Saturday, April 20, 2024

Ҷузъиёти парвандаи нав нисбати Бузургмеҳр Ёров (ВИДЕО)

Ҷузъиёти парвандаи нав нисбати ҳуқуқшинос ва зиндонии сиёсии тоҷик Бузургмеҳр Ёров, ки барои фаъолиятҳои ҳуқуқии худ ба 28 соли зиндон маҳкум шуда буд, маълум гашт.

Бо вуҷуди он ки мақомоти тафтишотӣ, аз ҷумла кормандони Раёсати тафтишотии ВКД кушиш доштанд то парвандаи Бузургмеҳр Ёровро пинҳонӣ, хомӯшона ва паси дарҳои баста баррасӣ кунанд, вале ин ба онҳо муяссар нашуд.

То ҳол дар сафи мақомоти қудратии тоҷик ҳастанд нафароне, ки ҚОНУН, АДОЛАТ ва РОСТИро аз манфиати шахсию гурӯҳӣ, аз маҳалбозию қавмпарастӣ боло медонанд ва сафедро аз сиёҳ фарқ мекунанд.

Бунёди “Бузургмеҳр” миннатдории худро ба онҳо барои дастрас ва ирсол намудани номаи Бузургмеҳр Ёров ба унвонии мо, баён менамояд.

Дар нома, ки бо дасти худи зиндонии сиёсӣ Бузургмеҳр Ёров навишта шудааст дар бораи оғози парвандаи нави ҷиноятӣ нисбаташ, ашхоси дастдошта дар ин қазия, туҳматгарон, дар бораи адвокати давлатӣ, муфаттишон, судяҳо ва роли онҳо дар парванда ва ғайра маълумот оварда шудааст.

Бунёди “Бузургмеҳр” тасмим гирифт, ки ҷузъиёти парвандаи Бузургмеҳр Ёровро расонаӣ кунад.

Мо бо пуррагӣ дарк мекунем, ки дахолат кардан ба рафти тафтишот номумкин аст, вале дар ҳолате, ки талаботи ҚОНУНҳо ҳамеша яктарафа аз тарафи мақомоти давлатӣ ҳангоми тафтишоту суд дағалона вайрон карда мешавад, гумонбаршавандагон ҳаққи ҳимоят надоранд, адвокат фақат роли лухтакро дар парванда мебозад, мо худро аз риояи чунин талаботи қонун дар шароити ба вуҷуд омада ба пуррагӣ озод мешуморем.

Бунёди “Бузургмеҳр” кушиш мекунад то дар матлабҳои баъдӣ ҷузъиёти парвандаи сохтаи мақомот нисбати Бузургмеҳр Ёровро расонаӣ намуда, далели оғози тафтишот нисбати ин ҳомии ҳуқуқро пешкашатон кунад ва аз ҳама муҳим якҷоя барои кумак расонидан ба Бузургмеҳр Ёров барои раҳоӣ аз ин доми душманонаш ҷораҷӯйӣ намоем.

Мақолаҳои марбут

Маводҳои охирин

Verified by MonsterInsights