣ дар тандурустӣ ва хадамоти дигари ин соҳа ё гирифтани ғизо ё моъе манъ мекунанд.

Моддаи 26: Абилитатсия ва тавонбахшӣ

  1. Давлатҳои аъзо, аз ҷумла бо дастгирии маъюбони дигар, барои ба маъюбон имкониятҳои босамару лозимии ноил шудан ба мустақилияти ҳадди ақал ва нигоҳ доштани он, қобилияти пурраи ҷисмонӣ, фикрӣ, қобилиятҳои иҷтимоӣ ва касбӣ ва пурра ҷалбу ворид шудани онҳо ба ҳамаи соҳаҳои ҳаёт, фароҳам меорад. Давлатҳои аъзо бо ин мақсад хизматрасонию барномаҳои комплексии абилитатсионӣ ва тавонбахширо, махсусан дар соҳаи тандурустӣ, шуғл, маориф ва хадамоти иҷтимоӣ ташкилу тақвият дода, васеъ менамоянд, то ки ин хизматрасониҳою барномаҳо:
  2. ҳар чӣ зудтар татбиқ гарданд ва ба арзёбии серҷабҳаи эҳтиёҷот ва ҷиҳатҳои пурзӯри маъюбон асос ёбанд;
  3. барои ҷалбу ворид гардидан ба ҷомеаи маҳаллӣ ва тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа мусоидат намоянд, хусусият ихтиёрӣ дошта бошанд ва барои маъюбон наздиктар ба маҳалли бевоситаи зисти онҳо, аз ҷумла дар ноҳияҳои деҳот, дастрас бошанд.
  4. Давлатҳои аъзо рушди таҳсилоти ибтидоӣ ва минбаъдаи мутахассисон ва ҳайати кормандонро ҷонибдорӣ мекунанд, ки дар соҳаи абилитатсия ва тавонбахшӣ фаъолият доранд.
  5. Давлатҳои аъзо доштани дониш ва истифода бурдани таҷҳизоту технологияҳои ёрирасони марбут ба абилитатсия ва тавонбахширо ҷонибдорӣ мекунанд, ки барои маъюбон таъйин шудаанд.

Моддаи 27: Меҳнат ва шуғл

  1. Давлатҳои аъзо дар қатори дигарон ҳуқуқи маъюбонро ба меҳнат эътироф менамояд; он ҳуқуқи пайдо кардани имконияти бо роҳи меҳнат ба даст овардани маблағ барои ҳаётро дар бар мегирад, ки маъюб онро озодона интихоб мекунад ё озодона бо он розӣ шудааст, дар сурате, ки бозори меҳнат ва муҳити истеҳсолӣ барои маъюбон кушода, фарогир ва дастрас бошад. Давлатҳои аъзо татбиқи ҳуқуқ ба меҳнатро, аз ҷумла, барои шахсоне, ки дар рафти фаъолияти меҳнатӣ маъюб мешаванд, таъмин ва ҷонибдорӣ мекунанд, аз ҷумла тибқи муқаррароти қонунгузорӣ тадбирҳои лозимиро меандешанд, ки ба самтҳои зерин нигаронида шудаанд:
  2. манъ кардани табьиз бо нишонаҳои маъюбӣ нисбат ба ҳамаи масъалаҳое, ки ба тамоми намудҳои шуғл, аз ҷумла шарти қабул ба кор, киро кардан ва шуғл, нигоҳ доштани кор, пешравӣ дар ҷойи кор ва шароитҳои бехавф ва солими кор;
  3. дар қатори дигарон ҳифз кардани ҳуқуқҳои маъюбон дар шароити одилона ва мусоиди меҳнат, аз ҷумла имкониятҳои баробар ва ҳавасмандгардонии баробар ба меҳнати баробарарзиш, шароити бехавф ва солими меҳнат, аз ҷумла ҳифозат аз даъво ва қонеъ гардондани шикоят;
  4. дар қатори дигарон таъмин намудани он, ки маъюбон ҳуқуқҳои меҳнатӣ ва иттифооқҳои касабаи худро татбиқ карда тавонанд;
  5. ба маъюбон додани имконияти дастрасии самарабахш ба барномаҳои умумии дорои тамоюлотии техникӣ ва касбӣ, хадамоти шуғл, маълумоти касбию давомдор;
  6. дар бозори меҳнат васеъ намудани имкониятҳо барои шуғли маъюбон ва пешравии онҳо дар ҷойи хизмат, инчунин кӯмак расондан дар ҷусҷӯ, дарёфт, нигоҳ доштан ва аз нав сар кардани кор;
  7. васеъ намудани имкониятҳо барои фаъолияти фардии меҳнатии соҳибкорӣ, рушди кооперативҳо ва ташкили кори хусусӣ;
  8. киро кардани маъюбон барои бахши давлатӣ;
  9. ҳавасманд гардондани кирои маъюбон барои бахшҳои хусусӣ бо ёрии стратегия ва тадбирҳои лозимие, ки метавонанд барномаҳои амалиёти мусбат ва тадбирҳои дигарро дар бар гиранд;
  10. ба маъюбон таъмин намудани мутобиқсозии оқилонаи ҷойи кор;
  11. ҷонибдорӣ кардани маъюбон бобати азхудкунии таҷрибаи корӣ дар шароити бозори меҳнат;
  12. ҷонибдорӣ кардани барномаҳои тавонбахшии касбию тахассусӣ, нигоҳ доштани ҷойҳои корӣ ва ба кор баргардондани маъюбон.
  13. Давлатҳои аъзо таъмин мекунанд, ки маъюбон дар ғуломӣ ё вазъи иҷборӣ нигоҳ дошта навшаванд ва дар қатори дигарон аз меҳнати маҷбурию ҳатмӣ муҳофизат карда шаванд.

