Tuesday, December 5, 2023

Барномаи Саволу ҷавоб №17

Барномаи Саволу ҷавоб №17

Бунёди “Бузургмеҳр” афрод ва фаъолонеро ба рӯйхат мегирад, ки аз тарафи мақомоти Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар робитаи хешутаборӣ бо зиндониёни сиёсӣ, фаъолиятҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, касбӣ ва ё барои мавқеи шаҳрвандиашон ғайриқонунӣ зери таъқиб қарор дода шудаанд.

Рӯйхати мазкур барои тартиб додани омору ҳимояи ҳуқуқии ин афрод ва пешниҳод кардани он ба ташкилотҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ба хотири дар рӯйхати таҳримҳо ворид кардани мақомдороне, ки аз мансабашон сӯиистифода мекунанд, лозим аст.

Бунёди “Бузургмеҳр” аз тамоми афроде, ки дар чунин шароит қарор доранд, хоҳиш менамояд, ки ба пурсишномаи иборат аз 10 саволи мушаххас посух бидиҳанд. Суолҳои форм ё пурсишнома инҷост: https://forms.gle/2vRXfY2hdhwhTUd9A Тамоми маълумотҳо маҳфуз нигоҳ дошта мешавад ва танҳо бо иҷозаи нафари зери таъқиб қарордошта дар вебсайти www.yorov.org нашр мешавад.

Бо эҳтиром, Бунёди “Бузургмеҳр”

Мақолаҳои марбут

Маводҳои охирин

Verified by MonsterInsights