Friday, March 29, 2024

Протоколи иловагӣ ба Конвенсия оид ба ҳуқуқҳои кӯдак, ки ба фурӯши кӯдакон, фоҳишагии кӯдакон ва порнографияи кӯдакон дахлдор аст

Давлат-иштирокчиён Протоколи мазкур:

– барои амалӣ гардонидани мақсадҳои Конвенсия оид ба ҳуқуқҳои кӯдак ва амалӣ гардонидани мавқеи вай мутобиқи моддаҳои 1, 11, 21, 32, 33, 34, 35 ва 36, хуб мешуд, ки чораҳоро оид ба хусусиятҳои васеъи зиёдтар диҳанд, ки Давлат-иштирокчиён барои муҳаё кардани ҳуқуқи кӯдак аз амали фурӯши кӯдакон, фоҳишагии кӯдакон ва порнографияи кӯдак кафолат дода тавонанд;

– чунин мешуморанд, ки дар Конвенсияи ҳуқуқи кӯдак, ҳуқуқҳои кӯдакон дар ҳифз аз истисмори иқтисодӣ ва аз иҷрои ҳама гуноҳ кор, ки метавонанд барои саломатии кӯдак хатар орад ё ин ки сабаби пешгирӣ кардани хату саводи онҳо мешаванд, ё ин ки ба вай дар саломатӣ ва ба инкишофи ҷисмонӣ, фикрӣ ва рӯҳӣ, иҷтимоӣ ва ахлоқӣ бошад, ба ӯҳда мегиранд;

– дар оянда барои зиёд шудани қочоқи байналмилалии бурдани кӯдакон бо мақсади фурӯши онҳо, фоҳишагии кӯдакон ва порнографияи кӯдак хело хавотир шуда, барои паҳншавӣ ва давомдиҳии амалигардонии туризми шаҳвонӣ, ки махсусан барои кӯдакон хатарнок аст, ки вай дар фурӯши кӯдакон, фоҳишагии кӯдакон ва порнографияи кӯдак сабабгори асосӣ аст, низ хавотир буда;

– иқрори онро бояд карда, ки як қатор гурӯҳи кӯдакони махсусан нозукирода, ки духтарони ноболиғро дар бар мегирад, аз ҳад зиёд ба хавфи истисмори шаҳват дучор меоянд ва тақдири духтарони ноболиғ дар байни истисморкунандагон шаҳвати кӯдакон беканор аст;

-дар оянда хавотирӣ оид ба зиёдшавии иҷозати порнографияи кӯдак дар Интернет ва дар дигар сохторҳои тараққикардаи технологӣ ва ба Конференсияи Байналмилалӣ зидди порнографияи кӯдакон дар Интернет (Вена, 1999с.) такя карда ва махсусан ба ҳалли он ки ба тамоми истеҳсолоти ҷаҳонӣ, ҷиноятӣ, паҳнкунӣ, содирот, супориданҳо, воридот, барқасд нигоҳ доштани порнографияи кӯдакона ва рекламаи он ва маҳфуми асосии ҳамкории зич ва мушоракат байни ҳуқуматҳо ва индустрияи Интернет қайд кард, даъват мекунад;

– барҳамдиҳии фурӯши кӯдакон, фоҳишагии кӯдакон ва порнографияи кӯдак барои қабули муносибати ҳамаҷониба ёрӣ мерасонад, ба ҳамаи омилҳои зуҳуроте, ки алоқаманди онҳост, яъне инкишофи нокифоя, камбағалӣ, номутаносибии иқтисодӣ, сохти нобаробарии иҷтимоӣ-сиёсӣ, мавҷуд будани оилаҳои носоз, сатҳи пасти маълумот, муҳоҷират байни шаҳрҳо ва деҳот, маҳдудкунии ҳуқуқ бо аломатҳои ҷинсӣ, бемаъсулиятӣ, шаҳвонии рафтори калонсолон, намуди амалҳои расму оини бад, ихтилофи муссаллаҳона ва қочоқи бурдани кӯдакон, оянда хавотирсоз буда;

