https://www.fapjunk.com
Friday, February 23, 2024

Ҳуқуқҳои кормандони милитсия

Ҳар як шахс на фақат бояд оиди ҳуқуқ ва озодиҳои худ маълумот дошта бошад, балки дар бораи ҳуқуқ ва вазифаҳои мақомоти давлатӣ ё кормандони он огоҳие низ бояд дошта бошад. Чунин  маълумот ё ин дониши ҳуқуқиро  метавонед чун воситаи пешгирӣ ва ҳимояи ҳуқуқҳои вайроншудаи худ истифода баред.

Бунёди “Бузургмеҳр” аз аввали мохи ноябри соли ҷорӣ дар саҳифаҳои расмии интернетии худ  дар доираи Лоиҳаи “Баланд бардоштани дониши ҳуқуқии аҳолӣ” барномаи “Ҳуқуқҳои кормандони милитсия”-ро роҳандозӣ кард. Дар ин муддат мо ба воситаи суратлавҳаҳо оиди ҳуқуқҳои кормандони милиисия ба шумо маълумот пешниҳод намудем.

Дар матлаби зерин  Шумо бо рӯйхати пурраи ҳуқуқҳои кормандони милитсия метавонед шинос шавед. Инчунин дар ин ҷо он маълумот ва ё нуқтаҳои қонун, ки бо сабабҳои гуногун дар нашрияҳои мо ҷой нагирифтан оварда шудаанд.

Милитсия  мақомоти давлатии ҳифзи ҳуқуқ, таҳқиқу тафтишот буда, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, тартиботи ҷамъиятӣ, манфиатҳои ҷамъияту давлатро аз кирдорҳои ҷинояткорона ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо муҳофизат намуда, ҳуқуқ дорад чораҳои маҷбурии дар доираи Қонуни мазкур ва дигар қонунҳо пешбинигардидаро ба кор барад.

Милитсия ҳуқуқу озодиҳои ҳар як инсон ва шаҳрвандро, қатъи назар аз шаҳрвандӣ, ҷои истиқомат, ҷинс, миллат, нажод,  забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, таҳсил, вазъи иҷтимоӣ ва молу мулкӣ ҳимоя мекунад.

Корманди милитсия дар ҳама ҳолатҳо вазифадор аст ба шаҳрванд, шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд асосу сабаби маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои ў, инчунин вобаста ба ин пайдо гардидани ҳуқуқу ўҳдадориҳояшро фаҳмонад.

Корманди милитсия ҳуқуқи ҳимоя ва дигар ҳуқуқҳои шахсони дастгиршуда ва ҳабсгардидаро таъмин мекунад, дар ҳолатҳои зарурӣ ташхиси тиббии онҳоро мегузаронад, инчунин бетаъхир дар бораи дастгир намудани онҳо ба хешовандон, маъмурияти ҷои кор ё таҳсил ва дар муддати 24 соат ба прокурор хабар медиҳад, дар мавриди зарурат ба дастгиршудагон барои расонидани кўмаки аввалияи тиббӣ, инчунин барои рафъи хатар, ки ба ҳаёт, саломатӣ ё амволи онҳо ҳангоми дастгиркунӣ ё ҳабс таҳдид менамояд, тадбирҳо меандешад.

Милитсия ҳуқуқи ҷамъ овардан, нигоҳ доштан, истифода бурдан ва паҳн кардани маълумотро  дар бораи  ҳаёти шахс бе  розигии худи ў, ба истиснои мавридҳое, ки Қонуни мазкур ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд, надорад.

Милитсия вазифадор аст шахсро бо  ҳуҷҷатҳои маҳдудкунандаи ҳуқуқу озодиҳои вай шинос намояд, ба шарте, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.

Агар шахс ҳисоб кунад, ки ҳуқуқу озодиҳои ў аз тарафи мақомоти милитсия ё шахсони мансабдори он  поймол карда шудаанд, метавонад нисбати амали ин мақомот ва шахсони мансабдор ба мақомоти болоии милитсия, прокуратура ё суд шикоят кунад.

Маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ба истиснои мавридҳое, ки қонун пешбинӣ намудааст, манъ аст.

