Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Абдуллоҳи Шамсиддинро имрӯз, 29-уми марти соли 2023 ба 7 соли зиндон маҳкум кард.
Бунёди “Бузургмеҳр” ҳукми мазкурро ноодилона, ғаразнок ва ғайриқонунӣ меҳисобад.
Дар мисоли парвандаи Абдуллоҳи Шамсиддин мақомоти қудратии Тоҷикистон бори дигар ба тамоми ҷомеаи дохили кишвар ва ҷаҳон нишон доданд, ки дар фаъолияти худ ба таври васеъ аз дуруғгӯӣ ва ваъдаҳои подарҳаво ба мақомоти давлатҳои хориҷа, багумроҳи даровардани боздоштшудаҳо ва хешу табори онҳо, тарс додан ва маҳдуд кардани фаъолияти адвокатҳо, пинҳонкорӣ дар рафти тафтишот ва мурофиаҳо, инчунин фишор нисбати наздикони судшавандаҳо истифода мебарад.
Бунёди Бузургмеҳр ҳанӯз ҳангоми дар боздоштгоҳи Олмон будани Абдуллоҳи Шамсиддин ба мақомоти давлатии ин кишвар расман муроҷиат карда, маълумот дода буд, ки дар сурати истирдод ин фаъоли тоҷик дар Тоҷикистон мавриди боздошту шиканҷа қарор мегирад.
То ҳол мақомоти Тоҷикистон расман ягон маълумоте дар бораи боздошт, рафти тафтишот ва мурофиаи судии Абдуллоҳи Шамсиддин ба ҷомеа пешниҳод накардааст. Чунин пинҳонкории мақомоти қудратӣ, надодани маълумот ба муроҷиатҳои расмии ташкилот ва шаҳрвандон шаҳодат аз он медиҳад, ки парвандаҳо нисбати фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ё наздикони онҳо сохтаву бофта мебошад.
Бунёди “Бузургмеҳр” ҳамагуна таъқиб ва фишорро нисбати наздикони мухолифини Ҳуқумати кунунии Тоҷикистон маҳкум мекунад. Мо боварии комил дорем, ки агар мақомоти судӣ ва тафтишотӣ дар рафти баррасии маводҳои парвандаи Абдуллоҳи Шамсиддин тибқи талаботи қонун фаъолият мекарданд, имконияти дар озодӣ мондани ӯ дар асоси қонунҳои авфи соли 2016 ва 2019 мавҷуд буд.
Аз ҳамин лиҳоз, мо аз мақомоти судии зинаи болоӣ, аз прокуратураи генералӣ ва Ҳукумати Тоҷикистон қотеъона талаб мекунем, ки парвандаи Абдуллоҳи Шамсиддин аз нав, дар рафти мурофиаи кушод, бо иштироки намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва хабарнигорон дида баромада шуда, талаботи қонунҳои авфи соли 2016 ва 2019 нисбаташ татбиқ карда шаванд.
Бунёди “Бузургмеҳр”