Мақомоти тафтишотии ВКД-и Тоҷикистон нисбати Бузургмехр Ёров, ҳуқукшинос ва зиндонии сиёсии тоҷик парвандаи нави (чорум) ҷиноятӣ боз кардааст.
Тибқи маълумотҳои ба Бунёди “Бузургмеҳр” расида, парванда бо моддаи 247 қисми 4 бандҳои «а» ва «б»-и Кодекси ҷиноятӣ ва дар асоси гӯё аризаи яке аз маҳбусоне, ки ҳамроҳи Бузургмеҳр Ёров дар зиндони шаҳри Ваҳдат адои ҷазо мекард, оғоз карда шудааст. Ин модда (қаллобӣ) ҷазоро дар намуди чарима ва ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол бо мусодираи молу мулк пешбинӣ мекунад.
Моҳият ва чузъиёти амалҳое, ки тибқи он нисбати адвокат Бузургмеҳр Ёров парванда боз шудааст, то хол аниқ ва муайян нест.
Мақомоти зиндонҳо миёнаҳои моҳи ноябри соли 2022 Бузургмеҳр Ёровро аз зиндони шаҳри Ваҳдат барои ду сол ба зиндони низомаш пӯшида ва пурзӯри маъруф ба “критий”-и шаҳри Душанбе интиқол дода буданд. Айни ҳол ин зиндонии сиёсиро то ба охир расидани тафтишоти пешакӣ ва қарори ниҳоии Додгоҳ ба боздоштгоҳи муваққатӣ ё СИЗО-и №1 шаҳри Душанбе гузарондаанд.
Модари Бузургмеҳр Ёров аз он шикоят дорад, ки дар Тоҷикистон ягон ташкилоти адвокатӣ, адвокатҳои шинохта ва ё ташкилотҳои чамъиятие, ки ба ҳимояти шаҳрвандон ва таъмини онҳо бо адвокатҳо машғуланд, аз тарси фишори мақомоти тафтишотӣ ва амниятӣ ҳимояи писарашро ба зимма намегиранд.
Адвокате ки аз ҷониб давлат ба Бузургмеҳр Ёров ҷудо шудааст, дар мурофиаҳо ҳамагӣ як ё ду маротиба иштирок кардаасту халос.
Бунёди “Бузургмехр” таъқиби шаҳрвандонро барои ибрози ақида, ки Сарқонуни Ҷумхурии Точикистон кафолат додааст ва дар мисоли он, оғози парвандаи ҷиноятӣ бо иттиҳоми бофтаи “қаллобӣ” нисбати Бузургмехр Ёровро маҳкум мекунад. Мо аз мақомоти Тоҷикистон талаб мекунем, ки ба таъқибу фишори адвокатхо, ки боиси махдуд гаштани фаъолияти онҳо ва ҳатто аз байн бурдани ҳимояи сокинон шуда истодааст, хотима бахшанд.