Моддаи 28: Дараҷаи кофии ҳаёт ва ҳифзи иҷтимоӣ

  1. Давлатҳои аъзо ҳуқуқи маъюбон ва оилаи онҳоро ба дараҷаи кофии ҳаёт, аз ҷумла ғизо, пӯшок ва манзили кофӣ, инчунин ба беҳтаршавии муттасили шароити зист эътироф мекунанд ва баҳри таъмину ҷонибдории татбиқи ин ҳуқуқ, бидуни табъиз аз рӯи амломати маъюбӣ, тадбирҳои лозимӣ меандешанд.
  2. Давлатҳои аъзо ҳуқуқи маъюбонро ба ҳифзи иҷтимоӣ ва истифода аз ин ҳуқуқ, бидуни табъиз аз рӯи аломати маъюбӣ, эътироф менамоянд ва баҳри таъмину ҷонибдории татбиқи ин ҳуқуқ тадбирҳои лозимӣ меандешанд, аз ҷумла:
  3. оид ба таъмин намудани дастрасии баробар барои гирифтани оби тоза ва оид ба таъмини дастрасӣ ба хизматрасониҳо, дастгоҳҳо ва дигар ёриҳои муносиб ва арзон ба маъюбон, барои қонеъ гардондани эҳтиёҷоти вобаста ба маъюбӣ;
  4. оид ба таъмин намудани дастрасии маъюбон, аз ҷумла занон, духтарон ва шахсони пиронсоли маъюб ба барномаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва барномаҳои паст кардани сатҳи камбизоатӣ;
  5. оид ба таъмин намудани дастрасии маъюбон ва оилаҳои онҳо, ки дар шароити камбизоатӣ зиндагӣ мекунанд, ба кӯмаки давлатӣ бо мақсади пӯшондани хароҷоти вобаста ба маъюбӣ, аз ҷумла барои омӯзиш, машварат, ёрии молиявӣ ва нигоҳубини ғамхоронаи муваққатии лозимӣ;
  6. оид ба таъмин намудани дастрасии маъюбон ба барномаҳои давлатии манзил;
  7. оид ба таъмин намудани дастрасии маъюбон ба барномаҳои ёрдампулӣ ва нафақа.

Моддаи 29: Иштирок кардан дар ҳаёти сиёсию ҷамъиятӣ

Давлатҳои аъзо ба маъюбон ҳуқуқҳои сиёсӣ ва имкониятҳои истифодаи онҳоро дар қатори дигарон кафолат медиҳанд ва вазифаҳои зеринро ба ӯҳда мегиранд:

а) таъмин менамоянд, ки маъюбон бевосита ё тавассути намояндагони озодона интихобнамудаи худ дар қатори дигарон дар ҳаёти сиёсӣ ва ҷамъиятӣ самаранок ва ҳаматрафа иштирок карда тавонанд, аз ҷумла бо роҳҳои зерин ба овоз додану интихоб шудан ҳуқуқ ва имконият дошта бошанд:

  1. таъмин намудани мувофиқат, дастрасӣ ва барои фаҳмиш ва истифода осон будани тартибот, бино ва маводи овоздиҳӣ;
  2. ҳифз намудани ҳуқуққҳои маъюбон барои иштирок дар овоздиҳии пинҳонӣ дар интихобот ва райъпурсии умумӣ бе тарсондан ва ба пешниҳоди номзадҳои худ ба интихобот, ба ишғоли воқеии вазифаҳо ва иҷрои ҳама гуна вазифаҳои умумӣ дар ҳамаи сатҳи ҳокимияти давлатӣ бо мусоидати истифодаи технологияҳои ёрирасон ва нав дар ҷойи мувофиқ;
  3. кафолат додани изҳори иродаи озоди маъюбон ҳамчун интихобкунанда ва бо ин мақсад, дар мавридҳои зарурӣ қонеъ намудани хоҳиши онҳо оид ба расонидани ёрӣ аз тарафи ягон шахси интихобнамудаи онҳо барои овоздиҳӣ;
  4. барои ба вуҷуд овардани вазъияте, ки дар он маъюбон дар идоракунии корҳои давлатӣ, бидуни табъиз ва дар қатори дигарон самараноку фаъолона иштирок карда тавонанд, ва ҷонибдорӣ кардани иштироки онҳо дар корҳои давлатӣ, аз ҷумла:
  5. иштирок дар созмонҳо ва иттиҳодияҳои ғайридавлатие, ки кори онҳо ба ҳаёти давлатию сиёсии мамлакат, аз ҷумла дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ ва роҳбарӣ кардани онҳо вобаста аст;
  6. таъсис додани созмонҳои маъюбон ва дохил шудан ба онҳо бо мақсади муаррифӣ намудани маъюбон дар миқёси байналхалқӣ, миллӣ ва маҳаллӣ.