Милитсия барои иҷрои вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда ҳуқуқ дорад:

1) аз шаҳрвандон ва шахсони мансабдор риоя намудани тартиботи ҷамъиятӣ, қатъ кардани ҳуқуқвайронкунӣ ва кирдорҳоеро, ки ба амалӣ гардонидани ваколатҳои милитсия мамоният мекунанд, талаб намояд ва дар сурати иҷро накардани ин талабот аз чораҳои маҷбурии пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода барад;

2) ҳангоми гумонбар шудан ба содир намудани ҷиноят ё ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ  ҳуҷҷатҳоеро, ки шахсияти шаҳрвандонро тасдиқ мекунанд, санҷад ва инчунин дигар ҳуҷҷатҳои барои риояи қоидаҳо, ки назорати онҳо ба зиммаи милитсия вогузор гардидааст, талаб намояд;

3) шахсонеро, ки ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ роҳ додаанд, оварад ва нисбати онҳо  ҳуҷҷатҳои лозимӣ тартиб дода, тадбирҳои  пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ намояд;

4) дар ҳолатҳои дар қонун пешбинишуда ҷазои маъмурӣ муқаррар намояд ё ҳуҷҷатҳоро дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барои баррасӣ ба суд, комиссияҳои назди  мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ  супорад;

5) оид ба назорати шахсони ноболиғе, ки аз маҳалли маҳрум гардонидан аз озодӣ шартан озод шудаанд ва инчунин маҳкумшудагоне, ки нисбати онҳо иҷрои ҳукми маҳрум намудан аз озодӣ ба таъхир монда шудааст, мувофиқи нишондоди қонун бо мақомоти дахлдор  чора   андешад;

6) шахсони ба синни ҳаждаҳсола  нарасидаро, ки амалҳои хатарноки ҷамъиятӣ содир кардаанд, дастгир намуда, агар ҷудо нигоҳ доштани онҳо зарур бошад ва инчунин ноболиғонеро, ки бесаробон мондаанду ба муассисаҳои махсуси таълимию  тарбиявӣ  фиристода мешаванд, дар муассисаҳои қабулу тақсими ноболиғон нигоҳ дорад;

7) хизматчиёни ҳарбиеро, ки дар содир кардани ҷиноят гумонбар шудаанд, дастгир намуда, нисбати онҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз намояд, ҳаракатҳои таъхирнопазири тафтишотӣ гузаронад ва бо тартиб ва дар мўҳлати муқаррарнамудаи қонун ба тобеъияти тафтишотӣ супорад ва инчунин хизматчиёни ҳарбиро, ки ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ роҳ додаанд, то ба дасти патрулҳои ҳарбӣ, коменданти ҳарбӣ, командирони қисмҳои ҳарбӣ ё комиссарони ҳарбӣ супорида шуданашон боздошт намояд; 

8) шахсонеро, ки дар содир кардани ҷиноят гумонбар шудаанд ва инчунин шахсонеро, ки нисбати онҳо ҳабс ҳамчун чораи пешгирӣ  муайян шудааст, боздошт намояд ва дар ҳабс нигоҳ дорад;

9) шаҳрвандон ва шахсони мансабдорро аз рўи парванда ва маводе, ки дар истеҳсолоташ мебошад (ба таври шифоҳӣ ва ё хаттӣ) ба милитсия даъват кунад;

10) шахсонеро, ки дар содир намудани ҷиноят ё ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ гумонбар шудаанд, барои муайян кардани мастиашон аз истеъмоли машрубот ё маводи воситаҳои нашъаовар, маводи психотропӣ ва дигар маводи мадҳушкунанда барои муоина ба муассисаҳои тиббӣ фиристад ё оварда расонад, ба шарте, ки натиҷаҳои муоина барои тасдиқ ё инкор кардани далели ҳуқуқвайронкунӣ ё баррасии парванда дар бораи ҳуқуқвайронкунӣ зарур бошанд;

