Ба Раиси Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарама Озода Раҳмон
Ба Сардори Саррайёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Мансурҷон Умаров
Ба прокуратураи назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳии ш.Душанбе ва ноҳияиҳои тобеи марказ.
Аз номи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи М. Миршакар 66А , модари маҳбус Ёров Бузургмеҳр Равшанович, Исҳоқова Ҳуриниссо
Телефон: 919351391
АРИЗА
Муҳтарамон Озода Раҳмон, Мансурҷон Умаров ва прокурори назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳии ш.Душанбе ва ноҳияиҳои тобеи марказ, ман модари пиронсоли маҳбус Бузургмеҳр Ёров мебошам, ки айни ҳол дар СИЗО-и №1 шаҳри Душанбе нигоҳ дошта мешавад ва нисбаташ аллакай бори чорум аст, ки парванда бо ҷурми қаллобӣ боз кардаанд. Ман дар ин ҷо дар бораи гунаҳгор будан ё набудани писарам намегуям. Намегӯям, ки писарамро озод кунед. Талаби ман, чун шаҳрванд ва модар ин АДОЛАТ аст. Бигзоред, ки писарам худро ҳимоят карда тавонаду аз ҳуқуқҳои конститутсионии худ истифода барад. Далелу суханони ӯро низ шунавед. Ба унвонии Шумо маҳз барои он ариза менависам, ки боварӣ дорам ба мадад ва дахолататон дар ин қазия. Боварӣ дорам, ки Шумо касоне ҳастед, ки риштаи ҷиноятҳо ва амалҳои ғайриқонуниро дар муассисаҳои ислоҳӣ метавонед буред!
Аз сабабе, ки ба адолати судӣ, беғаразиву пуррагии тафтишоти бурдаистодаи муфаттишони ВКД боварӣ надорам, ягона умедам ин Шумо ҳастед, ки шояд баъди мутолиаи аризаи ман вокунише карда нисбати ашхоси тасодуфӣ дар муассисаҳои ислоҳии кишварамон чораҳои қонунӣ бинед. Маҳз ин гуна ашхоси кинадору пурғараз, ки худро дар муассисаи ислоҳи шоҳу таъбашонро вазир мепиндоранд сабаби танқидҳои бешумори на фақат системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, балки паст задани обуруи Тоҷикистон дар арсаи байналмиллалӣ мешаванд. Бешубҳа ки ин касонро хоин метавон гуфт. Хоини манфиатҳои давлат ва кушишҳои ҳукумат оиди ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ кардани системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ. Маҳз рафтору кирдори ин чунин касон обуруй мақомоти давлатиро паст мекунад.
Айни ҳол писари ман Бузургмеҳр Ёров дар маҳбасхонаи тафтишотии №1 шаҳри Душанбе нигоҳ дошта мешавад. Нисбаташ парванда бо моддаи 247 қисми 4 аз тарафи муфаттишони ВКД оғоз карда шудааст. Бо қарори Сардори Райёсати тафтишотии ВКД ба парванда муҳри махфӣ задаанд. Яъне ба касе расонавӣ ва паҳн кардани маълумот оиди парванда мамнуъ аст. Дар кадом асоси қонунӣ ба парвандаи “қаллобӣ” муҳри махфӣ мезананд? Оё дар ин парванда маълумот дар бораи дахлнопазирии ҷинсии ягон кас ё сирри давлатӣ вуҷуд дорад? Ё ин ки имконияти таъсиррасонӣ ба шоҳидону даъвогарон дар парванда вуҷуд дорад? Ман хуб медонам, ки даст кашидан аз нишондоди пешинаи шоҳид ва ё ҷабрдида ё судшаванда ба судҳои мо ягон аҳамият надорад. Онҳо ҳамеша ба нишондоди аввала такя мекунанд. Пас барои чӣ парвандаи писарамро, ки гӯё қаллоб будааст муҳри “махфӣ” задаанд? Оё ин нишонаи таъқиби ғайриқонунии Бузургмеҳр нест? Оё ин боиси он намешавад, ки расонаҳои мустақилу ташкилотҳои байналхалқӣ ин парвандаи писарамро низ парвандаи “сиёсӣ” номанд?
Мегузарам ба муҳтавои асосии аризааам. Ба қарибӣ ба мо муяссар шуд, ки шарҳи ҳодисаи рухдодаро ва чи гуна ин парванда оғоз шудааст аз навиштаҷоти худи Бузургмеҳр, ки дар расонаҳо паҳн шуд фаҳмем. То ҳол ман бо писарам во нахурдаам ва дар бораи ҷузъиёти парвандааш хабар надоштам.