Моддаи 30: Иштирок кардан дар ҳаёти фарҳангӣ, доир гузарондани истироҳату фароғат ва шуғ варзидан ба варзиш

  1. Давлатҳои аъзо ҳуқуқи маъюбонро дар қатори дигарон барои иштирок кардан дар ҳаёти фарҳангӣ эътироф менамоянд ва тамоми табдирҳои лозимиро менадешанд то ки маъюбон:
  2. аз асарҳои фарҳангӣ дар шаклҳои дастрас бархурдор бошанд;
  3. аз барномаҳои телевизионӣ, филмҳо, театр ва дигар чорабиниҳои фарҳангӣ дар шаклҳои дастрас бархурдор бошанд;
  4. аз ҷойҳои чорабинӣ ё хизматрасониҳои фарҳангӣ, ба мисли театрҳо, осорхонаҳо, кинотеатрҳо, китобхонаҳо, хадамоти туристӣ бархурдор бошанд ва инчунин ба ёдгориҳою обьектҳои дорои аҳамияти фарҳангӣ дастрасии то ҳадди имкон бештаре дошта бошанд.
  5. Давлатҳои аъзо тадбирҳои лозимиро баҳри он меандешанд, ки маъюбон имкониятҳои инкишоф додану истифода бурдани нерӯи эҷодӣ, бадей ва ақлонии худро на танҳо ба манфиати худ, балки баҳри ғановати кулли ҷомеа истифода бурда тавонанд.
  6. Давлатҳои аъзо тибқи ҳуқуқи байналхалқӣ тамоми тадбирҳои лозимиро баҳри таъмини он меандешанд, ки қонунҳо дар бораи ҳифзи ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ барои бархурдор шудани маъюбон аз осори фарҳангӣ монеаи рафънопазир ва табъизӣ нашаванд.
  7. Маъюбон дар қатори дигарон ба эътирофу ҷонибдорӣ намудани ҳуввияти махсуси фарҳангию забонии худ, аз ҷумла забони имову ишора ва фарҳанги шахсони ношунаво, ҳақ доранд.
  8. Давлатҳои аъзо барои дар қатори дигарон таъмин намудани иштироки маъюбон дар гузарондани фароғат, истироҳат ва чорабиниҳои варзишӣ чунин тадбирҳои лозимиро меандешанд:
  9. барои ҳавасмандгардонӣ ва ташвиқоти иштироки ҳарчӣ бештари маъюбон дар чорабиниҳои умумии варзишӣ дар тамоми сатҳҳо;
  10. барои таъмини он, ки маъюбон имконияти ташкили чорабиниҳои варзишӣ ва фароғатӣ, махсусан барои маъюбон, инкишоф додани онҳо ва шииркат кардан дар онҳоро дошта бошанд ва ба ин муносибат баҳри он мусоидат кунанд, ки ба маъюбон дар қатори дигарон омӯзиш, тайёрӣ ва захираҳои лозимӣ пешниҳод шаванд;
  11. барои таъмини он, ки маъюбон аз объектҳои варзишӣ, фароғатӣ ва туристӣ бархурдор шаванд;
  12. барои таъмини он, ки кӯдакони маъюб, дар қатори кӯдакони дигар, имконияти баробари иштирок кардан дар бозиҳо, гузарондани фароғату истироҳат ва чорабиниҳои варзишӣ, аз ҷумла чорабиниҳо дар доираи системаи мактабиро дошта бошанд;
  13. барои таъмини он, ки маъюбон аз хизматрасониҳои шахсони масъули ташкили фароғат, туризм, истироҳат ва чорабиниҳои варзишӣ бархурдор бошанд.

Моддаи 31: Омор ва гирдоварии маълумот

  1. Давлатҳои аъзо ӯҳдадор мегарданд, ки иттилооти лозимиро гирд оваранд, аз ҷумла, маълумоти оморӣ ва тадқиқотиро, ки бо мақсади иҷрои Конвенсияи мазкур барои таҳия ва амалӣ сохтани стратегияҳо имконият фароҳам меоранд. Дар раванди гирдоварӣ ва нигоҳ доштани иттилооти мазкур инҳо заруранд:

а) риоя намудани кафолатҳои муқаррарнамудаи ҳуқуқӣ, аз ҷумла қонунгузорӣ дар бораи ҳифзи маълумот барои таъмини махфӣ нигоҳ доштан ва дахлнопазирии ҳаёти шахсии маъюбон;

в) риоя намудани меъёрҳои эътирофнамудаи байналхалқӣ, ки ба ҳифзи ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асосӣ дахл доранд, имчунин принсипҳои ахлоқӣ ҳангоми гирд овардан ва истифода бурдани маълумоти оморӣ.

