Sunday, October 1, 2023

Протоколи иловагӣ ба Конвенсия оид ба рафъи тамоми шаклҳои табъиз нисбати занон

Қарордод қабул шуд 54/4 -и Ассамблеяи Генералӣ
аз 6 октябри 1999 сол.

Давлатиштирокчии Протоколи мазкур назардошт ба он дорад, ки Низомномаи Созмони Милали Муттаҳид бори дигар бовариро ба ҳуқуқҳои инсонӣ, қадр ва қиммати шахсият ва баробарҳуқуқии зану мард мустаҳкам кард, инчунин инро ба инобат гирифта Конвенсияи умумии ҳуқуқи инсонӣ овоз дод, ки ҳамаи одамон озод ва баробар дар қадру иззат ва ҳуқуқҳо, ки ҳар як одам бояд тамоми ҳуқуқҳо ва тамоми озодиҳои худро доро бошад, мисле, ки Конвенсия овоз додааст бе ягон тақсимот, инчунин тақсимоти ҷинсӣ ба Аҳдномаи байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои инсонӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва ҳуқуқҳои инсони такя кард, ки маҳдудиятро ба аломатҳои ҷинсӣ манъ мекунад, инчунин Конвенсия дар бораи Барҳамдиҳии тамоми шаклҳои маҳдудкуни нисбат ба занҳо («Конвенсия»), ки онро давлатиштирокчиён маҳдудкуни нисбат ба занҳо дар тамоми шаклҳо маҳкум мекунанд ва бо тамоми усулҳои зарурӣ сиёсати барҳамдиҳии маҳдудкуни нисбат ба занҳо бетаъхир дигаргун созанд, иқрори ҷуръати худро оид ба таъмини пурра ва баробар пешниҳод ба занҳо ҳуқуқи инсонӣ ва озодиҳои асосӣ ва чорабиниҳои таъсирбахш оид ба пешгирии вайрон кардани ин ҳуқуқҳо ва озодиҳоро ба назар гирифта, оиди дар поён арзшуда розианд:

Моддаи 1.

Давлатиштирокчии Протоколи мазкур салоҳияти Комитет оид ба барҳамдиҳии маҳдудкунӣ нисбат ба занҳоро, ки қабул ва муоинаи хабарҳоро мутобиқи моддаи 2 пешниҳод шудааст, эътироф мекунанд.

Моддаи 2.

Хабарҳо метавонанд шахсан ба юрикдиксияи давлатиштирокчӣ ё ин ки гурӯҳи шахсоне, ки аз номи тасдиқӣ онро доранд, ки онҳо қурбонии вайронкунӣ аз тарафи давлатиштирокчӣ яке аз ҳуқуқҳо, ки дар Конвенсия омадааст, равона шавад. Агар хабар аз номи шахси алоҳида ё ин ки гурӯҳи шахсон равона шудааст ва ин бо иҷозати онҳо шуда истодааст ба ғайр аз он ҳолатҳое, ки муаллиф амалҳои худро аз номи онҳо бе розигӣ мегузорад.

Моддаи 3.

Хабарҳо дар навъи хаттӣ пешниҳод мешавад ва номаълум (анонимӣ) набошад. Комитет он хабареро, ки ба давлатиштирокчие, ки иштирокчии Протоколи мазкур набошад, қабул намекунад.

Моддаи 4.

  1. Комитет он хабарҳоеро, ки тамоми воситаҳои ҳифзи ҳуқуқи дохилиро дастрас сарфа шудаанд, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки истифодаи чунин воситаи ҳифз беасос тӯл мекашад ё ба гумон аст, ки хулосаи матлуб меорад.
  2. Комитет он хабареро қобили қабул намешуморад, эълон мекунад:

а)  он саволеро, ки пештар Комитет аз назар гузаронидааст ё аз назар гузаронида шуда буд, ё ин ки бо ҳамроҳии дигар тартиботи байналмилалии аз назаргузаронӣ, ё ба низомдарорӣ аз назар гузаронӣ истодаанд;

б)  вай бо мавқеи Конвенсия номувофиқ аст;

в)  вай беасос ё ин ки далелдор нокифоя аст;

д) далелҳое, ки мавзӯи хабар ҳастанд, барои он ҷой доштанд, ки Протоколи мазкур эътибори худро барои давлат-иштирокчӣ пайдо кард, агар ин далелҳо баъд аз ном бурдани санад ҷой надоштанд.