Аз мактуби Бузургмеҳр маълум мешавад, ки кормандони муассисаи ислоҳии ЯС 3/1, ки дар шаҳри Ваҳдат ҷойгир аст, Бузургмеҳрро чун вайронкунандаи ашшадии тартиботи дохилии муассиса ҳисобида ӯро аввал ба ШИЗО ва парвандаи ӯро ба суди шаҳри Ваҳдат барои иваз намудани шароити нигоҳдориаш равон кардаанд. Аз рӯи ғарази шахсӣ ва бо пуштибонии сардори муассисаи мазкур Турсунов Б. 9 ноябри соли гузашта муовини сардори муассиса подполковник Сафаров Манучеҳр, кормандони ин муассиса майор Ориф ва Давлатов Аҳлиддин фақат барои он, ки гӯё писарам ба онҳо тибқи тартиботи муассиса доклад накардааст ӯро ба ШИЗО равон мекунанд. Ба суд парвандаро равон мекунанду ӯро вайронкунандаи ашадии низом муаррифӣ мекунанд.
Писарам дар мактубаш навиштааст, ки ман талаби бардоштани делои маҳбасиамро аз суд кардам, то бинанд, ки ман вайронкунандаи ашшадии низом нестам. Фақат дар солҳои 2021 ва 2022 Бузургмеҳр Ёров 8-9 РАҲМАТНОМА барои рафтораш гирифтааст, ҳатто китобхонае, ки ӯ дар он мудир буд чун китобхонаи сол дар байни муассисаҳои ислоҳӣ интихоб шуда буд. Дар рузи Истиқлолият, 09.09.2022 сол ҳатто раҳматнома бо гирифтани сураташ додаанд бо имзои Мансурҷон Умаров.
Барои ҳамин ман ба Шумо, Мансурҷон Умаров муроҷиат мекунам, ки наход шахсе, ки шумо ба ӯ бо имзои шахсиятон чандин маротиба дар муддати як сол раҳматномаву ифтихорнома, чандин вохуриҳои пеш аз муҳлати кутоҳмуддату дарозмуддат дода бошед, яку якбора вайронкунандаи ашшадии низоми муаасиса эътироф шуд?
Амалҳо ғаразноки Сафаров Манучеҳр ва ҳаммаслакони ӯ барои вазнинтар кардани адои ҷазои писарам маънои онро доранд, ки онҳо ба Раҳматномаҳои додаи Шумо аҳамият намедиҳанд ва онҳо барояшон ягон маъною қурбе ҳам надоранд. Гуё агар сад Раҳматнома ҳам диҳед ба кадом маҳбусе ва бо ҳамин роҳ ислоҳшавии онҳоро тезонед, онҳоро барои рафтору кирдорҳои хуб ҳавасманд кунед – ин ягон роле намебозад, чунки шумо дуред ва на ҳар рӯз бо маҳбусон вомехуред, ки шикоят кунанд. Сабаби чунин рафтори Сафаров Манучеҳр, Ориф ва Давлатов Аҳлиддин бо пуштибонии сардори муассиса Турсунов Б. он аст, ки писарам дар зиндон ҳам бар зидди ноадолатӣ ва амалҳои корупсионию ҷиноятҳои ин кормандони муассиса мубориза мебурд.
Ин ашхос аз маҳбусон барои даровардан ва баровардани ягон мавод маблағ мегирифтанд, ҷиноятҳои бо моддаҳои 314 (сӯиистифода аз ваколатҳои мансабӣ), м. 316 (баромадан аз ҳаддӣ ваколатҳои мансабӣ), м.319 (гир ифтани пора), м. 250 (тамаъҷӯӣ), м.324 (гирифтани мукофот бо роҳи тамаъҷӯӣ) ва м. 347 (хабар надодан дар бораи ҷиноят ва пинҳон кардани он), шиканҷа кардани маҳбусонро содир мекарданд ва мекунанд.
Бузургмеҳр оиди ин ҳодисаҳо ва амалҳои ҷинояткоронаи кормандони муассисаи ислорҳии ЯС 3\1 ба судяи Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ рӯзи 06.02 2023 сол ба зиндоние, ки писарам дар он ҷой нигоҳ дошта мешуд омада буд, гуфт. Вале ин судя ҳам бар хилофи талаботҳои қонун оиди вокунин нисбати хабар дар бораи ҷиноят то ҳол ягон кор накардааст. Ин яке аз сабабҳои он буд, ки писарамро бо туҳмат нисбаташ боз парванда оғоз кардаанд. Дуюм сабаб, ва инро ҳам муфаттишон ба худи писарам гуфтаанд, ин қасос барои ба ҷавобгарӣ кашидани муфаттиши собиқ Ҳакимов Музафар будааст, ки дар парвандаи якуми Бузургмеҳр ҷиноят содир карда буд ва баъдтар зиндонӣ шуд.
