Sunday, October 1, 2023

Мактуби Бузургмеҳр Ёров аз зиндон

9-уми ноябр дар китобхона соати 11 китоби Фариддуни Аттор « Мусибатхона»-ро мехондам. Муовини сардори муассиса, подполковник Сафаров Манучехр бо сардори ОРО, майор Ориф даромад. Барои эҳтиром хестам. Пурсид, ки чӣ китоб хонда истодаам. Гуфтам: «Мусибатхона», мана печати китобхона. Баъд пурсид, ки ин чи фамилияҳо аст? Ман гуфтам, ки ман масъули телефон мебошам аз хонаи 5 дастаи 12, ки  кай бояд гап занад соаташро мемонам. Ӯ туҳмат кард, ки чаро доклад намекунӣ, яъне намегӯӣ “маҳкумшуда Ёров Б., статья 330, муҳлат, аввали ҷазо, охири ҷазо”. Гуфтам, дар ин маврид доклад лозим нест. Шумо шахсияти манро медонед, дар куртаам навишта шудааст, бевосита савол додед, ҷавоб додам. Аммо, бурданд баёнот додам, пурра  кирдори онҳоро фош кардам. Маҷбур доштанд, ки баёнотро дигар кунам, не гуфтам. Сахт дукаса маҷбур доштанд. Сардор Турсунов Б. низ мехост, ки баёнотро дигар кунам.  Не гуфтам, пеши пои Сафаров Манучеҳр афтидам, ки азоб, шиканҷа, таҳқир мекуненд кунед вале маҷбур накунед, ки баёнотро дигар кунам. Ӯ маҷбур дошт. Рӯ ба қибла овардам, ки агар баёнотро дигар кунам 5 фарзанду занам бар ман ҳаром. Баъд бас карданд. 15 рӯз ШИЗО доданд.

23-юми ноябр мисле, ки сагро кашида мебаранд суд кашида бурданд. Ман лекин соли 2021-2022  8-9 раҳматнома, чанд мулоқоти кӯтоҳмуддату дарозмуддат, 2 раҳматномаву личняк муовини вазири адлияи ҶТ сардори СРИҶҶ, генерал Умар Мансуров додааст. Ашаддӣ вайронкунандаи низом эълон карданд. Баъд гуфтам, делаи манро бардоред соли 2021-2022 8-9 раҳматнома гирифтаам, сардори китобхона мебошам, ахиран раҳматномаро бо гирифтани суратам (09.09.2022 сол) доданд, боз аз номи генерал.

Адвокати давлатӣ буд, суд аҳаммият намедиҳад 2 сол маҳбаси  доданд. Қарори судро то имрӯз надидам, ки шикоят намоям.  Б\Т-и манро пинҳон менамоянд, дар суд менависанд,  ки Ёров Б. аз додани баёнот саркаши кард.

Ман аз 28.09.2015 сол онҳоро фош мекунам. Баёнотҳо медиҳам, ки дар таърих монад.  Замонаҳо дигар шаванд, мурдаем ё зиндаем баҳо диханд.

Дар хунукии 23-уми ноябр намонданд, ки айнаку курткаро гирем, инҷо оварданд ҳама ҳайрон шуданд, ки зимний сезон мебошад, чихел бе либоси гарм шуморо оварданд? 13-уми январ прокурор омад, ки Ҷамшед дар интернет бисёр менависад қасос мегирем, мана аризаи Х.Х оиди 42500 сомонӣ дар баёнот туҳмат буданро нишон доданд. Талаб кардам, ки рӯ ба рӯкунии ман бо Х.Х дар видео навор гирифта шавад.

6-уми феврал, суди ноҳияи Сомонӣ омад, гуфтам, ки ҳама туҳмат аст, бояд ба ин дела 3-корманд Сафаров Манучеҳр, Ориф ва Давлатов Аҳлиддин суд шаванд. Онҳо ҷиноятҳои моддаҳои 314, 316, 319, 250, 324, 347-ро содир кардаанд. Дар дафтарҳо навиштаи  Х.Х-ро бо зани маҳбус Раҷабалиев Ином моддаи 401 бароварда, ба ивази пул медоданд.

15-20000 сомонӣ гирифтааст (заму одаме,ки дафтарора баровардай) баровардани дафтар ғайриқонунист, чопи он ҷиноят нест. Ман дузди каладуздро аз яхдон баҳори 2022 Зардаков Давлатшоҳ, шаҳрванди Қирғизистонро қапидам, аммо Сафаров Манучехр ва Д.А онро ба прокурор насупориданд. Ҷинояти моддаи 244 қисми 4 банди А-ро пинҳон карданд. Оиди ҳамкории ғайриконунии Х.Х аз ман маълумот гирифт, аммо чорае наандешид. Ин ҷавобгарӣ дорад, зеро Д.А метонист минбаъд аз оилаҳои онхо яроқ ё ягон чизи мамнуъ ба муассиса дарорад.