11) шахсонеро, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ дар ҳолати мастӣ қарор доранд ва намуди зоҳирии онҳо шаъни инсон ва ахлоқи ҷомеаро таҳқир месозад ва агар онҳо қобилияти мустақилона роҳ рафтан надошта бошанд ё метавонанд ба атрофиён ё худашон зарар расонанд, нисбати шахсони  дар манзилҳояшон буда – дар асоси аризаи шифоҳӣ ё хаттии истиқоматкунандагони он ҷо, агар  тахмин равад, ки рафтори шахсони мазкур ба ҳаёт, саломатӣ ва моликият таҳдиди хатар мекунад, ба муассисаҳои тиббӣ ё қисми навбатдори милитсия расонад ва то ҳушёр  шуданашон нигоҳ дорад;

12) шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ, предмет ва далелҳоро мувофиқи қонунгузорӣ ба ҳисоб гирад ва маълумоти ин баҳисобгириро истифода барад;

13) шаҳрвандонро аз номатлуб будани рафтори ғайриқонуниашон ба таври расмӣ қаблан огоҳ кунад ва онҳоро ба қайд гирад;

14) дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ бақайдгирӣ, аксбардорӣ, сабти овоз, наворбардории кино ва видео, қайди дактилоскопии шахсони дар содир намудани ҷиноят гумонбар ё барои оворагардӣ ва гадоӣ дастгиршуда, ҳабсшудагон, шахсони дар асоси қарори суд ба ҳабси маъмурӣ гирифташуда ва инчунин шахсонеро, ки дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ гумонбар мешаванд ва муқаррар намудани шахсияташон  имконнопазир аст, анҷом диҳад;

15) бо мақсади пешгирӣ ва ошкор намудани ҷиноятҳо, кофтукови ҷинояткорони пинҳоншуда бо риояи талаботи қонунгузорӣ чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гузаронад, маълумотҳои, аз ҷумла бо истифода аз воситаҳои техникӣ дастрасшударо истифода барад;

16) бо мақсади таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти ҷамъиятӣ, муҳофизати ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон, инчунин барои иҷрои баъзе амалиёти тафтишотӣ, ҳуқуқи даромадани шаҳрвандонро ба минтақаҳои алоҳидаи маҳал ва иншоот муваққатан маҳдуд ё манъ кунад, ҳангоми зарурат, ҳаракати нақлиёт ва равуои пиёдагардонро дар кўчаҳо, роҳҳо ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан маҳдуд ё манъ намояд;

17) барои таъқиб ва дастгир намудани шахси  гурезаи маҳкумшуда, шахсони ба ҳабс гирифташуда, кофтукови шахсони ҷинояткор ва шахсоне, ки дар содир кардани ҷиноят гумонбар шудаанд, барои пешгирии бетартибиҳои оммавӣ, вайронкуниҳои тартиботи ҷамъиятӣ ва дигар ҳолатҳои фавқулодда, ки ба бехатарии ҷамъиятӣ таҳдид менамоянд, минтақа ва маҳалҳо, иморату иншоотҳои алоҳидаро иҳота намояд ё бандад, инчунин бо ин мақсад нақлиёти мавҷударо тафтиш кунад;

18) ҳангоми пешгирии бевоситаи ҷиноят, таъқиби шахси дар содир намудани ҷиноят гумонбар ва вазъиятҳои фавқулоддаи ба бехатарии ҷамъиятӣ  таҳдидкунанда   ба хонаҳои истиқоматӣ, ҳудуд ва бинои корхона, муассиса, ташкилот, қитъаҳои замини шахсони алоҳида (ба истиснои намояндагии дипломатӣ, муассисаи консулгарӣ ва намояндагии ташкилотҳои байналмилалии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсияшуда) дохил шавад  ва чорабиниҳои оперативӣ – тафтишотӣ гузаронад. Бо тартиби муқарраргардидаи қонун  дар муддати 24 соат дар бораи ворид шудан ба манзил, биноҳои корхона, муассиса, ташкилот, қитъаи замини шахсони алоҳида бидуни иҷозати соҳибони онҳо ба прокурор хабар диҳад;

