Sunday, October 1, 2023

Аз ҳуқми беасоси Суди олии Тоҷикистон нисбати маҳбусони сиёсӣ ҳафт сол гузашт

Расо 7 сол қабл дар ҳамин рӯз, яъне 2- юми июни соли 2016, Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукмро нисбати 14 узви Ҳизби Наҳзати исломии Тоҷикистон аз ҷумла ду муовини ин ҳизбро содир намуд. Ба гуфти мақомоти Тоҷикистон кудатои собиқ муовини вазири мудофеи кишвар Абдуҳалим Назарзода сурат гирифт ва ҳукумат ҲНИТ- ро дар ҳамдастӣ бо вай гунаҳкор кард.

Ҳукми Додгоҳ нисбати 14 узви ҲНИТ дар ҳоле содир шуд, ки аксари созмонҳои ҳуқуқи башарӣ аз тарзи боздошти онҳо нигаронӣ намуда, онро хилофи меъёрҳои ҳуқуқӣ номиданд. Аз тарафи дигар ҷараёни тафтиши парванда ба таври махфӣ сурат гирифта, вакилони мудофеи онҳо вақти кофӣ барои дифоъро надоштанд. Инчунин Бузургмеҳр Ёров вакили мудофеи машҳур баъд аз инки эълон кард, ки кумитаеро барои дифоъ аз ҳуқуқи боздоштшудаҳои ҲНИТ таъсис додааст, худ низ як ҳафта пас боздошт шуда, моҳи октябри соли 2016 ба 23 сол зиндон маҳкум шуд.

Эълони ҳукм аз тарафи Додгоҳ олии Тоҷикистон низ пушти дарҳои баста сурат гирифт. 

Ҳеч як аз созмонҳои ҳуқуқи башарӣ ва хабарнигорон ҳаққи ширкат дар ҷараёни судро надоштанд.

Бояд қайд кард, ки раиси мурофиаи додгоҳӣ судя Сатторзода А., айбдоркунандагони давлатӣ Нурматов Ф., Нуъмонзода З. ва Қурбонов А. ягон мустақилият дар рафти мурофиа надоштанд ва чизе аз дасти онҳо ҳам намеомад.

Ҳукм аллакай моҳи сентябри соли 2015, нуҳ моҳ пеш бароварда шуда буд. Замоне, ки мақомот ҲНИТ-ро 29-уми сентябри соли 2015 ташкилоти экстремистию террористӣ эълон карда буд, бо ин Қарораш ҳамаи аъзоёни онро, алалхусус аъзоёни Шӯрои Олии он низ экстремисту террорист эътироф шуда буданд. Ҳол он, ки оиди содир кардани ягон ҷинояти хусусияти террористӣ ё экстремистӣ дошта парвандаҳо нисбати онҳо ба итмом нарасида буд, ягон ҳукми судӣ дар ин бобат қабул нашуда буд.

Бояд қайд кард, ки амали ташкилот ин маҷмӯи амалҳои аъзоёни он мебошад. Вале на ҳар як амали аъзои ташкилот аз номи ташкилот содиршуда ҳисоб мешавад. Суду прокуророн набояд дар бораи мафҳуми «ифроти ҷиноят» (м.38 Кодекси ҷиноятӣ) фаромӯш кунанд. Ва ин амалу кирдор бояд ҳатман дар доираи салоҳият ва Оиннома, бо розигии роҳбарияти ташкилот бошад. Дар дигар ҳолат дилхоҳ амали аъзои ташкилот ва ё ягон мақомот ин амали хосса шахсии ӯ ба ҳисоб меравад.

Дар қазияи ин маҳбусони сиёсӣ маҳз ҳамин гуфтаҳо яке аз нуқтахои заъфи ҳукм аст. Бе муҳокимаи судӣ то оғози барасии парванда аз тарафи суд – шахсонро чун экстремисту террорист эътироф намудаанд. Оё имкон дорад, ки ташкилоти онҳо роҳбари ҷузъу томҳои он буданд экстремистию террористӣ бошаду худи онҳо не?

Дигар чӣ мемонад ба суду прокурор, оё ҷуръат ва қудрати зери суол мондани қарорҳои мақомоти болоиро доранд? 

Чаро ба ҳамин маҳкумшудаҳо имконияти шикоят кардан аз қарори Суди Олӣ аз санаи 29 сентябри соли 2015 дода нашуд. Ин яке паҳлӯҳои ифшокунандаи нодурустии қарори суд нисбати онҳо мебошад.

Дар рафти тафтишот ва муҳокимаи судӣ ҳуқуқ ва озодиҳои ин маҳкумшудаҳо дағалона вайрон карда мешуд. Таҳқир, шиканҷа, шантаж, маҳдуд кардани дастрасӣ ба адвокат, радди дархостҳои айбдоршавандагон, ба тарзи пушида ва дар СИЗО гузаронидани мурофиа, махфӣ кардани он ва ҳукми судӣ, фишор ба адвокатҳо, фишор ба наздикони судшавандаҳо, манъи муроҷиат ба ташкилоту муассисаҳо, сохтакории далелҳо, хулосаи беасоси экспертҳо ва ғайра ҳама нишонаи ғайриқонунӣ будани ҳукм аст.

Ҳеҷкасе ба ҷуз қабулкардагони ин Қарори судӣ онро қонунӣ ва асоснок намеҳисобанд.

То имрӯз даҳҳо созмонҳои байналмилалӣ боздошти узви ин ҳизбро худсарона номида аз мақомоти хостори озодии онҳо шудаанд. Аз ҷумла Гурӯҳи кории Созмони Милали Муттаҳид оид ба боздоштҳои худсарона дар се гузориши ҷудогона ба хулосае расид, ки ҳукумати Тоҷикистон бо боздошти аъзои ҲНИТ ва вакили мудофеи онҳо уҳдадориҳои худро дар масъалаи ҳуқуқи инсон поймол намудааст. Ва озодии бидуни қайду шарти онҳоро тақозо намудааст. То ба имрӯз ҳукумати Тоҷикистон ҳеч як аз талаботи Гуруҳи кории СММ – оиди озод намудани зиндониёнро иҷро накардааст. 

Бунёди “Бузургмеҳр” низ иттиҳомот нисбати аъзои ҲНИТ-ро сохта номида, аз мақомоти Тоҷикистон озодии бе қайду шарти онҳоро талаб дорад. 

Бунёди “Бузургмеҳр” умедвор аст, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон барои озодии садҳо зиндониёни сиёсӣ талош намуда, пайвандони маҳбусони сиёсиро дастгирӣ менамоянд.

Мақолаҳои марбут

Маводҳои охирин

Verified by MonsterInsights