Ҳашт сол пеш мақомоти Тоҷикистон адвокати шинохта ва маҳбуси сиёсии тоҷик Бузургмеҳр Ёровро боздошт карданд.
Боздошти ӯ замоне сурат гирифт, ки парвандаи ҳимоят аз раҳбарони боздоштшудаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ)-ро ба дӯш гирифта буд.
Он замон адвокат Бузургмеҳр Ёров баъд аз дидор бо Саидумар Ҳусайнӣ, муовини аввали раиси ҲНИТ ва собик вакили парлумон-зерҳимояи худ ба расонаҳо гуфта буд, ки мақомот дар боздоштгоҳ бар ивази барҳам додани ҲНИТ ба Саидумар Ҳусайни пешниҳоди мансаб кардаанд, вале зерҳияи ӯ ин пешниҳоди мақомотро рад кардааст. Баъд аз он мақомот дар сари Ҳусайнӣ халта кашида вайро башиддат лату кӯб кардаанд.
Баъд аз ин, яъне рӯзи 28-уми сентябри соли 2015 мақомот Бузургмеҳр Ёровро нахуст боздошт ва дафтари корияшро бозҷӯи карда, аснод ва мадорикро бо худ бурданд.
Мақомот баъд аз боздошт ӯро бо иттиҳомоти сохта, аз ҷумла таҳқири мансабдорони давлатӣ, беэҳтиромӣ ба додгоҳ ва тавҳин ба президент ва қаллобӣ дар умум ба 28 соли зиндон маҳкум кардаанд.
Тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи афв” соли 2019 шаш сол ва соли 2021 чор сол аз муҳлати иҷрои ҷазои ӯ дар зиндон кам гардида буд ва дар умум дар ин марҳила 10 сол аз иҷрои ҷазои ӯ кам карда шуд.
Аммо, дар моҳи июли соли ҷорӣ дар як мурофиаи дигар, ки ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ набуд, ба ҳукми ӯ боз даҳ соли дигар бо иттиҳоми сохтаи қаллобӣ изофа карда шуд.
То ҳол кишварҳои ғарбӣ ва чандин созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар борҳо аз мақомоти Тоҷикистон хостаанд, ки Бузургмеҳр Ёровро бидуни қайду шарте аз зиндон раҳо кунад.
Соли 2019 Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Миллали Муттаҳид баъд аз баррасии парвандаи Бузургмеҳр Ёров ва дигар раҳбарони ҲНИТ-ро боздошти ӯро худсарона эълом карда, аз ҳукумати Тоҷикистон хоста буд, ки бидуни қайду шарт фавран ӯро озод кунад, вале то имрӯз ҳукумати Эмомали Раҳмон ҳеч дархости ин кумитаи СММ-ро иҷро накарда ва ба таъаҳудоти байналмиллалии худ амал пойбанд набудааст.
Маҳбуси сиёсии тоҷик Бузургмеҳр Ёров дорандаи ҷоизаи “Homo Homini-2019”, ҷоизаи ба номи “Файзинисо Воҳидова-2019” ва дипломи “Ҷоизаи Ватслав Ҳавел -2019” буда, созмони ҳуқуқии Бунёди “Бузургмеҳр” дар Лаҳистон ба номи ӯ сабти ном шудааст.
Бузургмеҳр Ёров кист?
Бузургмеҳр Ёров Равшанович 09.07.1971 сол дар шаҳри Душанбе, ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст.
Падараш Равшани Ёрмуҳаммад нависандаи маъруфи тоҷик, модараш Исҳокова Ҳуриниссо – хонашин.
Ӯ соли 1988 мактаби миёнаи №11 шаҳри Душанберо хатм намуда, аз соли 1988 то 1989 дар мактаби миёнаи №10 ш. Душанбе ба сифати сарпионервожатий кор кардааст.
Соли 1997 бахши ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Миллии Тоҷикистонро хатм мекунад. Соле чанд дар шуъбаи тафтишотии ШВКД дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ба сифати муфаттиш кор намудааст.
Дар баркарор намудани Ҳукумати конститутсионӣ аз мохи марти соли 1993 то декабри соли 1996 иштирок намудааст.
Аз соли 1996 то соли 1998 ба сифати муовини директори нашриёти адабиёти кудакона «Афсона» вобаста ба масъалаҳои ҳуқуқи кор карда, аз 01.11.1998 то рӯзи боздошт шуданаш 28.09.2015 сол ба сифати ҳимоятгар , аввал дар маслиҳатхонаи ҳуқуқии н. Шоҳмансури шаҳри Душанбе, аз 06.09.2007 сол ба сифати Раиси коллегияи адвокатҳои шаҳри Душанбе ва аз 15.05.2009 сол ба сифати Раиси Коллегияи адвокатхои Чумхурии Точикистон «Сипар» кору фаъолият дошт.
Инчунин солхои 1998-2007 дар шуъбаи ҳуқуқшиносии Донишкадаи Андоз ва Ҳуқуқ ба сифати муаллими калони кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва мурофиавии ҷиноятӣ аз фанҳои ҳуқуқи ҷиноятӣ, ҳуқуқи мурофиавии ҷиноятӣ, психологияи ҳуқуқӣ ва этикаи судӣ дарс додааст.
Дар баррасии парвандахои зиёде иштирок намудааст. 12 маротиба ба Комитети СММ оид ба ҳуқуқи инсон, нисбати вайрон намудани ҳуқуқи шахсон аз тарафи Тоҷикистон муроҷиат намуда, 7 дархосташ қонеъ карда шуда, 1 тоаш рад карда шуда, 4 тои дигараш (дар холати 28.09.2017 сол) ҳоло мавриди омузиш карор дорад.
Дар хориҷи кишвар бо сафарҳои хизматӣ дар Эрон, Афғонистон, Русия, Украина, Узбекистон, Туркманистон, Кирғизистон, Қазоқистон, Амрико, Олмон, Чин ва Арабистони Саудӣ буд.
Узви ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон. Аз соли 2011 узви Шӯрои сиёсии ҲСДТ. Аз соли 2013 сардори шӯъбаи ёрии иҷтимоӣ-ҳуқуқии аҳолии ҲСДТ. Аз ҲСДТ дар интихоботи соли 2015 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карда аст.
Оиладор соҳиби 5 фарзанд.