Sunday, October 1, 2023

Оғози боз як мурофиаи додгоҳии маҳбуси сиёсӣ Бузургмеҳр Ёров

Додгоҳи шаҳри Ваҳдат мурофиаи парвандаи чоруми Бузургмеҳр Ёров, маҳбуси сиёси ва адвокати шинохтаи тоҷикро дар боздоштгоҳи рақами 1-уми шаҳри Душанбе оғоз намуд.

Бузургмеҳр Ёров ин бор низ ба қаллобӣ муттаҳам мешавад ва парвандаро додраси шаҳри Ваҳдат баррасӣ мекунад.

Бино ба иттилои Ҷамшед Ёров, раиси Бунёди “Бузургмеҳр” аз додгоҳи Ваҳдат 20 дақиқа пеш аз мурофиа ба хоҳараш Хосият Ёрова занг зада, хоҳиш кардаанд, дар мурофиа иштирок кунанд.

“Ба сабаби он ки адвокат аз баргузории муҳокимаи додгоҳӣ имрӯз огоҳ набуд, баррасии онро барои пас аз зуҳр мондаднд. Ва баъд аз танаффуси нисфирӯзӣ ҳоло марҳилаи дувуми баррасии парванда оғоз шудааст, наздикони мо ва ҷабрдидаҳову шоҳидон низ ба СИЗО ворид шудаанд“- гуфт Ҷамшед Ёров.

Раиси Бунёди “Бузургмеҳр” мегӯяд, тибқи гуфтаи намояндаи додгоҳ, раванди муҳокимаи парванда ошкор баргузор мегардад, “вале, вақте парванда дар дохили Боздоштгоҳи муваққатӣ (СИЗО) баргузор мешавад мо онро баъдтар хоҳем дид, ки то куҷо он ошкор мегузарад.”

Ҳасан Ҳасанов, як маҳбус, ки дар зиндон бо Бузургмеҳр Ёров қарор дорад, ба ВКД шикоят кардааст, ки адвокати зиндонӣ бо ваъдаи озодиаш аз маҳбас ва пешниҳоди кумаки ҳуқуқӣ, аз ӯ 42 ҳазору 500 сомонӣ гирифтааст. Ӯ иддао кардааст, ки ин пулро наздикони ӯ дар берун аз маҳбас ба пайвандони Ёров додаанд.

Бузургмеҳр Ёров дар як нома аз зиндон инро тӯҳмат номида, аз тафтишот хоста буд, ки ӯро бо маҳбуси даъвогар Ҳасан Ҳасанов рӯбарӯ кунанд ва ба наздиконаш ҳамчун шоҳид иҷозаи ширкат дар мурофиаро диҳанд.

Ёдовар мешавем, ки 24-уми ноябри соли 2022 адвокати тоҷик Бузургмеҳр Ёров аз зиндони шаҳри Ваҳдат барои 2 сол ба зиндони низомаш пӯшида ва пурзӯри маъруф ба “критий”-и шаҳри Душанбе интиқол ёфта буд. 

Баъд аз ин Раёсати тафтишотии Вазорати корҳои дохилӣ нисбати ӯ парвандаи нав (парвандаи чорум)-ро бо иттиҳоми қаллобӣ боз кард ва то эълони ҳукм ва бо талаби худаш ӯро ба Боздоштгоҳи муваққатии рақами 1 гузарониданд. Бузургмеҳр Ёров бо навиштани нома аз дохили зиндон иттиҳомоти нави мақомотро сохта номид.  

Ин адвокати зиндонӣ дар номаи худ навишт, ки парвандаи нав бар асоси шикояти маҳбусе бо номи Ҳасан Ҳасанов боз шуда, даъвогар иддао кардааст, ки ин ҳомии ҳуқуқ ва наздиконаш аз пайвандони ӯ бо ваъдаи озодии Ҳасанов аз маҳбас ва пешниҳоди кумаки ҳуқуқӣ 42 ҳазору 500 сомонӣ гирифтаанд.

Дар нома Бузургмеҳр Ёров инро тӯҳмат номида, аз тафтишот хоста буд, ки ӯро бо маҳбуси даъвогар Ҳасан Ҳасанов рӯбарӯ кунанд ва ба наздиконаш ҳамчун шоҳид иҷозаи ширкат дар мурофиаро диҳанд.

Бунёди “Бузургмеҳр” ин иттиҳоми нави мақомотро нисбати Бузургмеҳр Ёров, маҳбуси сиёси ва адвокати шинохтаи тоҷикро сиёсӣ номида, он мисли дигар парвандаҳои мухолифини режими Эмомалӣ Раҳмонов ва ё фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар фазои дурӯғ, пинҳонкорӣ, бо фишору шиканҷа нисбати гумонбарон ва шоҳидону наздикони онҳо сохтаву бофта шудааст.

Бунёди “Бузургмеҳр” аз мақомоти Тоҷикистон озодии бе қайду шарти ҳама маҳбусони сиёсӣ аз ҷумла Бузургмеҳр Ёровр талаб мекунад ва умедвор аст, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон барои озодии садҳо зиндониёни сиёсӣ талош намуда, пайвандони маҳбусони сиёсиро дастгирӣ менамоянд.

Мақолаҳои марбут

Маводҳои охирин

Verified by MonsterInsights