– барои паст кардани талабот ба савдои кӯдакон, фурӯши кӯдакон, фоҳишагии кӯдакон ва порнографияи кӯдак зарур аст, ки сатҳи маълумотдиҳии ҷамъиятро зиёд кард ва инчунин дар оянда яқин кардани мустаҳкамии ҳамкории глобалӣ байни ҳамаи иштирокчиён, инчунин кӯшиши чораҳои истифодаи ҳуқуқ дар сатҳи Миллӣ дида мешаванд;

– ба назар гирифта мешавад мавқеи санадҳои байналмилалӣ, ҳуқуқ дар соҳаи муҳофизати кӯдакон, Конвенсияи Гааграро оид ба муҳофизати кӯдакон ва ҳамкориҳоро дар соҳаи фарзандхонии байнидавлатӣ дохил мекунем, Конвенсияи Гааграро оид ба шаҳрванди ҳуқуқӣ аз нуқтаи назари дуздии байналмилалии кӯдакон, инчунин Конвенсияи Гааграро оид ба юрисдиксияе, ки дар ҳуқуқ, изҳор, ҳуқуқи истифода ва ҳамкорӣ дар масъалаҳо оид ба масъулиятҳои падару модар ва чораҳо оид ба муҳофизати кӯдакон ва Конвенсияи Байналмилалии Созмонҳои меҳнатӣ № 182 оид ба манъ ва чораҳои фаврӣ барои решаканкунии намуди бади меҳнати кӯдакон;

– ба дастгирии ҳамавақтаи Конвенсияи ҳуқуқҳои кӯдакон рӯҳбаланд буда, оид ба шоҳиди тарафдории васеи ҳавасмандкунии амал ва муҳофизати ҳуқуқи кӯдакон;

-маънои асосии мавқеи Барномаи амалро оид ба хабардоркунии фурӯши кӯдакон, фоҳишагии кӯдакон ва порнографияи кӯдак ва Эъломия ва плани амалҳо, ки аз 27-31 августи 1996 сол дар Конвенсияи Умумиҷаҳонӣ бар зидди истисмори шаҳвонии кӯдакон бо мақсадҳои тиҷоратӣ шуда гузашт, инчунин дигар ҳалл ва тавсияҳо оид ба ин масъалаҳо мавҷудбудаи Созмонҳои байналмилалӣ, маҳфуми асосии урфу одатҳо ва сарватҳои мадании ҳар як халқият барои муҳофизат ва инкишофи мутаносиби кӯдак ба назар гирифта шуда, оиди дар поён зикршуда маслиҳат карданд:

Моддаи 1.

Давлат-иштирокчиён фурӯши кӯдакон, фоҳишагии кӯдакон ва порнографияи кӯдаконро, ки мутобиқи Протоколи мазкур дида баромада шудааст, манъ мекунанд.

Моддаи 2.

Барои мақсадҳои Протоколи мазкур:

а)   фурӯши кӯдакон маънои ҳама гуна кирдор ва ё хариду фурӯши кӯдакро аз тарафи шахс ё гурӯҳи шахсон ба дигар гурӯҳи шахсон ба тариқи мукофотпулӣ ё дигар намуди подошдиҳӣ фурӯхта мешаванд.

б)  фоҳишагии кӯдакон маънои истифодаи дар амалиётҳои табиии шаҳвонӣ бо тариқи мукофотпулӣ ё дигар намуди подошдиҳиро дар назар доранд.

в)   порнографияи кӯдак, маънои нишон додани чи гуна ки набошад дар ҳақиқат амалишавӣ ё намунаи амалҳои шаҳвонии рӯйиростро ё ҳама гуна тасвири аъзоҳои ҷинсии кӯдак , махсусан бо мақсадҳои шаҳвоният.

Моддаи 3.