  • Иттилооте, ки мувофиқи моддаи мазкур гирд оварда мешавад, ба таври мувофиқ паҳн мегарданд ва барои мусоидат кардан ба арзёбии иҷрои ӯҳдадориҳои давлатҳои аъзо аз рӯи Конвентсияи мазкур, инчуни ошкор ва бартраф намудани монеаҳои сари роҳи маъюбон ҳангоми татбиқи ҳуқуқҳои онҳо истифода мешавад.
  • Давлатҳои аъзо ӯҳдадории паҳн кардани ин маълумоти омориро ба зиммаи худ мегиранд ва дастрасии онҳоро барои маъюбону шахсони дигар таъмин мекунанд.

Статья 32: Ҳамкории байналхалқӣ

  1. Давлатҳои аъзо зарурати ҳамкориҳои байналхалқӣ ва ҳавасмандгардониро барои дастгирии кӯшишҳои сатҳи миллӣ оид ба татбиқи мақсаду вазифаҳои Конвенсияи мазкур эътироф менамоянд ва вобаста ба ин тадбирҳои лозимию самарабахшро дар самтҳои байнидавлатӣ, дар ҷойи мувофиқ дар ҳамкорӣ бо созмонҳои дахлдори байналхалқӣ ва минтақавӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла бо созмонҳои маъюбон, меандешанд. Чуиин табдирҳо метавонанд, аз ҷумла инҳоро дар бар гиранд:
  2. таъмин намудани он, ки ҳамкории байналхалқӣ, аз ҷумла барномаҳои байналхалқии рушд, маъюбонро дар бар гиранд ва барои онҳо дастрас бошад;
  3. осон гардондан ва дастгирӣ намудани тақвияти имкониятҳои мавҷуда, аз ҷумла тавассути мубодилаи иттилоот, таҷриба, барномаҳо ва корҳои пешқадам;
  4. мусоидат намудан ба ҳамкорӣ дар соҳаи тадқиқот ва дастрас гардидани дониши илмию техникӣ;

d расондани ёрии техникию иқтисодӣ дар ҷойи мувофиқ, аз ҷумла тавассути осон намудани дастрасӣ ба технологияҳои ёрирасон ва бо роҳи мубодилаи тарафайни онҳо ва инчунин интиқол додани технологияҳо.

  • Муқаррароти моддаи мазкур ба ӯҳдадориҳои ҳар як давлати аъзо бобати иҷрои онҳо тибқи Конвентсияи мазкур дахолат намекунанд.

Моддаи 33: Амалигардонии милли ва мониторинг

  1. Давлатҳои аъзо мувофиқи сохтори ташкилии худ дар назди ҳукумат якчанд мақомотро таъйин менамоянд, ки онҳо ба масъалаҳои вобаста ба амалй сохтани Конвенсияи мазкур масъул мебошанд ва имкониятҳои лозимии таъсис ва таъйин намудани механизми ҳамоҳангсозро дар ҳукумат барои мусоидат ба кор дар бахшҳои гуногун ва дар сатҳи гуногуни дахлдор меомӯзанд.
  2. Давлатҳои аъзо мувофиқи сохти ҳуқуқӣ ва маъмуриашон дар назди худ сохтореро дастгирӣ мекунанд, тақвият медиҳанд, таъин мекунанд ё таъсис медиҳанд, ки тибқи салоҳдид як ё якчанд механизмҳои мустақилро барои ҳавасмандгардонӣ, ҳифз ва мониторинги татбиқи Конвенсияи мазкур дар бар мегиранд. Давлатҳои аъзо ҳангоми таъин ё таъсис намудани чунин механизм принсипҳои вобаста ба мақом ва фаъолияти муассисаи миллиро ба инобат мегиранд, ки ба ҳифз ва ҷонибдории ҳуқуқҳои инсон машғуланд.
  3. Ҷомеаи шаҳрвандӣ, хусусан маъюбон ва созмонҳои муаррификунандаи онҳо, ба раванди мушоҳида ҷалб гардида, дар он пурра иштирок мекунанд.