Моддаи 5.

  1. Комитет баъди дарёфти хабарҳо ва то қабули хулоса аз рӯи моҳияти худ метавонад ба давлат-иштирокчӣ барои муоинаи дархост дар он хусус, ки ин давлат-иштирокчӣ чунин чораҳои муваққатие, ки метавонад барои бартараф кардани зарари қурбонии ислоҳнашавандаро равона мекунад.
  2. Агар Комитет мутобиқи банди 1-и моддаи мазкур ҳуқуқи дискресионии худро ба амал орад, ин маънои онро надорад, ки вай қобили қабул ва ё оид ба моҳияти хабар қабул кардааст.

Моддаи 6.

  1. Ба ғайр аз он ҳолатҳое, ки Комитет хабарҳоро бе зикр кардани давлат- иштирокчӣ мазкур номаъқул дониста ва ба шарте ки чи шахси масъул ё шахсони масъул барои ошкор кардани ном ва ё номаҳо ба ин давлат- иштирокчӣ розианд, Комитет бо роҳи пинҳонӣ хабари лозимаро, ки мувофиқи Протоколи мазкур равона мешавад, ба давлат-иштирокчии мазкур мерасонад.
  2. Баъди қабули хабарнома дар муддати шаш моҳ давлат-иштирокчии мазкур ба тариқи ариза ё ин ки баёноти хаттӣ ҳалли чораи зарурӣ, агар он мавҷуд бошад, ки аз тарафи ин давлат-иштирокчӣ ба назар гирифта шудааст, пешниҳод намояд.

Моддаи 7.

  1. Комитет хабарҳоеро, ки мувофиқи Протоколи мазкур қабул шудаанд, бо назардошти ҳамаи маълумотҳо аз назар мегузаронад, ки онҳо аз тарафи шахси алоҳида, ё ин ки шахсони алоҳида, ё ин ки аз номи онҳо ва давлат- иштирокчӣ мазкур агар чунин маълумот дар байни тарафҳо гузаронида шуда бошад.
  2. Дар ҳолати аз назар гузаронии хабарҳо, мутобиқи Протоколи мазкур Комитет ҷаласаҳои пӯшида мегузаронад.
  3. Баъди омӯзиши хабарҳо Комитет оид ба хабарҳои омодашуда фикру мулоҳиза ва тавсияҳои худро, агар он ҷой дошта бошад, ба тарафҳои мазкур мефиристад.
  4. Давлат-иштирокчӣ бо таври муфассал фикру мулоҳиза ва тавсияҳои Комитетро аз назар гузаронида дар муддати шаш моҳ, агар чунин фикрҳо бошанд, ба Комитет мактуби ҷавобӣ, ки маълумоти чораҳои зарурӣ оид ба фикру мулоҳиза ва тавсияҳои Комитет пешниҳод мекунад, мефиристад.
  5. Комитет ба давлат-иштирокчӣ муълумоти иловагиро оид ба чораҳои зарурӣ, ки ҷавоб ба фикру мулоҳиза ва тавсияи давлат-иштирокчӣ агар ин ҳам ҳузур дошта бошад, ки Комитет онро қабул донад, пешниҳод менамояд, дар маърӯзаҳои давлат-иштирокчӣ, ки мутобиқи моддаи 18-и Конвенсия пешниҳод шудааст.

Моддаи 8.

1. Агар Комитет маълумоти саҳеҳро оид ба ҷиддӣ ва ё мунтазам вайрон кардани ҳуқуқ аз тарафи давлат-иштирокчӣ дарёфт кунад, ки дар Конвенсия омадааст, Комитет бо ин давлат-иштирокчӣ оид ба омӯзиши ин маълумот ва дар ин ҳолат маълумоти муносиб танбеҳ пешниҳод намояд.