  1. Ҳар як Давлат-иштирокчиён муҳаёи хурдтарини корҳои зерин ва намуди корҳоеро, ки чораҳои комилро дар бар гирифтааст, ҳуқуқҳои ҷиноятӣ ва ё криминалиро муҳайё мекунад, ба он нигоҳ накарда, ки оё ин ҷиноятҳо содир шудаанд дар сатҳи Миллӣ ё воситаи Миллӣ ё ин ки дар тартиботи Созмонҳо ё фардӣ .

а)  дар матни савдои кӯдакон, ки дар моддаи 2 муайян шудааст

I- бо кадом роҳе набошад, бо мақсади дархост доду гирифти кӯдак;

б)   истисмори шаҳвонии кӯдак;

в)   додани аъзоҳои бадани кӯдак бо мақсади гирифтани мукофотпулӣ ;

II – розикунонии ғайриқонунӣ дар шахсияти миёнарав бо розигӣ барои фарзандхондии кӯдак, бо вайронкунии санадҳои байналмилалии ҳуқуқи қабулшуда, ба фарзандхондӣ дахл дорад;

б)   дархост, доду гирифт ё пешкаш намудани кӯдак бо мақсади фоҳишагии кӯдак, ки дар моддаи 2 омадааст;

в)   истеҳсолот, тақсимот, паҳнкунӣ, содирот, воридот, дархост, фурӯш ё нигоҳдорӣ ба мақсадҳои дар боло номбаршуда, парнографияи кӯдакон дар моддаи 2 омадааст.

  1. Ба ҳисобгирии мавқеи қонунгузории миллии Давлат-иштирокчиён, мавқеи монанди дар амали куштор ба содир кардани яке аз ин амалиётҳо, инчунин шарикӣ ё ҳамкорӣ дар содир кардани ин амалиётҳо истифода бурда мешаванд.
  2. Ҳар як Давлат-иштирокчиён чораҳои лозима, ҳукмро барои ин ҷиноятҳо, аз лиҳози вазнинии онҳо дида мебароянд.
  3. Ба ҳисобгирии мавқеи қонунгузории миллии худ ҳар як Давлат- иштирокчиён дар вақтҳои муносиб чораҳоро оид ба маълумкунии шахсони юридикӣ ҷавобгар барои ҷиноят, ки дар банди 1-и моддаи мазкур омадааст, мебинанд. Ба ҳисобгирии шартҳои ҳуқуқии Давлат-иштирокчиён ин ҷавобгарии шахси юридикиро метавонанд ҷиноятӣ, гражданӣ ё маъмурӣ ҳисобанд.
  4. Давлат-иштирокчиён қабули тамоми чораҳои маъмурӣ ва ҳуқуқии бударо бо мақсади муҳайё кадани он ки ҳама шахсоне, ки ба фарзандхондӣ алоқаманданд, аз рӯи мавқеи санадҳои байналмилалии ҳуқуқии қабулшуда кор баранд.

Моддаи 4.

  1. Ҳар як Давлат-иштирокчиён чунин чораҳоро қабул мекунанд, ки метавонанд барои муайян кардани юрисдиксияи худ бо нигоҳи ҷиноят, ки дар банди 1-и моддаи 3 омадааст, дар он маврид, ки чунин ҷиноятҳо дар ҳудуд ё киштии баҳрӣ ё киштии ҳавоӣ, ки ба ҳамон давлат тааллуқ дорад, зарур аст.
  2. Ҳар як Давлат-иштирокчиён чунин чораҳоро метавонад қабул кунад, ки барои муайян кардани юрисдиксияи худ аз нигоҳи ҷиноят, ки дар банди-1 моддаи 3 омадааст, ҳолатҳои зеринро дар бар мегирад:

а)  вақте ки ҷинояткори тахминшуда шаҳрванди ҳамин давлат аст ё ин ки шахсе, ки ҷои зисти оддии вай ҳамин ҳудуд бошад;

б)  вақте ки шахси қурбоншуда шаҳрванди ҳамин давлат бошад.