Моддаи 34: Кумитаи оид ба ҳуқуқҳои маъюбон

  1. Кумитаи оид ба ҳуқуқҳои маъюбон (минбаъд «Кумита» номида мешавад) таъсис меёбад, ки вазифаҳои зеринро иҷро мекунад.
  2. Ҳангоми мавриди амал қарор гирифтани Конвенсияи мазкур Кумита аз 12 коршинос иборат мебошад. Баъди бо шастумин тасдиқи Конвенсия ё ҳамроҳшавӣ ба он ҳайати аъзои Кумита то 6 нафар зиёд мегардад ва он то ҳадди аксар 18 нафарро ташкил медиҳад.
  3. Аъзои Кумита ба ҳайси шахси воқеъӣ баромад мекунанд ва дорои сифатҳои баланди ахлоқӣ, ваколат ва салоҳияти эътирофшудаи соҳҳои Конвенсияи мазкурро мебошанд. Ҳангоми пешниҳод намудани номзадҳои худ ба давлатҳои аъзо тавсия дода мешавад, ки муқаррароти банди 3 моддаи 4 Конвенсияи мазкурро ҳатман ба инобат гиранд.
  4. Аъзои Кумита аз тарафи давлатҳои аъзо интихоб карда мешаванд, дар айни замон, ба тақсимоти одилонаи географӣ, намояндагии шаклҳои гуногуни тамаддун ва системаҳои асосии ҳуқуқӣ, пешниҳоди ботавозуни ҷинсҳо ва иштироки маъюбони коршинос диққат дода мешавад.
  5. Аъзои Кумита бо овоздиҳии пинҳонӣ аз рӯихати номзадҳои пешниҳоднамудаи давлатҳои аъзо аз ҳисоби шаҳрвандонашон дар ҷаласаҳои конференсияҳои давлатҳои аъзо интихоб карда мешаванд. Дар ин ҷаласаҳо, ки дар онҳо аз се ду ҳиссаи давлатҳои аъзо кворумро ташкил медиҳанд, он номзадҳое ба Кумита инихобшуда дониста мешаванд, ки шумораи аз ҳама зиёди овозаҳо ва овозҳои мутлақи зиёди ҳозирин ва дар овоздиҳӣ иштирокдорони намояндагони давлатҳои аъзоро соҳиб шудаанд.
  6. Интихоботи нахустнн на дертар аз шаш моҳ аз рӯзи мавриди амал қарор гирифтани Конвенсияи мазкур гузаронда мешавад. Дар ниҳояти кор, дар давоми чор моҳи то рӯзи баргузории ҳар интихобот Сармуншии Созмони Милали Муттаҳид барои пешниҳод намудани номзадҳо дар давоми ду моҳ ба давлатҳои аъзо бо мактаби расмӣ муроҷиат мекунад. Сипас Сармуншӣ бо тартиби алифбоӣ рӯихати ҳамаи номзадҳоро бо тартиби пешниҳод шудаашон, бо ишора намудани давлатҳон аъзо таҳия намуда, ба давлатҳои аъзои Конвенсияи мазкур мефиристонад.
  7. Аъзои Кумита ба мӯҳлати чор сол интихоб карда мешаванд. Онҳо ҳуқуқ доранд, танҳо як маротиба аз нав интихоб шаванд. Вале мӯҳлати ваколатҳои шаш нафар аъзои дар интихоботи аввалин интихобшуда дар мӯҳлати ду сол ба охир мерасад; фавран баъд аз интихоботи якум номҳои ин шаш нафар аъзоро раисикунандаи ин ҷаласа бо роҳи қуръапартоӣ муайян мекунад, ки дар бори ин тартиб дар банди 5 моддаи мазкур зикр гардидааст.
  8. Интихоби шаш нафар аъзои иловагии Кумита ба интихоботи муқаррарӣ матраҳ карда мешаванд, ки тибқи муқаррароти моддаи мазкур танзим мегарданд.
  9. Агар ягон нафар аъзои Кумита вафот кунад ё ба истеъфо равад ё эълон кунанд, ки минбаъд бо сабабе ба иҷро кардани вазифаҳояш қодир нест, давлати аъзо, ки номзадии ин узвро пешбарӣ намуда буд, барои мӯҳлати боқимондаи ваколат коршиноси дигарро таъйин мекунад, ки ӯ бояд дорои ихтисоси ҷвобгӯ ба талаботи муқарраркардаи моддаи мазкур бошад.
  10. Кумита қоидаҳои расмиёти худро муқаррар менамояд.
  11. Сармуншии Созмони Милали Муттаҳид мувофиқи Конвенсияи мазкур ҳайати кории зарурӣ ва воситаҳои моддиро барои иҷрои самарабахши вазифаҳои Кумита пешниҳод менамояд ва ҷаласаи якуми онро даъват мекунад.
  12. Аъзои Кумита, ки мутобиқи Конвенсияи мазкур таъсис ёфтааст, мукофоти тасдиқнамудаи Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳидро аз ҳисоби маблағҳои Созмони Милали Муттаҳид бо тартиб ва шартҳои тасдиқнамудаи Ассамблея бо дарназардошти аҳамияти ӯҳдадориҳои Кумита муқаррар кардааст, мегиранд.
  13. Аъзои Кумита ба имтиёз, бартарият ва масуниятҳои коршиносон дар сафарҳои хизматии вобаста ба корҳои Созмони Милали Муттаҳид ҳуқуқ доранд, ки дар қисматҳои дахлдори Конвенсия оид ба бартарият ва масуниятҳои Милали Муттаҳид муқаррар шудаанд.

