Friday, March 29, 2024

Адвокатура дар Тоҷикистон: дифоъгароне, ки худ ба дифоъ ниёз доранд

Дар Тоҷикистон 26-уми май Рӯзи вакилони дифоъ ё адвокатҳо таҷлил мешавад. “Азия-Плюс” бо баҳонаи ин рӯз назаре ба сарнавишти маъруфтарин вакилони дифои тоҷик кард, ки дар солҳои ахир чеҳраи хабарии расонаҳо ва баҳсҳои сиёсиву ҳуқуқибашарӣ буданд. Баҳси онҳо ҳатто дар равобити Тоҷикистон бо созмонҳои ҷаҳонӣ ва кишварҳои ғарбӣ матраҳ буд.

Худи вакилони дифоъ мегӯянд, сол аз сол кори онҳо дар Тоҷикистон душвортар мешавад ва нафаре, ки парвандаҳои «ҷиддӣ»-ро ба дӯш мегирад ё зери фишор қарор мегирад ё ҳамтақдири вакилони дифое мешавад, ки ё ба зиндон рафтанд ё кишварро тарк кардаанд.

Аз сӯйи дигар, дар доираҳои коршиносӣ, бештари таҳлилгарон нақши институти адвокатиро дар Тоҷикистон нақши як ниҳоди миёнрав миёни додгоҳ ва тарафҳои баҳс медонанд. Иддаоҳое, ки мақомот ҳамеша рад мекунанд. Вале дар ҳар сурат ин ниҳод яке аз пояҳои асосии ҳар ҷомеаест, ки пойбанд ба арзишҳои демократӣ асту мехоҳад аз ин роҳ пеш биравад.

Бо баҳонаи ин рӯз, мо хостем сарнавишти пурбаҳсу сарусадодори вакилони дифои машҳурро дар чанд соли ахир ёдоварӣ кунем.

Ҳимоятгари муҳоҷирон худ ба ҳимоятгар “зор” шуд

Қазияи Иззат Амон, роҳбари “Маркази тоҷикон”-Маскав, ки беш аз 10 сол таҷрибаи кӯмаки ҳуқуқӣ ба муҳоҷирони тоҷик дар Русияро дошт, аз муроҷиатномаи видеоияш ба Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, ки рӯзи 25-уми марти соли 2021 дар “Ютуб-канал”-аш нашр шуд, оғоз гардид. 

Ӯ, ки аз соли 1996 шаҳрвандии Русияро дошт, ба Владимир Путин гуфт, намояндагони мақомоти Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо баъзе хадамоти махсуси Русия ният доранд, ки ӯро ба Тоҷикистон бифиристанд, то онҳо барои танқиди амалҳои мақомоти Тоҷикистон ба зиндон андозанд.

Маълум гардид, ки Додгоҳи Тверскии Маскав Иззат Холовро (Иззат Амон) мувофиқи муқарароти моддаи 18.10 – и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ФР (Фаъолияти кории ғайриқонунии шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд дар Федератсияи Русия) гунаҳкор донистааст.

Иззат Амон


Ҳамин тариқ, Иззат Амон рӯзи 25-уми марти соли 2021 дар Русия нопадид шуд. Дар аввал, ВКД-и Тоҷикистон гуфтанд, дар бораи Иззат Амон хабар надоранд, вале баъдтар изҳорот пахш карданд, ки дар Тоҷикистон алайҳи ӯ бо ҷурми “қаллобӣ ба миқдори махсусан калон” (қисми чаҳори моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ӯ боздошт гардидааст.

Ӯ рӯзи 19 октябри соли 2021, бо қарори Додгоҳи шаҳри Душанбе 9 сол равонаи зиндон гардид. Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми Иззат Амонро бетағйир гузошт.

Бо гузашти як сол, соли 2022 дар “Ютуб” наворе пайдо шуд, ки марде худро Нурулло Воҳидов, сокини ноҳияи Бохтар муаррифӣ карда мегӯяд, барои аз зиндони Мардова ба Душанбе интиқол ёфтанаш ба воситаи шиносҳояш ба Иззат Амон 10 ҳазор доллар додааст, вале ӯ ваъдаашро иҷро накард.

Ин мард мегӯяд, забонхати Иззат Амонро баро гирифтани 10 ҳазор доллар дар даст дорад. Худи Иззат Амон дар вохӯрӣ бо даъвогар иддаояшро рад карда буд.

