Комиссияи ИМА дар умури озодиҳои динӣ аз Ҳукумати кишвараш хостааст, ки ба Ҳукумати Тоҷикистон дар сатҳи боло фишор оварад, то зиндониёни бегуноҳро озод кунад.
Дар гузориши ин Комиссия, ки 1-уми майи соли ҷорӣ нашр шудааст аз вазъи сиёсати кишварҳои ҷаҳон дар робита ба умури динӣ гуфта мешавад.
Комиссияи озодиҳои динии ИМА Тоҷикистонро дар баробари кишварҳои Туркманистону Кореяи Шимоливу Чину Русияву Сурия қарор дода, шомили рӯйхати сурхи кишварҳои мавриди нигаронии хос кардааст.
Гузоришгарони ин Комиссияи байналмилалӣ Ҳукумати Тоҷикистонро мавриди интиқод қарор дода, гуфта мешавад, ки дар соли 2022 озодии дин дар Тоҷикистон ҳамоно “вазнин” боқӣ монда, Ҳукумат ба саркӯби шадиди аксарияти мусалмонони ин кишвар идома дод.
Дар гузориши Комиссияи мазкур гуфта мешавад, ки мақомоти Тоҷикистон рафтани кӯдакони то 18-сола ба масҷидҳо, таълимоти хусусии динӣ, рафтани шахсони то 35-сола ба Ҳаҷ ва пӯшидани либоси сиёҳро бо ҷорӣ кардани маҳдудият дар мотами мурдагони мусулмонон, манъ кардааст.
Гузоришшарони Комиссияи озодиҳои динии ИМА мегӯянд, ки “кормандони пулиси Тоҷикистон як занеро, ки барои азодории марги писараш дар тан либоси сиёҳ дошт, боздошт ва 7 соат дар идораи пулис нигоҳ дошта, ӯро то беҳуш шудан лату кӯб карданд. Пас аз он ки хонаводааш ҷароҳатҳои ӯро дида, ба пулис шикоят бурданд, онҳоро ба 15 рӯзи ҳабс таҳдид карданд. Илова бар ин, пулис афродеро, ки ҳиҷоб ё риш доранд таъқиб карда, аз вуруди онҳо ба биноҳои давлатӣ монеъ мешавад.”
Инчунин гуфта мешавад, ки аз соли 2014 инҷониб Ҳукумат тамоми имомхатибонро худаш таъйин карда, аз онҳо пӯшидани либоси динии давлатиро тақозо кардааст ва мавъизаҳои онҳоро ба таври қатъӣ дикта мекунад.
Дар гузориши Комиссияи озодиҳои диннии ИМА таъкид мешавад, ки Ҳукумати Тоҷикистон худсарона диндоронро бо иттиҳомоти сохтаи терроризму экстремизм барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон мекунад.
Комиссияи озодиҳои динии ИМА мегӯяд, ки моҳи августи соли 2022 мақомот як рӯҳонии мазҳаби Исмоилиро бо номи Музаффар Давлатмиров пас аз баргузории маросими дафни эътирозгарони кушташуда аз ҷониби Ҳукумат, ба иттиҳоми “ифротгароӣ” ба панҷ соли зиндон маҳкум кард.
Дар ин гузориш гуфта мешавад, соли 2022 Ҳукумати Тоҷикистон пайравони мазҳаби шиъаи исмоилияи кишварро, ки асосан сокинони ВМКБ ҳастанд, бештар саркӯб кард. “Мақомот дар ВМКБ дар пайи тазоҳуроти нимаи моҳи май эътирозгаронро саркӯб намуда, беш аз 200 нафарро боздошт кард. Бар илова, рӯзноманигорон ва онҳоеро, ки дар Русия қарор доштанд, ба Ватан баргардонда, зиндонӣ кард.
Ҳукумати Тоҷикистон инчунин афродеро, ки бо Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) – як ҳизби сиёсии муътадили исломӣ, ки аз соли 2015 дар Тоҷикистон мамнӯъ аст, андаке робита доштанд, бо истифода аз саркӯбҳои фаромиллӣ ва дархости истирдоди аъзоёнаш аз кишварҳои дигар, мавриди ҳадаф қарор додааст.
Дар гузориш гуфта мешавад, ки яке аз раҳбарони ҲНИТ, Зубайдулло Розиқи 80-сола дар як соли ахир ду маротиба барои таълими динӣ ба зиндониёни дигар, ки дар зиндонҳои Тоҷикистон ғайриқонунӣ аст, дар утоқҳои махсуси муҷозотӣ, шиканҷа ва муҷозот кард.
Гузоришгарони ИМА таъкид мекунанд, ки Ҳукумат ба қайд гирифтани ҳамаи ҷамоатҳои диниро талаб мекунад. Ҷамоатҳои динии ба қайд гирифтанашуда наметавонанд ба таври қонунӣ маҷлисҳо ё маҷлисҳои динӣ даъват кунанд, моликият дошта бошанду барои мақсадҳои динӣ истифода баранд, адабиёти динӣ истеҳсол ё ворид кунанд, хайрия гиранд, корҳои хайриявӣ анҷом диҳанд ва шахсони хориҷиро барои иштирок дар фаъолияти динӣ даъват кунанд. Мисли маҳдудиятҳое, ки барои мусалмонон гузошта шудаанд, фарзандони оилаҳои насронӣ наметавонанд ба калисо ё дигар фаъолиятҳои марбут ба монанди лагерҳои динӣ раванд.