Моддаи 35: Гузоришҳои давлатҳои аъзо

  1. Ҳар як давлати аъзо ба Кумита тавассути Сармуншии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тадбирҳое, ки барои татбиқи ӯҳдадориҳои вобаста ба вазифаҳои Конвенсияи мазкур андешида мешаванд ва оид ба пешрафти бадастомадаи самти мазкур дар давоми ду соли пас аз мавриди амал қарор гирифтани ин Конвенсия, барои давлати дахлдори аъзо гузориши фарогирро пешниҳод менамояд.
  2. Сипас давлатҳои аъзо гузориши минбаъдаро на кам аз як маротиба дар чор сол, инчунин ҳангоме, ки Кумита инро дархост мекунад, пешниҳод менамоянд.
  3. Кумита принсипҳои дастуриеро муқаррар мекунад, ки мазмуни гузориши мазкурро муайян менамоянд.
  4. Ба давлати аъзое, ки гузориши нахустини фарогирро ба Кумита пешниҳод намудааст, дар гузоришҳои минбаъда такрор кардани иттилооти қаблан пешниҳодшуда зарурат надорад. Ба давлатҳои аъзо тавсия дода мешавад, ки оид ба кушоду шаффоф намудани раванди таҳия ва ба Кумита пешниҳод кардани гузориш андеша кунанд ва муқаррароти банди 3 моддаи 4 Конвентсияи мазкурро ба инобат гиранд.
  5. Дар гузоришҳо метавонанд омилҳо ва мушкилоте қайд гарданд, ки ба дараҷаи иҷрои ӯҳдадориҳои муқарраркардаи Конвенсияи мазкур таъсир расонанд.

Моддаи 36: Баррасӣ намудани гузоришҳо

  1. Ҳар як гузориш аз тарафи Кумита баррасӣ мегардад ва он аз рӯи гузориши мазкур дархосту тавсияҳои умумии мувофиқи матлабро ба давлати аъзои дахлдор мефиристонад. Давлати аъзо ҳама гуна маълумотро бо салоҳдиди худ ба тариқи ҷавоб ба Кумита фиристонда метавонад. Кумита аз ҳар як давлати аъзо вобаста ба иҷрои татбиқи Конвентсияи мазкур маълумоти иловагиро дархост карда метавонад.
  2. Вақте, ки давлати аъзо пешниҳод намудани гузоришро қатьиян ба таьхир гузорад, Кумита метавонад давлати аьзои дахлдорро дар ин бора огоҳ созад, ки агар дар мӯҳлати се моҳи баьди ин огоҳсозӣ гузориши дахлдор пешниҳод нашавад, дар асоси иттилооти мӯьтамаде, ки Кумита дар ихтиёр дорад, баррасии масьалаи татбиқи Конвенсияи мазкур дар ин давлати аьзо талаб карда мешавад. Кумита ба давлати дахлдори аьзо тавсия менамояд, ки дар чунин баррасӣ иштирок кунад. Агар давлати аьзо ҳамчун ҷавоб гузориши дахлдорро пешниҳод намояд, муқаррароти банди 1 моддаи мазкур татбиқ мегардад.
  3. Сармуншии Созмони Милали Муттаҳид гузоришҳоро ба ҳамаи давлатҳои аьзо пешниҳод мекунад.
  4. Давлатҳои аьзо дастрасии васеи аҳли ҷомеаро ба гузоришҳои худ дар кишварҳояшон таьмин менамоянд ва шиносоиро бо пешниҳодоту тавсияҳои умумии вобаста ба гузориши мазкур осон мегардонад.
  5. Кумита гузоришҳои давлатҳои аьзоро, дар сурати бамаврид шуморидан ба муассисаҳо, фондҳо ва барномаҳои махсусгардондашудаи Созмони Милали Муттаҳид, инчунин мақомоти дигари дахлдор мефиристад, то ки ба онҳо ба дархостҳои дар бораи машварати техникӣ ё кӯмаки дар он зикршуда ё ба супориши дар бораи зарурати расондани кӯмаки дар гузориш омада аҳамият диҳанд, якҷоя бо хулоса ва тавсияҳои Кумита (агар онҳо бошад) оид ба ин хоҳиш ва супориш мефиристонад.

Моддаи 37: Ҳамкориҳои байни давлатҳои аъзо ва Кумита

  1. Ҳар як давлати аьзо бо Кумита ҳамкорӣ дорад ва ба аьзои он баҳри иҷрои ваколатҳояшон мусоидат мекунад.
  2. Кумита дар муносибатҳояш бо Давлатҳои аьзо роҳҳо ва воситаҳои ғанӣ гардондани имкониятҳои миллиро бобати татбиқи Конвентсияи мазкур, аз ҷумла бо ёрии ҳамкориҳои байналхалқӣ, ба таври лозимӣ ба инобат мегирад.