Ҳамин тариқ, Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе рӯзи 6-уми июнси соли гузашта Иззат Амонро бо иттиҳоми “қаллобӣ” 6 соли дигар аз озодӣ маҳрум кард.

Манучеҳр Холиқназаров

Додгоҳи олии Тоҷикистон моҳи декабри соли 2022 раиси Анҷумани ҳуқуқшиносони Помир Манучеҳр Холиқназаровро бо иттиҳоми “ташкили иттиҳоди ҷиноӣ” ва “ташкили фаъолияти созмони ифротӣ” ба 16 соли зиндон маҳкум кард.

Манучеҳр Холиқназаров


Холиқназаров ҳамчунин узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон буд. Ӯ моҳи майи соли 2021 дар Хоруғ дар робита ба ҳаводиси ВМКБ боздошт шуда буд.

Ҳафт созмони байнулмилалӣ, аз ҷумла Ҳамкории Байнулмилалӣ барои Ҳуқуқи Башар, Созмони ҷаҳонии зидди шиканҷа ва Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия, дар моҳи апрели соли ҷорӣ озодии фаврӣ ва бидуни қайду шарти вакили мудофеъ Манучеҳр Холиқназаровро талаб карданд.

Зиндон барои танқиди мансабдорони маҳаллӣ ва бознашри як шеър

Адвокат Саиднуриддин Шамсиддинов дар моҳи январи соли 2021 дар Тоҷикистон ба ҳаштуним соли зиндон маҳкум шуд.

Ӯ бар асоси 7 моддаи Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла муомилоти ғайриқонунии замин, қаллобӣ ва паҳн кардани маълумоти бардурӯғ гунаҳкор дониста шуд.

Модари Шамсиддинов ин ҳама иттиҳомотро беасос мешуморад ва сабаби аслии ин ҳукмро танқиди ӯ аз мансабдорони фасодкор дар шабакаҳои иҷтимоӣ медонад.

Саиднуриддин Шамсиддинов


Саиднуриддин Шамсиддинов, ки дар гузашта ҳамчун судиҷрочӣ ва солҳои охир ҳамчун вакили мудофеъ фаъолият дошт, бештар бо имзои Саиди Садр дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз рафтори баъзе додситону додрасҳо шикоят мекард.

Ӯ пештар гуфта буд, ки баъди як муроҷиаташ ба сомонаи президенти Тоҷикистон масъулони Додситонии ноҳияи Вахш ӯро “чап гирифтанд” ва ба фурӯши ғайриқонунии замин муттаҳам карданд. Дар ҳоле ки, ба иддаои ӯ, “чунин коре накардааст”.

Абдулмаҷид Ризоев

Рӯзи 14-уми июни соли 2021 Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ҳуқуқшинос Абдулмаҷид Ризоевро бо гумони “даъвати пинҳонкорона ба терроризм” гунаҳкор дониста, ӯро 5,5 сол равонаи зиндон кард.

Худи Абдулмаҷид Ризоев, ки дар созмони ҷамъиятии “Дурахшон гуруҳ” созмоне, ки ба корафтодагон машварати ҳуқуқӣ медод кор мекард, ҳукми нисбаташ эълоншударо рад карда, онро ғаразнок унвон кардааст. Ӯ гуфтааст, ин ҳукм ба фаъолияти кориаш рабт дорад, чун пеш аз боздошт ӯ ба ҳимояи ҳуқуқи сокинони бинои №49 дар кӯчаи Бухорои Душанбе машғул буд.

Дилафрӯз Самадова гуфт, додситонӣ чанд навиштаи саҳифаи Фейсбукии ӯро таҳлил карда, Ризоевро дар “даъватҳои пардапӯшонаи оммавӣ ҷиҳати ба амал ба баровардани фаъолияти ифротгароӣ, ки ба ноустувор сохтани амнияти миллӣ мерасонад”, айбдор кардааст.

Аз ҷумла, бознашри андешаи “Ҳукумати оқил бо решаҳои эътироз мубориза мекунад, ҳукумати нодон бо эътирозгарон”-ро прокуратура андешаи ифротгароёна хондааст.

Чанд рӯз пеш ӯ ба далели кам кардани мӯҳлати ҷазояш тибқи қонуни афв аз зиндон озод шуд.