  • Ҳар як Давлат-иштирокчиён чунин чораҳои лозимаро қабул мекунад, ки заруранд барои муайян кардани юрисдиксияи худ бо назардошти ҷиноятҳои дар боло номбурда, вақте ки ҷинояткори тахминшуда дар ҳудуди вай бошад ва ӯро ба дигар Давлат-иштирокчиён намесупорад ба он асос оварда, ки ҷиноят аз тарафи яке аз шаҳрвандонаш содир карда шудааст.
  • Протоколи мазкур ягон юрисдиксияи ҷиноятиро рад намекунад, мувофиқи ҳуқуқи дохилии давлати амалишуда.

Моддаи 5.

  1. Ҷинояте, ки дар банди 1 моддаи 3 омадааст, дорои илова карда, ҳамчун ҷиноятҳо воҷиб аст, ки боиси супоридани ҳар як шартномаи супоридан, ки байни Давлат-иштирокчиён қарор дорад, инчунин бо сифати ҷиноят илова шудааст, боиси супоридани ҳама гуна шартномаи супоридан баъд байни онҳо баста мешавад, дар асоси шартҳои дар ин шартнома муайян карда шуда.
  2. Агар Давлат-иштирокчиён мавҷудияти шартномаи супориданро шарт монад ва хоҳиши супориданро аз номи дигар Давлат-иштирокчиён, ки оид ба супоридани шартнома надорад, мегирад, вай метавонад Протоколи мазкурро дар бобати чунин ҷиноятҳо ба сифати асарҳои ҳуқуқӣ барои супоридан аз назар гузаронад. Супоридан дар асоси шартҳои дар Қонунгузории давлатҳо қабулшуда оид ба супоридан хоҳиш карда шудааст, амалӣ гардонида мешавад.
  3. Давлат-иштирокчиёне, ки мавҷудияти шартномаи супориданро шарт намегузоранд, дар ҳамкориҳо байни худ чунин ҷиноятҳоро бо сифати ҷиноятҳо дида мебароянд, боиси супоридан бо назардошти шартҳои дар қонунгузории давлатҳо дида шуда, ки хоҳиши супоридан гуфта шудааст.
  4. Чунин ҷиноятҳо барои мақсади супорида байни Давлат-иштирокчиён дида баромада мешаванд, ки агар онҳо на танҳо дар ҷойҳои содиршуда амалӣ шудаанд, инчунин дар ҳудудҳои давлатҳое, ки юрисдиксияи худро мутобиқи моддаи 4 вазифадор муайян кунанд.
  5. Агар хоҳиши оид ба супориш бо алоқамандии яке аз ҷиноятҳо, ки дар банди 1 моддаи 3 омадааст, қабул шавад ва агар Давлат-иштирокчиёне, ки ба вай чунин хоҳиш намудаанд, оё супоридан ё ин супоридани ҷинояткор дар асоси шаҳрвандии вай намешавад, ин давлат чораҳои муайянро барои супоридани парвандаҳо ба Созмони салоҳиятдори худ бо мақсади ба вуҷуд овардани таъқиби ҷиноятӣ қабул мекунанд.

Моддаи 6.

  1. Давлат-иштирокчиён ба якдигар ёрии хуб бо назардошти тафтишот ё таъқиби ҷиноятӣ ё расму қоидаҳои супориш, дар бобати ҷиноят шурӯъ шудааст, ки дар банди 1 моддаи 3 қайд шудааст, барои ба амал овардани ҳаракати тартиботи мурофиаи судии зикршуда зарур аст, мерасонанд.
  2. Давлат-иштирокчиён вазифаҳои худро мутобиқи банди 1 моддаи мазкур иҷро мекунанд, ба ҳама гуна шартнома ё ба дигар шартномаҳо оид ба ёрии ҳуқуқии дутарафа, ки байни онҳо амалӣ мешаванд. Дар ҳолати набудани чунин шартномаҳо ё шартномаҳои байни Давлат-иштирокчиён ба якдигар ёрӣ мутобиқи ҳуқуқҳои дохили давлатии он мерасонанд.

Моддаи 7.