Моддаи 38: Муносибати Кумита бо мақомоти дигар

Барои ҳамкории судманди татбиқи Конвенсияи мазкур ва ҷонибдории байналхалқӣ дар соҳаи фарогири он:

а) муассисаҳои махсусгардонидашуда ва дигар мақомоти Созмони Милали Муттаҳид ҳуқуқ доранд, ҳангоми баррасии масьалаи татбиқи чунин ҳолати Конвентсияи мазкур, ки ба ваколатҳои онҳо мувофиқ меояд, пешниҳод карда шаванд. Агар Кумита дар сурати ба маврид шуморидани он метавонад ба муассисаҳои махсусгардондашуда ва дигар мақомоти босалоҳият вобаста ба татбиқи Конвенсияи мазкур дар соҳае, ки ба эътиборномаи онҳо мувофиқ мебошад, додани хулосаи экспертиро тавсия диҳад. Кумита ба муассисаи махсусгардонда ва мақомоти Созмони Милали Муттаҳид маърӯзаҳоро дар бораи татбиқи Конвенсия дар соҳаи вобаста ба фаъолияти онҳо тавсия карда метавонад;

в) Кумита зимни иҷрои эътиборномаи худ, дар мавридҳои мувофиқ, бо дигар мақомоти дахлдор, муассисаҳо аз рӯи шартномаҳои байналхалқӣ оид ба ҳуқуқи инсон, ба хотири таъмин намудаи мувофиқсозӣ ба принсипҳои дахлдори дастурии пешпиҳод намудани гузоришҳо, инчунин ҳангоми манзур намудани пешниҳодоти онҳо ва дар тавсияҳои умумӣ ва канорагир кардан аз такроршавӣ ва айният ҳангоми татбиқи вазифаҳои онҳо машварат мегузаронад.

Моддаи 39: Гузориши Кумита

Кумита дар ду сол як маротиба ба Ассамблеяи Генералӣ ва Шӯрои Иҷтимоӣ дар бораи фаъолияти худ гузориш пешниҳод менамояд ва дархосту тавсияҳои умумиро дар асоси баррасии гузоришу иттилооте, ки аз ҷониби давлатҳои аъзо ворид шудаанд, пешбарӣ карда метавонад. Чунин дархосту тавсияҳои умумӣ бо шарҳу тафсири давлатҳои аъзо (агар онҳо бошанд) ба гузориши Кумита ворид карда мешаванд.

Моддаи 40: Конферентсияи давлатҳои аъзо

  1. Давлатҳои аъзо барои баррасии тамоми масъалаҳои вобаста ба татбиқи Конвентсияи мазкур мунтазам дар Конвентсияи давлатҳои аъзо ҷамь меоянд.
  2. Сармуншии Созмони Милали Муттаҳид на дертар аз шаш Конферентсияи давлатҳои аъзоро даъват мекунад. Ҷаласаи минбаъда аз ҷониби Сармуншӣ дар ду сол як маротиба ё мувофиқи қарори Конферентсияи давлатҳои аъзо даъват карда мешавад.

Моддаи 41: Маҳфуздорӣ

Маҳфуздорандаи Конвентсияи мазкур Сармуншии Созмони Милали Муттаҳид мебошад.

Моддаи 42: Имзокуни

Ин Конвенсия барои имзо кардан аз тарафи ҳамаи давлатҳо ва созмонҳои ҳамгироии минтақавӣ дар Муассисаҳои марказии Созмони Милали Муттаҳид дар Нию-Йорк аз 30 марти соли 2007 боз мебошад.

Статья 43: Ризоият ба воҷибият

Конвентсияи мазкур бояд аз ҷониби давлатҳое, ки онро имзо намуданад ва созмонҳои ҳамгироии минтақавие, ки онро расман пазируфтаанд, тасбиқ карда шавад. Конвентсия барои ҳамроҳшавии ҳамаи давлатҳо ё созмонҳои ҳамгироии минтақаве, ки онро имзо накардаанд, боз аст.

Моддаи 44: Созмонҳои ҳамгироии минтақавИ

  1. «Созмонҳои ҳамгироии минтақавӣ» созмонҳои аз ҷониби давлатҳои соҳибистиқлоли минтақаи муайян таъсисёфтае, ки давлатҳои аъзо ба онҳо салоҳияти ҳалли масъалаҳои танзимшавандаи Конвентсияи мазкурро додаанд. Чунин созмонҳо дар асноди хеш дар бораи тасдиқи расмӣ ва ҳамроҳшавӣ доираи салоҳияти худро нисбат ба масъалаҳое нишон медиҳанд, ки Конвентсияи мазкур танзим мекунад. Дар натиҷа онҳо маҳфуздорандаро дар бораи тамоми тағйироти ҷиддӣ дар доираи салоҳияти худ воқиф месозанд.
  2. Истинод овардан ба «давлатҳои аъзо» дар Конвентсияи мазкур ба чунин созмонҳо дар доираи салоҳияти онҳо дахл дорад.
  3. Барои мақсадҳои банди 1 моддаи 45 ва бандҳои 2 ва 3 моддаи 47 Конвентсияи мазкур ягон асноде, ки аз ҷониби созмони ҳамгироии минтақавӣ барои нигаҳдорӣ супорида шудааст, ба эътибор гирифта намешавад.
  4. Дар масъалаҳои вобаста ба ваколати онҳо, созмонҳои ҳамгироии минтақавӣ метавонад ҳуқуқҳои овози худро дар конференсияи давлатҳои аъзо бо ҳисоби овозҳои баробар ба шумораи давлатҳои аъзои онҳо амалӣ созанд, ки иштирокчии Конвенсияи мазкуранд. Чунин созмон ҳуқуқи овози худро татбиқ карда наметавонад, агар ҳуқуқи худро кадоме аз давлатҳои аъзои онҳо амалӣ созад ё баъракс.

