Sunday, October 1, 2023

Парвандаи Хуршед Фозилов ва Бузургмеҳр Ёровро ба Додгоҳ фиристоданд

Парвандаи рӯзноманигор Хуршед Фозиловро барои баррасӣ ба Додгоҳи шаҳри Панҷакент фиристодаанд. Дар ин бора Дилафрӯз Самадова, вакили мудофеи рӯзноманигор, рӯзи 18-уми май ба Радиои Озодӣ хабар дод.

Қазияи Хуршед Фозилов аз тарафи идораи амнияти вилояти Суғд таҳқиқ шудааст ва барои онки рӯзноманигор сокини Панҷакент аст, парвандаашро ба додгоҳи ин шаҳр фиристоданд.

Ҳанӯз маълум нест, ки мурофиа кай баргузор мешавад.

Муфаттишони идораи амнияти вилояти Суғд рӯзи 10-уми майи имсол таҳқиқи парвандаи Хуршед Фозиловро ба поён расонданд.

Хуршед Фозилов дар аввали моҳи марти имсол аз тарафи маъмурони амниятӣ дар шаҳри Панҷакент дастгир ва ба узвият дар созмонҳои мамнуъ (моддаи 307, иловаи 3, қисми 2-и Кодекси ҷиноӣ) гумонбар дониста шуд. Қонуни ҷиноии Тоҷикистон барои ин иттиҳом аз панҷ то ҳашт соли зиндонро дар назар дорад.

Худи Хуршед Фозилов иттиҳомоти мақомотро рад карда, гуфта буд, ки мақомоти амниятӣ ӯро зери фишор қарор дода, маҷбур карда буданд, ки иттиҳомотро қабул кунанд. Рӯзноманигори боздоштшуда аз болои ин амали мақомоти амниятӣ ба Додгоҳ шикоят бурдааст.

Тафтиши парвандаи маҳбуси сиёсӣ ва адвокати шинохтаи тоҷик Бузургмеҳр Ёров низ ҳафтаи пеш ба охир расида, он ба Додгоҳ фиристода шудааст.

Вакили дифоъи Бузургмеҳр Ёров аз идомаи ҳимояи ӯ даст кашидааст ва ҳоло ин маҳбуси сиёсӣ адвокат надорад.

Мақолаҳои марбут

Маводҳои охирин

Verified by MonsterInsights