Ҳамзамон ишора мешавад, ки моҳи сентябри соли 2022 Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид муайян кард, ки Ҳукумати Тоҷикистон бо саркашӣ аз сабти номи “Шоҳидони Яҳво” моддаҳои 18 (1) ва 18 (3) Паймони байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, ки ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои динӣ ё эътиқоди шаҳрвандонро кафолат медиҳад, нақз кардааст.
Комиссияи ИМА дар умури дин ба мақомоти кишвараш дар бораи Тоҷикистон чунин тавсияҳоро пешниҳод карда:
- Комиссияи байналмилалии озодиҳои динӣ ба Ҳукумати ИМА тавсия додааст, ки Тоҷикистонро ҳамчун “Кишвари нигаронии хоса” ё CPC барои нақзи муназзаму дағалона вайрон кардани озодиҳои динӣ, ки Санади байналмилалии озодии дин (IRFA) муайян кардааст, дубора тасниф кунад;
- Барои расондани кумакҳои амниятӣ ба Тоҷикистон, ИМА ба Тоҷикистон шарт гузорад, ки дар қонуни дини соли 2009 ислоҳот ворид кунад ва барои озодии дин ва эътиқод шароит фароҳам орад;
- Ҷорӣ кардани таҳрими ҳадафмандона алайҳи ниҳодҳои давлатӣ ва мансабдорони масъули нақзи ҷиддии озодиҳои мазҳабӣ тавассути масдуд кардани дороиҳои ин афрод ва ё манъи вуруди онҳо ба Иёлоти Муттаҳида тибқи муқаррароти мақомоти молӣ ва раводиди марбут ба ҳуқуқи башар бо овардани далели нақзи мушаххаси қонунҳои озодиҳои динӣ;
- Ба Ҳукумати Тоҷикистон дар сатҳи боло фишор оваред, то афроде, ки дар Тоҷикистон барои фаъолиятҳои осоиштаи мазҳабӣ ё мансубияти мазҳабӣ зиндонӣ шудаанд фавран озод карда шаванд ва дар бораи макони будубоши ҳамаи маҳбусони виҷдон, аз ҷумла онҳое, ки бо сабабҳои динӣ зиндонӣ шудаанд, ҳисобот диҳад ва ба нозирони байнулмилалӣ иҷоза диҳанд, то вазъи зиндонҳои Тоҷикистонро назорат кунанд.
Пештар аз ин, Гузоришгари вежаи Созмони Миллали Муттаҳид дар умури озодии дин ва эътиқод хонум Нозила Қонеъ бо як сафарии кории 10-рӯза ба Тоҷикистон рафта, гуфта буд, ки сиёсатҳо ва қонунҳои кишвар дар бораи дин мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ нест.
Бино ба иттилои “Азия-Плюс” Хонум Нозила Қонеъ гуфтааст, ки Тоҷикистон бояд дар сиёсатҳо ва қонунҳои худ дар бораи дин ва эътиқод таҷдиди назар кунад ва онҳоро мутобиқ созад.
Ҳамзамон ин намояндаи СММ аз монеагузориҳо барои рафтани занону кӯдакон ва наврасони то 18-сола ба масҷид интиқод карда, гуфтааст: “Эҳтиром ба озодии дин ва эътиқод бояд ки дар фаъолияти оммавӣ низ ба чашм намоён бошад ва бояд ба ҳама, аз ҷумла занон, ақалиятҳои динӣ ва эътиқодӣ ва кӯдакону ҷавонон дахл дошта бошад. Ба онҳо бояд иҷозат дода шавад, ки аз ин озодӣ дар якҷоягӣ бо дигарон бархурдор шаванд”.
Ӯ ҳамчунин афзуда, ки “дар робита ба манъи ба масҷид рафтани ҷавонони то синни 18 мақомоти тоҷик гуфтанд, ки дар сурати ба масҷид рафтан, онҳо аз таҳсил канор мемонанд, оид ба Қонуни танзим мегуфтанд, ки он барои сарфакорӣ ҷорӣ шудааст ё оид ба манъи ибодати занон дар масоҷид мегуфтанд, ки ин хилофи мазҳаби Ҳанафӣ аст.”
Далелҳои пешкаш намудаи мақомоти тоҷик барои намояндаи СММ қонеъкунанда набудаанд, чуноне ки пештар ҳам ин далоил барои ҷомеаи мадании тоҷик ҳам мантиқӣ ба назар намерасиданд.
Гуфта мешавад, хонум Нозила дар ҷараёни сафараш бо намояндагони ҳукумат ва ҷомеаи маданию рӯҳониён мулоқот гузарондааст. Ҳамчунин ӯ аз зиндони шаҳри Ваҳдат низ дидан карда, аз вазъи зиндониён огоҳ шудааст. Аммо маълум нест, ки бо зиндониёни сиёсӣ дар алоҳидагӣ суҳбате карда ва ё на. Гузоришгари вежаи СММ барои баҳо додани озодиҳои эътиқодии ақаллиятҳои мазҳабӣ ба ВМКБ низ сафар кардааст.
Манобеъ: www.uscirf.gov, azda.tv, www.asiaplustj.info