Моддаи 45: Пайдо кардани эътибор

  1. Ин Конвенсия дар рӯзи сиюми баъд аз ба нигоҳдорӣ супорида шудани тасдиқнома ё санади бистум дар хусуси ҳамроҳшавӣ, эътибор пайдо мекунад.
  2. Барои ҳар як давлат ё созмони ҳамгироии минтақавие, ки ин Конвенсияро тасдиқ мекунад ё ба он баъд аз ба нигоҳдорӣ супорида шудани тасдиқнома ё санади бистум дар хусуси ҳамроҳшавӣ, ҳамроҳ мешавад, ин Конвенсия дар рӯзи сиюми баъд аз санаи ба нигоҳдорӣ супорида шудани тасдиқнома ё санад дар хусуси ҳамроҳшавии он давлат, эътибор пайдо мекунад.

Статья 46: Ислоҳҳо

  1. Ислоҳе, ки хилофи мақсаду вазифаҳои ин Конвентсия бошад, пазируфта намешавад.
  2. Ислоҳҳоро ҳар вақт бекор кардан мумкин аст.

Моддаи 47: Тағйирот

  1. Ҳар давлати аъзо ба ин Консептсия метавонад тағйирот пешниҳод кунад ва онро ба Сармуншии Созмони Милали Муттаҳид ирсол намояд. Котиби Генералӣ баъди тағйироти пешниҳодшударо ба давлатҳои аъзо ирсол намудан хоҳиш менамояд, ки ба ӯ хабар диҳанд, ки оё онҳо ҷонибдори даъвати конференсияи давлатҳои аъзо бо мақсади баррасии ин пешниҳод ва овоздиҳӣ оид ба он ҳастанд ё не. Агар дар давоми чор моҳ аз таърихи фиристода шудани чунин нома, ҳадди аққал аз се як ҳиссаи шумораи давлатҳои аъзо барои баргузории чунин конференсия овоз диҳанд, Сармуншӣ таҳти сарпарастии Созмони Милали Муттаҳид конференсияро даъват мекунад. Ҳар тағйироте, ки бо аксари овозҳои давлатҳои аъзои дар конференсия ҳозирбуда ва дар овоздиҳӣ иштирокдошта қабул мешавад, аз ҷониби Ассамблеяи Генералӣ барои тасдиқ пешниҳод карда мешавад.
  2. Тағйироте, ки тибқи банди 1 моддаи мазкур маъқул дониста шуда, тасдиқ гардидааст, дар рӯзи сиюми баъди он, ки шумораи санади дар бораи қабул ба маҳфуздорӣ супоридашуда ба теъдоди аз се ду ҳиссаи давлатҳои иштирокчӣ расад, ин тағйирот аз рӯзи маъқул дониста шуданаш мавриди амал қарор дода мешавад. Минбаъд тағйирот барои ҳамаи давлатҳои аъзо дар рӯзи сиюми барои маҳфуздорӣ супорида шудани ин санади худ оид ба қабул мавриди амал қарор дода мешавад. Тағйирот танҳо барои давлатҳое ҳатмист, ки онҳоро қабул намудаанд.
  3. Агар конференсияи давлатҳои аъзо қарори дахлдорро якдилона қабул намоянд, он гоҳ тағйироте, ки тибқи банди 1 моддаи мазкур маъқул дониста шуда, тасдиқ гардидааст ва комилан ба моддаҳои 34, 38, 39 ва 40 дахл доранд, барои ҳамаи давлатҳои аъзо дар рӯзи сиюми баъди он, ки миқдори аснодии барои маҳфуздорӣ супоридашуда дар бораи қабул ба теъдоди шумораи аз се ду ҳиссаи давлатҳои аъзо расад, аз рӯзи маъқул шуморида шудани ин тағйирот мавриди амал қарор дода мешавад.

Моддаи 48: Қатъи фаъолият

Давлатҳои аъзо метавонанд фаъолияти Конвенсияи мазкурро тавассути ба тариқи хаттӣ хабардор сохтани Сармуншии Созмони Милали Муттаҳид қатъ кунанд. Қатьи фаъолият пас аз як сол аз рӯзи чунин огоҳсозиро қабул кардани Сармуншӣ мавриди амал қарор дода мешавад.

Моддаи 49: Шакли дастрас

Матни Конвентсия мазкур бояд дар шаклҳои дастрас таъмин карда шавад.

Моддаи 50: Матнҳои саҳеҳ

Матнҳои ин Конвенсия ба забонҳои англисӣ, арабӣ, испанӣ, хитоӣ, русӣ ва франсавӣ саҳеҳ буда, бо ҳам баробаранд.

Бо тасдиқи нуктаҳои зикргардида намояндагони ваколатдори дар зер имзогузоштае, ки аз тарафи ҳукуматҳои дахолдори худ ваколатдор шудаанд, Конвенсияи мазкурро ба имзо расонданд.

Мақолаҳои марбут

Маводҳои охирин

Verified by MonsterInsights