Tuesday, December 5, 2023

Кормандони муассисаи ислоҳии ЯС 3/1 ба ҷавобгарӣ кашида шаванд

Ба Раиси Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарама Озода Раҳмон
Ба Сардори Саррайёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Мансурҷон Умаров
Ба Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия
Султонзода Сулаймон
Ба прокуратураи назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳии ш.Душанбе ва ноҳияиҳои тобеи марказ Аминзода Мирзо Хайбар

                                                         АРИЗА

Мухтарамон Озода Раҳмон, Мансурҷон Умаров, Султонзода Сулаймон ва прокурори назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳии ш.Душанбе ва ноҳияиҳои тобеи марказ, ба наздики ба унвонии Шумо аризаи модари маҳбус Бузургмеҳр Ёров оиди тафтиши ҳаракатҳои ғайриқонунии кормандони муассисаи ислоҳии ЯС 3\1 муовини сардори муассиса подполковник Сафаров Манучехр, кормандони ин муассиса майор Ориф ва Давлатов Аҳлиддин, ва инчунин шарикӣ доштан дар ин амалҳои номатлуб сардори муассиса Турсунов Б. ворид гардид.

Ҳамчунин ин ариза дар шабакаҳои интернетӣ, дар Фейсбук ва сомонаи расмии Бунёди Бузургмеҳр бо забони тоҷикӣ ва англисӣ нашр карда шуд. Нусхаи аризаи модари Бузургмеҳр Ёров ба ташкилотҳои ҳифзи ҳуқуқи байналмиллалӣ низ равона карда шудааст. Аризаи модари Бузургмеҳр Ёров дар асоси мактуби худи Бузургмеҳр, ки ба дасти мо расида буд, навишта шудааст.

Ҳамавақта мо мебинем,ки чӣ гуна мақомоти қудратии Тоҷикистон ба вокуниш ва муроҷиатҳои шаҳрвандан дар шабакаҳои интернети диққат дода, ба зудӣ ҳуқуқвайронкунандагонро дастгир карда бо нишон додани симову сураташон маълумот дар интернет паҳн мекунанд. Ин амал боиси дастгирист.

Аз сабаби оне, ки Бузургмеҳр Ёров дар бораи амалҳои ҷиноятии кормандони муассисаи ислоҳии ЯС 3\1 ВА ҶТ,аз қабили ҷиноятҳои бо моддаҳои 314, м. 316, м.319 , м. 250, м.324 ва м. 347, инчунин шиканҷа ва бадрафторӣ нисбати маҳбусон дар мактубаш менависад, зарур аст, ки тафтишот нисбати ин кормандни муассиса ҳарчӣ тезтар низ оғоз гардад. Боварии комил дорам, ки ҳангоми таъмини амният ва бехатарии Бузургмеҳр Ёров, Ҳасанов Ҳасан, дигар маҳбусоне, ки аз дасти ин касон ҷабр дидаанд, тамоми ваҷъҳои оварда исботи худро меёбад.

Модари Бузургмеҳр Ёров ба унвонии Шумо аллакай муроҷиаташро равона кардааст, вале то ҳол аз ягон мақомот ҷавобе ба ӯ наомадааст.

Аз сабабе, ки имконияти таъсиррасонӣ ба шоҳидон, ҷабрдидагон ва даъвогарон аз тарафи кормандони муассиса муовини сардори муассиса подполковник Сафаров Манучехр, кормандони ин муассиса майор Ориф ва Давлатов Аҳлиддин вуҷуд дорад, аз Шумо хоҳиш карда мешавад, ки муввақатан то ҳаллӣ худро ёфтани ин қазия ин касон аз вазифаҳои хизматиашон барканор карда шаванд.

Ҳамин тариқ ва бо дастрасии талаботҳои моддаҳои 140, 141, 144, 145 ва 146 КМҶ аз Шумо хоҳиш карда мешавад, ки нисбати кормандони муассисаи ислоҳии ЯС 3\1 ВА ҶТ сардори муассиса Турсунов Б, муовини сардори муассиса подполковник Сафаров Манучехр, кормандони ин муассиса майор Ориф ва Давлатов Аҳлиддин тафтиш оғоз карда шуда, онҳо ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шаванд.

Сардори Бунёди “Бузургмеҳр”
Ҷамшед Ёров

Мақолаҳои марбут

Маводҳои охирин

Verified by MonsterInsights