Ёдовар мешавем, ки соли 2016 дар Тоҷикистон мафҳуми “сафедсозии оммавии ифротгароӣ ва терроризм, аз ҷумла тавассути интернет” ба Кодекси ҷиноӣ илова шуда буд. Лайкҳо ва нашрияҳои марбут ба чунин хислатро мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аксаран ҳамчун сафедкунии ифротгароӣ ва тарғиби ғояҳои ифротӣ медонанд. Бархе аз коршиносон мегӯянд, аксаран озодандешонро бо ин баҳона таъқиб мекунанд, ҳарчанд мақомот ин иддаоро рад мекунанд.

Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов

Бузургмеҳр Ёров

Asia-Plus


Моҳи сентябри соли 2016 ҳукми Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов дар як рӯз ва дар як мурофиаи додгоҳӣ садо дод. Бузургмеҳр Ёровро аввал ба 23 соли зиндон маҳкум карданд ва баъдан бо иловаи ҷурми дигар (аз ҷумла риоя накардани тартиби судӣ бинобар қироат кардани ба қвле шеъри дағалона дар рафти мурофиа) 5 соли дигар ба ҳукми пешин илова карданд, ки 28 сол шуд.

Нуриддин Маҳкамов барои 21 сол равонаи зиндон шуд. Сарнавишти ин ду замоне ба мушкил печид, ки эълон карданд ба унвони вакили дифоъ омодаанд аз ҳуқуқҳои 13 узви раёсати Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, ки дар як табаддулоти давлатӣ муттаҳам мешуданд, дифоъ кунанд. Дертар, соли 2019 бар асоси қонуни афв аз ҳукми Бузургмеҳр Ёров шаш сол кам карда шуд.

Мақомот ҳардуи онҳоро дар қаллобӣ, сохтакорӣ, ифротгароӣ, “ташкили иттиҳоди экстремистӣ” ва “барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ” муттаҳам медонанд. Худи Нуриддин Маҳкамов ва Бузургмеҳр Ёров иттиҳомоти мазкурро рад карда, қазияҳои худро дорои ангезаҳои сиёсӣ номидаанд.

Дар замони содир шудани ҳукми додгоҳ чандин созмони мудофеи ҳуқуқи инсон, инчунин ҳукуматҳои ИМА, Бритониё ва «Human Rights Watch» билофосила озод шудани вакилони дифоъро талаб карда буданд. Баъдан Кумитаи ҳуқуқи башари СММ ҳам ин тақозоро кард, аммо ҳар дуи ин вакил то кунун дар зиндонанд.

Моҳи апрели соли2023 “Бунёди Бузургмеҳр”, як созмони ҳуқуқӣ, хабар дод, ки бар зидди Бузургмеҳр Ёров бо иттиҳоми қаллобӣ ба миқдори махсусан калон дар ҳолати ретсидивиӣ (моддаи 247, қисми 4, бандҳои “а” ва “б”) парвандаи нав боз карда, ӯро аз зиндон ба Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе интиқол додаанд.

Парвандаи нав ва ҳамакнун чорум бар зидди Бузургмеҳр Ёров бар асоси шикояти як маҳбус бо номи Ҳасан Ҳасанов оғоз гардидааст. Ҳасанов даъво кардааст,  ки вакили дифоъ ва наздиконаш аз пайвандони ӯ 42,5 ҳазор сомонӣ гирифтаанд.

Бузургмеҳр Ёров дар номааш аз тафтишот хостааст, ӯро бо даъвогар Ҳасан Ҳасанов рӯ ба рӯ кунанд ва ба наздиконаш ҳамчун шоҳид иҷозаи ширкат дар рафти тафтишотро диҳанд. Мақомоти тафтишот ба ин иҷоза надодааст.

Ҷамшед Ёров, ҳуқуқшинос ва бародари Бузургмеҳр гуфтааст номи Ҳасанов барои онҳо шинос аст ва “ӯ зери фишори мақомот зидди Бузургмеҳр баёнот додааст”.

Ин моддаи Кодекси ҷиноӣ ҷарима ва ё аз ҳашт то дувоздаҳ сол зиндонро пешбинӣ мекунад.