Фармоиши кормандони ВКД собиқ ҳамкорони Ҳакимов, ки айни ҳол дар ВКД кор мекунанд инчунин аз як маҳал будани (шояд муносибати хешутаборӣ низ доштан ҳам) ҷонишини сардори муассисаи ЯС 3\1 Сафаров Манучеҳрро бар зидди писарам мекунад. Ба рафтору кирдори мусбии писарам, ба Ифтихорномаву раҳматномаҳо нигоҳ накарда бо ҳар роҳу восита вазъи Бузургмеҳҳро ин кас танг мекунад. Дигар зиндониёнро ба муқобили писарам шур менадозад, муоширати дигар маҳбусонро бо ӯ маън мекунад, бе асос ба ШИЗО ва инак бошад бо фишор овардан ба як маҳбус бо номи Ҳасанов Ҳасан нисбаташ ариза тартиб медиҳад. Ин ариза ягон асос надорад. Худи Ҳасанов Ҳасан ба мо занг мезад ва дар бораи вазъияти писарам мегуфт, худи ӯ хоҳиш мекард, ки ба оилааш ки аз роҳи дур меомад ба Ваҳдат мадад расонем. Ва худи ҳамин Ҳасанов Ҳасан ба мо гуфта буд, ки Сафаров Манучеҳр бо ҳаммаслакони ҷиноятпешааш зиндониёнро фишору шиканҷа доранд, ки нисбати Ёров ариза нависанд. Ва баъдан занг зада гуфт, ки ӯ маҷбурӣ бар зидди Бузургмеҳр ариза навиштааст.
Ҳамчунин, тарзу услуби интиқол додани писарам аз зиндони шаҳри Ваҳдат ба Душанбе низ гувоҳи он аст, ки Сафаров Манучеҳр, Ориф ва дигарон коргарони муассиса нисбати Бузургмеҳр Ёров ғарази шахсӣ доранд, ки ин бар хилофи тамоми муқаррароти қонун ва оинномаҳои дохилӣ аст. Тавре Бузургмеҳр менависад “23 ноябр мисле ки сагро кашида мебаранд суд кашида бурданд”; “Дар хунукии 23-уми ноябр намонданд, ки айнаку курткаро гирем инҷо оварданд ҳама ҳайрон шуданд, ки зимни сезон мебошад, чихел бе либоси гарм шуморо оварданд?”
Муҳтарам Озода Раҳмон, Умарҷон Мансуров ва прокурор, то кай ин гуна рафтор дар зиндонҳо давом додан мегирад? Ба ҷуз Шумо ман ба касе ё мақомоти дигаре боварие надорам. Маҳз бо таъин шудани Шумо Мансурҷон Умаров, писарам ба ман гуфта буд, ки шароити нигоҳдорӣ дар маҳбасҳо чандин маротиба аз пештара хуб шудааст. Маҳз Шумо ба писарам чандин Раҳматнома барои рафтори хубаш додаед. Аз ин лиҳоз ман аз Шумо муҳтарамон хоҳиш мекунам, ки рафтору кирдори кормандони муассисаи ислоҳии ЯС 3\1 ВА ҶТ подполковник Сафаров Манучеҳр, майор Ориф, Давлатов Аҳлиддин ва сардори он Турсунов Б.-ро санҷида ба он баҳои ҳуқуқӣ диҳед. Маҳбас ҷои ислоҳшавӣ аст, на ҷои қасосгириву шиканҷа. Хоҳиш дорам, ки дар ин бора бо зиндониён, бо писарам Бузургмеҳр Ёров вохурда маълумоти пурра гиред. Будани чунин ашхоси тасодуфӣ ва ҷинояткор дар мақомоти тоҷик шаъну шараф ва обурӯи онро паст мекунад.
Ҳангоми нияти навиштани ариза ба унвонии Шумо ба ман чандин нафарон гуфтанд, ки нанавис ягон фоидае надорад, он чизе нисбати писарат шуда истодааст ин сиёсати давлат аст ва ин кормандону сардорон ҳама як мебошанд, ягон кас ба доди ту намерасад ва мадад ҳам намекунад. Намехоҳам ба ин бовар кунам, наход Шумоён, ки ҳомии ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистонед чунин бошед. Барои ҳамин маҳз ба Шумо бо умеде муроҷиат мекунам ва ёрии шуморо хоҳонам.
Замима: нусхаи мактуби писарам Бузургмеҳр Ёров
Бо эҳтиром Исҳоқова Ҳуриниссо.