Давлат-иштирокчиён мутобиқи мавқеҳои қонунгузории миллии онҳо:

а)  дар чунин ҳолатҳо чораҳои мусодира ва забтро муҳайё карданро қабул мекунад;

  1. Молу амвол, ба монанди масолеҳ, ашёҳо ва дигар таҷҳизотиҳоеро, ки барои содир кардани ҷиноят истифода бурдааст, мутобиқи Протоколи мазкур ба назар гирифта шудааст.

II. Даромадҳо, ки дар ҳолати содир кардани чунин ҷиноятҳо гирифта шуда;

б)  хоҳишҳои дигар Давлат-иштирокчиёнро оид ба мусодира ва забти амвол ё даромадҳо, ки дар зербанди ( а ); (I ); омадааст, иҷро кунанд.

в)  Чораҳоро оид ба муваққатан ё ҳамеша бастани ҷой истифода барои содир кардани чунин ҷиноятҳо қабул мекунанд.

Моддаи 8.

  1. Давлат-иштирокчиён чараҳои мазкурро барои муҳофизати ҳуқуқ ва кӯдакони қурбоншудаи ин амалиётҳо, ки дар Протоколи мазкур манъ шудааст, дар ҳама ҳолатҳои мурофиаи судии ҷиноятӣ қабул мекунанд, маҳз бо роҳи;

а) сустии кӯдакони қурбоншуда ва одат ба расму қоидаҳои барои қабули онҳо дар талаботҳои махсус, инчунин талаботҳои махсуси онҳо бо сифати шоҳид;

б) маълумотро оид ба ҳуқуқҳои онҳо ба кӯдакони қурбоншуда гуфтан, нақшаи онҳо ва оид ба нигаҳдорӣ, вақт ва мурофиаи судии ҷиноятӣ ва оид ба ҳалли делоҳои онҳо;

в)  муҳайё кардани он ки андешаҳо, талаботҳо ва масъалаҳои кӯдакони қурбоншуда пешниҳод ва аз назар гузаронида шаванд, дар ҳолати мурофиаи судии ҷиноятӣ аз назардошт бо меъёрҳои тартиботи мурофиаи судии қонунгузории Миллӣ дар он мавридҳо, ки ба ҳавасҳои шахсии онҳо дахолат кардан;

г)  пешниҳоди хизмат ба кӯдакон-қурбоншудагон оид ба дастгирӣ дар ҳама ҳолатҳои мурофиаи судии ҷиноятӣ ;

д)  ҳифз дар ҳолатҳои пешомадаи зиндагии шахсӣ ва шахсияти кӯдакон- қурбоншудагон ва қабули чораҳо бо муносиби қонунгузории Миллӣ бо мақсади паҳн кардани маълумотҳои номатлуб, ки бо муаяйн кардани шахсияти кӯдакон-қурбоншудагон;

е)  муҳайё дар ҳолати пешомадаи муҳофизати кӯдакон-қурбоншудагон, инчунин оилаҳои онҳо ва аз номи онҳо чун шоҳид баромадкунанда, аз тарсонидан ва чораҳои қасдгирӣ ;

ж)  нагузоштан аз ҳад зиёд маънкуниро дар дохил кардани ҳалли оид ба кори ҷиноятӣ ва амалӣ шудани фармон ва қарор роҷеъ ба пешниҳоди ҷуброн ба кӯдакон-қурбоншудагон.

