Sunday, May 28, 2023

Чаро мақомоти тоҷик нисбати Бузургмеҳр Ёров парвандаи нав боз кард?

Ҷамшед Ёров, бародари адвокати шинохтаи тоҷик ва зиндонии сиёсӣ Бузургмеҳр Ёров дар 2408-ум рӯзи баррасии якумин парвандаи сохтаи мақомот нисбати бародараш аз ҷониби Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ, дар саҳфаи фейсбукиаш аз ҷузъиёти парвандаи нав ва чорум нисбати ин зиндонии сиёсӣ навиштааст.

Матни пурра:

Расо 7 сол пеш, дар ҳамин рӯз, Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе баррасии якумин парвандаро нисбати Бузургмеҳр Ёров оғоз кард.

Айни ҳол мо мунтазири ба анҷом расидани “тафтишот”-и парвандаи чорум нисбати ин маҳбуси сиёсӣ ҳастем. Ба наздикӣ бояд, ки он анҷом ёбад ва ба суд барои баррасӣ ирсол гардад. Парвандаи нав дар охирҳои соли гузашта ва аввалҳои моҳи январи соли ҷорӣ оғоз шуда буд.

Чӣ хеле ки медонем тамоми он се парвандаи қаблӣ, ки дар натиҷаи он Бузургмеҳр барои 28 сол зиндонӣ шуд ғаразнок, сиёсӣ ва тамоман ғайриқонунӣ буданд. Даъвоҳои беасосу бемантиқи мақомоти тафтишотӣ, ки супориши роҳбарияташонро иҷро мекарданд дар мурофиаҳои судӣ тасдиқ нашуданд.  

Суди якуми Бузургмеҳр Ёров дар муҳити каме кушод ва бо иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ сурат гирифт. Вале мурофиаҳои судии парвандаҳои дуюм ва сеюм паси дарҳои баста гузаронида шуд, ки ин худ далолат аз тарси мақомот оиди фош нашудани чузъиёти парвандаҳо ва хатогиҳои дар он буда, мекунад. 

Мақомот бо равонаи кардани Бузургмеҳр барои 28 сол ба зиндон қаноат накарда, анкун нисбати ӯ парвандаи чорум бо “даъво”-и яке аз маҳбусоне, ки ҳамроҳаш дар муассисаи ислоҳии шаҳри Ваҳдат адои ҷазо мекард, оғоз карда шудааст. Дар ин маврид низ  муфатишони Вазорати корҳои дохила чизе ба ғайр аз “қаллобӣ” иншо карда натавонистанд.  

Бояд гуфт, ки барои мақомоти тоҷик боз кардани парвандаи сохта мушкилие надорад. Чунки дар Тоҷикистон касе аз онҳо (дар назар дорам суд ва прокуратураро), дурустии оғози парвандаи ҷиноятиро намепурсад ва намесанҷад.  

Бузургмеҳр Ёров адвокат надорад!

Муроҷиатҳои мо ба адвокатҳо, собиқ ҳамкорони Бузургмеҳр, ташкилотҳое, ки ёрии ҳуқуқӣ мерасонанд бенатиҷа буд. Касе аз тарси аксуламали кормандони “ҳифзи ҳуқуқ” ҳимояи  Бузургмеҳрро ба дӯш нагирифт. Ва тафтишот маҷбурӣ як нафар  “навшогирд”- ро ба Ёров Б. чун адвокат таъйин кард.

Он касеро, ки шаҳодатномаи адвокатӣ дораду гуё манфиатҳои қонунии Бузургмеҳрро ҳимоят мекунад, адвокат номидан ҳам мумкин  нест. Ин адвокат то ҳол ягон маротиба танҳо бо зерҳимояаш вонахурдаасту ба наздаш надаромадааст. Дархосту маълумотномаҳое, ки барои парванда заруранд ва бегуноҳии Бузургмеҳҳро метавонанд исбот  кунанд нанавиштаасту дастрас накардааст. Худаш иқрор шудааст, ки ӯро бе иштироки муфаттиши ВКД ба назди Бузургмеҳр роҳ намедиҳанд. 

Чи гуна ин касро метавон адвокат номид вақте, ки ӯ вазифаҳои касбиашро ба хешовандони Ёров Б. вогузор мекунад?  Аз адвокати давлатӣ дигар чи интизор шудан ҳам мумкин буд?!   

Кист он нафаре, ки бо аризаи ӯ парванда нисбати Ёров Бузургмеҳр оғоз карда шудааст, ному насаб ва симои ӯ, шарҳи ҳодиса аз суханони худи Бузургмеҳр, ному насаби муфаттишу  адвокати ноуҳдабаро, нақши кормандони муассисаи ислоҳии ЯС 3\1  подколковник Сафаров Манучеҳр, майор Ориф, сардори муассиса Турсунов Б. ва дигар ҷузъиёти ин таъқиби нави сиёсии ғаразнокро нисбати Бузургмеҳр Ёров ба наздикӣ нашр ҳоҳем кард.

Ҷамшед Ёров, раиси Бунёди “Бузургмеҳр”

Мақолаҳои марбут

Маводҳои охирин

Verified by MonsterInsights