Tuesday, December 5, 2023

Шаҳбози Шарифбек ба 5 соли зиндон маҳкум шуд

Сокини шаҳри Ваҳдат Шаҳбози Шарифбек, ки ба латтукӯб шудани модар ва бибияш аз тарафи кормандони мақомот вокуниш карда буд, ба панҷ соли зиндон маҳкум шуд. Дар ин бора манобеи Бунёди “Бузургмеҳр” аз дохили кишвар хабар доданд.

Ҳукми зиндони Шарифбекро додгоҳи шаҳри Ваҳдат содир кардааст, аммо ҷузъиёти мурофиа дастрас нест.

Инчунин, маълум нест, ки ин ҷавон ба вакили дифоъ дастрасӣ дошт ё не ва аз болои ҳукми додгоҳ шикоят хоҳад буд ё на.

Ёдовар мешавем, ки Шаҳбози Шарифбек, сокини 23-солаи деҳаи Одилии ҷамоати деҳоти Симиганҷи шаҳри Ваҳдат 14-уми октбяри соли 2023 навореро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр карда, гуфта буд, ки кормандони давлатӣ бародараш Содиқҷони Шарифбекро бидуни ирсоли даъватнома барои рафтан ба хидмати ҳарбӣ аз хонаашон бо шеваи зӯрӣ ва шиканҷа боздошт карда бурданд.

Дар он навор гуфта мешуд, ки кормандони давлатӣ, аз ҷумла нозири минтақавӣ, раисони ҷамоат ва маҳалла ва кормандони комиссарияти ҳарбӣ савори 3-4 мошин ба хонаи онҳо омада, Содиқҷони Шарифбекро боздошт карданд. Кормандони комиссарияти ҳарбӣ ҳангоми боздошт модарандараш Шодигул Ғафурова ва бибияш Сафаргул Ғафуроваи 82-соларо низ латтукӯб карданд.

Дар навор Шодигул Ғафурова ва модараш Сафаргул Ғафурова ба кормандони давлатӣ мегӯянд, ки “шумо ҳуқуқи бо чунин равиш ҷалб кардани ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон надоред, мо аз болои шумо шикоят мекунем”, вале нозири минтақавӣ ва раиси ҷамоат ба онҳо таҳдид карда гуфтаанд, ки “агар ҷое даъво кунед, мо шуморо мекӯшем!”

Мақомот баъд аз ин навори шикоятии Шарифбек, ӯро 16-уми октябр боздошт карданд.

Гуфта мешавад, ин ҷавон дар аввал “барои итоат накардан ба амри корманди давлатӣ” боздошт шуда буд. Вале Додгоҳи Ваҳдат 26-уми октябр алайҳи ӯ мувофиқи қисм 2 иловаи 1 моддаи 307 Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне ба иттиҳоми “даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) аз тариқи интернет” парванда боз карда, ӯро барои ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифта буд, аммо чанд рӯзеҳам нагузашта, додгоҳ дар як муддати кутоҳ ҳукми ӯро содир кардааст.

Бунёди “Бузугмеҳр” боздошт ва ҳукм нисбатии Шаҳбози Шарифбекро ғайриқонунӣ медонад, чун дар навори нашрнамудаи ин ҷавон “даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) аз тариқи интернет” дида намешавад. Ӯ танҳо аз мақомот хостааст, ки ҳодисаи латтукӯби модар ва бибияшро санҷанд.

Мақолаҳои марбут

Маводҳои охирин

Verified by MonsterInsights