Тафтишоти пешакии парвандаи чоруми маҳбуси сиёсӣ ва ҳуқуқшиноси маъруфи тоҷик Бузургмеҳр Ёров ба итмом расида, маводҳои парванда барои тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба прокурор ирсол карда шудаанд.
Айни ҳол, ки марҳилаи тафтишоти пешакӣ тамом шудааст, амал ва оқибатҳои фош кардани забонхатҳои ғайриқонунии муфаттишон оиди фош накардани маълумоти парванда ба итмом расид.
Бояд гуфт, ки ин парванда ба мисли дигар парвандаҳои мухолифини режими Эмомалӣ Раҳмонов ва ё фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар фазои дурӯғ, пинҳонкорӣ, бо фишору шиканҷа нисбати гумонбарон ва шоҳидону наздикони онҳо, сохтаву бофта шудааст.
То ҳол рӯбарукунӣ бо даъвогаре, ки нисбати Бузургмеҳр ариза навиштааст гузаронида нашудааст, маводҳои лозима, ки гирифтани пулҳоро гӯё тасдиқ мекунанд ҷамъоварӣ нашудааст, дархостҳои Бузургмеҳр қонеъ нашудаанд.
Асос ба ҷавобгарӣ кашидани Бузургмеҳр танҳо аризаи хаттии зери шиканҷа навистаи маҳбус Ҳасанов Ҳасан асту тамом. Ягон тасдики ҳуҷҷатии гирифтан ва ё ирсол намудани маблағҳо дар парванда нест.
Агар аз шумо касе қарздор бошаду ба суд муроҷиат кунед, суд аз шумо ҳатман талаби забонхати қарздорро талаб мекунад, ки гирифтани пулро тасдиқ кунад. Вале барои ба зиндон бо туҳмат равон кардани як шахс на суд ва на мақомоти “ҳифзи ҳуқуқ” чунин ҳуҷҷатро аз аризанависандагон талаб намекунанд. Чаро? Чунки парванда сиёсист, фармоишист ва парванда нисбати шахсоне ҳаст, ки буданашон барои ҳукумат дарди сар аст. Аз барои ҳамин ҳам бо ҳар роҳу воситаи “қонунӣ” чунин шахсон бояд несту нобуд карда шаванд.
Шояд баъди ду ҳафта мурофиаи судӣ дар СИЗО оғоз шавад. Ва ин охирон хатту хабар аз Бузургмеҳр мешавад. Ӯ чанде тавонист (нигоҳ накарда, ки барои ин ҷазо медиҳанд ӯро) ба умеди мадад ва адолат ба мо дар бораи парвандааш маълумот равон кард. Мо чи кардем ва чи метавонем кард?