2. Бо назардошти танбеҳ, ки метавонад ба давлат-иштирокчии ҳавасманд пешниҳод шавад, инчунин дигар маълумоти саҳеҳ, ки вай дорост, манзур мегардад. Комитет ҳуқуқи як ё якчанд аъзои худро барои гузаронидани тафтиш ва пешниҳоди маърӯзаи фаврӣ ба Комитет пешниҳод карданро дорад. Дар ҳолатҳое, ки ин асоснок аст, бо розигии давлат-иштирокчӣ тафтишот метавонад ба ҳузури ҳудуди вай ташриф орад.

  • Баъди натиҷаи омӯзиши чунин тафтишот, Комитет ин натиҷаҳоро ба давлат-иштирокчии мазкур ҳамроҳи фикру мулоҳиза ва тавсия мефиристад.
  • Дар давоми шаш моҳ баъди гирифтани натиҷаҳо, танбеҳ ва тавсияи фиристодашудаи Комитет, давлат-иштирокчии мазкур танбеҳи худро пешниҳод мекунад.
  • Чунин тафтишот бо роҳи пинҳонӣ гузаронида мешавад ва дар давоми ин кор чораҳои зарурӣ барои ҳамкорӣ аз тарафи ин давлат-иштирокчӣ дида мешавад.

Моддаи 9.

1. Комитет ба давлат-иштирокчии мазкур барои ба маърӯзааш илова кардани маълумоте, ки дар моддаи 18-и Конвенсия оварда шудааст, пешниҳод кунад, ки маълумоти пурра оид ба чораҳои зарурие, ки дар вақти тафтишот дар моддаи 8- и Протоколи мазкур қабул шудааст.

2. Дар ҳолати зарурӣ, баъди хатми марҳалаи шашмоҳае, ки дар моддаи 8,4 сухан меравад, Комитет метавонад ба давлат-иштирокчии мазкур оид ба маълумот дар бораи чораҷӯиҳое, ки бо чунин тафтишот дахлдор аст, пешкаш мекунад.

Моддаи 10.

1. Ҳар як давлат-иштирокчӣ метавонад дар ҳолати имзогузорӣ ё тасдиқи Протоколи мазкур ва ба якҷояшавии он илова кунад, ки вай салоҳияти Комитетро қабул намекунад, ки дар моддаҳои 8 ва 9 омадааст.

2. Ҳар як давлат-иштирокчӣ мутобиқи банди 1-и моддаи мазкур арз карда метавонад, аз ин аризааш бо охир ин огоҳинома ба Котиби Генералии Созмони Милали Муттаҳид ҳар вақт даст кашад.

Моддаи 11.

Давлат-иштирокчӣ тамоми чораҳоро барои таъмини он нафароне, ки дар юрисдиксияи вай қарор доранд ва ба рафтори бад ва ё тарс гирифтор намудаанд, ки ба Комитети хабари мутобиқи Протоколи мазкур пешниҳод шудааст.

Моддаи 12.

Комитет ба маърӯзаи ҳарсолаи худ, ки моддаи 21-и Конвенсияро ба назар мегирад, ҳисоботи худро оид ба фаъолияти худ мутобиқи Протоколи мазкур дохил мекунад.

Моддаи 13.

Ҳар як давлат-иштирокчӣ вазифадор аст, ки Протоколи мазкур ва Конвенсияро ошкор ва васеъ паҳн кунад ва барои гирифтани иҷозат маълумот оид ба фикру андешаҳо ва тавсияҳои Комитет, шахсан ба саволҳое, ки ба давлат-иштирокчии мазкур дахлдор аст, ҳамкорӣ кунад.

Моддаи 14.

Комитет расму қоидаҳои шахсии худро тайёр мекунад, ки дар ҳолати иҷрои функсияҳо бояд риоя карда шавад ва Протоколи мазкур бо он гузошта шавад.

Моддаи 15.

1. Протоколи мазкур барои ҳар як давлати имзогузоранда кушода аст, ки Конвенсия тасдиқ ва ё якҷояшавии онро имзо гузоштаанд.

2. Протоколи мазкур барои якҷояшавии ҳар як давлате, ки Конвенсия ва якҷояшавии тасдиқӣ барои нигоҳдорӣ ба Котиби Генералии Созмони Милали Муттаҳид дода мешавад.

  • Протоколи мазкур барои якҷояшавии ҳар як давлате, ки тасдиқи Конвенсия ва ё якҷояшавии онро маъқул донистааст, кушода аст.
  • Якҷояшавӣ бо роҳи нигаҳдории ҳуҷҷат оид ба якҷояшавӣ дар назди Котиби Генералии Созмони Милали Муттаҳид гузаронида мешавад.