19) ҳангоми мавҷуд будани маводи  боэътимод оид ба ҷинояти содиршуда дар соҳаи  фаъолияти молиявӣ (бонкӣ ва хазинадории буҷетӣ тибқи тартиби қонунгузории  вобаста ба фаъолияти мазкур), хоҷагидорӣ, соҳибкорӣ ва савдо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ба биноҳои корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, сарфи назар аз тобеият ва шакли моликият (ба ғайр аз намояндагиҳои дипломатии хориҷӣ, намояндагии консулгарӣ ва ташкилотҳои байналмилалие, ки  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия доранд), ворид шавад; бо иштироки соҳиби моликият ё намояндаи ваколатдори ў азназаргузаронии биноҳои истеҳсолӣ, савдо ва дигар биноҳои хизматӣ, воситаҳои нақлиёт, ҷойҳои нигаҳдорӣ ва истифодаи моликиятро анҷом дода, дар доираи салоҳияташ бо тартиби муқаррарнамудаи  қонунгузорӣ ҳуҷҷатҳои заруриро тартиб диҳад;

20) аз шаҳрвандон ва шахсони мансабдор ҳуҷҷатҳои дорои  аломатҳои сохтакорӣ, инчунин мол, мавод ва моддаҳои  дар муомилоти шаҳрвандӣ манъбуда ва моликияти бесоҳибро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ гирад, нигоҳ дорад ва аз рўи  тартиби муқарраршуда мансубияти минбаъдаи онҳоро ҳаллу фасл кунад;

21) ҳангоми мавҷуд будани маводи боэътимод тибқи тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон азназаргузаронии шахсӣ, бори дастӣ ва бағоҷи мусофирони ҳавопаймоҳои ғайринизомӣ ва ҳарбиро анҷом диҳад;

22) санадҳоро оид ба масъалаҳои шаҳрвандӣ, иқомати муваққатӣ ва доимии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба  расмият дароварда, аз тарафи онҳо риоя шудани  мўҳлат ва ҷои муқарраргардидаи истиқоматро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат кунад. Барои муваққатан нигоҳ доштани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки қоидаҳои будубошро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон вайрон намудаанд ва барои иқомати муваққатии шахсоне, ки паноҳгоҳ меҷӯянд, марказҳо таъсис диҳад;

23) ба корхонаю муассиса ва ташкилотҳо, сарфи назар аз  шакли моликият барои харидорӣ, нигоҳдорӣ, интиқоли силоҳи оташфишон, тир, маводи тарканда, заҳрнок, моддаҳои сахттаъсири кимиёвӣ ва масолеҳи дигар аз рўи номгўи муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба шаҳрвандон бошад, барои харидорӣ, нигаҳдорӣ, гирифта гаштани тиру силоҳи оташфишон тибқи қонунгузорӣ иҷозат диҳад ва инчунин иҷозатро бекор карда аз корхонаҳо, сарфи назар аз шакли моликият ва аз шаҳрвандон тиру силоҳро ҳангоми вайрон кардани қоидаҳои  нигаҳдорӣ, истифодаи онҳо ва инчунин дар дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун пас гирад, барои фаъолият оид ба фурўши силоҳи ғайринизомӣ ва хизматӣ, қисмҳо ва лавозимоти он иҷозатнома, барои кушодани корхонаҳои таъмири силоҳ, тарфгарӣ, мўҳрзанию зарробӣ, мағозаҳои силоҳфурўшї ва тир, стендҳои тирандозӣ иҷозат диҳад;

24) истифодаи воситаҳои нақлиёти бар асари нуқсонҳои техникӣ ба бехатарии ҳаракати роҳ таҳдидкунандаро манъ кунад, воситаҳои нақлиётро боздорад, ҳуҷҷатҳоро оид ба ҳуқуқи истифода ва рондани онҳо, ҳамчунин ҳуҷҷатҳои мансуби воситаи нақлиёт ва борро бо иштироки ронанда ва ё шахси роҳбалади бор аз назар гузаронад, воситаҳои нақлиётро ҳангоми  шубҳаовар будани истифодаи ғайриқонунии онҳо тафтиш намояд, шахсонеро, ки маст буданашон аниқ аст, ҳамчунин онҳоеро, ки барои идораю истифода кардани воситаҳои нақлиёт ҳуҷҷат надоранд, аз идоракунии воситаҳои нақлиёт маҳрум созад, воситаҳои нақлиёти дар кофтуков бударо боздорад, корҳои таъмиру сохтмон ва дигар корҳоро дар кўчаву роҳҳо, агар талаботи таъмини бехатарии ҷамъиятӣ риоя карда нашавад, маҳдуд ва манъ кунад;

25) ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ аз ҳама намуди нақлиёти ҷамъиятии шаҳрӣ, наздишаҳрӣ ва маҳаллӣ (ба истиснои  таксӣ) ройгон истифода барад. Кормандони ҷузъу томҳои  милитсияи нақлиёт  барои сафари хизматӣ кардан дар қатораҳо ва ҳавопаймоҳо дар доираи минтақаҳои хизматрасониашон ҳуқуқи истифодаи ройгон доранд;

26) дар ҳолатҳои таъхирнопазир ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ аз воситаҳои нақлиёте, ки ба корхонаҳо, сарфи назар аз шакли моликият, ё шаҳрвандон тааллуқ доранд (ғайр аз воситаҳои нақлиёти намояндагиҳои дипломатӣ, консулхонаҳо ва дигар намояндагиҳои давлатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ)  бемамоният истифода намояд. Бо талаби соҳибони воситаҳои нақлиёт товони зиёни моддии расонидашуда тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон   ба онҳо пурра гардонида мешавад;

27) бо мақсади иҷрои вазифаҳои хизматӣ аз воситаҳои алоқаи корхонаҳо, сарфи назар аз шакли моликияташон, дар ҳолатҳои таъҷилӣ бошад, аз воситаҳои алоқаи шаҳрвандон бемамоният истифода намояд;

28) ба мақомоти дахлдори давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё шахсони мансабдор барои андешидани тадбирҳои ҳатмии бартарафсозии сабаб ва шароитҳое, ки ба содир намудани ҷиноят ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо мусоидат мекунанд, бо зикри мўҳлати пешниҳоди маълумот оид ба чораҳои андешидашаванда пешниҳодот ирсол намояд; дар сурати сари вақт иҷро накардани талаби пешниҳодот масъалаи ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони масъулро тибқи қонунгузорӣ ба маълумоти мақомоти болоӣ расонад;

29) бо мақсади пешгирии ҷиноятҳо ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо, муқаррар намудани ҳолатҳои ҷиноят ва шахсони онро содирнамуда, дар кофтукови ҷинояткорони пинҳонгардида, шахсони бе ному нишон гумшуда аз воситаҳои ахбори омма ва алоқа ба таври ройгон истифода барад;

30) шаҳрвандонеро, ки ба милитсия дар иҷрои вазифаҳояш кўмак расонидаанд, ҳавасманд гардонад, таъин гардидани мукофотро барои кўмак кардан дар ошкор намудани ҷиноятҳо ва дастгир кардани шахсоне, ки онҳоро содир намудаанд, эълон кунад ва онро  ба шаҳрвандон     супорад;

31) шахсони боздоштгардидаро то муайян намудани шахсияти онҳо бо иҷозати прокурор, лекин на зиёда аз як моҳ, дар муассисаи қабулу таҳвили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон  нигоҳ дорад. Дар  ҳолатҳои истисноӣ ин мўҳлат метавонад аз ҷониби  прокурор  тамдид карда шавад, лекин на зиёда аз ду моҳ. Дар ҳолати фавран гирифта натавонистани иҷозати прокурор, масъалаи додани иҷозат бояд дар мўҳлати муқаррарнамудаи қонун ҳал карда шавад;

Корманди милитсия ҳуқуқ дорад силоҳи табелӣ ва воситаҳои махсусро баъд аз гузаштани тайёрии дахлдор бо худ нигоҳ дорад, гирифта гардад ва истифода барад.

Барои таъмини амнияти шахсӣ корманди милитсия метавонад аз силоҳи табелӣ, тоскулоҳ, сипар, нимтанаҳои зиреҳдор ва дигар воситаҳои муҳофизати инфиродӣ истифода намояд.

Мақолаҳои марбут

Маводҳои охирин

Verified by MonsterInsights