Аз чап ба рост. Исҳоқ Табаров, Шуҳрат Қудратов ва Фахриддин Зокиров

Радиои “Озодӣ”


“Адвокатҳои Зайд Саидов”

Шуҳрат Қудратов. 13-уми январи соли 2015 додгоҳи Душанбе адвокати шинохта Шуҳрат Қудратовро ба 9 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард. Баъдан, моҳи марти  соли 2017 Додгоҳи олии Тоҷикистон аз ҳукми ҷазои ӯ 5 солу 4 моҳ кам кард. Ӯро ҳамчунин ба пардохти ҷарима дар ҳаҷми 87,6 ҳазор сомонӣ низ муваззаф карда буданд.

Шӯҳрат Қудратов яке аз се вакили соҳибкори зиндонӣ Зайд Саидов буд, ки 21-уми июли 2014  аз сӯйи кормандони Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон ба иттиҳоми гирифтани пора боздошт шуд. Бисёре аз ҳомиёни ҳуқуқ ва тарафдоронаш он замон мегуфтанд, ки қазияи ӯ ба кори ҳимояташ аз Зайд Саидов марбут аст.

Қудратов августи 2018 аз зиндон озод шуд, вале ӯ дигар наметавонист ба унвони адвокат дар Тоҷикистон кор кунад. Ин буд, ки ӯ барои дарёфти кор ба берун рафт ва ҳоло дар Русия, умдатан аз ҳуқуқи муҳоҷирон дифоъ мекунад.

Фахриддин ЗокировЯке аз вакилони дигари Зайд Саидов буд. Моҳи марти соли 2014, аз сӯи маъмурони Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон боздошт шуда, моҳи ноябри ҳамон сол дар пайи ба иҷро даромадани қонуни афв озод гардид. Он вақт мақомот алайҳи ӯ тибқи моддаи 247-уми Кодекси ҷиноии Тоҷикистон (қаллобӣ) парванда боз карда буданд.

Вале қазияи ӯ бо ҳамин содагӣ ба поён нарасид. Моҳи августи 2015 Зокиров дубора бо иттиҳоми “қаллобии такрорӣ” дастгир шуд ва бо пардохти 14 ҳазору 600 сомонӣ озод шуд.

Ба гуфтаи тафтишот, асли моҷаро 1 миллион доллар қарзе буд, ки як ширкати марбут ба Фахриддин Зокиров ҳанӯз дар соли 2011 аз “Тоҷиксодиротбонк” гирифта, дар баргардондани тақрибан 30 фоизи боқимондаи ин маблағ таъхир мекунад. Вале наздикони Зокиров гуфта буданд, ки сабаби аслии таъқиби мақомот мавқеи фаъоли ӯ дар роҳи ҳимоят аз соҳибкори маъруф Зайд Саидов буд. Худи ӯ ҳам тавассути вакилонаш гуфта буд, аз ӯ бо ин роҳ қасос гирифтаанд. Зокиров баъд аз раҳоияш аз боздошт дигар ба ҳайси вакили Зайд Саидов кор накард.

Исҳоқ Табаров


Исҳоқ ТабаровБаъди боздошт ва зиндонӣ шудани ду адвокати Зайд Саидов, Исҳоқ Табаров танҳо вакили ӯ боқӣ монд. Он замон дар давоми ду ҳафта ду писари Исҳоқ Табаров ба зиндон маҳкум шуд: Моҳи феврали соли 2016 Фирӯз Табаров, писари якуми Исҳоқ Табаров аз сӯи додгоҳи шаҳри Ваҳдат барои “зархаридӣ” ва “даъвати оммавӣ барои аз роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Тоҷикистон”, ба 13,5 сол ва моҳи марти ҳамон сол писари дуввуми ӯ Далер Табаров, бо ҷурми “хабар надодан дар бораи ҷиноят” боздошт ва барои 6 моҳ равонаи зиндон шуд. Далер ҳоло дар озодист.

Исҳоқ Табаров он замон гуфта буд, ки  ҳама фишору таъқибе, ки ба ӯ ва наздиконаш сурат мегирад, ба фаъолияти касбиаш рабт дорад. Ин вакили дифои хушном 12 июн соли 2016 дар бемористон бар асари сактаи қалбӣ даргузашт.