  • Давлат-иштирокчиён мавҷудияти шаклҳо оид ба дурустии синну соли қурбоншудагон, ки роҳи оғоз ба кофтукови ҷиноятӣ нагардад, инчунин кофтуковро бо мақсади муайянсозии синну соли қурбоншудагон мҳайё мекунанд.
  • Давлат-иштирокчиён муҳаёи онро, ки дар тартиби мурофиаи судии ҷиноятиро дар рафтор бо кӯдаконе, ки қурбони ҷиноятҳо ҳастанд, дар Протоколи мазкур дида шудааст, мекунанд, диққати аввалиндараҷаро барои ҳавасмандкунии кӯдак ба назар мегиранд.
  • Давлат-иштирокчиён чораҳоро барои муҳаёи тайёрии даркорӣ, махсусан юридикӣ ва психологӣ барои шахсоне, ки бо кӯдакон- қурбоншудагони ҷиноятӣ фаъолият мекунанд, ки мутобиқи Протоколи мазкур манъ шудааст, мебинанд.
  • Давлат-иштирокчиён дар ҳолатҳои даркорӣ чораҳоро оид ба муҳаё кардани бехавфӣ ва дахлнопазирии он шахсон ва ё Созмонҳое, ки бо фаъолияти ҳифзкунанда ва ё муҳофизат ва офият додани қурбоншудагони чунин ҷиноятҳо машғуланд, мебинанд.
  • Ягон чиз дар моддаи мазкур гуфта намешавад, чун зиён овардан ё зидди ҳуқуқҳои маҳкумшуда ба ҳукми одилона ва тафтишоти судии беғаразона.

Моддаи 9.

  1. Давлат-иштирокчиён қабул, ё мустаҳкам, ё қонунҳоро таблиғ мекунанд, чораҳои маъмуриро, стратегияи иҷтимоӣ ва барномаҳоро бо мақсади огоҳонидани ҷиноятҳо, ки дар Протоколи мазкур омадааст, диққати махсус ба муҳофизати кӯдакон махсусан кӯдакони сустирода дар бобати чунин амалҳо медиҳанд.
  2. Давлат-иштирокчиён дар баланд бардоштани огоҳкунӣ дар давраҳои васеи ҷамъият, инчунин кӯдакон бо роҳи муҳаё кардани маълумот, бо истифодаи ҳамаи воситаҳои муносиб, маориф ва таълимӣ дар бобати чораҳои ҳифзкунанда ва оқибати бади ҷиноятӣ, ки дар Протоколи мазкур омадааст, ҳамкорӣ мекунанд. Дар иҷрои вазифаҳои худ мутобиқи моддаи мазкур Давлат-иштирокчиён иштироки ҷамъиятро хуб мепазирад ва махсусан кӯдакон, кӯдакони қурбоншударо дар чунин барномаҳои маълумотдиҳии маориф ва таълимӣ, махсусан дар сатҳи байналмилалӣ ҷалб менамоянд.
  3. Давлат-иштирокчиён ҳамаи чораҳои бударо бо мақсади муҳаёи ёрӣ ба қурбоншудагони чунин ҷиноятҳо мерасонад, инчунин иҷтимоиёти пурраи ҳифзкунандаро ва барқарорсозии пурраи психологӣ ва ҷисмонии онҳо ба назар мегирад.
  4. Давлат-иштирокчиён муҳаёи онро, ки ҳамаи кӯдакон- қурбоншудагони ҷиноятҳо дар Протоколи мазкур омадааст, ба гирифтани реҷаи (проседураи) буда аз шахсони масъули юридикӣ ҷуброн ситонидан барои зараррасонӣ бе ягон маҳдудкунии ҳуқуқӣ буда, таъмин мекунад.
  5. Давлат-иштирокчиён чораҳои бударо, ки барои таъмини истеҳсоли маъншудаи амалкунанда ва паҳнкунии маводҳо, ки таблиғи ҷиноятҳоро дар бар мегирад, дар Протоколи мазкур омадааст, қабул мекунанд.

Моддаи 10.

