Tuesday, December 5, 2023

Додгоҳҳо муваззаф шуданд маълумот дар бораи фаъолияташонро расонаӣ кунанд

Дар Тоҷикистон қоидаҳои пешбурди вебсайтҳои мақомоти судӣ ба тасвиб расид, ки бар асоси онҳо додгоҳҳо муваззафанд ахбори марбут ба ҷаласаҳои додгоҳиро дар тӯли 6 соат баъд аз анҷоми он дар саҳифаҳои худ интишор кунанд.

Тибқи ин қоида ҳама гуна иттилооти расмии навшуда бояд дар давоми 3 рӯз дастраси умум гардад. Барои риоя накардани ин қоидаҳо раиси суд ҷавобгар аст ва рӯзноманигорон ҳақ доранд ба мақомоти болоӣ шикоят баранд.

Ин дастури дохилӣ, ки акнун аз ҷониби Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, барои иҷро ба тамоми судҳои кишвар ҳатмӣ мебошад. Ин санади навро дар тӯли се моҳ намояндагони мақомоти судӣ, парлумон, ВАО ва мутахассисони “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” таҳия намудаанд.

Зарурати таъсиси чунин дастурамал замоне ба миён омад, ки мониторинги 68 сайти судӣ нишон дод, ки меъёрҳои Қонун «Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот дар бораи фаъолияти судҳо», ки соли 2021 қабул шуда буд, ба сурати комил риоя намешаванд.

Мониторинг дар чаҳорчӯби лоиҳаи Интернюс «Беҳтар намудани фазои ҳуқуқӣ барои ВАО дар Тоҷикистон», ки аз ҷониби «Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ» амалӣ мешуд, сурат гирифт.

Зимни гузаронидани таҳқиқот маълум гардид, ки сабаби риоя нагардидани талаботи қонун – набудани кадрҳои салоҳиятдор, дастурҳои ҳуқуқӣ ва техникӣ мебошад, ки тибқи онҳо мутахассисони идораи коргузорӣ метавонанд маълумоти муҳими ҷамъиятиро интишор кунанд.

Дар қоидаҳои нигоҳдории вебсайтҳои судӣ муфассал шарҳ дода шудааст, ки мақомоти судӣ чӣ иттилоотеро бояд дар вебсайтҳои худ мубодила кунанд. Дар байни чизҳои дигар, ин ҳуҷҷат нашри маълумоти зеринро талаб мекунад:

• Суроғаи почтаи электронӣ ва рақами телефоне, ки бо он шумо метавонед маълумотро дастрас намоед;

– Номи пурраи раиси суд, муовини раиси суд, судяҳо, роҳбари дастгоҳи суд, роҳбарони воҳидҳои сохтории суд, аз ҷумла шахси ваколатдоре, ки ба ташкили дастрасӣ ба иттилоот алоқаманданд, бо нишон додани суроғаи почтаи электронӣ;

• Рӯйхати системаҳои иттилоотӣ ва базаи додаҳои аз ҷониби суд идорашаванда;

• Номи нашрияҳои судӣ (агар мавҷуд бошад);

– номгӯи парвандаҳо бо ишораи ҳайати суд, шахсони иштироккунандаи парванда, моҳияти парванда, вақт ва маҳали баррасии онро нишон медиҳанд;

– тибқи талаботи қонунгузории мурофиавӣ – матнҳои санадҳои судие, ки эътибори қонунӣ пайдо кардаанд; 

• ҷойгиркунии омори судӣ, ҷамъбасти таҷрибаи судӣ доир ба парвандаҳои алоҳида, қарорҳои Пленумҳои Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ;

• маълумот доир ба масъалаҳои кадрии суд;

Матнҳои санадҳои судӣ, дар сурате, ки интишори онҳо аз ҷониби қонунгузории Тоҷикистон манъ нашуда бошад, бояд фавран нашр карда шавад. Иттилооти хабарӣ – дар давоми шаш соати корӣ пас аз анҷоми чорабинӣ. Барои ҳар як давраи ҳисоботӣ мақомоти судӣ вазифадоранд, ки маълумотро дар бораи корҳои анҷомдодашуда нашр кунанд. Ҳуҷҷат, инчунин, судҳоро вазифадор мекунад, ки мактубҳои воридшавандаро тавассути қабулгоҳи онлайн назорат кунанд ва мукотибаро бо номаҳои воридӣ ва хуруҷӣ анҷом диҳанд.

250 нусхаи ин дастур чоп ва дар байни мақомоти судӣ тақсим шудааст. Ин санад ҳамчунин (тибқи қонунгузории Тоҷикистон) ҳифозат ва ғайришахсисозии додаҳои шахсиро танзим мекунад, то иттилооте, ки дар вебсайтҳои додгоҳ нашр шудааст, ба иштирокчиёни мурофиаи судӣ зарар нарасонад.

Манбаъ: media.tj

Мақолаҳои марбут

Маводҳои охирин

Verified by MonsterInsights