Ҷамшед Ёров ва Муаззама Қодирова

Охири моҳи августи соли 2016 Ҷамшед Ёров – бародари Бузургмеҳр Ёров боздошт ва бар асоси моддаи 311 қисми 1-и КҶ маҳкум шуд. Ӯ он замон вакили дифои муовини раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон Муҳаммадалии Ҳаит буд, ки муваккилаш рӯзи 2 июни ҳамон сол ба ҳукми абад маҳкум шуда  буд. Ҷамшед Ёров бо иттиҳоми фош кардани ҷузъёити ҳукми 90-саҳфаии Додгоҳи олӣ дар бораи аъзои Раёсати олии ҲНИТ муттаҳам медонистанд.

Ҷамшед Ёров


Ҷамшед, 30-юми сентябри 2016 дар асоси қонуни афв озод шуд, ки дар идома Тоҷикистонро тарк кард ва ҳола дар яке аз кишварҳои аврупоӣ паноҳанда аст.

Муаззама Қодирова. Моҳи январи соли 2017 Муаззама Қодирова, ки аз ҳуқуқи ҳамкасбонаш – Бузургмеҳр Ёрову Нуриддин Маҳкамовро дар додгоҳ дифоъ мекард, баъди фишору таҳдиди боз шудани парванда алайҳаш, тарки Тоҷикистон кард ва аз Олмон дархости паноҳандагии сиёсӣ кард ва ҳоло дар ин кишвар аст.

Солиҷон Ҷӯраев

Солиҷон Ҷӯраев, ки замоне масъулияти иҷрокунанда ё сарпарастии Додситони кулли Тоҷикистонро дошт, вакили дифои парвандаи пурсарусадои маъруф ба “Парвандаи Исфарагиҳо” низ буд, ки фигураи аслии ин қазия соҳибкори пурасрори тоҷик Низомхон Ҷӯраев буд.

Моҳи апрели соли 2010 додрасҳои Додгоҳи олии Тоҷикистон Нур Нуров, Улуғбек Мамадшоев ва як додраси Додгоҳи шаҳри Душанбе Солиҷон Ҷӯраевро ҳамроҳ бо се нашрия: «Азия плюс», «Фараж» ва «Озодагон» ба додгоҳ кашиданд. Далел нашри номаи бози Солиҷон Ҷӯраев алайҳи ин додрасҳо дар ин ҳафтаномаҳо буд.

Солиҷон Ҷӯраев


Додрасҳо ин нашрияҳо ва Ҷӯраевро бо иттиҳоми туҳмат ва паст задани обрӯву эътибори инсон муҷрим медонистанд ва барои ҷуброни зарари маънавӣ 5,5 миллион сомонӣ товон хоста буданд.

Ҳарчанд ин баҳс бо роҳи созиш ва  қатъи идомаи мубоҳисоти додгоҳӣ ҳал шуд, вале ҳоло Солиҷон Ҷӯраев дар хориҷи кишвар аст ва яке аз мунтақидони мақомоти Тоҷикистон дар расонаҳо ва шабкаҳои иҷтимоӣ мебошад.

Файзинисо Воҳидова

Моҳи майи 2017, баъди нашри муроҷиатнома дар Фейсбук ба унвонии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки дар он қатъ кардани таъқиб алайҳи Бузургмеҳр Ёров хоҳиш мешуд, ҳуқуқшинос ва вакили дифои пуровоза Файзинисо Воҳидова, аз сӯйи мақомот бозпурсӣ шуд.  Баъдан ӯро нагузоштанд, ки кишварро тарк кунад. Ҳарчанд баъдҳо мамнуъулхуруҷ будани Воҳидова дар идома бекор шуд, вале мутаассифона, Файзинисо Воҳидова моҳи январи соли 2019 даргузашт. Марги ӯ баҳсҳои гарму доғе дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар пай дошт.

Файзинисо Воҳидова


Воҳидова ба ҷуз кори адвокатӣ, ба унвони ҳуқуқшинос низ дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол буд. Ӯ сиёсати ҳукумат ва мақомоти Тоҷикистон, шеваи бархӯрди мақомоти ҳифзи ҳуқуқро бо маҳбусон, амалкарди додрасҳову додгоҳҳои кишварро интиқод мекард.

Баъди марги ӯ, бархе мухолифон ва паноҳандагони Тоҷикистон дар хориҷ аз кишвар, ҷоизаеро ба номи ӯ таъсис доданд, ки ба фаъолони ҳуқуқи башар аз Тоҷикистон тақдим мешавад.