  1. Давлат-иштирокчӣ ҳамаи чораҳои даркориро барои мустаҳкамии ҳамкориҳои байналмилалӣ бо роҳи бастани шартномаҳои ҳаматарафа, минтақавӣ ва дутарафа бо мақсадҳои огоҳ кардан, муайян кардан, тафтишот, таъкиби ҷиноятӣ ва ҳукми шахсоне, ки гунаҳкор дар содир кардани амали фурӯши кӯдакон, фоҳишагии кӯдакон ва порнографияи кӯдакон ва туризми шаҳвати кӯдакон пайвастагӣ дорад, ба инобат мегиранд. Давлат-иштирокчӣ, инчунин ба ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ба ҳамдигар мувофиқ байни Созмонҳои шахсӣ, Миллӣ ва байналмилалӣ, Созмонҳои ғайридавлатӣ ва Созмонҳои байналмилалӣ ҳамкорӣ мекунанд.
  2. Давлат-иштирокчӣ ба пешрафти ҳамкориҳои байналмилалӣ, ки ба ёрӣ додани кӯдакони қурбоншуда дар барқароркунии психологӣ ва ҷисмонӣ, иҷтимоиёти реинтегратсионӣ ва репартатсия кардани онҳо ҳамкорӣ мекунад.
  3. Давлат-иштирокчӣ барои мустаҳкамкунии ҳамкориҳои байналмилалӣ бо мақсадҳои аз байн рабудани сабабҳои асосие, ки камбағалӣ ва инкишофи нокомил, сустии кӯдаконро вазнинкунанда, чун савдои кӯдакон, фоҳишагии кӯдакон, порнографияи кӯдакон ва туризми шаҳвонии кӯдакон ҳамкорӣ мекунанд.
  4. Давлат-иштирокчӣ барои маблағгузорӣ, техника ё дигар намуди ёрӣ дар бобати барномаҳои ҳаматарафа, минтақавӣ, дутарафа ва дигар мерасонад, ки салоҳият дорад.

Моддаи 11.

Ягон чиз дар Протоколи мазкур дахолати ягон мавқеи, ки дар ҳолати зиёд ба амалишудани ҳуқуқи кӯдак алоқаманд аст ва метавонад дар худ:

а) дар қонунгузории давлат-иштирокчӣ ;

б) бо меъёрҳои ҳуқуқҳои байналмилалӣ, ки барои ҳамаи давлат амалӣ мешавад.

Моддаи 12.

1. Ҳар як Давлат-иштирокчиён баъди ду соли ба эътибор даромадани Протоколи мазкур барои ин Давлат-иштирокчиён маърӯза ба Комитет оид ба ҳуқуқҳои кӯдак, ки маълумотҳоро ҳамаҷониба оид ба чораҳо дар бар мегирад, инчунин чораҳоро бо мақсади амалӣ гардонидани ҳолате, ки ба иштирок ва даъват тааллуқ доранд, дар бар мегиранд.

  • Баъди маърӯзаи ҳамаҷониба ҳар як Давлат-иштирокчиён ба маърӯзаҳояшон, ки ба Комитет оид ба ҳуқуқи кӯдакон мутобиқи моддаи 44 Конвенсия пешкаш кардаанд, ҳама гуна маълумоти иловагиро, ки ба амали гардонии Протоколи мазкур дахл доранд, илова мекунанд.
  • Комитет оид ба ҳуқуқҳои кӯдак аз Давлат-иштирокчиён маълумоти иловагиро, ки барои амалӣ гардонидани Протоколи мазкур дахл доранд, метавонад талаб кунад.

Моддаи 13.

1. Протоколи мазкур барои ҳар як давлати имзогузоранда кушода аст, ки Созишнома тасдиқ ва ё якҷояшавии онро имзо гузоштаанд.

  • Протоколи мазкур барои якҷояшавии ҳар як давлате, ки Созишнома ва якҷояшавии тасдиқӣ барои нигоҳдорӣ ба Котиби Генералии Созмони Милали Муттаҳид дода мешавад.
  • Котиби Генералӣ дар сифати депозитарияи Конвенсия ва Протоколи мазкур амал мекунад, ба давлат-иштирокчёни Конвенсия ва ҳамаи давлатҳое, ки аҳдномаро имзо гузоштанд, барои нигаҳдории ҳар як санади тасдиқшуда ё ҳуҷҷати якҷояшавии супорида мутобиқи моддаи 13.

Моддаи 14.

1. Протоколи мазкур баъди се моҳи нигаҳдории (депонирование) он дар назди Котиби Генералии Созмони Милали Муттаҳид, ки даҳум Санади тасдиқӣ ё ин ки даҳум ҳуҷҷат оид ба якҷояшавист, эътироф пайдо мекунад.

