Saturday, April 20, 2024

Ёддоштҳои Бузургмеҳр Ёров аз зиндон ва рафти мурофиаҳо

Ба дасти Бунёди “Бузургмеҳр” ёддоштҳои адвокати шинохта ва зиндонии сиёсӣ Бузургмеҳр Ёров расидааст, ки ӯ ҳодисаҳои дар зиндон рухдода ва рафти мурофиаҳоро ёддошт кардааст.

Бунёди “Бузургмеҳр” тасмим гирифтааст, ёддоштҳои ин зиндонии сиёсиро дар вебсайти yorov.org нашр кунад.

Қисми якуми ёддоштҳои Бузургмеҳр Ёров:

Судя Бобоназарова Ойниҳолро мепурсад, ки чаро даромадед, судшавандаҳо даъват накардаанд. Эътироз кардам, ки суд кушода аст, чӣ гуфта истодаед? Нисбати суд Ойниҳол Бобоназарова низ эрод гирифт. Ҷабрдидаҳо Наҷотов Абдулло, Ниёзова, Аслияев, Халезин Владимир, Ҳамидов Самад ва оилаи Ҷураев Қурбоналӣ омада буд. Формаи адвокатиро пушида будам. Ин қадар милисаҳо талаб карданд, ки онро кашам, аммо розӣ нашудам.

Нилуфар, Рухшона, Хосият, Ҷамшед ва очаам ҳамроҳи оилаам бо 4 фарзандам омаданд. Нушофарин паспорт гирифтааст, хурсанд буд. Анушервон аз ҳисоби пули хонишашро наёфтан дарс нарафтааст. Настаран хурсанд буд, аз панҷара пеши ман даромада наметавонист, сараш намедаромад. Чизҳои аз нон сохтаамро, мисли чоркунҷа ва доирача ба ӯ додам. Гуфтам, пагоҳ хлеб мегирам боз як ду чиз месозам.

Судяро раддия додам водораш кардам, то нуқтаи назари прокурору ҷабрдидаҳоро пурсад. Ӯ ҳатто тарафҳоро пурсиданӣ набуд ва хонаи машварат рафтанӣ буд. Судя бошад, талабамро рад кард ва талаби суди мардумӣ, телевизиони ҷумҳурӣ, толорҳои Ҷомӣ, Лоҳутӣ, Маяковскийро намудам. Аз онҳо ҳуҷҷатҳои судиро талаб кардам, ки ҷилди 13-ро нишон диҳед, шаҳодатномаи хизматиатонро нишон диҳед, вале нишон надоданд. Ба мурофиа низ хешони Нуриддин Маҳкамов омада буданд.

Принтер ва телефони мусодира кардаро баргардонданд, аммо мошини падарамро бозпас надоданд. Мурофиаро ба рӯзи 10.05.2016 тағйир доданд, ки дар толори хурдаки суди ноҳияи Фирдавсӣ мегузашт. Адвокатам Ҳакимов Рустамро пеш кардам, чунки нашуд. Методи ҳимояаш ба манфиати ман набуд.

Дирӯз хоҳари Шермаҳмад – Гулрухсор духтари амакам вафот кардааст, ҷояш Ҷаннат шавад. Раҳимова Анзураи исфарагиро дар мурофиа дидам аз дур салому алейк кардем. Фаҳмидам, ки бо писараш барои сари соли хусурам биринҷ овардааст. Бо иҷозати суд бо оилаам вохурдам, оиди Ашурова Таманно ва проблемаҳои буда гуфт.

Маҳкамов мақсадаш фурухтани хонаи Исфара ва додани ваколатномаро ба оилааш дорад. Ду чойники барқӣ “Тефал” даромад. Як чойники дигар Маҳкамов пагоҳ роҳӣ мекунад. Қонунҳои лозима ва Кодексҳоро овардам, хонда истодаанд.

“Кадучӣ”-ро (лақаби маҳбус) 9 сол дар амнистияи соли 2014 аз муҳлати ҷазояш 33 фоиз кам карданд. Ӯро бурданд, дар ҷояш як нафар русзабонро, ки бо моддаи 104 муттаҳам дониста мешуд, оварданд. Ӯ падарашро кушта будааст. “Боло” (смотрящий камера) мақсад гузошт, ӯро мусулмон кунанд. Ба фикри ман намешавад! Чунки ӯ то ҳатто аз дини масеҳии худ амал намекардааст, ягон бор ба калисо нарафтааст, бояд косаву табақашро ҷудо намояд! Ман хурсанд шудам, ки як русзабон омад бо ӯ сухбат мекунем ва забони русиро дар инҷо фаромӯш намекунем.

Оилаам бояд, ки рӯзи шанбе иҷозаи вохӯриро гирад. Фарҳоди ҳамҳуҷраам гуфт, Бузург хӯроки инҷоро нахур, ки боз дору напартоянд. Ҳангоми ба Суд рафтанам се кас рақами телефон дода буданд, то ки ба наздиконашон занг занам, аммо имконияти занг задан набуд. Вале ба онҳо гуфтам занг задам, корҳоятон хуб мешавад, даводав доранд, онҳо хеле хурсанд шуданд.

Дар ҳуҷра 22 кас мондем ҳама дар бораи суди ман мепурсид ва ҳамон рӯз ба ҳуҷра хӯроки бисёр даромад. Манту, мурғ, шурбо оварданд, ба ман ишора кардан то бихурам серам гуфтам. Лекин раиси замини Файзобод 2 дона лимон дод. “Урметанӣ” (лақаби маҳбус) чизе навишта ба дасти навбатдор дод, вале навбатдор пурсид, ҳа дар мусор партоям ва онро партофтанӣ шуд. “Урметанӣ” чихел ба мусор? Навбатдор: пас чаро навиштӣ? “Урметанӣ” гуфт дар мусор не, обратка гуфтам ӯ бошад мегӯяд, не мусор гуфтӣ. Боло 5 халтача нос ва 4 собун даровард. Гуфт 1 то гиред!

Ҳангоми рафтан ба суд Додова М.-ро дидам, дар мошин будем ӯ ҳам моро дид. Бо даст имову ишора кардем.

Субҳ дамида буд, садои азонро шунидам, ки дертар доданд. Аз хоб хестаму клапии калонро куштам. Таҳорат карда, намозамро хондаму баъди он косаву табақҳоро шустам. Сипас як соат гузашту мо то ҳол рост истодаем. Сабабаш хоби раиси Чортут, ки ҳангоми хоб “дубакҳо” (зиндонбонҳо) ӯро қапиданд. Барои ӯ шуда ҳамаро ҳақоратҳои хеле сахт доданд. Ғалоғула оғоз шуд, ҳама дар тапаро тупур даромаданд. “Дубакҳо” вентиляторро хомӯш карданд, гӯё қиёмат шуда бошад. Аз ҳама чиз маҳрум карда ва ҳатто дигар иҷозаи шиштан надоданд (мабодо моро хоб набард, гӯён ягон фалокати дигаре мешавад…) “дубакҳо”-ро одобашон нест. Хеле сарам дард мекард, бар замми ин боз бояд то бегоҳ як дархости дигарро дар бораи ҷазо додан ба шахсоне, ки ба суд наомаданд, нависам ва раддияи прокурорро пурра кунам. 

03.05.2016

Идома дорад…

Мақолаҳои марбут

Маводҳои охирин

Verified by MonsterInsights