Воҳидоваро ҳамчунин яке аз “қурбониён”-и қонуни нави Тоҷикистон дар бораи фаъолияти адвокатӣ медонистанд, ки соли 2015 ба тасвиб расид. Бар асоси ин қонун вакилони дифоъ бояд бо супурдани имтиҳон аз Вазорати адлия иҷозатномаи дарёфт мекарданд ва Воҳидова, ки соли 2006 баҳси судӣ дошту ба иттиҳоме муҷрим буд дар «имтиҳон» ширкат накард ва бо ҳамин ба ӯ иҷозати фаъолияти адвокатӣ надоданд. Худи ӯ ҳам он замон гуфта буд, ки дар имтиҳон ширкат намекунад, зеро он фишор болои адвокатҳо ва маҳдудсозии кори онҳост.

Созмони «Ампаро»

Рӯзи 24-уми октябри соли 2012 Додгоҳ шаҳри Хуҷанд фаъолияти созмони ҳуқуқшиносони ҷавон – “Ампаро” дар вилояти Суғдро, ки ба ҳифзи ҳуқуқи сарбозон ва хидматчиёни ҳарбӣ машғул буд, қатъ кард. Баҳси ин созмон яке дигар аз баҳсҳои пурсарусадои ҳуқуқибашарӣ дар Тоҷикистон буд.

Ҳайати кормандони созмони “Ампаро”. Акс дар толори додгоҳ, Хуҷанд, 24 октябри 2012


Ҷониби даъвогар-Раёсати адлияи Суғд гуфта буд, ки, созмони “Ампаро” дар панҷ маврид қонунҳои кишварро дар бораи созмонҳои ҷамъиятӣ ва ҳамчунин бандҳои Оинномаи фаъолияташро нақз кардааст. Аз ҷумла, созмони мазкур суроғаи ҳуқуқии худро тағйир дода, мақомоти Вазорати адлияро огоҳ накардааст. Ҷониби даъвогар, ин созмонро ба берун рафтаи аз ҳавзаи фаъолияти худ ва бидуни иҷозатнома бо мактабхонҳо мулоқот кардан ҳам, муттаҳам мекард.

Дилрабо Самадова, раҳбари вақти ин созмони қарори судро ғайримунсифона хонда буд,  ва гуфта буд, ки бо роҳҳои қонунӣ барои бекор кардани он мубориза хоҳанд кард. Вале чизе тағйир наёфт ва ин созмон дигар фаъол нашуд.

Замоне, ки «миёни адвокатураи тоҷикро шикаст»

Коршиносон мегӯянд, нақши адвокатҳо дар ҷомеа маҳз дар соли 2015 баъди тағйирот дар қонун “Дар бораи адвокатура” камранг шуд ва «миёни адвокатураи тоҷикро шикаст».

Он замон бархе аз адвокатҳо гуфтанд, ки ин қонун назорат аз болои корашонро шадидтар карда, бештар роҳи халосӣ аз вакилони “гапнодаро” ва ё вакилони парвандаҳои пурсарусадост.

Дар пайи қабули қонуни нав дар бораи адвокатура комиссияи тахассусии санҷиши адвокатҳо таъсис ёфт ва ба навъе аз ғалбер гузарондани адвокатҳоро шурӯъ кард. Ҳамчунин, баъди ин адвокатҳо дар тӯли панҷ сол як бор аз санҷиш мегузаранд. Ҳамин санҷиш буд, ки дар натиҷа, шумораи ҳуқуқшиносони дорои иҷозатнома дар кишвар аз 1200 нафар дар 2015 то 600 нафар дар соли 2017 коҳиш ёфт. Ба гуфтаи масъулин, ин тағйирот “ба хотири ҷалби бештари мутахассисон ба фаъолияти адвокатӣ, аз байн бурдани ҳолатҳои ришвахорӣ, таҳкими фаъолияти адвокатӣ ва ба ин васила таъмини адолати додгоҳӣ дар тамоми марҳилаҳо, ҳангоми тафтишот ва мурофиаи додгоҳӣ” мебошад.

Бознашр аз “Asia-plus”

Мақолаҳои марбут

Маводҳои охирин

Verified by MonsterInsights