Гуфтам модарам ё Рухшона намояндаи қонунӣ шаванд. 14-уми феврал ҳамин адвокати ёш омад, қабул накарданд. То 14-уми апрел санкция доданд. Аз маҷбурӣ баъд ёш-ро гирифтанд. Тарс дорад, метавонад ҳаррӯз биёяд маро гирад нақша далел ҷамъ кунем, вале намеояд. Аз 8-уми феврал қарори дурӯғи сардори РТ ВКД ҶТ баромада аст, ки парванда махфист сабаб – Ёров Б-ро дела мекунем мефаҳманд давлатҳои хориҷӣ, Созмонҳои байналхалқӣ онро дастгирӣ мекунанд. Гуфтам наход обрӯи ман аз обрӯи ҶТ боло бошад. Ман як шахси оддиам, кадом дела бо моддаи 247 махфӣ гузошта шудааст. Дуруст кор кунед. Ин 3-кас Манучехр писари собиқ  директори мактаби 11  Муслиддинова ва Д.А-ро суд кунед. Туҳматчигист Х.Х туҳматчист.

Аввалан муфаттиши прокуратураи нақлиёти вилояти Суғд Курбоналиев Нозимро туҳмат кард, ки 100,000 доллар пора гирифтааст, баъд сардори РТ прокуратураи генералӣ Содиқов Раҷабалиро туҳмат кард, ки 100,000 доллар пора гирифтааст. Баъд милисаҳои ШВКД дар ноҳияи Исфараро туҳмат кард, ки занашро шиканҷа доданд. Дар делаи шахсияш мактуби прокурори генералӣ, ки тамоми ваҷҳҳои Х.Х санҷида шавад, агар исбот нашвад барои туҳмат бо моддаи 346 парвандаи ҷиноятӣ кушоед.

07.08.04 муфаттиш ғайриқонунӣ ва беасос бо моддаи 247 қисми 4 бандҳои а, б, айб эълон кард. Гуфтам чаро се моҳ мешавад очный ставка бо Х.Х намегузаронӣ, чаро дар видео навор намегирӣ. Дурӯғ парвандаро махфӣ кардаед, ки худро ҳимоя карда натавонам, далел ҷамъ накунам. Медонед, ки дар ду соли дигар ду амнистияи реформа мебароям, мехоҳед, ки боз ғайриқонунӣ 5-6 сол ҷамъ кунед, 16-17 сол гӯед, тюрмаи Қурған равон кунед.

Месанҷем мегӯяд, аммо дурӯғ, зеро муфаттиши онҳо Ҳакимов Музаффарро соли 2017 суд кардаанд, мехоҳанд қасос гиранд. 

Метавонед ягон касатон (Рухшона, Нилу, очам)  свиданка  расман ариза навишта талаб карда гиред. Агар адвокат танҳо дарояд мактубе диҳед, ки дар берун чи гап ҳаст. Бо чор эпизод айб эълон кардаанд:

  1. Гӯё моҳи марти 2022 сол писари амакаш Ҳасанов Муродҷон 20000 сомонӣ ба Ё Х. ва ё Назарова дода бошад  ё ин, ки боз ба шахсони бовариноки ман. Киянд ин шахсон мегӯям, онҳо мистер Х ҳастанд, як нафарашро гӯед, туҳмат аст.
  2. Гуё оилааш Тағоева Боғигул, моҳи апрели 2022 сол  ба ҳамаи шумо 15000 дода бошад, боз туҳмат занаш касал буд. 500 – 1000 доллар ба ӯ дод, 300 доллар қарзи падари маҳбус Сангинмуродзода Бахтоварро дод. Дар 3200 яхдон харид. 100 доллар писари холаам Абдулмаҷид дод. Гапашро дигар кард, ки дар 2000 сомонӣ дачка оред. Ҳиссаи Ҳасан мешавад, ки шумо Ё.Х дачка равое кардед, ҳиссаи ман 75 шуд.
  3.  Гӯё ӯро маҷбур карда бошам, ки яхдонро фурӯшад. 2000 фурӯхта, пули онро оилааш маҳбус адвокат Маҷидов Абдуҷаллол ба Назарова З. дода аст. Х.Х. аз яхдон аз мо 2000 қарздор буд, қарзашро дод ин ҷиноят нест. Боз гӯё 400 сомонӣ барои плита додааст ва ман плитаи онро фурӯхта бошам. Ӯ ҳеҷ вақт сенсорный плита надошт. 4 кас бояд 120  480 мешуд медодем, мехаридем. Ману Ханинбоев Фахриддин, ман 360  120 харидам. ӯ тамоми сол картаи телефонамро истифода мебурд, ягон бор баланс пур кардагӣ нест. Боре 400 сум ба Заррина гузаронид барои картаи телефон. Пеш дар личняк барои Х.Х. 20 донна каллаи 170 чимчӣ оварда будаанд, ба маҳбус медиҳад. Бисёртар телефонӣ гап мезанад. Гуфтам аз 440 сум пули кола 280 сум минус, 120 баланс гузашт, барои ҳамин далелҳои онҳоро ҷамъ кунед. Кай 400 сум омад, кай 120 сум баланс гузашт, табуляграммаи карта аз моҳи 09.21 сол боз 15-03 то 01-06, туҳматро исбот намоем.
  4. Охирон гӯё апаву хоҳараш зани Ином сентябри 2023 сол ба Назарова Зарина ё шумо 5000 дода бошанд. Ин низ дурӯғ аст. Агар бошад мумкин 2000 сомон аз ин зиёд нест. Ҳоло кам кам 18,000 сомонӣ Ҳасанов аз Ҷамшед қарздор аст, ки кори ӯ таҳрир ҷобаҷокунӣ, реклама ва ғайра, дар шабакаҳо ҷой додани мақолаҳояш пеш рафтааст. Ба ӯ 100.000 долар пешниҳод карданд нагирифт. Ҳайдаршох бо маҳбус Ҳафизов Фатҳулло Мирович, писари эшони Калхозободӣ суҳбати телефонӣ дошт. Бо хоҳараш Гадоева Мавҷуда дар ин туҳмат иштирок дорад. Дар ҳамин туҳмат Ҳайдаршоҳ бо маҳбус Ҳафизов Фатҳулло Мирович, писари Эшони Калхозободӣ суҳбати телефонӣ дошт. Хоҳари ҳамин Гадоева Мавҷуда иштирок дорад, бо моддаи 200,289 срок дорад. Гӯё ҳамон 15,000 –ро отаи Фатҳулло ба духтараш Мавҷуда дода бошад. Мавҷуда барои ба мо додан онро ба Тағоева Боғигул дода бошад кани мантиқ? Ҳайдаршоҳ аз ноҳияи Балхӣ, ки ҳамон эшон яъне падаршона пурсад, ки оё моҳи апрел 2022 ба духтараш 15,000 сомонӣ додааст ё не? Агар ҳо пас барои чӣ? Vумкин Х.Х онҳоро низ фиреб карда бошад, ки барои сроки бачаашон кам мешавад, мумкин чихеле, ки 2200 сомон ба Ёрова Х дод 1700 сомонӣ моҳи июни 2021сол ба занаш додем, 500 сомон такси пулӣ, мумкин ҳамон хел шуда бошад. Пурсидан лозим касе ба номи Ҳасан онҳоро фиреб надорад?

Туҳмати Х.Х-ро рад кунем ҳамаш хуб мешавад. Агар натавонем Худо ҳофиз, маро метавонед фаромӯш кунед. Чунки 2-соли наздик шанси баромадан ҳаст. Фишори Созмонҳои ҳуқуки башарро сахтар кунед. Саймуддин ба Байден мебароям гуфта буд, чи шуд? Х.Х пеш туҳмат дошт, ки гӯё ман ӯро аз моҳи июни 2022 сол фиреб кардани срок намуда бошам. Баъде, ки ман баёнотҳоро оиди 2200 сомонӣ, яъне 1700 сомонӣ занашда 500 сомони таксӣ, сентябри 2021 сол дачка дод аниқ кунед чанд сум дода буд копия кунед. Барои чопи рӯзномаи Самак ва интернет дод. Кор сабук шуд, туҳматаш аз моҳи марти 2022 сол сар шудагӣ. Метонед ба милисаи Исфара Зоидов Баҳравард бароед барои туҳматҳояш бо дигарон ба прокурори генералӣ ариза нависанд. Саломатии модарро бинед, бигзор мақоллаи Х.Х дар паём.нет ва ҳодиса тв чоп шуда бошад, бо ҳамон санаи чоп шуданаш ва коментарияҳояш бинед, фикр мекунам ин кори мушкил нест.

Мақолаҳои марбут

Маводҳои охирин

Verified by MonsterInsights