Моддаи 16.

1. Протоколи мазкур баъди се моҳи нигаҳдории (депонирование) он дар назди Котиби Генералии Созмони Милали Муттаҳид, ки даҳум Санади тасдиқӣ ё ин ки даҳум ҳуҷҷат оид ба якҷояшавист, эътироф пайдо мекунад.

2. Барои ҳар як давлате, ки тасдиқ ва ё якҷояшавии Протоколи мазкурро ба он баъди эътироф пайдо мекунад, ки Протоколи мазкур баъди се моҳи нигаҳдории он ва санади тасдиқӣ ё ҳуҷҷати якҷояшавӣ эътироф пайдо мекунад.

Моддаи 17.

Шарҳҳо ба Протоколи мазкур қабул намешавад.

Моддаи 18.

1. Ҳар як давлат-иштирокчӣ метавонад ба Протоколи мазкур иловаҳои худро ба Котиби Генералии Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод кунад. Котиби Генералии Созмони Милали Муттаҳид ҳар як иловаҳои пешниҳод шударо ба давлат-иштирокчиён мефиристад, бо хоҳише, ки ба вай оид ба овоз шудан барои даъвати Конференсияи давлат-иштирокчиён бо мақсади муоинакунии масъалаи мазкур ва барои он овоздиҳӣ хабар диҳанд. Агар барои даъвати Конференсия аз се як ҳиссаи давлат-иштирокчиён овоз диҳанд, Котиби Генералии Созмони Милали Муттаҳид ин Конференсияро дар зери ҳимояи Созмони Милали Муттаҳид даъват мекунад. Ҳар як иловае, ки дар овоздиҳӣ аз тарафи давлат-иштирокчӣ, ки дар овоздиҳии ин Конференсия иштирок дорад, ба Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид барои тасдиқ пешниҳод карда мешавад, миқдори зиёди овозҳоро мегирад.

2. Иловаҳо баъди тасдиқ аз тарафи Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид ва қабули зиёдтари давлат-иштирокчии Протоколи мазкур мутобиқи тартиби Конститутсияи онҳо эътибори худро пайдо мекунад.

  • Вақте ки иловаҳо эътибори худро пайдо мекунанд, онҳо барои давлат- иштирокчиёне, ки онҳоро қабул кардаанд, ҳатмианд, лекин барои дигар давлат-иштирокчиёни Протоколи мазкур бо иловаҳои аз тарафи онҳо қабулшуда ҳатмианд.

Моддаи 19.

1. Ҳар як давлат-иштирокчӣ метавонад дар ҳолати зарурат Протоколи мазкурро бо роҳи огоҳиномаи хаттӣ ба номи Котиби Генералии Созмони Милали Муттаҳид бекор кунад. Бекоркунӣ баъди шаш моҳ аз рӯзи қабули огоҳиномаи хаттӣ ба Котиби Генералии Созмони Милали Муттаҳид эътибор пайдо мекунад.

2. Бекоркунӣ ба истифодаи баъдинаи Протоколи мазкур дар ҳар хабар ягон хисорот намерасонад, ки дар асоси моддаи 8 то таърихи эътибор пайдо кардани бекоркунӣ шурӯъ шудааст.

Моддаи 20.

Котиби Генералии Созмони Милали Муттаҳид ба ҳама хабар медиҳад:

а)  оид ба имзогузорӣ, тасдиқ ва якҷояшавиҳо мутобиқи Протоколи мазкур;

б)  оид ба таърихи эътибор пайдо кардани Протоколи мазкур ва ҳар як иловаҳо мутобиқи моддаи 18;

в)  оид ба ҳар як бекоркунӣ мутобиқи моддаи 19.

Моддаи 21.

Протоколи мазкур, ки матнҳояш бо забонҳои инглисӣ, арабӣ, испанӣ, чинӣ, русӣ ва фаронсавӣ, ки саҳеҳанд барои нигаҳдорӣ ба архиви Созмони Милали Муттаҳид супорида мешавад.

Мақолаҳои марбут

Маводҳои охирин

Verified by MonsterInsights