2. Барои ҳар як давлате, қи тасдиқ ва ё якҷояшавии Протоколи мазкурро ба он баъди эътироф пайдо мекунад, ки Протоколи мазкур баъди се моҳи нигаҳдории он ва санади тасдиқӣ ё ҳуҷҷати якҷояшавӣ эътироф пайдо мекунад.

Моддаи 15.

1. Ҳар як давлат-иштирокчиён метавонад дар ҳолати зарурат Протоколи мазкурро бо роҳи огоҳиномаи хаттӣ ба номи Котиби Генералии Созмони Милали Муттаҳид, ки баъдан ба дигар Давлат-иштирокчиён Конвенсия ва дигар давлатҳо маълумот медиҳанд, пешниҳод намояд. Бекоркунӣ баъди 1 сол аз рӯзи қабули огоҳиномаи хаттӣ ба Котиби Генералии Созмони Милали Муттаҳид эътибор пайдо мекунад. Агар дар рӯзи тамом шудани бекоркунӣ дар Давлат-иштирокчиён ихтилофоти мусаллаҳона ҷой дошта бошад, бекоркунӣ то ба охир расидани ин ихтилофоти мусаллаҳона эътибори худро пайдо мекунанд.

2. Чунин бекоркунӣ Давлат-иштирокчиёнро аз вазифаҳои худ озод намекунанд, ки дар Протоколи мазкур омадааст ба ҳама гуна амалҳо, ки то рӯзи ба эътибор омадани бекоркунӣ пеши роҳи ҳалли ҳама гуна масъалаҳое, ки барои аз назаргузаронӣ ба Комитет омадаанд, то рӯзи қабули бекоркуниро намегиранд.

Моддаи 16.

1. Ҳар як давлат-иштирокчӣ метавонад ба Протоколи мазкур иловаҳои худро ба Котиби Генералии Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод кунад. Котиби Генералии Созмони Милали Муттаҳид ҳар як иловаҳои пешниҳодшударо ба давлат-иштирокчиён мефиристад, бо хоҳише, ки ба вай оид ба ҳамовоз шудан барои даъвати Коференсияи давлат-иштирокчиён бо мақсади муоинакунии масъалаи мазкур ва барои он овоздиҳӣ хабар диҳанд. Агар барои даъвати Конференсия аз се як ҳиссаи давлат-иштирокчиён овоз диҳанд, Котиби Генералии Созмони Милали Муттаҳид ин Конференсияро дар зери ҳимояи Созмони Милали Муттаҳид даъват мекунад. Ҳар як иловае, ки дар овоздиҳӣ аз тарафи давлат-иштирокчӣ, ки дар овоздиҳии ин Конференсия иштирок дорад, ба Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид барои тасдиқ пешниҳод карда мешавад, миқдори зиёди овозҳоро мегирад.

2. Иловаҳо баъди тасдиқ аз тарафи Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид ва қабули зиёдтари давлат-иштирокчии Протоколи мазкур мутобиқи тартиби Конститутсияи онҳо эътибори худро пайдо мекунад.

  • Вақте ки иловаҳо эътибори худро пайдо мекунанд, онҳо барои давлат- иштирокчиёне, ки онҳоро қабул кардаанд, ҳатмианд, лекин барои дигар давлат-иштирокчиёни Протоколи мазкур бо иловаҳои аз тарафи онҳо қабулшуда ҳатмианд.

Моддаи 17.

1. Протоколи мазкур, ки матнҳояш бо забонҳои инглисӣ, арабӣ, испанӣ , инчунин, русӣ, фаронсавӣ, ки саҳеҳенд, барои нигаҳдорӣ ба бойгонии Созмони Милали Муттаҳид супорида мешавад.

2. Котиби Генералии Созмони Милали Муттаҳид нусхаҳои Протоколи мазкурро ба ҳамаи давлат-иштирокчиён ва ҳамаи давлатҳое, ки дар Конвенсия имзо гузоштаад, равон мекунад.

Мақолаҳои марбут

Маводҳои охирин

Verified by MonsterInsights